Маводҳо оид ба конфронсҳо

Маводҳо оид ба конфронсҳо

МАҶМУАИ МАВОДOҲОИ ИЛМӢ: «РУШДИ БОЗОРИ СУҒУРТАИ КИШВАРҲОИ ИДМ ДАР ШАРОИТИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ»

ББК: Тадж: 65.2

УДК: 368

Нашриёт: “Тоҷир”

Миқдори саҳифа: 96c.

Соли нашр: 2025

Рушди бозори суғуртаи кишварҳои ИДМ дар шароити иқтисоди рақамӣ. Маводи конфронси II байналмилалии илмӣ-амалӣ. Душанбе, 30-31 майи соли 2025 /Дар таҳрири доктори илмҳои техникӣ, профессор Х.Х. Назарзода, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент А.Р. Курбонов, номзади илмхои иктисодй, доцент Ҷ.Н. Машокиров, номзади илмхои иктисодй, доцент З.С. Султонов, номзади илмхои иктисодй, доцент Б.М. Дустматов, номзади илмхои иктисодй, доцент Амонов С.С. – Душанбе: «ДДТТ», 2025. – 96 с.

Маҷмӯаи мазкур ба масъалаҳои мубрами рушди бозори суғурта дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар шароити иқтисодиёти рақамӣ бахшида шудааст. Мақолаҳо ва маърӯзаҳои илмии олимон, муҳаққиқон ва мутахассисони соҳаҳои молия ва суғурта, ки дар доираи конфронс пешниҳод гардидаанд, паҳлӯҳои назариявӣ ва амалии ташаккул ва такомули бозори суғурта, таҳлили таҷрибаи муқоисавии кишварҳои ИДМ, зарурати рақамикунонии хизматрасониҳои суғуртавӣ ва такмили механизми танзими давлатии бозори суғуртаро дар бар мегиранд.

Ин маҷмӯа ҳамчун манбаи муҳими илмӣ ва амалӣ метавонад барои муҳаққиқон, устодони донишгоҳҳо, аспирантон, донишҷӯён ва мутахассисони соҳаи суғурта ва молия муфид бошад.

Шакли PDF: 19-Маводи конфренсияи кафедраи молия 2025

 

МАҶМУАИ МАВОДOҲОИ ИЛМӢ: «РУШДИ МЕНЕҶМЕНТИ ИННОВАТСИОНӢ ВА МАРКЕТИНГИ РАҚАМӢ»

УДК 33 тоҷик+339+338+9 тоҷик+37тоҷик

ББК-65.9+65.9 (2 тоҷик)+74.03 (2 тоҷик)+63.3 (2 тоҷик)+92.Я2

Н-14

Нашриёт: “Матбаа”

Миқдори саҳифа: 188c.

Соли нашр: 2025

Рушди менеҷменти инноватсионӣ ва маркетинги рақамӣ // Маҷмӯи маводҳои конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ: зери таҳрири д.и.т., профессор Назарзода Х.Х., д.и.и., дотсент Мирзоалиев А.А., н.и.и., дотсент Машокиров Ҷ.Н., н.и.и., дотсент Султонов З.С., н.и.и, и.в. дотсент Ҳакимзода А. – Душанбе: ДДТТ, 2025. – 188 с.

Маҷмуаи мазкур ба масъалаҳои мубрами “Рушди менеҷменти инноватсионӣ ва маркетинги рақамӣ” бахшида шуда, тамоми паҳлуҳои назариявию амалии менеҷменту маркетинг, масоили иқтисоди рақамӣ, саноатикунонии босуръати иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, савдои хориҷӣ, бозори озуқаворӣ, сармояи инсонӣ, зеҳни сунъӣ, сатҳу сифати хизматрасониҳо, муносибатҳои гумрукӣ, савдои чакана, сайёҳӣ ва дигар мавзуъҳои актуалии соҳаҳои иқтисодиётро фаро мегирад.

Шакли PDF: 18-Маводи конфренсияи кафедраи менеҷмент 2025

 

МАҶМУАИ МАВОДOҲОИ ИЛМӢ: «МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ РУШДИ БАҲИСОБГИРИИ МУҲОСИБӢ, ТАҲЛИЛ, АУДИТ, АНДОЗБАНДӢ, НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ: ТАҲДИДҲОИ МУОСИР ВА САМТҲОИ РУШД»

УДК: 330.534 (575.3)

ББК: 65.052(1)

Нашриёт: Матбааи ИҶМАК ҶТ

Миқдори саҳифа: 542c.

