Хабархои сиёси

Хабархои сиёси (512)

Dolor pretium adipiscing Nam Curabitur nulla Duis id tellus at et. Dui orci Sed dolor Aenean tincidunt vitae vitae sed mattis sed. Purus Vivamus dapibus lorem Vestibulum dis pellentesque tristique dui Morbi hendrerit. Eu eu eros interdum tempus facilisi orci mollis netus semper massa. Consequat sed pellentesque cursus et vel nunc lacinia quis semper senectus. Felis Donec libero nibh Sed velit a Nulla elit dui porttitor.

Душанбе, 22 Апрел 2019 20:31

Марзбони Ватан

Written by

Артиши милии кишвари азизамон, воқеан ҳам санаи 23-юми феврали соли 1993 ташкил шуда, дар таърихи худ бисёр вазниниҳоро аз сар гузаронидааст.

Маҳз, далерони Ватан буданд, ки дар рӯзҳои аввали истиқлолият марзу буми Ватани азизро аз душман бо ҷонӣ худ муҳофизат намуданд. Хизмати ин ҷавонони шердил буд, ки имрӯз миллати тоҷик дар шароити тинҷиву оромӣ ва осмони соф зиндагӣ ба сар мебарад. Таърих гувоҳи он аст, ки аскарони Ватан ҳамеша бо хоҳишу рағбати худ баҳри хизмати модар сари вақт ҳозир шуда, онро содиқона анҷом медоданд.

Хушбахтона, ин анъана то ин дам асли худро гум накардааст, балки хоҳиши ҷавононро барои ҳимояи сарҳади Тоҷикистон баланд намуда, шумораи ҷавононро зиёд намуда истодааст. Ҷавонони шаҳру ноҳияи кишвар, алалхусус ноҳияи Исфараи вилояти Суғд, аз анъанаи мазкур бетараф нашуда, аз кишварҳои дуру наздик баҳри хизмати Ватан баргашта, ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуда истодаанд. Далели ин гуфтаҳо, тариқи телевизионҳои кишвар мебинем, ки алакай 20 нафар ҷавонмарди ноҳияи Исфара аз Россия баҳри мудофиаи Ватан баргаштаанд. Ҷавони ноҳияи Исфара дар баромадҳои худ қайд, карданд, ки барои ҳимояи миллату давлати хеш омода буда, ҷавононро ба ин иқдоми нек даъват менамоянд. Онҳо тайёранд, дар ин роҳи набард барои ҳифзи сарҳади кишвар, баъд аз воқеаҳои қаблӣ ҷони худро фидо намоянд, то душман дубора марзи кишвари азизамонро нагузарад.

Сокинони Исфара дар баромадҳои худ, аз ҷавонони вилоят даъват аз муттаҳидӣ, якдилӣ ва хештаншиносӣ ба амал меоранд, то дар якҷоягӣ мароми давлатро дар арсаи байналмиллалӣ ҳифз намоянд. Ҳамзамон, дар ноҳияи Исфараи вилояти Суғд алаккай даъвати баҳорӣ пур шуда бошад ҳам, ҷавонони ноҳия ба он нигоҳ накарда, мехоҳанд, қарзи Ватанро ба ҷо биёранд.

Боиси қайд аст, ки дар баробари Исфара, Рашту Бадахшон ҳам даъвати баҳориро алаккай ба анҷом расонидаанд.

Чун миллати тоҷик бо далерони Ватан ҳамеша аз таърих мефахрид, имрӯз ҳам Ватан аз Шумо марзбонони Ватан меболад.

Бечора харак зери думат гашта ҷазир,
Ёбу будӣ чанде ба биёбону адир.
Бо секси урупоӣ ҳама шаҳват ронӣ,
Серӣ, ки надидӣ таги охундаки пир.
Ҷонона Кабирии харак дорӣ хитоб,
Бо нозу карашма мекунӣ қаҳру итоб,
Ҳангоси ту бар гӯши касон ҳеҷ нарасад,
Афсона бувад, ки барадаш селаи об.

Муҳиддин Кабирӣ!

Хитоби ман бар туст эй ғуломи ихвонии Миср ва эй мочахари пуштат аз савории охунди пири иронӣ зардобпечида ва эй луттии дугонаи ҳамҷинсгароёни Аврупо!

Ҳар хитобае, ки чун вингоси к…ни гӯ..ин аз забони фиребгару раҳгумзанандаат мебарояд, пеш аз ҳама пушташ манфиати хоҷагонат меистаду аз худу хонаводаат.

Ҳатто қазияи интернет ҳам бо худат рабт дорад. Метарсӣ, ки бо қимат шудани нархи интернет теъдоди муштариёни саҳифаҳои иҷтимоии он коҳиш меёбаду шумораи он иддаи бесавод, ки пайваста дар тори танидаи туву ақидаҳои ифротии туву пирони ту гирифтор мешаванд, кам мегардад.

Метарсӣ, ки аз ягона минбари ваъзгӯиҳои фиребандаат, ки пушти вожаҳои дилчаспу мардумфиреби шайтониат ниҳонанд, маҳрум мешавӣ.
Ай хараки пуштат аз кашидани бори бегона лақгашта, агар чунин нест, агар худро даме мард мепиндорӣ, ақаллан, барои ҳамон «парвонаҳо»-и гирди худат қойил шав, ки имрӯз сарчашмаи зиндагии беш аз 40 нафар аёли хонаводаи худу бародаронат аз ҳисоби чист ё кист?

Дар шароити Аврупо, ки барои зиндагии якмоҳаи як нафар 3-4 ҳазор евро басанда нест, рӯзи онҳоро аз кадом ҳисоб пеш мебарӣ? Албатта, посухат он аст, ки «ризқи инсон худодод аст». Вале ин афсонаро ба гӯши ҷоҳилони фиребдодаат хон!

Пешаи ту савдои миллат буду давлати Тоҷикон. Ва ҳамин тариқа боқӣ хоҳад монд. То дами пир гаштанат. То даме, ки чун хари пир ва аз боркашӣ монда, танат афгор мегардаду шошаат дигар намепояд, соҳибонат як лагат ба куни қоқат мезананду ба ҳамон биёбонат меафканандат, ки аввал омӯхта будандат. Биёбонҳои арабу ақидаи ҷоҳилона ҳазорон сол яхбаста.

Интернети ту бепул аст. Куҷо медонӣ, ки дар Тоҷикистон бо кадом сабаб қиматаш боло рафт. Агар ин қадар зӯр бошӣ, Тоҷикистон биё, дар паҳлуи генералҳо истода манфиатҳои миллату давлатро ҳимоя кун. Наметавонӣ! Қодир нестӣ! Барои ин кор ҷигар даркор асту ҷуръату мардӣ. Барои ту барин мочахарҳо «овози дуҳул шунидан аз дур хуш аст». Ту ҳамоне ҳастӣ, ки соли 2015 ҳамдастонатро фурӯхтӣ. Ба мурдан ё пушти зиндон рафтан раҳнамун сохтиву худатро бо тамоми аҳли оилаат берун кашидӣ. Ҳоло дигаронро фурӯхтан дорӣ. Афсӯс, ки иддае аз ҳамдиёрон ончунон дар дарёи ҷаҳолат ғарқ гаштаанд, ки тавони таҳлили ҳаводиси ҳамагӣ чор се сол пешро надоранд. Аллакай фаромӯш кардаанд, ки чӣ тавр садҳо нафар ҳамҳизбонатро ба савдо задӣ. Танҳо ба хотири он ки дар Аврупо иҷозаи зистро дарёфт намоӣ!
Генералҳои тоҷик бошанд, вазифаҳои конститусионии худро сарбаландона иҷро мекунанд. Имрӯз дар ҳақиқат посбонанд. Посбони амну суботи Тоҷикистони азиз. Ҳаминҳо мебошанд, ки баъди нест кардану пушти зиндон бурдани чанд ҳамҳизби террористи ту шаб то рӯз натанҳо дар шаҳри Душанбе, дар тамоми шаҳру деҳоти Тоҷикистон мардум агар хоҳад шаб то рӯз сайру гашт мекунад.

Шумо хармиҷозони террористмаоб бошед, ҳар куҷо, ки мерасед аз қадаму нафаси номуборакатон он ҷо дуд мебарояд. Дар дили Аврупо, аллакай, аз тарси кирдорҳои ваҳшиёнаи шумо мардуми бумӣ ба беруни хона баромадан метарсанд. Ҳамонҳое, ки барои шумо интернети бепул додаанд. Аврупоиҳо намедонанд, ки ҳатто Аллома Иқболи мусулмон аз Шумо безор буд ва қариб як аср пештар навишт:

Дили мулло гирифтори ғаме нест,
Нигоҳе ҳаст, дар чашмаш наме нест.
Аз он бигрехтам аз мактаби ӯ,
Ки дар реги Ҳиҷозаш замзаме нест.

Аз ин ҷост, ки Муллокабирӣ танҳо дар фикри худ асту шиками худ. Ӯро нисбати интернети бепул ё қиматшуда чӣ парвост?

Душанбе, 22 Апрел 2019 05:59

Tаъсири манфии ифротгароии динӣ

Written by

Дар замони мо, ки пур аз тазод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд ва менависанд. Маънои аслии «экстремизм» чист ва он чӣ гуна падида аст? Экстремизм – (аз калимаи франсузии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus») гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳадд гузаштан, аз андоза гузаштан аст.

Ҷомеаи имрӯзаи моро равияҳои номатлубе фаро гирифтааст, ки ба зеҳну андешаи ҷавонон бетаъсир нест. Маълум аст, ки хатарноктарин зуҳуроти ҷомеаи муосир терроризму экстремизм аст ва онро вабои аср мехонанд.

