Хабархои сиёси (512)
Dolor pretium adipiscing Nam Curabitur nulla Duis id tellus at et. Dui orci Sed dolor Aenean tincidunt vitae vitae sed mattis sed. Purus Vivamus dapibus lorem Vestibulum dis pellentesque tristique dui Morbi hendrerit. Eu eu eros interdum tempus facilisi orci mollis netus semper massa. Consequat sed pellentesque cursus et vel nunc lacinia quis semper senectus. Felis Donec libero nibh Sed velit a Nulla elit dui porttitor.
Дар воқеаи ахири Хоруғ ҳамаро М.Салимпул гуфт, вале чун танаффури азалӣ ба ниҳодҳои ҳукуматӣ дорад, нагуфт ки духтари Мазориев Хурсандро то сарҳади марг узви ГМҶ расонид. Нагуфт ки мудирияти волои ҳукуматдорӣ ва асолати миллист, ки боз чархбол таъмин карданд, то бемор муолиҷаи муносиб бигирад. Вале чун ба ҳадафҳои каҷманишаш рост меояд, овоза пароканд, ки ГМҶ дар Душанбе вохӯрдааст.
Сомонаи «рисолат», ки рисолати паҳн кардани ахбори дурӯғро дорад, навиштааст «Нооромӣ дар Хоруғ ба далели боздошти бародари Боқир». Ва айнан иттилооти сомонаи падари дурӯғгӯён–ахбор.ком-ро беислоҳ ва каму кост рӯбардор карда, ба мардум расонидааст. Ин бархӯрдро дар муҳити журналистон, шармандагӣ мегӯянд. Плагиат мегӯянд. Дуздии ҳаққи захмати муаллиф мегӯянд.
В погоне за дешёвой сенсацией интернет-сайт «Фергана.Ру», он же «Фергана.agency», регулярно публикует лживые, клеветнические материалы в отношении ситуации в Таджикистане. Основным информационным источниками здесь выступает экстремистский сайт террористической организации Партия исламского возрождения (ТЭО ПИВ) «Ахбор.ком». Каков поп, такой и приход, какой источник – таковы и новости!
Ҷаҳони имрўз бо ворид гардидан ба марҳалаи ҷаҳонишавӣ бо хатарҳое рӯ ба рӯ мегардад, ки ин хатарот на танҳо ба амнияту суботи кишварҳои алоҳида, балки ба кулли мамолики ҷаҳон таҳдид мекунанд. Ба қатори чунин хатарҳо метавон афзоиши терроризм ва экстремизми диниро мансуб донист, ки коршиносон ва сиёсатмадорон як қатор омилҳоро сарчашма ва заминаи ин падидаи хавфноки замони муосир меҳисобанд.
Ин омилҳо, пеш аз ҳама, гароиши ҷавонон ба ҷараёнҳои экстремистии динӣ, афзоиши ақидаи фундаменталистӣ дар байни наврасону ҷавонон ва тағйир додани мафкураи онҳо мебошад. Ба ривоҷи ин рӯҳия дар байни ҷавонон як андоза канораҷӯӣ намудани ниҳодҳои салоҳиятдор аз таъмин ва тарғиби ҳаёти солим, арзишҳои суннатии ахлоқию мазҳабӣ, паст рафтани сатҳу сифати чорабиниҳои фарҳангӣ ва тарбиятӣ, бетарафӣ зоҳир намудани қишри таъмиргузори ҷомеа, хосса аҳли илму фарҳанг, устодон, волидайн ва умуман ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат менамояд. Дар натиҷаи камфаъолиятии ниҳодҳо ва ашхоси номбурда дар зеҳни насли ҷавон тайи даҳсолаҳои охир холигӣ ба вуҷуд омада истодааст, ки метавонад ҳар гуна мафкураи идеологияи ҷадид онро пур кунад.
Тарғибгарони акидаҳои экстремистӣ аз василаҳои муосири иттилоотӣ, интернет ва хосса шабакаҳои иҷтимоӣ истифода менамоянд, ки хавфи бештареро дар ташаккули ақоиди экстремистӣ дар байни ҷавонон ба бор меорад. Мо дар дохили кишварҳои худ шояд бо роҳҳое тарғиби ин ақидаҳои зарароварро маҳдуд карда тавонем, вале раванди муҳоҷират ва ҳиҷрати ҷавонон бо сабабҳои гуногун ба кишварҳои дигар падидаи идоранашаванда гардидааст. Чунон ки ба назар мерасад, солҳои охир аксари ҷавононе, ки ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ пайвастаанд, аз тариқи муҳоҷират бо онҳо иртибот пайдо кардаанд. Тибқи оморҳои расмӣ, ба ин гурӯҳҳо асосан ҷавононе, ки дар оғози роҳи зиндагии мустақилона қарор доранд, гароидаанд, ки ин ташвишовар боқӣ мемонад. Бояд гуфт, ки беш аз ҳама ҷавонони аз 25 то 30-сола ба ин равияҳо ҷалб шудаанд. Воқеан, инсон дар ин марҳалаи синнусолӣ хеле ҳассос ва ҷӯё мебошад. Қувваи зиёди ҷисмонию рӯҳониро дар худ эҳсос менамояд ва мехоҳад, ки онро дар ҷое истифода кунад. Вақте ки мо ин неру ва қувваи ҷисмонию рӯҳонии ҷавононро ба самти лозимӣ, ба манфиати ҷомеа ва бо мақсади беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии худи онҳо масраф карда наметавонем, бо чунин падидаи нодуруст рӯ ба рӯ мегардем. Мувофики омори расмӣ то сентябри соли 2018 шумораи ҷавонони ба сафҳои созмони террористии давлати исломӣ ҷалбшуда аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 1899 нафарро ташкил медиҳад. Илова бар ин, оилаҳои зиёде бо роҳҳои гуногун ба ин созмонҳо ҷалб шудаанд ва имрӯз дар Сурияву Ироқу Афғонистон ҳастанд. Ин хонаводаҳо ба кушта шудани саробонашон дар ҷангҳо дар кишварҳои бегона сарсону саргардон ҳастанд.