Соли нашр: 2025

Маводи конфронси II илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзуи «Масъалаҳои мубрами рушди баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил, аудит, андозбандӣ, назорати давлатии молиявӣ: таҳдидҳои муосир ва самтҳои рушд»: (30-31 январи соли 2025) / зери назари д.и.и., проф. Хушвахтзода Қ.Х. – Душанбе, матбааи ИҶБАК ҶТ, 2025.- 542 с.

Маҷмӯаи мазкур мақолаҳо ва фишурдаи маърӯзаи олимону муҳаққиқони ватанӣ ва хориҷӣ, инчунин мутахассисони соҳаҳои гуногуни иқтисодиётро, ки дар кори конференсия ширкат варзидаанд, дар бар мегирад.

Ба маҷмӯа мақолаҳо ва маърӯзаҳои илмии муҳаққиқон шомил гардидаанд, ки масъалаҳои муҳими рушди низоми баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлили молиявӣ, аудит, андозбандӣ, инчунин механизми назорати давлатии молиявиро дар шароити таҳдидҳои муосир мавриди таҳқиқ қарор медиҳанд. Муаллифон самтҳои наву афзалиятноки рушди ин соҳаҳоро дар рӯшноии раванди рақамикунонии иқтисодиёт, тағйирёбии муҳити ҳуқуқӣ ва зарурати боло бурдани шаффофияти молиявӣ баррасӣ намудаанд.

Шакли PDF: 17-Маводи конфренсияи кафедраи баҳисобгирӣ 2025

 

МАҶМУАИ МАВОДOҲОИ ИЛМӢ: МАСЪАЛАҲОИ МАРБУТ БА ЗАБОН ДАР ОСОРИ БЕЗАВОЛИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДТИ МИЛЛӢ- ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

ТКБ 81.2 тоҷик - 4+66.68 (2 тоҷик)

8+72.3+66.4+66.5+92 я 2

ТДУ 809.551+82 тоҷик+001 (099)

М-52

Нашриёт: ҶДММ “Лавҳ”

Миқдори саҳифа: 227c.

Соли нашр: 2025

Маводҳои “Масъалаҳои марбут ба забон дар осори безаволи Асосгузори сулҳу ваҳдти миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон”. Душанбе 17-уми майи соли 2025/Дар таҳрири доктори илмҳои техникӣ, профессор Х.Х. Назарзода, номзади илмхои иктисодй, доцент Ҷ.Н. Машокиров, номзади илмхои иктисодй, доцент З.С. Султонов, номзади илмхои филологӣ, доцент М.М. Каҳоров ва номзади илмхои иктисодй, доцент Амонов С.С. – Душанбе, ДДТТ, 2025. 227с.

Ба маҷмӯаи мазкур мақолаҳо ва маърӯзаҳои илмии муҳаққиқон шомил гардидаанд, ки натиҷаҳои таҳқиқоти илмиро доир ба масъалаҳои забонӣ, фарҳангӣ ва сиёсати забон дар осори Пешвои миллат инъикос менамоянд. Ин мавод дар таҳкими худшиносии миллӣ, баланд бардоштани нақши забони давлатӣ ва фаҳмиши амиқтари рисолати таърихии Пешвои миллат дар рушди забон ва фарҳанги миллӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Шакли PDF: 16-Маводи конфренсияи кафедраи забонҳо 2025

 

МАҶМУАИ МАВОДOҲОИ ИЛМӢ: РУШДИ БОЗОРИ СУҒУРТА ВА РАҚАМИКУНОНИИ БАХШИ МОЛИЯ

ББК: 65

УДК: 336

Нашриёт: “Тоҷир”

Миқдори саҳифа: 190.c.

Соли нашр: 2025

 

Маводҳои конференсияи ҷумҳурияви ва байналмилалии илмӣ-амалӣ доир ба мавзуҳои “Рушди бозори суғуртаи мамлакатҳои аъзои ИДМ дар шароити иқтисоди рақамӣ” ва "Масъалаҳои мубрами рақамикунонии бахши молия: дурнамо ва тамоюли рушди он", ки соли 2024 / Зери таҳрири д.и.т., профессор Назарзода Х.Х.., д.и.и., профессор Раҷабов К.Р., н.и.и., дотсент Машокиров Ҷ.Н. н.и.и., дотсент Султонов З.С. ва н.и.и., дотсент Амонов С.С.

