Хабархои сиёси (512)
Dolor pretium adipiscing Nam Curabitur nulla Duis id tellus at et. Dui orci Sed dolor Aenean tincidunt vitae vitae sed mattis sed. Purus Vivamus dapibus lorem Vestibulum dis pellentesque tristique dui Morbi hendrerit. Eu eu eros interdum tempus facilisi orci mollis netus semper massa. Consequat sed pellentesque cursus et vel nunc lacinia quis semper senectus. Felis Donec libero nibh Sed velit a Nulla elit dui porttitor.
Ӯ зане буд озода ва дигарандеш ва аз башараи сиёҳпӯшонидоишӣванаҳзатӣбезорбуд. Озод зист ва озод реҳлат кард. Дар Ватани худ ҷоно ба ҷонофарин супорд.
Нангу номуси миллӣ қувваи сафарбаркунанда баҳри пешрафти миҳан
Written by ДонишгоҳБорҳо Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон дар назди қишрҳои гуногуни иҷтимоии ҷамъият такрор ба такрор таъкид месозанд, ки нангу номуси миллӣ доштан даркор аст. Зеро ин пешвои оқилу дурандеш чӣ гуна қувваи сафарбаркунанда доштани ин ду мафҳуми ахлоқӣ – рӯҳиро хуб медонанд.
Табист, ки нангу номус-қувваи ботинӣ-рӯҳӣ хоси инсони солиму дурандеш буда, дар ҷараёни зиндагӣ барои он талош менамояд, ки ба касе вобаста ва ба чизе эҳтиёҷ надошта, баҳри беҳбудию сарбаландӣ, қафо намондан аз пешсафон пасттар набудан аз ҳамсафону ҳаммаслак талош варзидан, аз нодорию ночорӣ, аз нотавонии бечорагӣ аз қафомондагии зеҳнию касбӣ, норасоии иқтисодӣ, дастнигарии дигарон будан, азияти рӯҳӣ мекашад ва барои ҳамин тамоми тавоногии ҷисмонию зеҳниашро барои дар оила, доираи хешу табор, дар ҷомеа ва умуман ҷомеаи башарӣ сарбаланд будан сафарбар менамояд. Ҳамин азияти рӯҳӣ инсони бо ору номусро шабу рӯзҳо талқин менамояд, ки вазъияти қарордоштаашро тағйир диҳад, ба шарте, ки шахс дорои ҷаҳонбинии васею бой маънавӣ буда, қобилияти муташаккилсозии иродавию зеҳнию ҷисмониашро дошта бошад.
Аслан ин ду мафҳум дар адабиёти илмӣ-сиёсӣ кам истеъмол буда, дар байни мардум серистеъмол аст ва онҳо бештар ба ҳолатҳои рӯҳии инсонҳо пайвастанд, ки заминаашон дар муҳити оила гузошта мешавад. Бесабаб бо ибтикори Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон «Қонун дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» боиси муҳокима ва қабули он нагардида буд.
Аз ин мебарояд, ки чӣ гуна ташаккул ёфтани кӯдак пеш аз ҳама, ба муҳити маънавии хонаводагӣ, дараҷаи камолоти ботинии волидайн, аз як тараф ва омодагии ботинии кӯдак аз ҷониби дигар барои қабули хислатҳои неки инсонӣ дар ташаккули симои маънавии насли оянда таъсири ҷиддӣ мерасонад.
Мо дар зиндагии муқаррарии мардум мебинем, ки волидайн аз танбалии фарзандон шиква мекунанд ва аз он ки фарзандони ҳамсояашон чунин нестанд, ҳасад мебаранд ва шарм низ медоранд. Аз ин рӯ, чунин волидайн фарзандонашонро ба надоштани нангу номус таъна мезананд, чаро фарзанди фалонӣ аълохон, фаъол ва ҳунарманд асту аз дасти ту ҳеҷ кор намеояд, бадхону танбал ҳастӣ. Чаро аз онҳо ибрат намегирӣ? Чунин таънаю маломат фарзандонро ба нанг меорад ва ӯро ба шахси муваффақ табдил медиҳад. Албатта, таънаю маломат на ба ҳама таъсири нек мегузорад.