Бояд гуфт, ки айни замон масъалаи хатарҳои экстремистию террористӣ ба як мушкилии глобалии ҷаҳони муосир табдил ёфтааст. Имрӯз ягон кишвари дунё аз ин хатарҳо дар канор нест. Аз байн бурдани ин падидаи хатарнок талаб менамояд, ки роҳу васила ва имкониятҳои мавҷуда муташаккилона, ҳадафмандона ва бо самар истифода шаванд, ин хатарҳо бояд беш аз ҳарвақта ҷомеаи ҷаҳониро муттаҳид созанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири иштироки фаъолона дар самти мубориза ба муқобили хатарҳои ҷаҳони муосир “Стратегияи муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солои 2016-2020”-ро таҳия ва қабул намуд. Тибқи ин барнома тайи чанд соли охир дар кишвар корҳои зиёди фаҳмондадиҳӣ ва профилактикӣ ташкил карда шуданд. Дар натиҷа нафарони зиёди гумроҳ аз сафҳои гурӯҳҳои террористӣ аз хориҷи кишвар ба ватан баргардонида шуданд. Инчунин, раванди шомилшавии ҷавонон ба ин созмонҳо пешгирӣ шуда истодааст, ки ин воқеан натиҷаи амалии барномаи мазкур аст. Мувофиқи оморҳои расмӣ ва дар натиҷаи бурдани корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ 175 нафар шаҳрванди кишвар, ки ба ҷодаи гумроҳӣ афтода буданд, ба ватан баргардонида шуданд. Аз ҷумла, танҳо дар соли 2018 дар маҷмӯъ 75 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ба ватан баргардонида шуд, ки ин натиҷаи амалии фаъолияти мақомоти дахлдори кишвар аст. Барои боз ҳам босамартар гардидани раванди амалисозии барномаи мубориза ба муқобили экстремизму терроризм ҳамкории бештари мақомоти дахлдор бо ҷомеаи шаҳрвандӣ лозим аст. Ин ҳамкорӣ бояд ҳадафмандона, муассир ва амалишаванда бошад. Чунки масъулияти бехатарӣ, сулҳу субот ва амнияти кишвару ҷомеа дар баробари ниҳодҳои давлатӣ, инчунин бар дӯши ҳар як шаҳрванди кишвар низ мебошад.
Ш. Солеҳов, аъзои фаъоли ҲХДТ
Тибқи иттилои расонаҳо ҷинояткорони наҳзатӣ дар назди Сафоратхонаи ҶТ дар шаҳри Берлини кишвари Олмон бо ҷалби чанд гумроҳу худбохтаи дигар ҷамъ шуда онро гирдиҳамоии эътирозӣ номиданд. Маълум аст, ки роҳбарияти ТТЭ ҲНИ ҳамчун ташаббускори аслии баргузории ин ҳамоиш бо чунин амали ҳангомаҷӯёнаи худ чӣ ҳадафи муғризонаеро пайгирӣ кардан мехоҳад. Бидуни шак онҳо фақат ба хотири манфиатҳои гурўҳии худ талош доранд ва дар ин росто зидди манфиатҳои милливу давлатӣ амал менамоянд. Роҳбарияти ТТЭ ҲНИ ва ҳаммаслакони онҳо бо талошҳои бесамари худ умедворанд, ки фазои ақидатиро дар ҷомеаи мо тира карда мардумро ба чолиш кашанд. Бубинед ин муддаиёнро, ки агарчи зоҳиран лофи ватандорию миллатдӯстӣ мезананд, аммо амалан алайҳи миллат ва Ватани худ талош меварзанд. Оё ҳамин аст оини ватандорӣ ва рисолати шаҳрвандии онҳо? Магар фаромўш кардаанд, ки маҳз онҳо бо чунин амалҳои номатлуб ду даҳсола пеш боиси шурўъи ҷанги шаҳрвандї гардида Ватанро ба ҷои обод кардан ба вайрона табдил доданд ва боиси марги ҳазорон ҳазор мардуми бегуноҳ шуда буданд.
Ба ин ҳизби террористӣ, ки боиси ҷанги шаҳрвандии кишвар ва кушта шудани ҳазорон ҳазор ҳамватанон гардид, аслан ҳеҷ касе бовар надорад. Ин ҳизб на фақат бар хилофи манофеи миллии мо ва бар зарари мардуми Тоҷикистон амал мекунад, балки он ҳамзамон дар сатҳи минтақа низ бо шабакаҳои маъруфи террористии бунёдгаро ҳамкорӣ карда, боиси идома ёфтани даҳшатпарокании ҷангҷӯёни ба ном Давлати Исломӣ мегардад. Мутобиқи омори расмӣ аксари шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз гумроҳӣ ба сафи ҷангҷӯёни ба ном Давлати Исломӣ пайвастаанд, аслан ё аъзои ТТЭ ҲНИ мебошанд ва ё зери таъсири он мондаанд. Воқеаи даҳшатборе, ки дар таърихи 29-уми июли соли равон дар минтақаи Себистони ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бо сайёҳони хориҷӣ рӯй дод, далели ин гуфтаҳост. Дар ин қазия гурӯҳи террористие иборат аз панҷ нафар тавассути нақлиёти сабукрави шахсӣ ба чандин ҷаҳонгарди хориҷӣ садама зада, сипас бо истифода аз корду табар чор нафари онҳоро куштанд ва ду нафари дигарро захмӣ карданд.
Бо вуҷуди он ки дар зоҳир масъулияти ин ҳамлаҳо ба сайёҳони хориҷиро ба ном "Давлати исломӣ" ба ӯҳда гирифта буд, аммо дар иртибот ба иттилоот ва эътирофи Ҳусейн Абдусамадов баъдан маълум гардид, ки тарроҳи ин нақшаи фоҷиабору хунин ТТЭ ҲНИ будааст. Масъулони ТТЭ ҲНИ бо даст доштан дар ин қазияи хунини ноҷавонмардона ва ифротгароёна, ки ба хотири паст кардани имиҷи кишвари худ ва коҳиш додани эътимоди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом доданд, дигарбора ба тамоми мардуми Тоҷикистон ва ҷаҳон нишон доданд, ки аслан барои онҳо ҳеҷ арзише ва муқаддасоте вуҷуд надорад, на арзишу муқаддасоти миллӣ, на арзишу муқаддасоти умумибашарӣ ва на ҳатто арзишу муқаддасоти динӣ. Ин ҳақиқат, яъне номутобиқатии аъмоли ифротгароёнаву тундравонаи намояндагони ТТЭ ҲНИ ба меъёрҳои ахлоқи инсониву исломӣ аз ҷумла барои худи муддаиёни наҳзатӣ ва хоҷагони хориҷиашон низ аён аст. Аммо барои ин муддаиён ҳақиқат муҳим нест, зеро онҳо аслан на дар паи ҳақиқат, балки дар паи манфиат мебошанд. Зеро онҳо худ абзори сиёсии дигаронанд ва дину мазҳаби худро низ сиёсӣ кардаанду ба абзори сиёсии дигарон табдил додаанд.