Раванди ба гурӯҳҳои ифротӣ пайвастани ҷавонон дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон нишон медиҳад, ки насли нави ифротгароёни динӣ, хусусан, пайравони гурӯҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ” роҳҳои наву пуртаъсири таблиѓу ташвиқи андешаҳои худро дар байни ҷавонон ба роҳ мондаанд. Маҳз ҳамин равиши таблиѓотии содаву таъсирнок ва истифодаи васеъ аз воситаҳои муосири иттилоотӣ, расонаҳои электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз омилҳои муваффақияти ин гурӯҳ ва ҷойгоҳи байналмилалӣ пайдо кардани он ба ҳисоб меравад.

Фикру ақидаҳои ифротгароӣ аз доираи тафаккур баромада, ба сатҳи таблиғот, талаботи катьӣ аз дигарон ва ба амалҳои тунд мегузарад. Дар ин маврид, шахси ифротгарои динӣ тарзи зиндагонии дигаронро ошкоро танқид карда, нисбат ба онҳо дар амал оштинопазирӣ нишон медиҳад ва ҳамфикрони худро ба муборизаи амалӣ ба муқобили фаҳмиш ва тарзи зиндагии дигарон даъват мекунад. Чунин ҳолат аллакай шакли радикалишудаи ифротгароии динӣ мебошад. Ифротгароёни динӣ барои расидан ба ҳадафҳои худ аз зӯроварию хушунат истифода мекунанд. Аз ин лиҳоз, дар зиндагии рӯзмарра фаҳмиш ва арзишҳои ифротгароён барои аъзои дигари ҷомеа қобили қабул нест. Ифротгароёни динӣ мекӯшанд, ки ҷомеа ва давлатро тарсонида, бо роҳи зурӣ инсонҳоро ба худ тобеъ карда, мақсадҳои худро ба ҷомеа таҳмил намоянд. Ҳамин тавр, ифротгароии динӣ аз марҳалаи радикализм ба марҳалаи терроризм мегузарад.

Ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш, таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.

Ифротгароии динӣ аз ҷиҳати динӣ асосноккунии фаъолияти бо дин руйпӯшкардашудае аст, ки барои зӯран ғасб намудани ҳокимият, халалдор кардани истиқлолият, якпорчагии давлат ва ба мақсади барангехтани душманӣ ва бадбинии динӣ равона карда шудааст.

Дар шароити ҳозира маводи паҳнкардаи душманони миллат нишон медиҳад, ки ҳадафи онҳо ба ҷуз барангехтани ҳисси нобоварӣ нисбат ба давлату ҳукумат ва тафриқаандозӣ миёни афроди миллат нест. Вагарна бо чӣ сабаб онҳо аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоии ватан канорҷуӣ мекунанду монанди аксари шаҳрвандони мамлакат дар рушди кишвари худ саҳм намегузоранд, меҳнат ва эҷод намекунанд, дар паноҳи дигарон ҷой гирифта, аз каноре айбҷӯиву харобакориро пеша кардаанд. Дар зери шиорҳои бофтаву хаёли фирефтаи таълимоти «гӯё динӣ» ҷавононро ба амалҳои низоъпарастӣ, ифротгароӣ ва террористӣ даъват намуда, амалҳои бади худро «қаҳрамонӣ», «фидокорӣ» мегӯянд ва мехоҳанд, ки бо ин роҳ ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд. Яъне, нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд, аниқтараш супоришҳои пешвоён ва сарпарастони хориҷии худро иҷро намоянд.

Бино бар ин, моро зарур аст, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулият истиқлолияти худро на танҳо бо шиору гуфтор ситоишу парастиш кунем, балки онро бо меҳнати софдилона ва самимӣ дар ҳама соҳаҳо таҳким бахшем, бепарвою бемасъулият набошем ва дар таълиму тарбияи наврасон, ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносии миллӣ ва ҷалби онҳо дар корҳои созандагиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем.

Яке аз масъалаҳои ҷиддии замони муосир, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор овардааст, суръатёбии раванди ифротгароӣ ва дигар зуҳуроти номалуб дар ҷомеа ба ҳисоб меравад ва амалан дар ҳамаи қитъаҳои ҷаҳон паҳн шуда истодааст. Аксари ин амалҳо зери шиорҳо ва арзишҳои динии бебунёд сурат мегирад.

Хусусияти асосии мавҳи муосири ифротгароии динӣ дар он аст, ки тарҳрезони ин гурӯҳҳо бо моҳияти ифротгарони динӣ хуб ошно буда, акнун онро силоҳи муборизаи сиёсӣ ва қудратӣ намудаанд. Ин ҳолат моҳияти масъаларо комилан дигар карда, ифротгароии диниро аз як «маводи хом» ба як нерӯи муташаккили сиёсию ҳарбӣ, ба як тӯфони харобиовари иҷтимоӣ ва ба як таҳдиди ҷиддии сиёсию амниятӣ мубаддал гардонидааст.

Таъсир ё самаранокии фаъолияти чунин гурӯҳҳо барои татбиқи ҳадафҳои хоҷагони хориҷии худ аз таъсири бомбаҳои атомӣ дида бузургтар аст.

Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки аслан, терроризму ифротгароӣ дар байни ҷомеа аз аввалин сабақомузии динӣ дар назди домуллоҳо ва нимчамуллоҳо маншаъ мегирад.

Хусусияти дигари ифротгароии динии муосир дар он аст, ки аксари кулли пайравонаш саводи мукаммали динӣ надоранд. Онҳо фақат бо як фаҳмиши маҳдуду зоҳирӣ аз ислом мусаллаҳ буда, аз ҷанбаҳои маънавию рӯҳонӣ ва аз фалсафаю паёмҳои инсонгароёнаи он, умуман, баҳраманд нестанд.

Хусусиятҳои ифротгароӣ ва афзудани шумораи одамони ба ин гурӯҳҳои номатлуб дохилшуда бо роҳи ҷалби пинҳонӣ ва тадриҷан тағйир додани тафаккуру эътиқоди онҳо, зери ниқоби афзалиятҳои динӣ зоҳир мегардад.

Намояндагони гурӯҳҳои ифротгароӣ, дар навбати аввал, бо ҷавононе кор мекунанд, ки таҷрибаи кофии рӯзгор надоранд, донишҳои дунявӣ ва диниашон паст буда, дар зиндагӣ бо мушкилоте, чун қашшоқӣ, бекорӣ, муҳоҷират ва монанди ин дучор шудаанд.

Бояд қайд кард, ки намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ ва тундгаро дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз он ҷумла, дар Тоҷикистон ҷонибдорони худро пайдо карда, барои зиёд кардани тарафдорони худ кӯшиш карда истодаанд. Чуноне ки маълум аст ҳадафи асосии ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ таъсиси хилофати исломӣ дар минтақаи Шарқи наздик ва Осиёи Марказӣ мебошад. Инро дар мисоли воқеаҳои минтақаи Шарқи наздик аз қабили Афғонистон, Покистон, Сурия, Ироқ, Либия ва дигарҳо баръало дидан мумкин аст. Тибқи ақидаи диниву иртиҷоии ҳизбҳои ғайриқонунии тундгаро, бахусус, ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мақсади асосӣ таъсиси давлати исломӣ дар шакли хилофат ва инчунин, ҳокими ягонаи мусулмонон таъйин кардани халифа мебошад.

Ҷонибдорони ин равияи ифротӣ душманони ашаддии демократия ҳастанд. Онҳо зидди ҳама гуна ҳуқуқу озодиҳои инсон баромад намуда, озодии виҷдон, озодии дин ва мавҷудияти давлати қонуниро инкор мекунанд.

Бешубҳа, намояндагони ин равияҳо имрӯз домони фаъолияти худро васеъ намуда аз ҳисоби гурӯҳи муайяни ҷавонони ноогоҳ тарафдорон пайдо намуда, ба амнияти ҷомеа хатар ворид карда истодаанд. Мувофиқи маълумотҳо солҳои охир дар вилояти Суғд якчанд гурӯҳҳои ифротгароии динӣ аз тарафи мақомоти дахлдор дастгир карда шудаанд. Чунончӣ, дар шаҳри Панҷакент гурӯҳе дастгир карда шуд, ки онҳо баҳри ташкили хилофат фаъолият менамуданд. Ба ғайр аз ин, гурӯҳ якчанд ҷавонро барои ҷанг кардан дар сафи мухолифин ба давлати Сурия равон намуданд. Аз ноҳияи Спитамен низ якчанд нафар ҷавон дар сафи “бунёдгарони исломӣ” дар Сурия меҷанганд. Бояд қайд кард, ки равияҳои ифротгаро ва тундрави динӣ дар ҳудуди шаҳрҳои Исфара, Истаравшан, Хуҷанд, Панҷакент ва ноҳияи Спитамен ба таври пинҳонӣ ва ғайриқонунӣ фаъолият намуда, барои озодии шаҳрвандон ва амнияти давлат хатари ҷиддӣ ба вуҷуд меоранд.

Ба ақидаи муҳаққиқон Х.Холиқназар ва А.Раҳнамо тафаккури ифротӣ ва гурӯҳҳои ифротгарои динӣ якчанд хатарҳо дорад:

Хатари якум: Гурӯҳҳои ифротии динӣ мухолифи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зидди мавҷудияти давлати мустақили Тоҷикистон буда, расман нақша доранд, ки давлати моро аз байн баранд.

Хатари дуюм: Ифротгароии муосири динӣ бо сохти давлатдории мо ва бо тарзи зиндагии озодонаи мо моҳиятан мухолиф буда, онҳоро аз байн бурда, ба ҷойи он ба мо ѓуломию беҳуқуқиро таҳмил мекунад.

Хатари сеюм: Гурӯҳҳои ифротии динӣ бо асолати таърихӣ ва ҳувияти миллии тоҷикон шадидан мухолиф буда, онро бераҳмона аз байн мебаранд.