Таънаю маломат, сарзаниш ба ҳамон касоне таъсири судманд мебахшанд, ки ниҳоди маънавиашон бой буда, табъи нозук ва ақли расо дошта имконияти муқоисасозии худро ба дигар ҳаммисону ҳамсолонаш дошта, камбудӣ ё афзалияти хешро аз дигарон дониста мегиранд. Дар таърихи Маъсудӣ омадааст, «Нахустин сифати инсони хуб он бошад, ки зоти хеш бидонист, чизеро дарёфт. Ҳар кас, ки хештанро натавонист шинохт, дигар чизҳоро чӣ гуна тавонист донистан».
Агар чунин набошад таънаю маломат низ таъсир надорад. Дарки ҳамин, ки чаро он касс ба ин дараҷа расидааст ва ман не? Чаро вай метавонад, вале ман наметавонам, ки ҳанӯз дар овони кӯдакию синни мактабӣ дар майнаи насли ҷавон ҷой мегирад, бо мурури ба камол расӣ доираи фаъолияти чунин ҷавонон аз муқоисаи «ман» бо «вай» ва «мо» бо «онҳо» аз доираи мании муҳити оилавӣ ба муҳити мураккабтаре мегузарад.
Ин ҷиҳат ҷавононро ба он водор месозад, ки акнун дараҷаи зиндагию рӯҳии миллиашонро бо миллатҳои дигар муқоиса созанд, ки чаро дигар миллатҳо дар илму техника пешраванду аз натиҷаи маҳсули зеҳнии халқҳои дигар онҳо истифода мебаранду аммо миллати вай ба ҷаҳониён ба ғайр аз ашёи хом ё нимтайёр чизи дигар намедиҳад. Онро дарк кунанд, ки мамлакатҳои пешрафта, барои аз худ намудани сайёраҳои дигар талош менамоянду онҳо бошанд имкониятҳои моддии сарзамини хурди аҷдодиашонро қудрати пурра истифода бурдан надоранд. Чун сабаби қафомонии хешро фаҳмиданд, барои аз ин ҳолат миллату давлатро ба зинаи баландтари тарақиёти иқтисодӣ, илми-техникӣ бардоштан талош менамоянд.
Миллатҳои ба ояндаи дур некбинона назаркунанда бо доштани мероси бой гузашта қаноат накарда, сайъ менамоянд, то худ мисли гузаштагонашон аз паси худ барои наслҳои оянда номи нек бимонанд.
Инсони ба ақл ному мероси гузаштаашро ҳамчун замина ба хотири пешравӣ ба қуллаҳои баландтари иқтисодӣ, сиёси, илмӣ, техникӣ ва бо ҳамин васила баланд бардоштани шаъну эътибори давлати миллӣ ва мустаҳкамсозии истеҳсолоти миллӣ, истифода мебарад.
Дар яке аз конференсияи илмӣ дар шаҳри Алмаато, моҳи майи соли 1983 профессор Қосимҷонов ба мо рӯ оварда гуфт: Агар мо қазоқҳо аз сад як фисади фарҳанги маънавии тоҷиконро медоштем, аввалин шуда мо ба моҳ мебаромадем. Алҳол мо барои он талош менамоем, ки дар солҳои наздик ба технологияи навтарини муосир дастрасӣ пайдо намоем. Барои ин ҳамаи имкониятҳоро дорем ва муҳимаш он аст, ки қадаммониро донистаем ва аз ин ҳолат баромаданро қарзи фарзандии худ дар назди Ватан медонем. Воқеан имрӯз ин миллати ба ору номус, ки 500-солагии хонигарии қазоқро ҷашн гирифтанианд, дар пояи хеле баланди тараққиёти иқтисодӣ, илмӣ, техникӣ қарор дорад. Мо бошем барои расидан ба арҷи аълои дарёфтҳои милли, ки воқеан ба миллати мо хос аст, равонем.