Ба маҷмӯаи мазкур мақолаҳо ва маърӯзаҳои илмӣ шомил гардидаанд, ки натиҷаҳои таҳқиқоти муҳаққиқонро оид ба самтҳои муҳим ва стратегӣ, аз ҷумла рушди бозори суғуртаи мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар шароити иқтисоди рақамӣ ва масъалаҳои мубрами рақамикунонии бахши молия, дурнамо ва тамоюлҳои рушди он дар бар мегиранд. Муаллифон ҷанбаҳои назариявӣ ва амалии рақамикунонии бахши молияро баррасӣ намуда, таъсири ин равандро ба низоми молиявӣ, механизмҳои идоракунии суғурта, усулҳои такмили хизматрасониҳои рақамӣ ва роҳҳои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти иқтисодӣ таҳлил намудаанд. Ҳамчунин, дар мақолаҳо масъалаҳои такмили танзими ҳуқуқии бозори суғурта дар кишварҳои ИДМ, ворид намудани технологияҳои инноватсионӣ ва таъсири онҳо ба рушди устувори молия ва иқтисоди миллӣ муҳокима шудаанд. Маҷмӯа барои олимон, муҳаққиқон, мутахассисони соҳаҳои молия, суғурта, иқтисоди рақамӣ, намояндагони мақомоти давлатӣ, соҳибкорон, инчунин донишҷӯёну омӯзгорони ихтисосҳои иқтисодӣ ва молиявӣ манфиатовар хоҳад буд. Матолиби пешниҳодшуда метавонанд барои таҳияи сиёсати иқтисодӣ, стратегияи рақамикунонии бахши молия ва рушди устувори бозори суғурта дар шароити рақамикунонии иқтисодиёт мусоидат намоянд.

Шакли PDF: 14-Маводи конфренсияи суғурта ва молия 2025

 

МАСОИЛИ МУБРАМИ ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР ШАРОИТИ МУОСИР

ББК: 67.4/67.9

УДК: 340.12

Нашриёт: “Тоҷир”

Миқдори саҳифа: 167.c.

Соли нашр: 2024

 

Маводҳои конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ доир ба мавзуи “Масоили мубрами ҳуқуқи инсон дар шароити муосир”, 10 декабри соли 2024 / Зери таҳрири н.и.ҳ., дотсент Алиев Ф.Ш., н.и.ҳ., дотсент Ғайратов Т.М., н.и.и., дотсент Машокиров Ҷ.Н. ва н.и.и., дотсент Султонов З.С.

Ба маҷмӯа маводи маърӯзаҳо шомил гардидаанд, ки натиҷаҳои таҳқиқотро дар самтҳои гуногуни ҳуқуқи инсон дар шароити муосир пешниҳод мекунанд. Маърӯзаҳо масъалаҳои назариявӣ ва методологии ҳифзи ҳуқуқи инсонро баррасӣ намуда, таъсири глобализатсия ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро таҳлил мекунанд. Инчунин, механизмҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон дар низоми ҳуқуқии Тоҷикистон, татбиқи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ дар қонунгузории миллӣ ва масъалаҳои марбут ба ҳуқуқи инсон дар соҳаи иқтисод ва соҳибкорӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд. Ба баррасии масъалаҳои гендерӣ ва ҳифзи иҷтимоии гурӯҳҳои осебпазир низ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардида, мушкилоти ҳуқуқи инсон дар соҳаи маориф ва илм мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Ҳамзамон, рушди институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва нақши онҳо дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон низ муҳокима шудаанд. Маҷмӯаи мазкур барои муҳаққиқон, омӯзгорон, донишҷӯён, ҳуқуқшиносон ва ҳамаи онҳое, ки ба масъалаҳои ҳуқуқи инсон таваҷҷуҳ доранд, муфид хоҳад буд.

Шакли PDF: Маводҳои конфренсия ҳуқуқ 10.12.2024

 

РУШДИ ИНСТИТУТСИОНАЛИИ ФАЪОЛИЯТИ ГУМРУКӢ ДАР ШАРОИТИ МУОСИР

УДК 339. 543 (575.3)

ББК‐63.3.(тоҷик)+67.99 (2 Тоҷик)+65.9

И 65

ISBN 978‐99985‐68‐26‐6

Нашриёт: “Абдураҳмон‐Р”

Миқдори саҳифа: 285.c.