Хатари чорум: Гурӯҳҳои ифротии динӣ маърифат, адабиѐт ва фарҳанги миллии тоҷиконро маҳкум карда, онро аз байн мебаранд.

Хатари панҷум: Ифротгароёни динӣ ҳамаи мазҳабҳои исломӣ, аз ҷумла мазҳаби ҳанафиро нодуруст ва бидъат дониста, пайравони онро мусулмони ҳақиқӣ ҳисоб намекунанд. Ин мавқеи онҳо боиси сар задани буҳрони ҷиддии ақидатӣ дар ҷомеа мешавад, ки оқибатҳои вазнин дорад.

Хатари шашум: Гурӯҳҳои ифротгарои динии имрӯза нисбати мазҳабҳои гуногуни исломӣ назари ҷангҷӯёна ва такфирӣ дошта, ҳамзистии осоиштаи байнимазҳабиро дар кишварамон аз байн мебаранд. Ба ин восита онҳо ба ваҳдати миллӣ, суботу амният ва ҳатто мавҷудияти миллат ва давлати ягонаи Тоҷикистон хатар ба вуҷуд меоваранд.

Хатари ҳафтум: Ақидаи ифротӣ ва гурӯҳҳои ифротии динии муосир дар асл силоҳи муборизаи геополитикии қудратҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ буда, дар сурати ба Тоҷикистон роҳ ёфтани ин гурӯҳҳо кишвари мо ба майдони муборизаҳои калони геополитикӣ табдил меёбад. Дар натиҷа на танҳо суботу амният, балки истиқлолияту мавҷудияти худи Тоҷикистон ба хатари воқеӣ рӯбарӯ мегардад.

Бояд қайд кард, ки ҷавонони имрӯзаи мо бояд тамоми кӯшишу ғайрати худро баҳри илму дониш, созандагию ободкорӣ равона намоянд.

Аммо афсӯс, ки бархе аз ҷавонони мо имрӯзҳо аз кӯтоҳандешӣ ва надоштани саводи кофии диниву дунявӣ бо ҳар гуна ҳизбу равияҳои номатлуб дохил гардида, ба номи ҷавонии худ, нуфузу эътибори волидайн ва пеш аз ҳама ба унвонии Ҷумҳурии Тоҷикистон иснод меоранд. Бояд пеши роҳи чунин ҷавонон гирифита шуда, онҳо ба роҳи росту созанда ва ояндадор ҳидоят карда шаванд.

Қурбонзода Ф. Х, н.и.и., дотсент, мудири кафедраи фаъолияти бонкӣ,
Одинаев Ҳ. С, ассистенти кафедраи фаъолияти бонкӣ

 

Ҷумъа, 19 Апрел 2019 11:47

Уфуқҳои нави ҳамкорӣ

Written by

Дар ин рӯзҳои баҳории соли 2019 Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкиму тавсиаи ҳамкориҳои судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Россия ба ин кишвари дӯсту шарики муҳимми стратегӣ сафари расмӣ анҷом доданд.

Дар ин сафари расмӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии президенти кишвар оид ба масоили робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, молия, кишоварзӣ, маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, энергетика ва захираҳои об, раиси вилояти Суғд, директори Агентии назорати маводи нашъаовар, президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, сардорони хадамоти гумрук ва зиддиинҳисорӣ ва дигар шахони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.

16-уми апрели соли 2019 Президенти кишвар доир ба масоили муҳимми тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ аз ҷумла, дар бораи ҳамкорӣ бо минтақаҳои Россия, дастрас кардани маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба ин кишвар, суръатафзоӣ ба маблағгузорӣ барои бунёди марказҳои нақлиётию логистикӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак, бунёди мактабҳо бо омӯзиши амиқи забони русӣ, ҷалби омӯзгорони русзабон аз Россия ба Тоҷикистон, ҳамкорӣ дар масъалаи таъмини амният ва ҳамкории ҳарбӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва тадбирҷӯӣ оид ба таҳкими иқтидори мудофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуданд.

Дар ҳамин рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия Вячеслав Володин мулоқот намуда, масъалаи муносибати судманди байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россияро баррасӣ карданд. Дар мулоқот аҳамияти бузурги шарикии стратегии Тоҷикистону Россия, ҳамгироии байнидавлатӣ дар доираи кори Комиссияи ҳамкории байнипарлумонӣ ва Маҷмаи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таъкид гардид.

Ҳамчун, ҷонибҳо доир ба масоили кунунии минтақаю ҷаҳон, муборизаи муташаккилона бар зидди терроризму ифротгароӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккилу фаромиллӣ ибрози афкор намуданд.

16-уми апрел дар шаҳри Москва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон, соҳибкорон, зиёиён ва донишҷӯёни тоҷик дар Федератсияи Россия мулоқот доир намуданд.

Сарвари давлати тоҷикон дар ин мулоқот оид ба дастовардҳои бузургу муассири давлату миллати тоҷик дар давраи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла, дар бораи тарҳҳои муҳимми иқтисодӣ, бунёди Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”, истиқлолияти энергетикӣ ва амнияти озуқавории кишвар, рушди соҳибкорӣ, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, стратегияи миллии рушд барои барои давраи то соли 2030 ва ташаббуси Ҷуҳурии Тоҷикистон дар мазӯи “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ба таври муфассал суханронӣ намуд.

Дар идомаи мулоқот дар бораи муҳоҷирати меҳнатии тоҷикон ба Россия, ба танзим даровардани ин раванд, ҳифзи ҳуқуқу манфиат ва вазъи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, тамдиди муҳлати бақайдгирӣ аз 7 то 15 рӯз ва ташкили ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба кишвари рус андешаронӣ карда шуд.

Ҳамчунин, дар бораи рушду тавсиаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, тарбияи кадрҳо ва дӯстию рафоқати мардуми Тоҷикистону Россия сухан гуфта шуд.

Зимни суханронии худ сарвари давлат ба шаҳрвандони кишвар муроҷиат намуда, таъкид карданд, ки дар шароити босуръати ҷаҳонишавӣ масоили ҳифзи ҳувияти миллию фарҳангӣ ва худшиносию худогоҳии миллӣ ҳамчун рукни муҳимми истиқлолияти миллӣ ва давлатдории навини тоҷикон аҳамияти бузургеро касб намудааст ва ҳар яки шумо бо ахлоқу одоби нек, сатҳи баланди маънавияту фараҳанг ва тарғиби расму ойини шоистаи миллӣ дар тавсеаю таҳкими робитаҳои дерину пурбори Тоҷикстону Россия саҳми арзандаи худро гузошта метавонед.

Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ муҳити фарҳангию маънавӣ ва андешавии муҳоҷирони меҳнатию ҳамватанони бурунмарзии мо тағйир меёбад, ки ин дар навбати худ арзишу маънавият ва ҳувияти миллии тоҷиконро дар вазъу ҳолати осебпазирии ҷиддӣ қарор медиҳад. Аз ин рӯ, бояд ба масоили ҳувият, худшиносӣ ва худогоҳии наврасону ҷавонон аҳамияти зиёд дода шавад, то кишвари худро аз таҳдиду хатарҳои воқеию эҳтимолӣ ҳифз кунем.

Имрӯз дар Федератсияи Россия бештар 60 иттиҳодияву ҷамъияти тоҷикон мавҷуд аст, ки роҳбарину намояндагони он дар тарғиби таъриху фарҳанги кишвари бостонии мо нақши арзанда мегузоранд. Кунун вақти он расидааст, ки дар асоси ин иттиҳодию ҷамъиятҳо Иттиҳодияи умумии россиягии тоҷикон ташкил карда шавад.

17 – уми апрели соли равон дар Қасри Кремл мулоқоту музокироти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимр Путин баргузор гардид.

Сипас дар ҳузури сарони давлатҳо 16 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ боз як иқдоми ҷиддию созанда дар самти рушду инкишофи босуръати муносибатҳои сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангию иҷтимоӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия мебошад, ки дар он саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр ҳам муҳимму бузург аст.

Шуъбаи робита бо ҷомеа

Имрӯз ҷараёни «салафия» ба амнияти як қатор кишварҳо хатар эҷод карда истодааст. Вазифаи ҳар як фарди солимфикр ва ватандӯст ин мубориза бо салафия, терроризм ва экстремизм буда, фароҳам овардани фазой боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи қишрҳои ҷомеаро тақозо менамояд. Дар ҷаҳони муосир пайдо шудани ҳар гуна равияҳои ба мардумони олам бегона боиси халалдор кардани ҳаёти осоиштаву бонизоми кишварҳои дунявию ҳуқуқбунёд ба ҳисоб меравад. Бояд тазаккур дод, ки ин гуна ҳизбу ҳаракатҳо, ба таври ғайриқонунй дар Тоҷикистон низ мавҷуд хастанд, ки боиси нооромии вазъ шуда, махсусан ҷавононро ба доми худ мекашанд. Яке аз чунин ҷараёнҳои ғайриқонунй «салафия» мебошад, ки тахдид ба тамоми ҷаҳони муосир ва давлатҳои миллии дунявӣ дорад. Имрӯз ҷараёни «салафия» ҳамчун вабои аср ба амнияти кишварҳои ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра тахдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Вазифаи ҳар як фарди солимфикр ва ватандӯст ин мубориза бо салафия, терроризм ва экстремизм буда, фароҳам овардани фазой боварй, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумй тақозо менамояд.