ТТЭ ҲНИ ва созмонҳою ашхоси ҳаммаслаки онҳо аз қабили чунин гурӯҳҳои тундраве мебошанд, ки омилҳои ташаннуҷро дар ҷомеаи мо ба вуҷуд овардан мехоҳанд ва бо истифода аз сарпарастиву ҳимояи муғризонаи хоҷагони бурунмарзиашон, ки дигар ниқоб аз чеҳра барафкандаанд, ҳанӯз ҳам барои тира кардани фазои ақидатии ҷомеаи мо талошҳои беҳуда меварзанд. Нақшаи баргузории ин ҳамоиш ва корҳои тадорукотии он, аз ҷумла пардохти хароҷоти равуои иштирокдорон, ки аз кишварҳои мухталиф канори ҳам меоянд, бозтоби пасманзараи буғранҷест, ки даст доштани сарпарастони манфиатҷӯи ТТЭ ҲНИ-ро ошкор мекунад.
ТТЭ ҲНИ ва алалхусус роҳбари фирории он Муҳиддин Кабирӣ бо баргузории ин ҳамоиш талош дорад, ки ба ҷомеаи ҷаҳонӣ вазъи ҳуқуқи башарро дар Тоҷикистон номатлуб нишон диҳанд. Муътаризон дар ин ҳамоиш мехоҳанд, ки чунин саҳнаеро ба намоиш гузоранд, ки гӯё дар Тоҷикистон барои дидгоҳи сиёсии нисбат ба Ҳукумат мутафовит доштан шаҳрвандонро маҳкум ва ҳатто зиндонӣ мекунанд. Аммо пуч будани ин масъалагузорӣ, яъне масъалаи зиндониёни сиёсӣ барои ҳамагон маълум аст. Барои ҷомеаи ҷаҳонӣ низ маълум аст, ки дар Тоҷикистон касеро барои дигарандешиву плюрализм ва дидгоҳи сиёсии мутафовит доштан маҳкум ва зиндонӣ намекунанд.
Роҳбарони ТТЭ ҲНИ аъзои маҳкумшуда ва зиндонии худро “зиндониёни сиёсӣ” унвон медиҳад. Аммо ашхоси маҳкумшудаи мазкур на барои дигарандешиву дидгоҳи сиёсиашон, балки ба хотири даст доштанашон дар ҷиноятҳои мухталиф, аз ҷумла терроризм, одамкушӣ, зӯроварӣ, нигоҳдории ғайриқонунии силоҳ ва дигар ҷиноятҳои вазнин маҳкум ва зиндонӣ шудаанд. Ин масъала барои ниҳодҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи башар низ маълум аст. Аз ин рӯ, ин ҳамоиши ТТЭ ҲНИ низ чун ҳамоишҳои қаблии он бемаъною хандаовар доир шуд. Ин ҳамоиши ТТЭ ҲНИ ва масъалагузории он чун бори каҷе аст, ки ҳаргиз ба манзил нахоҳад расид.
Хусрави Шерзод
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд будани мероси бойи таърихию фарҳангӣ ва захираҳои нотакрори табиию фароғатӣ, барои эҳё намудан ва рушди минбаъдаи туризм ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти мамлакат шароити мусоид фароҳам меоварад. Туризм бо қудрату тавоноии хусусии худ, барои мустаҳкамии муносибатҳои гуногунтарафаи байни давлатҳо ва халқиятҳо ҳиссаи беандоза дорад.
Ҳанўз аз замонҳои аввали пайдоиши худ туризм ҳамчун намуди сайёҳат ва истироҳат, шиносои бо бойгариҳои маънавию маъдании давлатҳо мебошад. Дар замони муосир туризм нафақат барои тарақиёти иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат таъсири калон мерасонад, балки сарчашмаҳои якдигарфаҳмӣ, наздикшавӣ ва мустаҳкамшавии муносибатҳои навсозӣ дар иқтисодиёти бисёр давлатҳо ҷойи муҳимро ишғол менамояд.
Имрўз ҳам, туризмро ҳамчун яке аз соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти мамлакат баррасӣ намуда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор тадбирҳо андешида истодааст, ки ба рушди туризм дар ҷумҳурӣ шароити мусоид фароҳам меоварад. Чуноне, ки Пешвои миллат дар Паёми солона худ қайд намуданд: «Сайёҳи яке аз соҳаҳои муҳимми бо шуғл фаро гирифтани аҳоли қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин, муаррифкунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад».
Барои рушди ин соҳа дар кишвар ҳамаи заминаҳои зарурии меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуда, илова бар ин, як силсила чораҳои ҳавасмандкунӣ низ тадбиқ гардидааст. Барои омаду рафти сайёҳони хориҷӣ ва беҳтар намудани ҳолати инфрасохтори мавҷудаи туристӣ ва санаторию курортӣ, ҷалби сармоягузориҳо нигаронида шудаанд.
Зиёдшавии сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат пеш аз ҳама бо шароит муҳайё кардани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо шарофати сулҳу ваҳдати миллӣ, татбиқи бомуваффақияти ислоҳоти иқтисодӣ, баргузории чорабиниҳои азими байналмилалӣ имконпазир гардид.
Инчунин, барои васеъ намудани муносибатҳои байналмилалӣ ва рушди туризм дар қаламрави Тоҷикистон, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат, барои омаду рафти шаҳрвандони кишварҳои Иттиҳоди аврупо, ИМА, Япония, Малайзия, Сингапур, Ветнам ва ғайраҳо шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Орзуҷон Мирзоев
узви фаъоли ҲХДТ дар
ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
Хеле вақте шуд, ки падари дурӯғгӯёни тоҷик – Мирзои Салимпул (хоҳишмандам хато нашуморед «л» хонед) бекор монда буд. Пайи хабаре буд, ки аз он моҷаро ҷӯр кунад, ба савдо занад ва нафси худро каме ҳам бошад ором созад.
Хабари наваш чизе нест. Вазни гӯзеро дорад, ки ҳатто то ба машоми Салимпул расидан бодаш мебарад. Вале ӯ бо тамоми қуввае, ки дорад ин гӯзро дар пати бинии бадомӯхташ нигоҳ медораду онро чун бӯйи атриёти фаронсавӣ азиз медорад.