Пос доштани ору номуси солим хоси ҳамон инсонҳоест, ки дар мактаби солими тарбиявии оилаи солим ва муҳити солими иҷтимоӣ гузашта, ҷавонон дар симои волидайн, калонсолони оилаҳо гирду атроф, фаъолияти мақомотҳои роҳбарикунандаи давлатӣ, аҳли илму ҳунар намунаи неки ибратро мебинанд.
Барои насли ҷавон муносибати амалии калонсолон бо ҳамдигар муносибаташон ба корҳои ҷамъиятӣ, андешаҳои онҳо доир ба баланд бардоштани шаъну эътибори давлату миллат ва талоши воқеии онҳо барои пешрафти ҳаёти иқтисодию сиёсӣ, илмию техникӣ имкон медиҳад, ки ба насли калонсол пайравӣ намоянд.
Имрӯз, ҷавонон дар ду роҳа мондаанд, зеро шоирону ходимони сиёсӣ дар шеърҳою баромадҳояшон ҷумлаҳои «Тоҷикистон ҷону ҷонон», «Тоҷикистон беҳтар аз ҷон», «Тоҷикистон ватани биҳиштосо», «Ҷаннати рӯи замин» мегӯянду мутаассифона, ин на ба дили ҳама ҷавонон таъсири мусбат мерасонад. Агар ин суханон ширину самимӣ ба дили аҳли сарвату сиёсат таъсир мерасонид ва агар онҳо бар он талош меварзиданд, ки бе инкишофи ҳамаҷонибаи илмҳои бунёдӣ, бе ҷаҳонбинии илмӣ, ҷомеаро пеш бурдан ғайриимкон асту онҳо барои азбарнамоии илму техникаи муосир дар пояе мегузоштанд, ки он ҳамаро фарогир менамуд, он гоҳ Тоҷикистон ба қатори давлатҳои пешрафта табдил меёфт.
Барои ин бояд давлат барои насли ҷавон фазои илмие муҳайё созад, ки дар ҳама ҷо сухан дар бораи илму техника, эҷодкориҳо, ихтироотгарӣ бошад.
Фазое ба вуҷуд оварда шавад, ки фарзанди тоҷик аз муздуршавию, идоракарда натавонистани техникаю-технологияи мураккаб, ихтироъкор ва навовар набудан, надоштани истеҳсолоти илмталаб шарм дошта, тамоми қудрату тавоноии зеҳниашро ба хотири пешрафти давлати миллию дастгирии сиёсати сарвари давлаташ сафарбар намуда бо вай ҳаммарому ҳаммақсад бошанд.
Фазое бояд ба вуҷуд оварда шавад, ки ҳар кадом насли ҷавон, ҳам худ ва ҳам ҳаммиллатонашро барои амалисозии ҳадафҳои асосии Пешвои муаззами миллат, барои мустаҳкамсозии соҳибистиқлолии миллӣ ва ягонагии миллӣ равона созад.
Дар ин ҷода нақши сарварони миллӣ ва солимияти воқеии онҳо дар бедор ва тақвиятбахшии нангу номуси миллат хеле арзишманд аст.
Агар мо ба ҳолати иқтисодию сиёсии охирҳои солҳои 60-уми асри ХХ яке аз давлатҳои мусулмонӣ Малайзия таваҷҷуҳ намоем, ин давлат хеле қафомонда буд, аммо як муноқишаи сиёсии байни сарвазири ин кишвар бо намояндаи роҳбари намояндагии давлати Чин дар СММ ба он боис гашт, ки сарвазири Малайзия Абдураззоқ баъди бозгашт, аз тариқи симо ва садои кишвараш бо чунин суханон муроҷиат намуда буд. «Ай халқи мусалмон! Шумо баргузидагони худовандед. Чун чунин ҳастед, мусулмон бояд аз ҳама донишмандтар бошад, хубтар зиндагӣ кунад, ҳамеша дар паи такмили илму маърифаташ бошад идора намудани корхонаю молияро дошта бошад. Аммо чаро мо мусулмонони ин сарзамин ҳаёти иқтисодию молиявиамонро идора карда наметавонем? Чаро дар ватани мо ин корро чинниҳо идора мекунанд?...» .