Аз таҳлилу баррасиҳои шабакаҳои телевизонии хориҷӣ, рӯзномаву маҷаллаҳо ва саҳифаҳои интернетй маълум аст, ки қисми зиёде аз сомонаҳои ба ном динӣ, ки моҳияти иғвогарй, экстремистӣ ва хушунатангезӣ доранд, мағзи ҳазорон чавони мусулмонро, ки ғофил аз андешаи солими исломй мебошанд заҳролуд сохта, ононро дар рӯҳияи пайравӣ аз террористон ва экстремистон тарбия намудаанд ва тарбия менамоянд. Ҳар рӯз аз гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон ахбороти тахдукаангез оид ба содир шудани амалҳои экстремистиву террористй, аз тарафи гурӯҳҳои ба ном салафия кушта шудани даҳҳову садҳо одамони бегуноҳ, хароб гардидани бинову иншоотҳо паҳн мегардад. Бо дарки хавфи воқеии ин зуҳуроти барои миллати тоҷик аслан бегона, давлат ва ҳукумати кишвар амалҳои зиёдеро пиёда намуда истодаанд.

Аз 30 марти соли 2006 ва 11 марти соли 2008 фаъолияти ташкилотхои террористй ва экстремистии «Ал- Қоида», «Ҳаракати исломии Туркистони Шарқй», «Ҳизби исломии Туркистон», «Ҳаракати толибон», «Бародарони мусулмон», «Лашкар-ут-Тоиба», гурӯҳи исломии «ҷамъият-ут-Таблиғ», Ташкилоти динии миссионерии «Созмони Таблиғот» дар ҳудуди ҷумҳурӣ манъ карда шуда, созмони ғайриқонунии «Ҳизб-ут-Таҳрир», ки фаъолияти он пештар манъ гардида буд, ба ҳайси ташкилоти экстремиста эътироф гардид.

Бояд қайд кард, ки моҳи сентябри соли 2015 Ҳизби наҳзати исломй низ ҳамчун ташкилоти террористй эълон шуд. Хамчунин, бо дарназардошти хусусияти чудоихоҳӣ доштани равняй динии «Салафия», дар асоси аризаи даъвогии Прокурори генералии Ҷумхурӣ, бо Қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 08.01.2009 сол ин равия ғайриқонунй эътироф гардида, фаъолияти он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуд. Пайравони равняй Салафия тақрибан дар миёнаҳои солҳои 2000-ум дар арсаи мазҳабии Тоҷикистон пайдо шуда, бо тарзи либоспӯшӣ, аз ҷумла пӯшидани шиму эзори қадаш аз буҷулаки по боло, баланд гуфтани "омин" дар миёнаи намоз ва даъвати мардум ба кандани санги мазорҳо фарқ мекарданд, ки ин ҳама амалҳои онҳо боиси тафриқаангезй миёни мусулмонон мегардид.

Мусаллам аст ки салафия дар ҳама гӯшаву канори дунё меҳмони нохонда буда, ба амалиётҳои террориста гузашта ва хатари ҷиддӣ ба расму оин, фарҳанги мардумони таҳҷой, амният ва суботи давлатдории миллй эҷод карда мекунад. Пайравони гурӯҳи мазкур, асосан дар урдугоҳ ва таълимотгоҳҳои мухталиф сабақ омӯхтаанд, бисёр мутаассиб ва ҷоҳиланд.

Дар ҳолати пурқуват гардиданашон хатари ҷиддӣ дар ҷомеа ба миён хоҳанд овард. Инҳо барои сарнагун сохтани низоми демократй омодаанд, ки даст ба ҳама гуна ҷиноят бизананд. Салафиҳо омодаанд дар ҳамкорӣ бо дигар ташкилотҳои террористии дар зоҳир исломй барои мубориза бо куфр ва созмон додани Ҷумҳуриҳои исломӣ дар кишварҳои Осиёи Марказй ва Қафқоз бипайванданд ва ба ҳадафи асосии худ, ки ноором сохтани вазъи сиёсй ва эҷоди чангҳои мазҳабӣ комёб гарданд.

Ҳамчун манбаи хушунат ва қатлу куштор муааррифӣ намудани дини ислом аз ҷониби аъзоёни мутаассиб ва хурофотандешаи ҷараёни Салафия аз он шаҳодат медиҳад, ки дар ояндаи наздик аксарияти ҷавононе, ки вориди ин ҷараёни тахрибкор, тундхӣ ва ситезаҷӯ гаштаанду мегарданд хатари азиме ба давлату миллати тоҷикон оварда, хиёнати бузургеро бе ягон дудилагӣ ба чо меоранд ва он ҳам бошад ваҳшонияту даҳшати асримиёнагӣ, адовату носипосй ва ғайра аст, ки инкори ақли солим ва дастёбй аз дастовардхои илму фан мебошад!

Шинохти арзишҳои фарҳанги исломй аз равзанаи эътиқодот ва ҷаҳонбини пуросеб ва заҳрогини ифротгароёни салафия ва ансоруллоҳ паёмадҳои бисёр ҷонсезу ногувор ва пурхатар барои миллат, кишвар ва махсусан, барои ҳанафимазҳабон ва рушди иқтисоди миллии диёрамон дорад!

Мусаллам аст, ки салафия бо амалҳои террористй ба расму оин, фарҳангу мероси ниёгон, амният ва суботи давлатдории миллй хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. Пайравони гурӯҳи мазкур асосан дар урдугоҳ ва таълимгоҳҳои мухталиф сабақ омӯхтаанд, бисёр мутаассиб ва ҷоҳиланд. Инҳо барои сарнагун сохтани низоми демократй даст ба ҳама гуна ҷиноят мезананд. Салафиҳо омодаанд дар ҳамкорй бо дигар созмонҳои террористии дар зоҳир исломй барои мубориза бо куфр ва созмон додани ҷумҳуриҳои исломй дар кишварҳои Осиёи Марказй ва Қафқоз бипайванданд ва ба ҳадафи асосии худ - ноором сохтани вазъи сиёсй ва барангехтани низоъҳои мазҳабй комёб гарданд.

Шинохти арзишҳои фарҳанги исломӣ аз равзанаи эътиқодот ва ҷаҳонбинии заҳрогини ифротгароёни салафия пайомадҳои бисёр ногувор ва пурхатар барои миллат, кишвар ва махсусан, ҳанафимазҳабон дорад. Мо, махсусан ҷавонону наврасони тоҷик, набояд ба дасисаҳои ин ифротгароёни ситезаҷӯ ва пуштибонҳои мазҳабситезашон дода шавем. Барои мо хдфзи марзу буми кишвар, дастовардҳои Истиқлолияти давлатй, таҳкими сулҳу вахдати миллй ва муттаҳид гаштан дар атрофи Асосгузори сулҳу вахдати милли ва Пешвои миллат,Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалй Раҳмон аз ҳама чизи дигар мухдм аст. Маълум аст, ки салафия бо воизони бемазҳарашон ҷангҳои мазҳабиро байни сокинони Тоҷикистон рӯи об оварда ба он тақвият бахшиданианд. Махсусан ҷавонону наврасони тоҷик набояд ба дассисаҳои ин ифротгароёни ситезахо ва пуштибонҳои мазҳабситезашон бовар намоем ва ба ин васила амният ва суботи миллиро аз даст диҳем, зеро ҳифзи истиқлолияти миллӣ вазифаи ҳар шаҳрванд асту танҳо истиклолияти миллй омили рушду нуму ва умеди фардои беҳтару боз ҳам шоистатарро дорад.

Ҷумъа, 19 Апрел 2019 10:26

Ифротгароӣ вабои аср

Written by

Солҳои охир дар байни мардум ва расонаҳои хабарии гуногун вожаҳои “ифрот” ва “ифротгароӣ” ниҳоят серистеъмол гардидаанд, ки ин пеш аз ҳама ба вазъияти ноустувори ҷаҳони муосир ва раванди ҷаҳонишавӣ вобаста аст. Барои шарҳи ин мавзуъ ба мо зарур аст, ки пеш аз ҳама маънои ин вожаро ба хонандагон тавзеҳ диҳем. “Ифрот” вожаи арабӣ буда, маънояш “аз ҳад зиёд”, “беандоза”, “аз ҳад афзун”, “аз ҳад гузаштан”, “зиёдарави кардан” мебошад. Барои исботи гуфтаҳои боло ҷумлаеро аз “Ҷомеъ - ут - таворих” меорем : “дар он зимистон сармо бағоят буд ва барфи ба ифрот омад ”.

Фазои ҷаҳон имрӯз ноором аст ва давлатҳои абарқудрат тавассути аҳзобу созмонҳои мухталиф ва роҳу усулҳои зишттарин барои аз нав тақсим кардани он кӯшиш доранд. Дар айгни замон яке аз роҳҳои паҳншудатарини он ифротгароӣ ва терроризм мебошад. Онҳ худро ташкилоти сиёсӣ муаррифи намуда, бо ҷалби ашхоси гуногун мехоҳанд қудрати сиёсиро ба даст оранд.

Мутаассифона, бархе аз ҷавонони гумроҳ, камсавод ва ноогоҳи мо ба ваъдаҳои ғаразнокӣ саркардаҳо ва хоҷагони ин давлату созмону ҳизбҳо бовар карда ба сафи онҳо гаравидаанд. Дар воқеъ камогоҳӣ, нодонӣ, ғайримустақилият ва надоштани маълумоти фарҳангӣ ба ин амр сабаб мешавад, зеро зеҳни холиро ба зудӣ метавон бо ҳар гуна ваъдаҳову мафкура ва андеша пур кард. Солҳои охир бархе аз ҷавонон бештар ба моддиёт ва зоҳирпарастӣ майл карда, ба гуруҳҳои ифротию тундгаро шомил мешаванд. Онҳо даъвати нодуруст ва ғаразнокӣ ашхос ва мазҳабу равияҳои гуногуни барои мо бегонаро чуқур дарк накарда, гуфтаҳои онҳоро ба осонӣ қабул карда, бар зарари худ ва миллату ватани хеш рафтор намуда ба пушаймонӣ ва ғаму ғусса гирифтор мешаванд. Як гуруҳи ҷавонони мо ба обрӯ ва нуфузи миллат доғ оварда, ба созмонҳои ифротию террористӣ гаравида дар кишварҳои бегона бар зиддӣ ҳукуматҳои қонунӣ ҷангида истодаанд, ки ин амали нангини онҳоро касе намебахшад.