Сатр чист? Сатр ин либоси занон ки дар сару гардани худ бар гуё асоси талаботҳои қонунии дини мубини Ислом мепӯшида мебошад. Сатрро дар давлатҳои мусалмонӣ аз ҷумла Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Туркия ва дигар љо хело ва хело ба чашм мерасад.
Асосан сатр дар Тоҷикистон то солҳои 2000-ум чандон ба назар намерасид. Сатркунӣ барои духтарони тоҷик баъди маъруф ё худ ба забони русӣ модда (популярность) шудани либосҳои мексикоӣ ва туркӣ сабаб шуд. Як катор занҳои тоҷик аз Туркия омада ба либосҳои туркӣ дар Душанбеву Хуҷанд ва дигар шаҳрҳо худро оро медоданд, ки дар муддати кутоҳтарин ин кор ба эътироф ва хаваси дигар духтарони тоҷик гашт. Аз ин сабаб шумораи шахсони бо сатр мегашта дар Душанбе хело зиёд шуд ва хусусан солхои охир. Ва ин боиси руй овардани занону ҷавондухтарон ба фарҳанги бегона гашт.
Чаро мо наметавонем занҳои турк ё дигар миллатҳоро ба либоси миллии худ ҷалб созем, Чаро мо пайравӣ мекунему дигарон ба либоси миллии мо не? Чаро мо маданияту фарҳанг, шарму ҳаёи тоҷиконаро барои занҳои миллатҳои гуногун идеал намесозем? Оё дар гузашта мо доштем ин гуна сатру ҳиҷобро? На ҳаргиз!
Дар гузашгта модарони мо бо руймолҳои зебои худ ҳамчун рамзи шарму ҳаёи занона бо даст ва як эҳтироми махсус пеши бари худро мепушониданд ва ё ҳангоми салом бо шахсони номаҳрам аз остинҳои дарозу васеи куртаи худ истифода мебурданд.
Пӯшидани либоси миллӣ андоми занҳоро он қадар зебою ҷаззоб нишон медод, ки ба хос мардуми тоҷик буд. Вале афсус, ки бо мурури замон занони тоҷик аз пушидани либоси миллӣ ба либосҳои бегона руй оварданд. Махсусан баъди тамошои сериалҳои мексикоӣ, туркӣ, эронӣ пардохтанд ба пӯшидани сатру ҳиҷоб ва либосҳои сиёҳ. Пас саволе ба миён меояд, ки чаро мо либоси миллӣ худ атласу адрасу чаканро ба дигар миллатҳо талқину худнамоӣ накарда ба бегонапардозӣ шурӯъ намудем. Оё то ин замон мо мусалмон набудем, Тиловати Қуръон намекардем?
Ё ба пӯшидани либоси сиёҳу сатрҳои қиматбаҳо худро мусалмон тарошем? Оё барои зани тоҷик пӯшидани шими тангу сатру ҳиҷоб ҷоиз аст?
Ҳатто солҳои охир чунин ба назар мерасид, ки ҳангоми туйи рафтани хостгорҳо ё оиладоршавӣ ҳатман шарти аввалини домод ба бар кардани сатр аз ҷониби арӯсшаванда буд. Агар сатр пушад ба занӣ мегирам агар набошад не. Чаро шарти он, ки арус бояд боиффат боиззат, соҳибэҳтиром, дӯзанда, пазанда ё маълумоти олӣ дошта бошад, то ки дар оянда акалан фарзандони худро тадрис диҳадро ба миён намегузоранд? Оё бо сатр пӯшидан оилаи нағз барпо мешавад? Ё арусон ҳунарманд мешаванд?
Дар замони пеш агар арӯс то як сӯзании ҳаштметраю даҳметра, 20 болишти гулдор, 2 дона болишти дарозак, пешдиванӣ ва ашёҳои арусиро бо дасди худ омода намесохт ба шавҳар намедодан. Мақсад аз чӣ буд?
Аз он, ки ҷавондухтар ба ҳаёти оиладорӣ бояд тайёр шавад. Имрӯз бо пӯшидани шиму тангу сатри сиёҳ худнамоӣ мекунему бо пӯшидани либоси бегона даъвою иддати мусалмонӣ?
Оё дар гузашта модарони мо, ки то имрӯз куртаҳои тоҷиконаи худро ба бар мекунанд намунаи дарси ибрати худ насозем? Чаро талқин ба либоси миллӣ худ намекунем? Чаро чун арусони пешин ба духтани тоқию ҷома, шерозу сӯзанӣ рӯй намеорем. Оё магар дар ягон расму русуми мо пӯшидани куртаи дарози бешим, либоси сиёҳ ва сатру ҳиҷоб буд?
На ҳаргиз! Хатои маҳз мекунем. Занҳо бояд вобаста ба шароити хона, кор, туй, маърака тарзи пӯшидани либосро донанд. Дар ягон давру замон на дар хона на дар кор рӯсариву ҳиҷоб набуд. Агар мо куртаи миллӣ тоҷиконаи худро як тарзи бастани зебои рӯймолро дошта бошем ҳеҷ қонуне онро манъ намекунад. Чаро мо руй ба фарҳанги миллии худ наоварда бегонапарастию зоҳирпарастӣ мекунем? Ва ин дастак мешавад ба душмаонин миллати мо, ки ба ҳангомаҷӯйӣ омодаанд. Даррав аз паша фил месозанду мақомотҳоро гунаҳкор. Ҳол он, ки тамоми миллату маҳалро аз руйи фарҳангу маданияту либоси миллиаш мешиносанд дар ҷаҳон. На аз сиёҳпӯъшиву ҳиҷоби гаронмояву либосу сатри ноошно барои миллати тоҷик.
Ё омӯзгор аз зани хонашину шогирдаш фарқ дошта бошад чи ҷойи айбе? Дар замони гузашта њам барои духтарон (мактаббачаҳо) аз матои зарди якранг куртаҳои оддии тоҷикона медухтанд, ки аз мардуми дар куча буда фарқияте дошта бошад.
Солҳои охир бисёр маданияти либоспӯшии занон ниҳоят коста гардида буд. Ростӣ бо як либос ҳам ба туйу маърака ба дарсу кор мерафтанд. Имрӯз хушбахтона ин масъала роҳи ҳалли худро ёфт.