Ин даъвати Абдураззоқ барои тамоми аҳолии мусулмони ин давлат ҳамчун барномаи фаъолияти ҳар як мусулмони ин кишвар гашта, ба он оварда расонид, ки дар тӯли камтар аз бист сол тамоми муассисаҳои молиявию саноатиро аҳолии таҳҷоии ин мамлакат идора мекардагӣ шуда, алҳол ба яке аз давлатҳои аз ҷиҳати технологӣ дар қатори пешрафтатарин давлатҳо қарор дорад.
Ин мардум аз дастовардҳои илмию техникӣ ва технологияи худашон офарида фахр мекунанд, на аз рӯи доштани қасрҳою, мошинҳои гаронбаҳо ва на аз гузаштаи пурғановат.
Инсонҳои ба оянда ҳадафмандона нигаранда аз доштаашон ҳамон вақт мефахранд, ки вай худ дар офаридани он шарик бошад. Вай маҳсули ҷаҳду талоши худаш ва замони худаш бошад.
Гузашта аз ин, вай ҳамеша дар андешаи боз як қадам ба пеш гузоштан, як зина боло бардоштани ватанаш, сарзаминаш, давлаташ миллаташ аст.
Вай медонад, ки танҳо тавасути илмомӯзӣ ва дар амалияи истеҳсолӣ корбаст намудани он, ҳам рушди иқтисодии миллат, ҳам пурзӯршавии давлати миллӣ ва ҳам сарбаландии миллӣ таъмин гашта садоқати худро ба Ватан нишон додан мумкин аст. Дар ин ҷода Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар баромадашон дар назди аҳолии Бадахшон соли равон чунин таъкид сохтаанд, ки «Шахс ҳамон вақт ватандӯст дониста мешавад, ки агар сарзамини аҷдодӣ ва забони давлатии худро воқеан азиз шуморад, арзишҳои миллӣ ва таърихи пуршарафи халқи хешро посу гиромӣ дорад ва барои ҳимояи марзу буми Ватани худ ҳамеша омода бошад».
Ҷавони имрӯзаи тоҷик агар чанд сураи Қуръони Маҷидро бидонад мефахрад. Дар назди марди «салладор» аз «калладор», ки пешрафту тараққиёт ва зиндагии серу пур аз бисёр ҷиҳат бо меҳнати босамари онҳост, қимматаш болотар аст.
Салладорони ҳар як маҳал аз он ор мекунанд, ки ҳамсоядеҳаашон масчиди барҳаво сохтаанд, пас чаро мо насозем? Нангу номуси ин қабил ашхос на барои таъмини ваҳдати миллӣ, пешрафти ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, пурқувват намудани давлати миллӣ, балки барои аз ҳам дуршавии мардум аст. Агар чунин набошад, ба ҳам наздик будани аҳли ислом ва баробари донистани каломи раббонӣ донистани илмҳои дунявӣ, технологияи нави истеҳсолӣ, машғулият доштан ба кори созандагӣ, боиси баланд бардоштани эътибори миллиашон мегашт.
Аммо нангу номуси онҳо барои ободии миллаташон нигаронида нашудааст, балки як навъ таблиғу ташвиқи арзишҳое мебошанд, ки аз ҷониби худашон низ қадр карда нашаванд. Агар чунин намебуд, аҳли тиҷорат, ки аксарияти мутлакашон «ҳоҷиянд», намозгузор ва ба ақли худашон «мусулмони асиланд», дар арафаи идҳои исломӣ нарху наворо барои «савоб» арзон намекунанд, балки онро гаронтар месозанд.