Ҳар як шахси худогоҳ ва солимақл бояд донад, ки ин афрот ҳамон хоинону ватанфурушоне мебошанд, ки мехоҳанд оромиву осудагии кишвари моро халалдор созанд. Аксари саркардаҳои созмонҳо ва ҳибҳои сиёсӣ барои амали намудани ҳадафҳои нопоки хеш ва манфиатҷӯйи ин корҳоро роҳандозӣ мекунанд ва вазъияти сиёсию иҷтимоии ҷаҳонро халалдор месозанд.

Аз бас ки дар айни замон дар гирдоби таблиғи гӯруҳҳои ифротию тундгаро ва ташвиқи баъзе идеологияҳои носолиму ғаразнок қарор дорем моро зарур аст, ки ҷавонон ва наврасонро дар рӯҳияи садоқат ба Ватан, ифтихор аз фарҳангу маънавиёти баланди гузаштагон, арҷ гузоштан ва ҳифз намудани арзишҳои миллӣ, дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, инчунин бунёди ҷомеаи пешрафта тарбия намоем.

Барои пешгири кардани шомилшавии ҷавонон ва насли наврас ба гуруҳҳои тундгаро ва ифротӣ дар муассисаҳои таълимӣ гузаронидани чорабиниҳо, аз қабили конфронсҳо, суҳбатҳо, вохӯриҳо бо ашхоси гунонгункасб, семинарҳо, мизи мудаввар, соатҳои тарбиявӣ ва дарсҳои намунавӣ мувофиқӣ мақсад мебошад. Инчунин дар ин чорабиниҳо ҷалб намудани падару модарон аз аҳамият холи неаст.
Дар айни замон вазифаи ҳар як фардӣ бедордилу ватанхоҳ, худогоҳу равшанзамири тоҷик аз он иборат аст, ки ҷавононро аз ин роҳ бар гардонанд ва нагузорад, ки бадхоҳони мо бо ҳар роҳу баҳона дар байни миллати мо ҷудоӣ андозанд. Дар оила, маҳалла, таълимгоҳҳо, ҷойи кор, умуман дар ҷомеъа кӯшиш ба харҷ диҳад, ки ақидаву афкори аҷнабӣ дар байни мардуми мо, алалхусус ҷавонон роҳ наёбанд ва онҳоро аз роҳи рост мунҳариф насозанд.
Набояд фаромӯш кард, ки фардои дурахшони Ватани азизамон аз сатҳу сифати таълиму тарбия, донишу маллака, маҳорату таҷриба, забондонӣ, ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, омӯхтан ва донистани дастовардҳои илми муосир, техникаю технологияи нав, инчунин ҳисси баландӣ масъулиятшиносӣ, Ватанпарастию башардӯстӣ ва фарҳанги волои ҷавонон ба насли навраси Ҷумҳурӣ вобастагии зич дорад.
Лозим ба ёдорасит, ки дар асри 21 ифротгароӣ ва терроризм ба беморие табдил ёфта, ба як қатор мамтакатҳои ҷаҳон сироят кардааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифротгароиро вабои аср эълон намуда қайд карда буданд, ки “Башарият имрӯз бо душмани умумие рӯ ба рӯст, ки хориҷ аз чаҳорчӯби ҳар гуна қоидаҳои зиндагии инсонист. Муборизаи дастаҷамъонаи беамон бар зидди ин вабои аср бояд ҳамаи моро муттаҳид созанд ”.

Аз тахлилхо бармеояд, ки ифродгарои – экстремизм ва тундгароӣ- радикализм мафхумхое хастанд, ки дар сиёсат ва чомеа дар якчояги мушкилоти гуногуни ичтимоию сиёси, иктисодиву фархангиро ба вучуд оварда, дар охир боиси сар задани низоъхои бардавом, куштори сокинони бегунох, валангор намудани кишвархо ва дар тахлука нигох доштани инсонхо мегарданд.

Мавзӯи муковимат бо экстремизм, терроризм ва ифродгарои мубрами руз дар чомеа аз тарафи олимон ва мухаккикони ватанию хоричи талошхои чиддие анчом дода шуданд, ки хар яке ба пахлухои гуногуни ин масъала рушани андохта, роху василахои баромадан аз ин мушкилоти вокеан глобалиро пешниход намуданд. Яъне, барои халли мушкилоти худ «инсонхо» хатто ба дахшатноктарин рафтор даст зада, бо куштор ва нест намудани харифон каноатманд нашуда, дар дили инсонхо тарсу харос ва ноумедиро чо намуда, хадафхои худро бо хар роху васила менамуданд .

Тадкикоти коршиносон нишон медихад, ки аз лихози пахншавии идеологияи тундгарои ва назарияи экстремисти, мухити дини аз хама зиёдтар осебпазир мебошад. Табдил гардидани мухити дини ва омилхои мусоидаткунанда ва тундгаро шудани он аслан аз мухолифатхои назариявии дохилимазхаби, ба кисматхо чудошавии он дар асоси хузури исломи гайрианъанавии сиёси, инчунин, нокифоя будани донишхои динии шахрвандон маншаъ мегирад. Арзишмантарин икдом ва хидмате, ки бо ибтикори Асосгузори сулху вахдати мили – Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон, мухтарам Эмомали Рахмон рохандози шуд, баргузор шудани Симпозиуми байналмилали бахшида ба 1310- солагии Имоми Аъзам буд. Мардум дар бораи Имом Абуханифа маълумоти кофи пайдо намуда, аз таълимоти асли ва акидаи сахехи мазхаби худ огох гаштанд. Имоми Аъзам бузургтарин нобигаи хар давру замон буда, мазхаби тадвинкардаи у дар асоси китобу суннат аст ва мазхаби тахамулпазир ва инсонпарвар мебошад.

Дар Симпозиум собит карда шуд, ки таълимоти Имом Абуханифа бехтарин ва сахехтарин хукми исломи буда, даъвои салафия ва бемазхабонро ботил сохта, ба ин васила пеши рохи фитнаандозидои дигаре баста шуд.

Хамзамон, мохи июли соли 2015 дар шахри Душанбе конфронси байналмилали «Ислом зидди ифродгарои дини ва терроризм баргузор гардида буд, ки дар кори ин хамоиши бошукух уламои маъруфи олами ислом аз кишвархои Катар, Афгонистон, Покистон, Эрон, Россия, Казокистон ва рохбарони мусулмонони Апрупо ба хам омада, оид ба авзои сиёсии чахон, хатархои рузафзуни минтака ва чахон, тагъирёбии холату авзоъ мубодилаи афкори судманд намуданд. Ширкаткунандагони ин хамоиши байналмилали гуруххои ифродгарои дини ва террористиро бадномкунандагону мухолифони дини мубини ислом эълон намуданд. Дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон, мухтарам Эмомали Рахмон ба мачлиси Олии Чумхурии Точикистон омадааст:

«Афзоиши чиноятхои хусусияти экстремисти ва терористи дошта ба вусъат ёфтани тероризми байналмилали, фаъолшавии унсурхои тундраву ифродгаро, чалби чавонон ба сафи созмонхои экстремистиву терористи ва иштироки онхо дар низоъхои мусалахонаи давлатхои хоричи мусоидат менамоян».

Шароити имруза инсониятро мувочехи мушкилоти гушношуниде кардааст. Бавучудоии экстремизму терроризм, хукмхои максадноки «фарханги», омезиши тамаддунхо, аз байн рафтани милатхо, омилхои барангехтани кинаву адоват ё низоъхои милли –нажоди ва даххо мушкилоти дигар таъсиргузор ба зиндагии оламиён гардидааст. Дар ин раванд, бо сабабхои гуногун ва омилхои печ дар печ, андешахои бегонапарасти дар тафаккури иддае аз мардумони мо чо гирифта, онхо гирифтори акида ва идеологияи ботил гардидаанд. Дар ин айёми хассос моро зарур аст, такя ба андешаи мили намуда дар доираи таквияти мубориза бо терроризм ва кучактарин мавод, то ташкили иниститутхои бузурги идеологи пурсамар истифода намоем.

Руйдодхои чанд мохи охири чахон, тезу тунд гардидани вазъ дар Шарки наздик, Осиё, Африкои Шимоли, Аарупо ва дигар кишвархои дунё собит месозад, ки терроризм ва экстремизм хамчун хатари авалияи умумибашари эътириф шудааст. Кишвархои дунёро зарур аст, ки дар мубориза бо терроризм ва экстремизм мутахид шуда, бо фарохам овардани фазои солим бовари, эхтиром ба манфиатхои умумибашари дар пешоруи хатари дахшатбор чун кух по ба чо истодагари намуда, чихати аз байн бурдани ин зухурот фаъолият намоянд.

Дар таърихи 12 ноябри соли 2016 бо фармони Президенти Чумхурии Точикистон, мухтарам Эмомали Рахмон тахти №776, ба максади пурзур намудани муковимат бо экстремизм ва терроризм Стратегияи миллии Чумхурии Точикистон оид ба муковимат ба экстремизм ва терроризм барои солхои 2016- 2020» кабул гардид. Ин хуччати мухим барои тахлили омилхо ва тамоюлхои экстремизму терроризм ва дар ин замина муттахид намудани тадбирхои муштараки органхои кудратии кишвар, макомоти идоракуни ва ташкилотхои чамъияти доир ба пешгири намудани гояхо ва фаъолияти экстремисти ва террористи сахми босазое хохад гузошт.

