Қоидаҳои қабули донишҷӯён барои гирифтани таҳсилоти олии дуюм дар соли таҳсили 2023-2024

Муқаррароти умумӣ

1.Қоидаҳои мазкур дар заминаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июни соли 2018, №306», «Қоидаҳои қабули донишҷӯён барои гирифтани таҳсилоти олии дуюм дар соли таҳсили 2023-2024 (қарори ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2022, №17/19)» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф таҳия шудааст.

2.Қоидаҳои мазкур бо мақсади ба танзим даровардани қабули донишҷӯён барои гирифтани таҳсилоти олии дуюм дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, тайёр намудани мутахассисони варзидаи ҷавобгӯи талаботи замон ва мувофиқ ба сохти иҷтимоиву иқтисодии кишвар ва бозори меҳнат, баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаву мaҳорати касбии шаҳрвандон таҳия мегардад.

3.Бо назардошти дорои таҳсилоти олии касбӣ будани шаҳрвандон муҳлати таҳсил барои гирифтани таҳсилоти олии дуюм барои зинаи бакалавр новобаста аз шакли таҳсил 3 сол муқаррар мегардад (Низомномаи таҳсилоти олии дуюм, ки бо қарори ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.02.2019, №4/37 тасдиқ шудааст).

4. Мувофиқи моддаи 41-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 19-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ба шаҳрвандоне, ки таҳсилоти олии касбӣ доранд, гирифтани таҳсилоти олии дуюм дар асоси шартнома (пулакӣ) иҷозат дода мешавад. 

2.Тартиби қабули довталабон

5. Барои гирифтани таҳсилоти олии дуюм шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷие, ки дорои диплом дар бораи хатми муассисаи таҳсилоти олии касбӣ мебошанд (пас аз эътирофи баробарарзишии дипломи онҳо), қабул карда мешаванд.

6.Тибқи тартиби муқарраргардида баробарарзишии дипломҳои пешниҳодгардидаро Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

7.Бо мақсади қабули ҳуҷҷатҳои довталабон барои гирифтани таҳсилоти олии дуюм, ташкил ва гузаронидани суҳбати қабули онҳо бо фармоиши ректори ДДТТ комиссияи қабул таъсис дода мешавад. Раиси комиссияи қабули ДДТТ ректор мебошад. Дар вақти набудани раис ваколатҳои ӯ ба зиммаи муовини раис (муовини якум, муовини ректор оид ба таълим) гузошта мешавад.

8.Ректори ДДТТ аз ҳисоби омӯзгорони таҷрибадор, номзадҳо ва докторҳои илм котиби масъули комиссияи қабулро баъд аз мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин менамояд.

9.ДДТТ дар асоси иҷозатномаи пешбурди фаъолияти таълимӣ ҳуқуқ дорад, ки қабули довталабонро аз рӯи равия ва ихтисосҳои мухталиф расман эълон намояд.

ДДТТ вазифадор аст, ки довталабонро бо иҷозатномаи пешбурди фаъолияти таълимӣ ва шаҳодатномаи аккредитатсияи давлатӣ шинос намояд.

10.Комиссияи қабули ДДТТ бояд то қабули ҳуҷҷатҳои довталабон номгӯи равия ва ихтисосҳо, теъдоди қабулро аз рӯи равия ва ихтисосҳо тариқи шартномавӣ эълон намояд.

11.Қабули донишҷӯён барои гирифтани таҳсилоти олии дуюм танҳо тибқи шартнома дар асоси иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ иҷозат дода мешавад.

12.Комиссияи қабули ДДТТ бояд то қабули ҳуҷҷатҳои довталабон номгӯи саволномаҳои суҳбатро аз рӯи равия ва ихтисосҳо таҳия намуда, теъдоди қабули донишҷӯёнро тибқи нақшаи қабул аз рӯи равия ва ихтисосҳои амалкунанда эълон намояд.