Соли нашр: 2025

 

Рушди институтсионалии фаъолияти гумрукӣ дар шароити муосир// Маҷмӯаи маводи конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ: таҳти таҳрири умумии доктори илмҳои техникӣ, профессор Назарзода Х.Х., доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Раҷабов Р.К. – Душанбе: ДДТТ, 2025. – 285 с.

Ба маҷмӯа маводи маърӯзаҳо шомил гардидаанд, ки натиҷаҳои таҳқиқотро дар самтҳои зерин пешниҳод мекунанд: инкишофи институтсионалии фаъолияти гумрукӣ; рушди бозори истеъмолӣ ва соҳаи хизматрасонӣ; ҷанбаҳои институтсионалии ташаккули кластери гумрукӣ-нақлиётӣ ва рушди иқтисод дар шароити рақамикунонӣ; инкишофи бозори меҳнат ва соҳибкорӣ, сайёҳӣ, минтақаҳои озоди иқтисодӣ, инчунин масъалаҳои иқтисодиёти инноватсионӣ, рақамӣ ва сабз дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар.

Шакли PDF: 12 МАҶАЛЛАИ КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ФАОЛИЯТИ ГУМРУКӢ 2025.pdf

 

РУШДИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМӢ ДАР ШАРОИТИ МУОСИР

ББК: Тадж: 342

УДК ” 001+34

М - 45

Нашриёт: “Тоҷир”

Миқдори саҳифа: 425.c.

Соли нашр: 2024

 

Рушди технологияҳои рақамӣ дар шароити муосир: маводҳои конференсияи III-юми байналмилалии илмию амалӣ бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илм ва маориф” (солҳои 2020-2040) 27-28 декабри соли 2024 / Зери назари доктори илмҳои техникӣ Х.Х. Назарзода, номзади илмҳои иқтисодӣ Ҷ.Н.Машокиров, номзади илмҳои иқтисодӣ З.С.Султонов, номзади илмҳои иқтисодӣ Амонов С.С.– Душанбе: «ДДТТ», 2024. - 425 с.

Шакли PDF: МАҶАЛЛАИ_КОНФЕРЕНСИЯИ_БАЙНАЛМИЛАЛ_РАКАМИКУНОНИ_2025

 

НАҚШИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНҲО (РУСӢ ВА АНГЛИСӢ) ДАР РУШДИ МУНОСИБАТҲОИ ИҚТИСОДӢ

УДК ” 001(092)+81тоҷик+37тоҷик+373+03тоҷик+008

ББК ” 72.3+66.61(2тоҷик)8+81.2тоҷик-4+74.03(2тоҷик)+74.200+9212 М -13

Нашриёт: ҶДММ “Баҳманрӯд”

Миқдори саҳифа: 96.c.

Соли нашр: 2024

 

Маводи конфренсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзўи «Нақши омўзиши забонҳо (русӣ ва англисӣ) дар рушди муносибатҳои иқтисодӣ» (ш. Душанбе 20 уми апрели 2024) ” Душанбе, ДДТТ, 2024. 96 с. / Зери назари Назарзода Х. Х. - доктори илмҳои техникӣ, профессор, Қаҳҳоров М.М. номзади илмҳои филологӣ, дотсент, Машокиров Ҷ.Н. номзади илмҳои иқтисодӣ - Душанбе, 2024. 238 с.

Баъзан фикр ва хулосаҳои дар маҷмӯа омада ба мазмун ва масъалаҳои конференсия созгор наомаданашон мумкин аст. Барои дурустии фикр, моҳияти илмӣ, хулосабарориҳо, услуб ва баёни мақолаҳои муаллифон масъул мебошанд.

Шакли PDF: Китоби конфронси байналмилалӣ соли 2024 ДДТТ.pdf

 

ТАЪЛИМ ВА ТАКМИЛИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ (РУСӢ ВА АНГЛИСӢ)

УДК ” 001(092)+81тоҷик+37тоҷик+373+03тоҷик+008

ББК ” 72.3+66.61(2тоҷик)8+81.2тоҷик-4+74.03(2тоҷик)+74.200+9212

М -13

Нашриёт: ҶДММ “Баҳманрӯд”

Миқдори саҳифа: 227.c.

Соли нашр: 2024

Маводи конфренсияи байналмилалии илмию амалӣ дар мавзӯи «Таълим ва такмили забонҳои хориҷӣ (русӣ ва англисӣ)» (ш. Душанбе 20- уми апрели 2024) / Зери назари Назарзода Х. Х. - доктори илмҳои техникӣ, профессор, Қаҳҳоров М.М. номзади илмҳои филологӣ, дотсент, Машокиров Ҷ.Н. номзади илмҳои иқтисодӣ - Душанбе, 2024. 238 с.