Пас моро зарур аст, фарзандонамонро дар рухияи ватандусти, дустдоштани ин марзу бум, мехнатдусти парвариш намоем, агар мо фарзандонамонро дар рухияи ватандусти, дуст доштани ин марзу бум тарбия карда тавонем, бовари дорам, ки фарзанди мо хеч гох рохи нодурустро интихоб наменамояд. Чунки, агар мо фарзандамонро хар лахза аз панду андарзхои бузургон вокиф гардонда тавонем, аз хурди рохи дурустро нишон дихем аминам, ки рохи интихоб кардаи онхо рохи дуруст мегардад. Чихеле, ки гуфтаанд:

На хар зан, зан бувад, хар зода фарзанд,
На хар гул мева орад, хар нае канд.
Ту неки н-из набошад бад фарзанд,
Бувад тарра ба тухми хеш монанд.

Арзишмантарин икдом ва хидмате, ки аз чониби сарварамон мухтарам Президенти кишвар Эмомали Рахмон ба халкаш расидааст, ин хам бошад Куръони мачидро бо забони оммафахм чоп намуда, ки хар як фарди точик метавонад онро мутолиа кунаду рохи дурусту нодурустро аз он интихоб кунад. Аммо баъзан гуруххои ифродгарое дар байни мо пайдо шудаанд, ки фарзандони баъзе валидайнеро, ки аз мадди назари волидайнашон дур мондаанд, ин гуруххо ин вазъиятро истифода бурда фарзандони онхоро ба он гуруххо шомил намудаанд. Хамин Точикистони зебои моро фазояшро ноором месозанд. Мо худ шохиди он чанги шахрванди будем, ки чандин наздиконамонро аз даст додем. Чандин модарон сиёхпуш шуданд, чандин фарзандон бе падар ва чандин наварусон хайрону зор монданд. Ин хам бошад сабаби чанги хамин гуруххое буданд, ки мардумро ба рохи нодуруст равона карда буданд.

Терроризму ифротгароӣ, ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон башарият ва ҳар як сокини сайёра хатари ҷиддӣ дорад. Махсусан гароиши ҷавонону наврасон ба ин падидаи номатлуб нигаронкунанда аст.Дарвоқеъ, вазъи имрӯзаи ҷаҳони муосир тамоми қишрҳои ҷомеаро ба гирдоби сарбастае оварда расонидааст.

Ифротгароӣ, одатан, ҳамчун ғоя, идеология ва сиёсат, ҳамчун зуҳурот ҳамон вақт ҷиноят ҳисоб меёбад, ки дар он усули ноилшавӣ ба мақсад ва роҳи ҳалли масъалаҳои сиёсӣ ба роҳи зӯрӣ ва ё террор амалӣ карда шаванд.

Вақтҳои охир, фаъол шудани баъзе аъзои ҳизби мамнӯи ҲҲИТ, ташкилотҳои ғайриқонунии дигар ба мисли Гурӯҳи 24 Паймони миллии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар шаҳодати он аст, ки мухолифони сиёсати имрӯзаи Тоҷикистони азиз ба қавле “аз асп фаромада бошанд ҳам, аз рикоб нафаромадаанд”.

Онҳо бо дастгирии ҳомиёни хориҷиашон кӯшиш доранд, ки боз баҳам биёянд ва аз тариқи васоити ахбори омма дар ҳаққи мардуми мамлакат туҳмату буҳтон зананд ва матолиби зиёди беасос яъне, ки маълумотҳои дурӯғро паҳн намоянд. Бо ин восита аз баъзе давлатҳою ташкилотҳои байналмилалӣ паноҳгоҳ ва кумакҳои пулӣ дарёфт намоянд.

Ҳадафҳои нопоку разилонаи ҳама гуна ташкилотҳои ифротгарову террористӣ ва намояндагони созмонҳои ифротии наҳзатӣ ва Гурӯҳи 24, чӣ дар ҳудуди кишвар ва чӣ дар хориҷи он, танҳо сиёҳу бадном кардани сиёсати пешгирифтаи роҳбари имрӯзаи давлату низоми давлатдорӣ набуда,балки кӯшиши расидан ба ғаразҳои нопоки худва халалдор намудани сулҳу суботи Тоҷикистонро аст.

Душманону ватанфӯрушон рушду шукуфоӣ ва ободию осудагии давлату миллати моро дида наметавонанд.

Террорист дину маҳзаб Ватану миллат надорад. Садҳо афсӯс, ки ҳоло ҳам бархе аз ҷавонони мо бинобар надоштани дониши мукаммали диниву дунявӣ, паст будани маърифати ҳуқуқӣ, зиракии сиёсӣ ва ҷаҳонбинии васеъ ба равияҳои гуногуни ифротӣ пайваст шуда, ба давлатҳои ҷангзада сафар намуда ва ҷони ҷавони хешро дар роҳгумӣ қурбон месозанд.

Аз ин лиҳоз, имрӯз ҷомеаи моро зарур аст, ки манфиатҳои миллӣ, амнияти кишвар, сулҳу суботи ҷомеа, истиқлолият ва ваҳдати миллиро ҳимоя намуда, баҳри тарбияи маънавию ахлоқии наврасону ҷавонон саҳми босазою арзанда гузорем.

Мо бояд пайваста кӯшиш ба харҷ диҳем, ки то ҳар як зуҳуроти номатлубро решакан намуда, дар ҳифзи ин сарзамини биҳиштосо ҷони худро нисор намоем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат,Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки «Мо бояд аз истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ шукрона кунем, шукронаи Ватани соҳибихтиёру маҳбубамонро ба ҷо орем, онро сидқан дӯст дорем, ба давлати соҳибистиқлоламон содиқ бошем, ҳамаи саъю талоши худро ба хотири пешрафту нерӯманд гардонидани он ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони азизамон равона кунем».


Маҳсуддинова Р.Ғ.
котиби Шӯрои олимони донишгоҳ

Худшиносии миллӣ – маҷмӯи ҷаҳонбиниҳо, худогоҳиҳо, арзишҳо, баҳогузориҳо ва муносибатҳое мебошад, ки аҳамияти бузурги таърихӣ доштани миллатро инъикос карда, мақоми миллатро дар байни дигар қавму миллатҳо нишон медиҳад. Худшиносии миллӣ шарти зарурии ҳастӣ ва як ҷузъи асосии тараққиёти миллат буда, сатҳу дараҷаи он аз рӯи ченаке муайян ва муқаррар карда мешавад, ки то чӣ андоза афроди миллат ба манфиати миллат кору фаъолият ва фидокориҳо карда метавонанд. Худшиносии миллӣ асоси ҳаёти маънавии афроди миллатро ташкил медиҳад. Худшиносии миллӣ аз худшиносии афроди алоҳида шурӯъ гардида, дуввумӣ дар шаклгирии худшиносии миллӣ саҳми азим дорад. Худшиносии афроди алоҳида – ин яъне ҷавоб ёфтан ба пурсишҳое мебошад, назири: «ман кистам?», «асли ману ҷавҳари ман чист?», «падару модарам кистанд?», «миллатам чист?», «аз куҷо омадаам ва ба куҷо хоҳам рафт?», «роҳи ман кадом аст?», «рисолатам чист?» ва ғ. Вақте ки инсон ба ин гуна пурсишҳо посухҳои аниқу комил ё наздик ба он дарёфт менамояд, шурӯъ ба бунёди зиндагии солиму комил менамояд ва дар истеҳкоми бинои миллати хеш саҳм мегирад ва дар байни худшиносиии хешу миллати худ пуле бунёд месозад. Ва ниҳоятан худшиносии миллӣ ва худшиносии афроди алоҳида ҳар яке такомулбахшандаи дигаре мегардад. Бояд бигӯем, ки худшиносӣ аслан оғози ҳама гуна шинохтҳо мебошад. Аслшиносӣ, Худошиносӣ, ҷаҳоншиносӣ, худшиносии миллӣ ва даҳҳо шинохтҳои дигар аз худшиносӣ сарчашма гирифтаанд. Худшиносии миллӣ авҷи баланди худшиносии фардӣ дар шакли густурдаву расмии он мебошад, ки дар бархурд бо худшиносии қавму миллатҳои дигар баҳри ҳимояву нигоҳ доштани ҳуввият ва арзишҳои касбкардаи хеш ҷаҳду талошҳои зиёде ба харҷ хоҳад дод.

Таърихи илмии форс-тоҷик ҳамеша ҳамчун сарчашмаи ҳуввиятсози миллат хизмат кардаааст ва ҳар як фарди миллати моро ба нангу номуси миллӣ доштан, ифтихор аз арзишҳои гаронбаҳои миллӣ намуданро меомӯзонад. Бешубҳа бидуни омӯзиши илм ҳеҷ қавму миллате ба худшиносии миллӣ намерасад ва ё умуман аз байн меравад. Агар ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аз осору таълимоти ниёгони худ чун Зардушту Рӯдакӣ, Фирдавсию Сино, Хайёму Саъдӣ, Мавлавӣ, Ҳофиз, Низомӣ, Бедил, Айнӣ, Иқбол ва дигарон огоҳ намебуд, чӣ мешуд? Дақиқан манқурт мешуд. Ҳамаи ин бузургон ва бисёр дигар нобиғаҳои миллати мо – моро дар чаҳорчӯбаи асили одамият, инсонмеҳварӣ, дар асоси арзишҳои бузурги инсондӯстӣ, ки хоси миллати эронинажодон аст, тарбият кардаанд.

Таълимоти марксизм ленинизм таълим медод, ки инсон тавассути меҳнат аз ҷангал, аз барбарият, аниқтараш аз бузинагӣ ба ҳолату андоми зебои инсони имрӯзӣ расидааст. Мо рӯдакивор мегӯем, ки инсонро илм фалсафа, яъне таърихи ҷаҳонбиниҳо, донишҳою таҷрибаҳои ниёконамон инсон кардааст, ки дар ҳар як давру замон андак-андак бихрадони миллат дар сангҳо бингоштаанд, сол то сол, аз як насл ба насли дигаре расонидаанд, дар ҳар як аср сайқал дода, ба асри дигаре боқӣ гузоштаанд.