Иллати дигар дар ҷомеаи имрӯзаи тоҷик ташаккули нангу номуси ғалат дар байни аксари сармоядорону ҳокимиятдорон, оилаю хешу таборони он ҳаст, чунки онҳо худро аз аксарияти аҳолӣ баланд ҳисобида, барои худ имтиёзи нонавишта медиҳанд.
Мо шоҳиди он ҳастем, ки фарзанди сармоядор ва ё мансабдор на ҳамеша исъёрҳои ақлонию ҳуқуқӣ ва афкори умумро эътироф менамоянд.
Фарзанди ҳокимиятдорро барои рафтори нодурусташ, бадхонаш, дарсшиканиаш ҷазо додан, аз донишкадаю донишгоҳҳо хориҷ кардан ғайриимкон аст.
Инро садҳо ҳаммислонашон мебинанду медонанд ва аз дастпарвар будани онҳо дили дигар ҷавонон нисбат ба давлат ва қонунҳои он хунук мешавад.
Падари мансабдошта аз он нангаш меояд, ки чаро фарзанди манн ҷазо бинад. Аммо фарзанд андешае наменамояд, ки бо рафтори мағруронаю нописандонааш эътибори падараш, қадру қиматашро паст мезанад. Фарзанд аз он шарм намекунад, ки чаро аз рӯи ман шуда обрӯ ақрабоям паст шавад.
Агар падару модар нангу номуси солим медоштанд, фарзанд низ аз онҳо ибрат мегирифт. Аммо барои чунин ба воя расидани фарзанд ҳамон падару модарон сабаб мешаванд, ки мегӯянд: чаро ман мансабдор, сармватманд бошаму чаро фарзандам ҷазо бигирад. Чунин нангу номус ғалату бемағз буда, боиси бадномист. Ин ғурур манфӣ аст.
Ҳақ ба ҷаноби Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст, ки таъкид месозад «танҳо тавасути меҳнати созанда ва аз худ намудани дастовардҳои илмӣ-техникии муосир таъмин намудани соҳибистиқлолӣ имконпазир аст»
Ташаккули нангу номуси солими миллӣ, корбасти он дар роҳи ба сатҳи ҷаҳонӣ боло бурдани иқтисодиёти давлати миллӣ, онро аз давлати истеъмолгари натиҷаи ақлу фаросати халқҳои дигар, ба интиқолдиҳандаи маҳсулоти ҷаҳонии миллии тоҷик сазоворест ба таъкид ва дархостҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон.
Раҷабов Р.К.-профессор,
Хуморов Д.- дотсент,
Миллати шарофатманди тоҷик дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти комили сиёсию иқтисодии кишвар дар зери роҳбари оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои бунёдкориву созандагии Ватани биҳиштосои мо – Тоҷикистони соҳибистиқлол машғул аст, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳуриии Тоҷикистонро дар соли 2021 ба таври сазовор истиқбол намояд.
Чунин рушду шукуфоии кишвари азизи мо барои душманону ватанфурӯшони давлату миллати тоҷик ҳаргиз қобили қабул нест ва онҳо аз рӯи бухлу ҳасад ва ҷаҳлу нотавонӣ ҳамеша дар пайи айбҷӯӣ ва туҳмату бӯҳтон кардан мебошанд.
Ин гуна мухолифони давлату миллати тоҷик афкору ақидаҳои муғризонаю беасосеро баён ва пешниҳод менамояд, ки онҳо бемантиқу ғайриобъективӣ мебошанд.
Рӯзноманигоре бо номи Муҳаммадиқболи Садриддин, ки худро дар шабакаи иҷтимоӣ ба ҳайси мудири пойгоҳи таҳлилии «Ислоҳ.нет» муаррифӣ кардааст, дар мақолаи хеш бо номи «Э. Раҳмон ва М. Кабириро ба баҳси рӯбарӯ даъват менамоям! » таклиф намудааст, ки дар арафаи 22-юми солгарди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ мубоҳисаи рӯ ба рӯи ошкоро ташкил кунанд.