Баъзан фикр ва хулосаҳои дар маҷмӯа омада ба мазмун ва масъалаҳои конференсия созгор наомаданашон мумкин аст. Барои дурустии фикр, моҳияти илмӣ, хулосабарориҳо, услуб ва баёни мақолаҳои муаллифон масъул мебошанд.

Шакли PDF: Китоби конфронси байналмилалӣ соли 2024 ДДТТ.pdf

 

РУШДИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМӢ ДАР ШАРОИТИ МУОСИР: МАВОДҲОИ КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМИЮ АМАЛӢ

ББК: Тадж: 342

УДК: 0001+34М – 45

Нашриёт: ҶДММ “Баҳманрӯд”

Миқдори саҳифа: 482.c.

Соли нашр: 2023

Рушди технологияҳои рақамӣ дар шароити муосир: маводҳои конференсияи байналмилалии илмию амалӣ бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ,  дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илм ва маориф” (солҳои 2020-2040) 27-28 декабри соли 2022 / Зери назари доктори илмҳои техникӣ Х.Х. Назарзода, доткори илмҳои иқтисодӣ Ф.Р. Шаропов, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Н.А. Қудратов. – Душанбе: «ДДТТ», 2022. - 482 с.

Матни маърӯзаҳо дар шакли асл нашр шудаанд ва барои мазмун ва аслияти онҳо масъулият ба зиммаи муаллифон  мебошад.

Шакли PDF: Китоби конфронси байналмилалӣ соли 2022 ДДТТ.pdf

 

МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ ИҚТИСОДИ МЕҲНАТ ВА ИДОРАКУНИИ КОРМАНДОН: МАВОДҲОИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМИЮ АМАЛӢ

ББК: Тадж: 342

УДК: 0001+34

М – 45

Нашриёт: ҶДММ “Баҳманрӯд”

Миқдори саҳифа: 294.c.

Соли нашр: 2023

Масъалаҳои мубрами иқтисоди меҳнат ва идоракунии кормандон. Маводҳои конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ (30 марти соли 2023) / Зери назари доктори илмҳои техникӣ Х.Х. Назарзода, доткори илмҳои иқтисодӣ Ф.Р. Шаропов, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Н.А. Қудратов. – Душанбе: «ДДТТ», 2023. - 294 с.

Матни маърӯзаҳо  дар шакли асл нашр шудаанд ва барои мазмун ва аслияти онҳо масъулият ба зиммаи муаллифон  мебошад.

Шакли PDF:  Масъалаҳои мубрами иқтисоди меҳнат ва идоракунии кормандон.pdf

АКТУАЛЬНЫЕ ПРОБЛЕМЫ ТЕОРИИ И ПРАКТИКИ БУХГАЛТЕРСКОГО УЧЕТА, АНАЛИЗА И АУДИТА / МАТЕРИАЛЫ ХI МЕЖДУНАРОДНОЙ  НАУЧНО-ПРАКТИЧЕСКОЙ КОНФЕРЕНЦИИ

УДК 644

ББК 65.8(2)(222).(2точик)(2русс)

АКТ - 38

ISBN 978 – 99975 – 0 – 703 – 7

Издательства ОИПБА РТ

Кол-во страниц: 210 с.

Год издания: 2023

Актуальные проблемы теории и практики бухгалтерского учета, анализа и аудита / Материалы ХI Международной  научно-практической конференции (22-23 октября  2023г.,  г. Душанбе). Под ред. к.э.н., доцента Мирзоалиева А.А. – Душанбе: ОИПБА РТ, 2023.- 210с.

Редакционная коллегия получила от всех авторов подтверждение того, что представленные ими материалы могут быть опубликованы в открытой печати. Поэтому ответственность за сохранность коммерческой и других тайн, а также за соблюдение копирайтов всецело лежит на авторов публикации, но ни в коей мере не на редакторах и редакционной коллегии настоящего сборника материалов. 

Версия PDF: Материалы МНПК БУА 2023.pdf

ҲУҚУҚ ВА ИҚТИСОД: МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ ҲУҚУҚИ ИҚТИСОДӢ ВА АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ: МАВОДҲОИ КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

ББК: Тадж: 342

УДК: 0001+34

М – 45

Нашриёт: Тоҷир ДДТТ

Миқдори саҳифа: 214.c.