Дар Ғарб Арастуро ҳамчун асосгузори таърихи фалсафа шинохтаанд, аниқтараш ҳамчун асосгузори илми фалсафа ва низомбахши он. Ба андешаи мо, илм ҳамчун анвои гуногуни ҷаҳонбиниҳо ва фалсафа ҳамчун ганҷури ин ҷаҳонбиниҳо хеле барвақттар дар Шарқ оғоз гардидааст ва маҳз ниёгони мо – ориёиҳо асосгузори аввалин ҷаҳонбиниҳои устуравӣ, динӣ, динӣ-фалсафӣ, фалсафӣ, илмӣ, илмӣ-фалсафӣ будаанд. «Авасто» ҳамчун энсиклопедияи пеш аз ҳама илмӣ, динӣ, динӣ-устуравӣ, динӣ-фалсафӣ ва илмӣ-фалсафӣ дар қолаби дуруст гирифтани ҷаҳонбинии ақвоми ориёиасл, дар муайяну муқаррарсозии самти минбаъдаи ҳаёту фаъолияти эронитаборон, алалхусус миллати Тоҷик саҳми босазое доштааст. Дар баробари ҷаҳонбинии устуравӣ-динӣ доштани баъзе бахшҳои он, дар баробари ҷанбаи илмӣ-космогонӣ доштани бархе бобҳои он, муҳимтарин ва ҷавҳари асили ин китоби муқаддаси эронитаборон ҳамоно тарғиби ҷавҳари неку сутудаи инсонӣ ва мазаммати сифатҳои баду аҳримании он мебошад. Бо як далели бисёр ҷиддӣ собит сохтанием, ки Авасто пурарзиштарин ва муҳимтарин ва аз ҷиҳати илмӣ-амалӣ заруртарин ва мондагортарин барои тамоми башарият ҷавҳаре дорад, ки то ҳол инсоният роҳу усули аз он ба таври бояду шояд товони ҳамарӯза истифода бурданро наёфтааст ва ё надорад. Донишмандон бар ин боваранд, ки мағзу моҳияти аслии тамоми осори фалсафии инсониятро дар чанд китоб ҷой додан мумкин аст ва мағзу моҳияти ин чанд китобро дар як китоб ва мағзу моҳияти ин як китобро дар чанд саҳифаи китоб ва мағзу моҳияти ин чанд саҳифаро дар чанд сатр ё калима баён кардан мумкин аст. Ин корро ҳанӯз чаҳор-шаш ҳазор сол пеш аз мелод фарзандони фарзонаи миллати мо дар Авасто анҷом доданад: «Пиндори нек, Гуфтори нек, Рафтори нек». Дар ин чанд калима (ва ё ибора)-ҳои бисёр кӯтоҳ тамоми ҳикмату асли башарият ғунҷонида шудааст барои имрӯзу фардо, барои ҷовидон. Яъне, то замоне инсоният ҳасту боқист аз ин гуна беҳтару бузургтар ҳикмате наметавонад биофарад. Дар ин чанд калимаи бисёр содаву оддӣ, дар чанд калимае, ки гуфтанаш ниҳоят осон асту доим дар амал гардонидани он ниҳоят душвор. Ҳикмати ин чанд калимаро метавон дар садҳо ҷилд китоб тафсир кард ва роҳеро, ки фарзандони фарзонаи мо аллакай шаш ҳазор сол то мелод тай карда буданд, аз сари нав тай кард ва ё танҳо дар як китоби тафсирӣ-амалӣ-дастурӣ барои тамоми хонандагони макотиби миёнаву олӣ тартибу тавсия дод. Ин чанд калима дар худ он чунон ҳикмати бисёр бузургу азиме ҷой додааст, ки дар сурати дар амал татбиқ кардани он инсониятро ба хушбахтии ҷовидонагӣ мерасонад. Дар асл, ин чанд калима аслу моҳияти миллати Тоҷикон, худшиносии миллии моро ташкил медиҳад, ки ботини неку гуфтори неку рафтори нек ҷавҳари ҳастиямонро буруз кардааст. Ин чанд калима авҷи аълои маърифати мо, авҷи аълои худшиносии мо – ориёнитабор аст ва самти минбаъдаи рушду равнақи минбаъдаи мо ва ботини моро то имрӯз муайяну муқаррар кардааст. Аз ин рӯ, бо қотеият метавон гуфт, ки Зардушти Спитамон на танҳо аввалин шоиру олим, файласуф, муаллими ахлоқи инсоният (чуноне ки Нитче дар “Чунин гуфт Зардушт”-и худ бо исрор таъкид менамояд), балки муаррихи таърихи фалсафа низ мебошад. Зеро ӯ тамоми осори ниёгонамонро: нуҷум, тиб, таърих, дин, афкори фалсафӣ, ахлоқ ва ғ.-ро дар як ҷамъбасти куллӣ ба мо ба мерос гузоштааст. Муборизаи хайру шарр, некиву бадӣ ва оқибатуламр ғалабаи некӣ бар бадӣ дар Авасто нишонгари он аст, ки мо – Ориёиён - Тоҷикон (бидуни ҳеч як муболиға) худшиносии инсониятро асос гузошта, таърихи фалсафаи оламро рақам задаем.

Дар давраи ислом, ҳангоме ки забони арабӣ забони илму фарҳанг гардид, донишмандони форс-тоҷик илму фарҳанги баланди форс-тоҷикро ба забони арабӣ оварда, саромадони улум дар тамоми улуми замона – ҳикмат, нуҷум, тиб, ҳандаса, риёзӣ, тафсир, ҳадис, улуми адабӣ ва шеър маҳсуб меёфтанд ва бар пояи худшиносии миллии форс-тоҷик, ба арабҳо ва ҷаҳониён собит сохтанд, ки илму фарҳанги форс-тоҷик на камтар аз онҳост, балки ба маротиб болотару гаронмоятар мебошад. Донишмандони садри аввали форс-тоҷик – Форобӣ – муаллими сонӣ, Пури Сино – устоди табибони ҷаҳон, шайхурраис, амири файласуфон, Закариёи Розӣ, Берунӣ, Умари Хайём ва даҳҳо тани дигар бахусус дар фалсафа, тиб, нуҷум ва сойири улуми замона дастболои Шарқу Ғарб ва номбардори миллати қадими худ шуданд, ки осори эшон то асри 19 китобҳои тадрисии донишгоҳҳои Ғарб маҳсуб ёфта, дар рушду равнақи минбаъдаи илми ҷаҳонӣ саҳми беандоза гирифтаанд.

Дар фиқҳ Имоми Аъзам, дар илми калом Абӯмансур Мотуридии Самарқандӣ, мактаби Паздавӣ, мактаби каломии ашъария – Абӯҳомид Муҳаммади Ғаззолӣ ва донишмандоне назири Давонӣ, Тафтозонӣ ва даҳҳо тани дигар дар такомули ислом ва истеҳкоми фалсафӣ пазируфтани он нақши аввалиндараҷаро бозидаанд, ки бидуни хизмати донишмандони форс-тоҷик исломи муосирро тасаввур наметавон кард. Дар шаъни Салмони Форс ва умуман форс-тоҷикон ҳадиси саҳеҳи Пайғомбар (с), чунин мефармояд, ки: «Агар илм дар Сурайё мебуд, онро мардоне аз Форс ба даст меоварданд», худ далели шукӯҳу шаҳомати бесобиқа доштани худшиносии миллӣ, илмию фарҳангӣ мардуми ориёиасл мебошад. Фақат «Шарҳи Мулло»-и Абдураҳмони Ҷомӣ, ки сарфу наҳви забони арабиро фароҳам кардааст, ёдоварӣ кардан кофист, ки нишонгари пурра ташаккул ёфтани худшиносии миллию фарҳангии форс-тоҷик дар он замон мебошад.

Тамоми осори адабии ин шахсони бузург, ки бешубҳа як бахши азими тҷаҳонбинии моро ташкил медиҳад, ба худшиносии миллию фарҳангӣ бахшида шудааст. Аслан тамоми шоирони забардасти миллати мо ҳакимону файласуфоне будаанд, ки фалсафаи баланди ахлоқ ва зебоишиносиро бо забони шеър баён кардаанд. Осори безаволи абармардони миллати мо аз Рӯдакӣ то Аҳмади Дониш, Иқболу Айнӣ ва Туғрал осорихудшиносии миллати тоҷик мебошад.

Ҳадаф аз таҳлили ин гуфтаҳои боло дар он аст, ки халқи тоҷик босарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон 26-сол боз дар фазои сулҳу субот ва ҳамдилӣ зиндагӣ ба сар бурда истодааст. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, ки «Тоҷикистонро танҳо худи Тоҷикистониҳо обод месозанд на каси дигар». Ин андешае аст, ки онро шиори худшиносии милат номем, ки он аз ҳар фарди тоҷик меҳнати созандаю эҷодкоронаро талаб менамояд. Нигоҳ доштани ҳамин ваҳдати миллӣ ва боз ҳам мустаҳкамтар намудани он тавассути аз худ намудани дастовардҳои илмӣ- техникии муосир бояд кори ҷонии ҳар як фарди солимфикри ҷомеа бошад. Якдилию якдигарфаҳмӣ, қадрдонии ҳамдигарии аҳолии Тоҷикистон новобаста ба минтақаҳои сукунаташ шарти асоси пойдории сулҳу ягонагии миллат аст. Мардум бояд дарк кунанд ва бифаҳманд, ки дар дунёи иқтисоди бозоргонӣ ҳеҷ як давлате ба давлати дигар ёрии беғаразона расонидан намехоҳад. Аз ин ҷониб, ҳар як ҷавони тоҷик бояд ба қадри суханони Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расида хушёрии сиёсӣ, худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба ин сарзамини биҳиштосо бояд шиори зиндагиаш бошад. Танҳо ягонагии миллӣ, дӯстдоштани ватан, ягонагии халқ бо ҳокимияти сиёсӣ ва наздикии ҳокимияти сиёсӣ ба мардум ин неъмати бобаҳоро пойдор намудан мумкин аст.