Нахуст ин ки чунин таклифи Муҳаммадиқболи Садриддин аз рӯи ақли солим ва таҳлили сиёсию ҳуқуқӣ бемазмуну бемантиқ, беасосу бепоя ва бебунёд аст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мардуми шарифи тоҷик дар асоси раъйдиҳии умумихалқӣ ба ин вазифаю мансабии олии давлатӣ интихоб намудааст, бино бар ин, Сарвари олии давлати мо масъул ва муваззаф нест, ки бо касе, гурӯҳе ва аъзои ҳизбе мусоҳибаи рӯ ба рӯи ошкоро дошта бошад.
Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистонро дар асоси далелҳои мушаххасу воқеӣ ҳамчун ташкилоти террористиву экстремистӣ эълон намуда, фаъолияти онро дар ҳудуди кишвар мамнӯъ эълон кадааст.
Муҳиддин Кабирӣ ба ҳайси раиси Ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати исломӣ ҳамчун террористу ифротгаро ва иғвогар солиёни зиёд дар сояву хидмати хоҷагони хориҷии худ қарор дорад, пайваста ба сӯи давлату миллати тоҷик санги маломат меандозад, теша ба решаи ҳастию маънавияти худ мезанад ва он кас аз номи ягон ҳизбу ташкилот ва ягон қишри ҷомеаи имрӯзаи кишвари мо ҳаққу ҳуқуқи сухан гуфтанро надорад.
Аслан чунин андеша ва шеваи масъалагузории рӯзноманигори номбурда нодурусту бебунёд аст ва зарурати сари ин пешниҳод андешаву баҳс кардан вуҷуд надорад.
Ҷомеаи мутамаддин имрӯзаи Тоҷикистон доир ба фаъолияти раис ва аъзои собиқ Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, гурӯҳҳои террористиву ифротгаро ва мухолифону ватанфурӯшони давлату миллати тоҷик маълумоти аниқу пурра дорад ва халқи шарифи тоҷик ва, хосса, ҷавонони он дигар ҳаргиз фирефтаи макру найранг ва ҳазёни беасосу бебунёди хоинону душманони давлати мустақили Тоҷикистон намегарданд.
Шуъбаи робита бо ҷомеа
Мехостам андешаҳоямро нисбати ин мақолаи беасос, ки дар он на этикаи журналистӣ риоя шудаасту на мантиқ дорад ва аз хондани сатрҳои аввали он бӯи ғаразу хусумат ба машом мерасад, баён созам.
Мо дар асри 21 зиндагӣ карда истодаем, на дар асрҳои миёна. Мардуми пешқадами сайёра кайҳонро фатҳ карданду барои кашфи асрори нуҳуфтаи олам талош доранд. Муаллифи мақолаи “Боз ҳамон манзараву боз ҳамон масхара...” ва ҳаммаслаконаш бошанд, бозгашт ба асри миёнагиро доранд. Магар чӣ бадӣ дорад, пӯшидани либоси атласу адрас ва шодию хурсандӣ кардан дар назди Пешвои миллати худ, ё Сарвари давлати худ, ки ҳатто ҷаҳониён онро эътироф кардаанд? Ин ҷо мо ба ҷузъ бахилию ҳасад ва тангназарӣ дигар чизеро намебинем. Чаро мардум аз ваҳдати миллӣ, ки бо ҷаҳду талошҳои худи мардум таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон, ки хизматҳояш дар ин бобат беназир аст ва воқеан ҳам ба мардум сулҳ овард, хурсандӣ накунад? Ман боварии комил дорам, ҳар қадар ки аз ин рӯйдоди таърихӣ солҳои зиёд гузарад, мардум ҳамон қадар онро бошукӯҳтар ва бо шодию хурсандии бештар истиқбол мегирад. Ва ба Пешвои миллати худ ки ба ҷангу хунрезӣ барои аз байн нарафтани давлату миллати тоҷик хотима гузошт, меҳру муҳаббати зиёдтар пайдо мекунад. Мардуми тоҷик мардуми ҳақиқатпараст ва ба ин ё он воқеа воқеъбинона баҳодиҳандааст, худ медонад, кӣ кӣ ҳасту чӣ чӣ.