Соли нашр: 2023

 

“Ҳуқуқ ва иқтисод: масъалаҳои мубрами ҳуқуқи иқтисодӣ ва амнияти иттилоотӣ”: маводҳои конфронси байналмилалӣ (25-26 апрели 2023) / Зери назари доктори илмҳои техникӣ Х.Х. Назарзода, доткори илмҳои иқтисодӣ Ф.Р. Шаропов, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Н.А. Қудратов. – Душанбе: «ДДТТ», 2023. – 214 с.

Матни маърӯзаҳо  дар шакли асл нашр шудаанд ва барои мазмун ва аслияти онҳо масъулият ба зиммаи муаллифон  мебошад.

Шакли PDF: “Ҳуқуқ ва иқтисод масъалаҳои мубрами ҳуқуқи иқтисодӣ ва амнияти иттилоотӣ” маводҳои конфронси байналмил.pdf

ФАЪОЛИЯТИ СОҲИБКОРӢ ДАР ШАРОИТИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ: МАВОДҲОИ КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

ББК: Тадж: 342

УДК: 0001+34

М – 45

Нашриёт: Тоҷир ДДТТ

Миқдори саҳифа: 225.c.

Соли нашр: 2023

Маводҳои конференсияи Байналмилалии илмию амалӣ дар мавзӯи “Фаъолияти соҳибкорӣ дар шароити иқтисоди рақамӣ” 17-18 ноябри соли 2023 / Зери назари доктори илмҳои техникӣ Х.Х. Назарзода, номзади илмҳои иқтисодӣ Ҷ.Н. Машокиров, номзади илмҳои иқтисодӣ З.С. Султонов, номзади илмҳои иқтисодӣ С.С.Амонов – Душанбе: «ДДТТ», 2023. - 225 с.

Матни маърӯзаҳо  дар шакли асл нашр шудаанд ва барои мазмун ва аслияти онҳо масъулият ба зиммаи муаллифон  мебошад.

Шакли PDF: Маводҳои конференсияи байналмилалии илмию амалӣ (17-18 ноябри 2023).pdf

ФАЪОЛИЯТИ СОҲИБКОРӢ ДАР ШАРОИТИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ: МАВОДҲОИ КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

ББК: Тадж: 342

УДК: 0001+34

М – 45

Нашриёт: Тоҷир ДДТТ

Миқдори саҳифа: 225.c.

Соли нашр: 2023

Маводҳои конференсияи Байналмилалии илмию амалӣ дар мавзӯи “Фаъолияти соҳибкорӣ дар шароити иқтисоди рақамӣ” 17-18 ноябри соли 2023 / Зери назари доктори илмҳои техникӣ Х.Х. Назарзода, номзади илмҳои иқтисодӣ Ҷ.Н. Машокиров, номзади илмҳои иқтисодӣ З.С. Султонов, номзади илмҳои иқтисодӣ С.С.Амонов – Душанбе: «ДДТТ», 2023. - 225 с.

Матни маърӯзаҳо  дар шакли асл нашр шудаанд ва барои мазмун ва аслияти онҳо масъулият ба зиммаи муаллифон  мебошад.

Шакли PDF: Маводҳои конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ (29 ноябри соли 2023).pdf

РУШДИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМӢ ДАР ШАРОИТИ МУОСИР: МАВОДҲОИ КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

ББК: Тадж: 342

УДК: 0001+34

М – 45

Нашриёт: Тоҷир ДДТТ

Миқдори саҳифа: 360c.

Соли нашр: 2023

Рушди технологияҳои рақамӣ дар шароити муосир: маводҳои конференсияи II-юми байналмилалии илмию амалӣ бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ,  дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илм ва маориф” (солҳои 2020-2040) 26-27 декабри соли 2023 / Зери назари доктори илмҳои техникӣ Х.Х. Назарзода, номзади илмҳои иқтисодӣ Ҷ.Н.Машокиров, номзади илмҳои иқтисодӣ З.С.Султонов, номзади илмҳои иқтисодӣ Амонов С.С.– Душанбе: «ДДТТ», 2023. - 360 с.

Матни маърӯзаҳо  дар шакли асл нашр шудаанд ва барои мазмун ва аслияти онҳо масъулият ба зиммаи муаллифон  мебошад.

Шакли PDF: Маводҳои конференсияи II-юми байналмилалии илмию амалӣ бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ,  дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илм ва маориф” (солҳои 2020-2040) 26-27 декабри соли 2023

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top