Боиси ифтихор аст, ки бо ибтикори Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ Пешвои Муаззами миллат шукр, ки устодро аз донишҷӯй ва хонандаро аз омӯзгор фарқ карда метавонему ва имрӯз либоси миллии худро бо эскизҳои замонавӣ ба бар мекунем. Ва Шукронаи онро бояд кард, ки Миллати тоҷикро дар ҷаҳон бо чакану атласу адрасаш мешиносанд на бо сатру ҳиҷобаш!
Котиби Шурои Олимон Маҳсудинова Р.Ғ.
Темур Варақӣ, бегонае ки худро халқи таҳҷоӣ ва патриот вонамуд кардааст (Аз силсилаи «Инҳоро бояд шинохт»)
Written by CомонаМиллати тоҷик аз темуру темуҷинҳо азоби зиёд дидааст. Яке калламанора месохт ва хумор мешикаст, дигарӣ мардумро қатлу ғорат мекард ва шаҳрҳоро валангор. «Қаҳрамон»-и ин лавҳаи насрӣ Темур ном дорад. Темур Қличев. Темур Варақӣ. Темур Варқӣ. Чун номаш ба башари беҳаёяаш созгор аст, худро ҳомии тоҷик вонамуд карда, дар Фаронса, ба номи «ҳуқуқи башар» пора меситоянд.
Ҳар маротибае, ки душманони миллату давлати тоҷикро наҳзатӣ ва ё ба доираҳои наҳзат надик унвон мекунам, баъзан худро сарзаниш мекунам, ки шояд на ҳамаи онҳо ба наҳзат иртибот доранду иҷборан онҳоро ба ин гурӯҳи моҷароҷӯ ва ифротгаро шомил месозам. Аммо ҳамин ки матолиби иғвогаронаашон интишор меёбанд, яќин мекунам, ки онҳо аз тафаккури наҳзатӣ болотар андешида наметавонанд. Далел ҳамин мавзӯи сатр аст, ки дар саргаҳи таълимоти наҳзатӣ ќарор дорад.
More...
Дар пойгоҳи хабарии ифротии Сайидюнус матлабе тањти унвони «Муҳимтарин рӯйдодҳои соли 2018 барои опозитсиони тоҷик» нашр гардид. Муаллиф дар љамъбасти соли гузашта чанд нуќтаназари худро дар робита бо тими мухолифини тољик, ки дар хориљ ба сар мебаранд, иброз доштааст. Дар ин кор њам, Сайидюнус аз “отифат”-и нањзатї истифода бурда, тамоюл ва часпоишашро ба њаракатҳои ба ном оппозитсонї, ки дар мењварашон ҳамон гурӯҳи террористӣ ќарор дорад, ба намоиш мегузорад. Ў заҳмат кашида, листи бурду муваффаќиятњои нањзатро дар соли њисоботї вараќгардон намуда, дар нуњ банд муваффаќиятњои ин ташкилаи мољарољўро арзёбӣ кардааст.
Сайидюнус аз њангомањои навбатиаш дар матлаби љамъбастї хеле болидааст, зеро ин “муваффаќиятњо” ба худи шахси ӯ њам мутааллиќанд. Ба ин “муваффаќият”-њо таваљљуњ намуда, чанд андешаи худро ироа медорем:
Дар фазои расонаї ва маљозии мо муддатњост одати маъмулие њукмрон аст ва дар асоси он гурўњњо ва шахсони алоњида нафаре авомфиреб ё ба истилоњ, популистро њангома мекунанд ва аз ин тариќ иттилооти нав пахшу нашр менамоянд. Дар панљ-дањ соли ахир дар фазои маљозї ва расонаї чунин нафари популист роҳбари террористони наҳзатӣ мебошад, ки аз вай гурўњњои манфиатхоњ имиљи сиёсї ва иљтимої месозанд ва ўро доимо дар фазои маҷозӣ нигањ медоранд (албатта, барои саросар њазф нашудани исмаш аз сањифаи хотираи тарафдоронаш). Ростї, ин василаи хуби фазосозї ва ба таври сунъї сохтану нигањдошти нуфуз ва репутатсияи набуда мебошад.
Маълум аст, ки саркардаи наҳзатиҳо аз соли 2015 дар фењристи љустуљўйи Интерпол ва пайгарди байналмилалї ќарор дошт ва ба њамин наздикї хабари аз фењристи мазкур бардошта шудани номаш дар расонањо интишор ёфт. Аввал ин ки вай чи дар рўйхати Интерпол бошад ва чи дар пайгарди байналмилалї ќарор надошта бошад, љинояткор мањсуб меёбад. Дигар ин ки дар љањони муосир, ки кашмакашњои ќудратї ва султахоњї дар ављанд, њар кор шуданаш мумкин аст. Вобаста ба ин, шомил шудан ба фењрист ва њазф шудан аз рўйхати љинояткорони Пулиси байналмилалї кори техникї ва замонист. Бо гузашти андак замоне фењристњо ва рўйхатњо таѓйир меёбанд ва њаќ ба њаќдор мерасад. Бинобар ин, њаводорони нањзатї набояд дилгарм бар он гарданд, ки роҳбари ҷинояткорашон аз фењристи Интерпол њазф шуд – тамом вассалом. Њаводиси баъдиро мунтазир бояд шуд чун кори љањон њамин аст.
- Рањбари нањзатї ва њаммаслаконаш дар Олмон бо бањонаи таљлили 21-солагии Созишномаи истиќрори сулњ ва ризоияти миллї ба ном Анљуман ташкил карда, дар доираи он созмони нави худ – Эътилофи неруњои мухолифи Тољикистонро таъсис ва эълом кард. Ин матлабро пардапўшона раҳбари ситоди баргузории "Ҳамоиши тоҷикистониён ба муносибати 21-умин солгарди имзои Созишномаи сулҳ” Муҳаммадсаид Ризоӣ арз дошта буд. Се соли ахир дар хориљи кишвар рањбари фирории ин гурӯҳи ҷинояткор ва гурўњњои дигари нањзатмаоб, ки ифтихормандона худро «неруњои оппозитсиюн ва озодандеши тољик» номида, шабакањои иљтимої ва сархатти матолиби расонањои мустаќил ва бавижа, сомонањои нањзатиро тањти њангомаю воњима ќарор медињанд ва аз ин тариќ миёни љомеа ва табаќоти мухталифи иљтимої љойгоњ ва нуфуз касб кардан мехоњанд. Аз рўзи фирор ба хориљ инҳо (аз њисоби муњољирини тољик, ки ба иллати даст доштан дар њаводиси дањшатбори сентябри соли 2015 ва соири љиноёт рахти муњољират барбастаанд), бо истифода аз пуштибонии сиёсї, идеологї, молиявї ва њуќуќии хољагони минтаќавї ва хориљї дар кишварњои урупої, бахусус Полшаву Олмон тазоњуроту таљаммуот доир карда, аз худ «озодандеш» метарошанд. Аз љониби доирањои сиёсї ва њуќуќии ѓарбї додани минбари сиёсї ва таблиѓї ба ашхосе, ки дар раддаи терроризм ва экстремизми динї-мазњабї ќарор гирифта, пинњонї алайњи низоми секулоризм ё ба истилоњ, дунявият мубориза мебаранд, ростї, боиси нанги демократияи урупої аст.