Муаллифи мақола, агар мақола гуфтан ҷоиз бошад, дар асл ғаразнома ё туҳматномаи маҳз аст, мардони сарбаланди минтақаи Раштро ба беномусӣ айбдор мекунад, ки барои рақсу хурсандӣ кардани духтаронашон монеагӣ накардаанд. Бовар кунед, ин фикрҳое ҳастанд, ки ба давраи асри миёнагӣ ҳам рост намеоянд. Чӣ, магар нафароне, ки дар фронти халқӣ барои барқарор кардани Ҳукумати конститутсионӣ сина сипар намуданд, кори бад карданд, ки муаллиф ботамасхур онҳоро аз табори “Фронти халқӣ” ва Эмомалӣ Раҳмонро Фиръавни аз табори “Фронти халқӣ” ном бурдааст.
Бефаросатии муаллифи мақола ба ҷое расидааст, ки Сарвари давлати тоҷикон Президенти маҳбуби кишвар Эмомали Раҳмонро ҷаноби ЭР гуфтааст. Ҳайф бар ту барин қаламкаш, ки сафедро аз сиёҳ фарқ карда натавонистаӣ!
Муаллифи муҳтарам, худат ва ҳамаслаконатро мусалмонӣ ҳақиқӣ шуморида, навиштаӣ, ки рақсу хурсандӣ кардан назди шахси бегона дар шариат мамнӯъ аст. Фаромӯш накун, ки дар дини мубини ислом “Шоҳ дар замин сояи Худо аст” гуфтаанд, пас чаро мо дар назди шахсе, ки бароямон сулҳ, тинҷию амонӣ овард, гурезаҳоро ба Ватани аслиаашон баргадонд ва имрӯз низ баҳри ҳаёти осоишта ва зиндагии серупураш заҳмат кашида истодааст, шодию хурсандӣ накунем, гарму самимӣ истиқболаш нагирем? Охир мо аз қадим мардуми меҳмондӯст будем-ку. Пас, ин суханҳои по дар ҳавои Шумо чи маънӣ дорад? Агар надонӣ, ба хотират меорем, ки дар байрақи Аморати Бухоро низ навишта шуда буд, ки: “Шоҳ дар замин сояи Худост”. Ё мардумони дар замони Аморати Бухоро зиндагӣ кардаро низ номусулмон мешуморӣ?
Дар мақолаатон хостед, ки шаъну шарафи Президентро паст занед. Духтарора нонпазӣ буомӯзонен навиштаед. Чӣ ҷо бадӣ дорад, насиҳати ин ё он шахс ба ҷавонон. Боварӣ дорам шумо ва ҳамаслаконатон, ки ҳама вақт аз таги нохун чирк мекобед, ҳамин хел насиҳатҳои падаронаро, ки Президенти муҳтарам гуфтаанд, ба фарзандону наздиконатон намегӯед. Боз навиштаед, ки табақу туҳфагирӣ. Ҳамин ҳам гап шуд. Мардум аз рӯйи ихлос ва меҳру муҳаббати бепоён ба Пешвои миллат табақ туҳфа кунанду Шумо онро ғаразнок маънидод кунед. Магар ҳамин ҳам ҷавонмардӣ шуд? Вой бар ҳолатон!
Муаллифи муҳтарам, магар маҳсулоти бо арақи ҷабин парваришкардаи худро ба намоиш гузоштан айб аст, ки Шумо ҳамаи инро ба хотири Президент гуфта шарҳу тавзеҳ доданӣ мешавед.