13.Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои довталабон ба комиссияи қабул аз 1 июл то 20 декабр ва муҳлати гузаронидани суҳбат аз 21 то 27 декабр таъин карда мешавад.

14.Довталабон барои гирифтани таҳсилоти олии дуюм мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии зинаи таҳсилоти олии касбӣ ва қоидаи мазкур ба комиссияи қабул ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод мекунанд:

- ариза ба номи ректори донишгоҳ;

- дипломи намунаи давлатӣ (асл) бо замимааш;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

- 6 дона сурати андозаи 3 х 4 см;

- маълумотномаи тиббӣ (шакли №038);                                                      

- шиноснома ё ҳуҷҷат дар бораи тасдиқи шахсият.

15.Баъд аз суҳбати комиссия гузаштани довталаб барои қабул ба сафи донишҷӯён қарори комиссияи қабул бароварда мешавад.

16.Довталабон барои гирифтани таҳсилоти олии дуюм дар асоси талаботи Қоидаҳои қабули мазкур ба ДДТТ тариқи суҳбат қабул карда мешаванд.

17.Дар давраи гузаронидани суҳбат бо фармоиши ректори донишгоҳ комиссияи апеллятсионӣ таъсис дода шуда, раиси он таъин карда мешавад. Дар вақти набудани раис ваколатҳои ӯ ба уҳдаи муовини раис гузошта мешавад. Ба ҳайати комиссияи апеллятсионӣ чун қоида ба сифати экспертҳои бетараф омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷалб карда мешаванд.

18.Аз рӯи натиҷаҳои суҳбат довталаб ҳуқуқ дорад, ки оид ба натиҷаи баҳои дар суҳбат гирифтааш ба комиссияи апеллятсионии назди донишгоҳ ба таври хаттӣ дар муҳлати то 3 рӯз муроҷиат намояд. Баррасии апеллятсия аз нав аз суҳбат гузаштан набуда, танҳо санҷиши дурустии баҳои суҳбати дохилшавӣ мебошад.

Баъди баррасии апеллятсия қарори комиссияи апеллятсионӣ оид ба баҳои суҳбат қабул карда мешавад. Дар мавриди ба миён омадани зарурати таѓйир додани баҳо бо қарори комиссияи апеллятсионӣ дар протоколи суҳбат таѓйирот ворид карда мешавад.

19.Натиҷаи суҳбат дар протоколи махсус қайд карда мешавад (нусхаи протокол замима мегардад).

20. Ҳаҷми маблаѓи таҳсил дар асоси қарори Шӯрои олимон муайян ва бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда шуда, аз тарафи муассис тасдиқ ва дар Қоидаҳои қабули донишгоҳ дарҷ мегардад. Довталабон баъди аз суҳбат гузаштан фақат дар сурати пардохт намудани маблаѓи таҳсил тибқи талаботи шартнома ба донишгоҳ қабул карда мешаванд.

21.Довталабоне, ки дар рӯзи муайяншуда бесабаб ба суҳбати қабул ҳозир нашудаанд, аз суҳбат нагузашта ҳисобида мешаванд.

22.Назорат аз болои фаъолияти комиссияи қабул аз тарафи ректори донишгоҳ ба амал бароварда мешавад.

23.Таъмин, риоя ва иҷрои Қоидаи қабули мазкур ҳатмӣ мебошад.

24.Ба шахсоне, ки муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро тибқи нақшаи таълимии таҳсилоти дуюм бомуваффақият хатм менамоянд, диплом ва нишони намунаи давлатӣ дода мешавад.

25.Ҳангоми аз донишгоҳ хориҷ шудани донишҷӯ тартиби бозпас додани маблаѓи пешпардохтшуда дар асоси шартномаи байни донишгоҳ ва шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ амалӣ карда мешавад.

26.Фармоиши ректори ДДТТ барои қабули донишҷӯён ҷиҳати гирифтани таҳсилоти олии дуюм то 30 декабр дар асоси қарори комиссияи қабул ба тавсиб расонида мешавад.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top