Сомонањои таблиѓии нањзатї аз њузури 300 нафар ширкаткунанда дар Њамоиши Дормундї иттилоъ дода буданд, дар њоле ки дар ин љамъомади хешовандон ва њамшарикони бизнеси саркардаашон њамагї 60 нафар њузур пайдо карда буд. Аз ин лињоз, изњори назари ин гурўњи кучакро наметавон ба унвони Њамоиш нишон дод ва дар атрофи он њангомапароканї кард. Дар кори Њамоиши Дормундї, ки онро ба таври кинояомез метавон «љамъомади хонаводагї» унвон дод, зиёиёни дар хориљбуда Бахтиёр Аминї, Њафиз Бобоёр, Исфандиёр Назар ва амсоли инњо, бо он ки ба Њамоиш даъватї буданд, ширкат наварзиданд, вале дар 25-километрии Дормунд гирд омада, иттињоди худро шўхиомез «Боѓ» (ин исми гузоштаи шоир ва равшанфикри миллї Исфандиёри Назар аст) унвон кардаанд ва зери чатри нањзат нарафтани худро љасурона нишон доданд. Напайвастан ба ҳамоиши Дормундї ва эътирози љумлаи зиёиёни миллї маънои ба сифр баробар шудани талошњои фаровони нањзатиён дар чанд соли ахир љињати љалби љомеаи мадании хориљї ба хостњои онњост.
Ростї, кори баъзе доирањои сиёсии ѓарбї ва созмонњои байналмилалии аврупої масхарабозие беш нест. Бубинед, ин гурўњњои сиёсї ва ба ном муњофизини њуќуќи инсон ба хотири бемории набераи саркардаи террористон - Њамза Тиллозода сару садо баланд карданд, аммо сарнавишти њазорон-њазор ва њатто миллионњо кўдаки бесарпаноњи сайёра, ки бар асари љангу даргирињои бемаънї дар њолати вахим ба сар мебаранд (ва дар шабонарўз њазорон нафар аз онњо љон мебозанд), хоби бароњати ин созмонњоро намепаронад. Бањсу мунозирањои гарме, ки дар расонањо ва дигар васоити ахбори оммаи мустаќил сари ин мавзўъ матрањ гардид, то чї андоза манфиатпараст будани гурўњњоро ба намоиш гузошт. Магар занону тифлони курд, ки њамарўза дар вазъи номусоиди иљтимої ва маишї ќарор доранд, созмонњои њуќуќи инсонро ба ташвиш намеоваранд ё ки барои онњо таќдири саркардаи наҳзатӣ ва хешони вай муњимтар аз њама аст?! Мо нисбат ба набераи саркардаи наҳзатӣ, ки тифли маъсум аст, њељ нафрат ва бадбинї надорем (Њукумат њам њељ гоњ бо тифлон ва он њам набераи рањбари нањзатї намељангад ва аз ин кор бурд њам намекунад), вале љойи нигаронї ин аст, ки чаро ба масъалањо яктарафа бањо дода мешавад ва манофеи сиёсї, геосиёсї ва иќтисодию молиявї дар љойи аввал аст? Манзурам наҳзат аст, ки баъзе доирањои ѓарбї аз он ба унвони абзори таъсиррасонї истифода мебаранд ва барномањои худро дар минтаќа пиёда менамоянд.
Ќазияи Шабнам Худойдодова ва Њамза Тиллозода ба њам рабт доранд. Чанд муддат пештар дар мусоњибае дар ҳамин сомонаи ифротии Сайидюнус, Шабнам Худойдодова гуфта буд, ки тамоми љомеаи љањонї барои кўдаки ў – Фотима мубориза бурд. Бубинед, мушкил танњо кўдаки Шабнам ва набераи сарвари наҳзат асту бас. Дар дунё њазорон-њазор кўдак аз нарасидани оби ошомиданї, сатњи баланди зўроварї, ѓуломї, бадрафторї ранљ мебаранд, љойи зист надоранд, бесарпаноњанд. Чаро созмонњои байналмилалї ба ин масъала таваљљуњ намекунанду ба овардани кўдаки Шабнам ин ќадар пофишорї менамоянд? Посух яќин аст: Ин созмонњо ба нафароне кумак мекунанд, ки ба манфиати онњо кор мекунанд, вагарна чаро ба таќдири кўдакони дигар бетафовутї зоњир менамоянд? Ҳангомаи овардани духтари Шабнам ва набераи саркардаи наҳзатро њамаи расонањои дохилию хориљї интишор доданд ва њатто назди худ пурсишеро матрањ накарданд, ки чаро ба ќазияи миллионњо кудаки бесарпаноњи сайёра расидагї намешавад?