Толибов Қ.
Немонов Ҷ.
Бобохоҷаева Г.

«… кишвари мо ҳамчун узви фаъоли Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати муборизаи самарабахши муштарак бар зидди хатару таҳдидҳои замони муосир пайваста талош карда,  фаъолияти созандаро дар ин самт минбаъд низ густариш хоҳад бахшид»  www.prezident.tj

Дар гӯшаҳои мухталифи дунё нооромию низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳони муосир ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардидааст.

Дар ин давра беш аз 100 давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён ҳарор гирифтаанд. Давлатҳо танҳо дар ҳолати дарк ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ метавонанд ҳамчун субъектони мустаҳил боҳӣ монанд. Таҳлилҳо ва таҷрибаи таърихии баъзе давлатҳо нишон дод, ки аз номуттаҳидӣ ва дарк накардани арзишҳои миллӣ метавонанд заминаи парокандагиии миллатҳо ва халҳиятҳоро фароҳам сохта, давлатро ба нестӣ орад. Таърих исбот намуд, ки Ироҳ, Сурия, Ливия, Яман ва бисёре аз мамолики Африҳои Шимолӣ, Афғонистон ба ин вабои аср дохил мебошанд. Солҳои зиёдест, ки ин кишварҳо ноором буда, равиши муътадили пешрафтҳои худро аз даст додаанд. Омили асосии ин гуна носозгорӣ дар муборизаи ҳизбҳои динист, ба ин маъно, ки аҳаллияте бо идеологияи динӣ мехоҳанд мафкураи худро ба аксарият бор кунад. Намояндагони экстримизм аз рӯи аҳидаашон ба ду гурӯҳ:

а) фундаменталистони эътимодӣ,

б) экстремисти ифротӣ мебошанд.

Маҳсади асосии ин гурӯҳҳо асосан гумроҳ намудани шаҳрвандон дар ин ё он давлати муосир аст, аммо азбаски дар муборизаи табиии тавассути интихобот дасти ҳудрат намеёбанд. Ночор роҳи муборизаи ғайриҳонунӣ ба ташкили табадуллоту шӯришҳо кӯшиши сари ҳокимият омадан мекунанд. Таҷрибаи Тоҷикистон мисоли равшани шакл гирифтани ҳодисаҳост, ки дар солҳои 90-ум ба вуҳуъ пайвастанд. Ташкилоти экстримистию терористии ҲНИТ беш аз 40-сол дар саҳнаи сиёсатӣ амал намуд. Охирин натиҷаи наҳзатиён табаддулот буд, ки дар он шикаст хурданд. Инчунин хулоса мешавад, ки сенарияи баъзе кишварҳои хориҷӣ оид ба ташкили табадуллот тавассути нерӯҳои харобкори ифротӣ дар Тоҷикистон амалан татбиҳ нагардид.

Минтаҳа ва ҷаҳони имрӯзаро даҳшатҳои экстремизм, радикализм, терроризм ва аз ҷониби ташкилатҳои террористи омили дигари ҷиддӣ, яъне васеъ истифода намудани технологияҳои муосири иттилоотӣ, бахусус, шабакаи Интернет, телефони мобилӣ, бо маҳсади пешбурди наҳшаҳои ташфиҳотии экстримистӣ ба сафҳои худ ҷалб намудани ҷавонон, аъзоҳои нав, омода ва роҳбари намудан ба амалҳои зидди инсонӣ дар сайёра мебошад. Аз ин лиҳоз таклиф менамудем, ки бо тарзу усулҳои гуногун ин сомонаҳои шабакаҳои интернетӣ низ хориҷ карда шаванд. Ин танҳо бо дастгирӣ ва ёрии ҳамаи давлатҳо, аз он ҷумла, давлатҳои харобгардида, ки онҳо барои дигарон аллакай маълуманд бамаврид аст.

Омили дигари тероризм, экстремизм ва радикализми ҷаҳонӣ муосир гардиши ғайриҳонунии маводи мухаддир яке аз сарчашмаҳои асосии сармоягузории терроризму ифротгароӣ мебошад, ки мушкилоти умумии ҷаҳони муосир ба ҳисоб меравад. Барои пешгирии ин касалии вабо ҳамаи давлатҳо, аз ҷумла, ҳар як шаҳрванди ҷаҳон бояд мубориза барад. Барои таҳвияти мубориза бо терроризм бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон , ҳанӯз 12-ноябри соли 2016 «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикисон оид ба муҳовимат бо терроризм ва экстиремизм барои солҳои 2016-2018» ҳабул гардид, ки ҳадафи асосии он пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу харакатҳои ғайриҳонунии террористию ифротгароӣ мебошад.

Яке аз муаммоҳои ҳалталаб роҷеъ ба масъалаи мавриди таҳлил, ин шомилшавии бархе аз ҷавонони мо ба созмонҳои ифротгаро мебошад. Аксари ҷавононе, ки ба гурӯҳу созмонҳои ифротӣ мепайванданд, саводи зарурии динӣ ва ҳамчунин, дунявӣ надоранд. Гурӯҳҳои ифротӣ ҷавононро ба доми худ кашида, ба коми марг мебаранд. Намоиши филмҳои дорои хусусиятҳои террористӣ ва экстремистӣ, паҳнкунии ғояҳои ифротгароӣ тавассути шабакаи Интернет сабаби дигари гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ мебошад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки паст будани савияи дониши қисми муайяни ҷавонон, аз нигоҳи мафкуравӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва динӣ, тайёр набудани онҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ, майлу хоҳиши ба даст овардани маблағҳои муфт, боиси фирефта шудани онҳо аз тарафи намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва шомил гардиданашон ба ин ҳизбу ҳаракатҳо гардидааст.

Роҳ надодан ба таҳсили ғайрирасмии ҷавонон дар муассисаҳои динии хориҷи кишвар ва баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд яке аз роҳҳои пешгирии гаравиши шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ба ҳисоб меравад.

Терроризм масъалаи муҳими глобалии ҷаҳони муосир ба шумор меравад, ки инро ҳатман пешгирӣ бояд кард.

Муаммои мубориза бар зидди терроризм ва эктремизм имрӯз муҳимтарин арзёбӣ мешавад. Яке аз омилҳои муборизаи муваффақона бар зидди ин вабои аср ва боздоштани шомилшавии минбаъдаи ҷавонони Тоҷикистон ба ин гуруӯҳҳои ифротӣ метавонад тарбияи ҷавонони воқеан босавод ва бомаърифат бошад.

Омили дигари усули ҷалби шаҳрвандон ба терроризму экстримизм ва радикализм ин ҷалб намудани шаҳрвандоне, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ мебошанд, ба ҳисоб мервад. Имрӯзҳо шаҳрвандони тамоми давлатҳо аз он ҷумла, давлатҳои абарҳудрати дунё дар муҳоҷирати меҳнатӣ ҳарор доранд. Бояд тавассути ба роҳ мондани тарғиби арзишҳои сулҳу ваҳдати миллӣ ва худшиносии миллӣ ба эҷоди мафкураи зидди терористии тамоили ҷаҳони муосир кӯшиш намудан зарур аст.

Тоҷикистон бо таърих, фарҳанг ва адабиёти худ машҳур гардида, аз ҷумла яке халҳҳои ҳадимтарини дунё ба шумор меравад. Онҳо бо осори шифоҳиву хаттӣ, ёдгориҳои бузурги таърихӣ, аз ҷумла, Саразми бостон, ки соли 2020- 5500 - солагии он ҷашн гирифта мешавад дар тамаддуни башарӣ, саҳми бузург гузоштааст. Решаҳои ин фарҳанги ғанӣ аз тамаддуни ориёӣ маншаъ гирифта, таи 100 солаҳо ташаккул ёфта як ҳисми таркибии он бо шаклу шеваи хос то замони мо расидааст.

Асос ва бунёди ин мероси гаронбаҳоро дӯстию рафоҳат, хайрхоҳӣ, некию накукорӣ ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ташкил медиҳад.
Дар ин асос Тоҷикистон ҳама ваҳт тарафдори сулҳу ваҳдати миллӣ ва созандагӣ дар миҳёси ҷаҳони муосир мебошад.

Асосгузори Сулҳу ваҳдати Миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10 - майи соли 2018 оид ба мавзӯи “Терроризм ва ифрогароӣ зуҳуроти хатарноки аср” баромад намуда, чунин таъкид намудаанд: “... терорристу ифротгаро ватану миллат ва дину мазҳаб надорад”.

Аз ин лиҳоз ба аҳидаи мо терроризм масъалаи глобалии замони муосир ё вабои аср мебошад ва ҳама ваҳт мо кӯшиш ба ҳарҷ диҳем, ки дар пешгирии он саҳмгузор бошем ва ҷавононро дар рӯҳия ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намуда, барои баланд бардоштани савияи донишҳои онҳо ҳиссагузор бошем. Инчунин барои шомил шудани онҳо дар амали намудани сиёсати меҳанпарастии Пешвои муаззами миллат кӯшиш ба харҷ дода, барои баланд бардоштани обрӯю эътибори Тоҷикистон соҳибистиҳлол онҳоро даъват намоем ва аз терроризму ифротгароӣ ва эктремизм халос будани кишвари азизамонро шиори хеш ҳисоб намоем.

Раҷабов Р.К., Ҳусейнов Б., устодони
Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Страница 10 из 37

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top