Аљаб корњое дар дунё сурат мегиранд ва аксаран, ин навъи дар нохунак ибтикорот, бештар ба доираи нањзатиёни бурунмарзї тааллуќ мегирад. Њама корњо, мисли ин ки анљом ёфтаанд ва кор ба таъсиси созмони нав - Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон расид. Бубинед, Кумитаи нав њам ба ном фаъолони сиёсиро дар худ таљассум мекунад ва гўиё њуќуќи зиндониёни сиёсиро њимоят менамояд. Кадом зиндониёни сиёсї? Зиндониёне, ки ба тими нањзат тааллуќ мегиранд ва дигар зиндониён, аслан ба дарди нањзат ва доирањои ба он наздик намехўранд. Дигар ин ки муљриёни Кумитаи навтаъсис њам ба нањзат ва афкори нањзатї иртиботи бевосита ва бавосита доранд, аз ин лињоз, њар чї дар ин замина гуфта ва ё интишор меёбад, ба нафарони ба доирањои нањзат наздик тааллуќ мегирад. Кумитаи мазкур, ки сад дар сад мутмаинем, ки аз љониби доирањои махсуси хориљї сармоягузорї ва љонибдорї мешавад, тайи фаъолияти семоња дар баргузории пикету флешмобҳо ва тазоҳуротҳои густарда дар қариб 30 кишвари ҷаҳон сањм гирифтааст. Акнун доираи фаъолиятро таваљљуњ кунед: пикету флешмоб ва тазоњуроти ба истилоњ, густарда алайњи давлат ва Њукумати Тољикистон ташкил мекунад, исми ба ном зиндониёни сиёсиро фењрист ва љинояткоронро реклама мекунад, аз созмонњои байналмилалї кумакњои молию пулї ва пуштибонии сиёсї металабад ва саранљом дар Аврупо паёми бегуноњї пахш менамояд. Ин аст фаъолияти Кумитаи мазкур. Гузашта аз ин, Кумита маљалла таъсис дода, барои он ки худ ва њаммаслакони љинояткорашро дар хориљ реклама кунад, исми онњоро фењраствор зикр карда, ба ин восита бегуноњии нањзатро собит кардан мехоњад. Аз ин фурсат истифода бурда, дастандаркорони Кумита гуноњњои набударо бар гардани Њукумати љумњурї зада, холи сиёсї мегиранд ва дар фазои иттилоотии аврупої яккатозї кардан мехоњанд. Дар њоле ки љомеаи шањрвандї ва мадании аврупої ба ин навъ кумитањо ва созмонњо, ки шуморашон њар рўз ба садњою њазорњо мерасад, аслан эътибор намедињад ва дар љараёни кори худ пайваста мекўшад. Аз ин љост, ки бо ташкили Кумитањо ва созмонњои гуногун шумори муътаризони муњољир намеафзояд, баръакс, њисоби анбўҳи нафароне, ки алайњи ба ном оппозитсияи тољик мешўранд, зиёд мешавад. Чун аксари кулли муњољирини тољики муќими Аврупо “лаззат”-и паноњ бурдан ба нањзатро медонанд ва аз ин ташкилаи бенуфуз парњез мекунанд.
6.Аввал ин ки афсари собиқи КДАМ Муҳаммадалӣ Расулов ҳаргиз Сноуден буда наметавонад. Меъёрњо ва параметрњои ихтисосї ва иктишофї дар ин маврид ба њам мувофиќ ва муносиб нестанд. Дигар ин ки дар дунё ин навъ њодисањо лак-лак сурат мегиранд ва будан ва ё набудани ин нафарон дар сафи кормандони амнияти миллї, ки ба давлат ва халќу ватан бетафовутанд, кори љиддиеро њал намекунад. Аз тарафи дигар, он чи ки Расулов аз тариќи навори видеої пахш кард, бемантиқ буда, баёнгари воќеият нест. Биёед, ба масъала мантиќї бархўрд кунем. Ќатли сарвари террористони наҳзатӣ ба Њукумат чї медињад? Њељ. Ба дунболи ин, рањбари нањзатї бо худии худ чї хатаре ба давлати миллї дошта метавонад? Нуфузи чашмгир ва ё мухлисони зиёде надорад, ки онњоро алайњи давлат савќ дињад. Нањзат аз љониби баъзе доирањои сиёсии минтаќавї ва ѓарбї мавриди истифода ќарор мегирад ва инаш, воќеан, љойи нигаронї дорад. Ин аст, ки давлат ва маќомоти марбута муваззафанд масъаларо љиддї бигиранд ва чорањои муассир андешанд. Масъулони наҳзатӣ созмони худро аз будаш зиёд нишон дода, њадс мезаданд, ки бо рафтани нањзат фазои Тољикистон маѓшуш мешавад. Аммо фазо хубтар ва оромтар шуд, балки худи нањзат дар маѓшушияти фазо сањим будааст. Оромиши куллї дар фазои Тољикистон баъди њазфи њизби нањзат аз листи ањзоби сиёсии Тољикистон имконпазир гардид. Бинобар ин, Расулов њар чї гуфт, ба виљдону имонаш њавола мекунем.
7.Нањзатиҳо њамеша аз приёми сиёсии иѓво истифода мебаранд, то Њукуматро дар чашми љомеаи љањонї бад муаррифї созанд. Дар нишасти соли 2018 дар Варшава (конфронси солонаи САЊА дар назар аст) ин навъ провокатсия аз тарафи неруњои нањзатї тарњрезї гардида, мавриди иљро ќарор дода шуд. Онҳо аз ќабл чунин равиши корро барномарезї намуда, масъулини њукуматиро ба њассос шудан водорониданд. Вале ин маънои онро надорад, ки Њукумат ба иѓвогарињои нањзатї дода мешавад. Хуб, чї коре шуд? Як-ду авбоши нањзатї, ки шиор медоданд, латукўб шуданд. Ин мазмуни кори давлат ва Њукуматро дар ќиболи нањзат дигар намекунад. Нањзат тими иѓвогар буду њаст ва дар Аврупо аз приёмњои нав ба нави иѓвогарии сиёсї кор мегирад.
8.Рањбари нањзатї баъди талошњои зиёд, бакорандозињои найрангњои сиёсию тиљорї созмонњои марбутаро дар мисоли роҳбарони се созмони мухолиф (дар асл ин созмонҳоро худашон таъсис додаанд)– ҳамоҳангсози Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, Анҷумани озодандешони тоҷик ва Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Аврупо ба таъсис додани ба ном Паймони миллии Тољикистон водошт ва санаи 9 сентябри соли 2018 Эъломияи онро ба имзо расонда, хумори чандинсолаашро бишкаст. Аммо, ба иллати шинохтани симои воќеии рањбарияти нањзатї, ду созмони дигар – Анҷумани неруҳои созанда (Додоҷон Атовуллоев) ва “Гуруҳи 24” аз пайвастан ба Эътилоф ва ба ном Паймони миллї (ИНОТ-2) имтиноъ варзиданд. Ин маънои онро дорад, ки наҳзатиҳо миёни дигар гурўњњо ва созмонњои хориљї аз эътибори љиддї бархўрдор нестанд. Аз ин љост, ки эътилофи дуруғини онҳо муваффаќ нахоњад буд ва умри дарозе нахоњад дошт, чаро ки ба он њатто тарафдорони имрўзиаш њам эътимоди решаї ва бунёдї надоранд.
Њамин тариќ, таъсис ва ќабули Эъломияи ба ном Паймони миллии Тољикистон аз «иќдом»-и навбатии наҳзатиҳо мањсуб меёбад. Љойи гила он аст, ки баъзе созмонњои хориҷӣ бештар атрофи худ гурўњњои тундрав, мољарољў, фурсатталаб, иѓвогар, дасисабоз ва хурофотии нањзатиро гирд оварда, ба афроди бењувият, худбохта ва авомфиреб минбару майдони сиёсї медињанд.
Воќеан, санаи 10 декабри соли 2018 бо ибтикори ба ном Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон ҷамъомади террористони нањзатї дар назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Берлин баргузор шуд. Аммо аз ќабл маълум буд, ки муљриёни тарњи ин тазоњурот чї гуна ашхосро њамчун зиндонии сиёсї муаррифї месозанд ва озодии ононро таќозо менамоянд. Исми нафароне, ки ба унвони зиндонии сиёсї гирифта мешавад, аслан, ба масъала иртибот надоранд. Иртиботашон ба нањзат ва доирањои ба он наздик аст. Аз љониби дигар, банду зербандњое, ки номбаршудагони нањзатї зиндонї шудаанд, сиёсї нестанд. Аммо барои тобиши сиёсї додан ба масъала ва аз баъзе доирањои муайяни аврупої ва созмонњои байналмилалии ѓарбї пуштибонї ёфтан муљриёни барномањои тазоњуротии нањзатї шиорњои сиёсї дармедињанд, то ќазияро бештар љанбаи њангомавї бидињанд ва аз он басифати абзори будубоши минбаъдаи худ дар Аврупо истифода намоянд. Нафарони мавриди назари мухолифин – Зайд Саидов, Муҳаммадалӣ Ҳаит ва Бузургмеҳр Ёров бар асоси љиноёте, ки муртакиб шудаанд, зиндонї шудаанд ва дар таркиби љиноёти онњо тобишњои сиёсї вуљуд надорад. Аслан, ин тоифа чї салоњияте дорад, ки назди Њукумат талаботи бепоя вомегузорад ва иљрои бечунучарои онњоро таќозо мекунад? Даќиќан, шумори зиёди муњољироне, ки ба тазоњурот аз њар кунљу канори Олмон тавассути дастгоњњои таблиѓии нањзатї даъват шудаанд, ба маъною муњтавои ин амали нањзатї сарфањм нарафтанд ва танњо дар он ҷо даст афшонданду халос. Дар дохили тазоњургарон танњо чанд нафар нањзатї машѓули ба низом даровардани фаъолият буданд ва аз њар тараф намоишро коргардонї мекарданд. Ин бозии навбатии нањзатињост, ки чандин маротиба таљриба шуда, алњол натиљаи дилхоњ ба бор наовардааст.
Њукумати Љумњурии Тољикистон узви комилњуќуќи созишномаву ќарордодњои байналмилалї ва минтаќавї аст ва дар асоси талаботи ќавонини љойдошта ба ќазияњо расидагї мекунад ва ниёзе ба «мушовирон»-и берунї надорад. Илова бар ин, Љумњурии Тољикистон ба тамоми санад ва ќарордодњои минтаќавї ва байналмилалие, ки рўйи онњо имзо кардааст, арљ мегузорад. Албатта, дар њама кишвар мушкил вуљуд дорад ва доирањое њастанд, ки ба хотири бадном сохтани сохти давлатї ва маќомоти ќудратї «иќдом» мекунанд. Аммо чанд нафар авомфиреб ва фирорие имрўз дам аз озодї ва демокросї мезананд, ки дар кулвори худ ба љуз риёву хурофот чизи дигаре надоранд. Суханони муљриёни барномаи тазоњуроти нањзатї ин нуктаро собит месозад, ки онњо, аслан парвои миллату халќ надоранд, барои онњо танњо манфиатњои шахсию гурўњї муњиманд ва барои амалї гардидани тарњи манофеъ аз њар воситаи машрўъ ва номашрўъе истифода мебаранд, то ба ањдофи худ бирасанд.
Фаридун Ориёї,
таҳлилгар
2 январи соли 2019
Маҳмудҷони Файзраҳмон, сухангӯе ки ба душмантарошии миллат машҳур аст (Аз силсилаи «Инҳоро бояд шинохт»)
Written by CомонаИн нафарак зодаи Ҷайҳун аст. Модарро бо тамоми хешутабор дар ин ноҳия сархам кардааст. Сархам аз он ки ба душманони миллат пайваста, дар тавҳину таҳқири иттилоотӣ шарик аст. Хатмкардаи мадрасаҳои покистонӣ мебошад, чалласавод ва кӯтоҳандеш. Аз ҳар хамир фатире, аз ҳар донише сарсариву сатҳӣ дар бораи дину сиёсат чизаке хондааст, вале он фаҳмидаашро чунон мутлақ медонад, тавони танқиди тарафи муқобилро надорад. Аллома ва ҳамадон аст.
Дағдағаи Кабирӣ дар соли 2019 чист? (Аз силсилаи «Инҳоро бояд шинохт»)
Written by CомонаКабирӣ як нафари дорои тафаккури нимамаҳалии бо олудагиҳои биёбонӣ махлут, алломатарош бо донишҳои сатҳи пасти шарқшиносӣ, зоҳирпараст ва тобеи нафси армонии омехта. Ҳамин як ҷумла, маниши Кабириро хулосагирӣ мекунад. Дар ҳамин ҷо метавонем, нуқта бимонем. Нуқтаи ғафси тамат. Коғазро омехтаи ҳарфҳои беҳудаву пуч насозем. Вале ҳамоқатнигории Кабирӣ маҷбур месозад, ки ба умқи фардии ин «сиёсатмадор»-и дингаро бештар зеҳн биронем. Зеро ки:
Бо меҳнат аз роҳи ҳалол ҷӯёи ризқ шудан иродаи мардӣ ва шарафи инсонӣ мехоҳад. Воқеан на ҳама метавонад, ки бо пулу моли ҳалол рӯзгорашро таъмин ва оилаашро хӯронаду пӯшонад. Зиёд ба чашм мерасад, ки инсонҳо маҳз барои пайдо намудани маблағ ва таъмини оилаи худ даст ба дӯздию ғоратгарӣ, қаллобию одамфиребӣ, қатлу куштор ва даҳҳо ҷинояти дигар мезананд.Танҳо ва танҳо барои бурдае ноне беномусу бевиҷдону сифла мегарданд. Бегона ба мо санг занад, боке нест, чун медонем санги ҳариф аз ҳасад аст. Душман синаи мо шикофад, беобрӯӣ маҳсуб намешавад, чун нанги мардӣ ва шарафи инсониро коста намекунад.
Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 