Хабарнигори муҳтарам, хулоса карда гуфтанием, ки мақсади ягонаи Шумо паст задани Президент ва давлати миллии тоҷикон, ки маҳз таҳти роҳбарии хирадмандонаи ӯ имрӯз дар саросари олам шинохта ва машҳур гардидааст, мебошад. Вале ин коратон билкул хом аст. Мардум Пешвои худро дӯст медошт ва дӯст медорад. Эҳтиром мекард ва боз аз ин ҳам бештару зиёдтар эҳтиромаш хоҳад кард. Дар урфият мегӯянд: “Зӯри беҳуда миён мешиканад”. Хубаш, ки ба гуноҳҳоятон мардонавор иқрор шаведу аз дур бар сари Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон сангпартоӣ накунед. Боварӣ дорам агар ба гуноҳатон иқрор шавед, Пешвои миллат, ки хеле софдилу меҳрубон ҳастанд, аз гуноҳатон мегузарад ва авф мекунадатон.
Хубтараш бо мардум бошед.
Хирадманде гуфтааст:
Зи мардум зодаӣ, бо мардумӣ бош,
Нашояд дев будан, одамӣ бош!
Р. Шарифов, шуъбаи робита бо ҷомеа
The Islamic Renaissance Party is an integral part of the international terrorist movement. This truth is indisputable!
Written by CомонаThe Islamic Renaissance Party is an integral part of the international terrorist movement. This truth is indisputable!
After the publication of the ordered material by journalist Ilya Lazovsky entitled The Decline of the Islamic Renaissance of Tajikistan”, distributed on April 18, 2019 through the Russian website of the American Radio Ozodi (the Tajik service of Radio Free Europe/Radio Liberty), the theme of the pay-off nature of the terrorist-extremist otganization of the Islamic Renaissance Party (TEO IRP) and its connection with the international terrorist networks resurfaced in the media.
Ислом наҳзат партияси халқаро террорчилик ҳаракатининг ажралмас қисмидир.
Written by CомонаИслом наҳзат партияси халқаро террорчилик ҳаракатининг ажралмас қисмидир. Бу шубҳасиз ҳақиқат!
Америка «Озодий» радиосининг рус сайтида 2019 йилнинг 18 апрелида журналист Иля Лозовскийнинг «Тожикистон ислом наҳзати қуёши ботиши» буюртма мақоласи нашр этилгандан кейин Ислом тикланиш партияси террорчи-экстремист ташкилоти (ИТП ТЭТ) сотилганлиги моҳияти ва унинг халқаро террорчи тармоқлар билан робиталари мавзуси ахборот воситаларида яна бир марта кўтарилди. Амалда наҳзатчилар тарѓибот минбарига айланган бу ѓарбий канал бу мақолани эълон қилиш билан амалда Ислом тикланиш партияси ТЭТ ўлимига марсиясини чоп этди. Аниқроѓи, ушбу ахборот воситалари эгалари, наҳзатнинг хожалари-ю ҳомийларининг марсияси бўлиб, бу муваффақиятсиз лойиҳанинг парчаланиши устидан айтилган эди.
Портрети нобакор (Охирсухан ба маводам дар ФБ «Минбаъд чунин зиндагӣ кардан намешавад!» аз 12 майи соли 2019)
Written by Cомона(Охирсухан ба маводам дар ФБ «Минбаъд чунин зиндагӣ кардан намешавад!» аз 12 майи соли 2019)

«Бубинед, агар дар байни ду курсӣ нишастӣ, чӣ рӯй медиҳад. Бисёре аз шумо дуруст навиштед, дардноку аламовар, аз қалб аст. Он чи ки ҳар як шаҳрванд эҳсос мекунад. Аз ин рӯ, шумо зикр кардед, шумо тамоман мухолиф нестед ва ҳукуматро дастгирӣ мекунед. Оне, ки гунаҳкор аст, шумо навиштед. Ин зиддияти мантиқист. Азони шумо(?) ҳолатҳое ҳаст, ки ҳам ба муқобили мухолифин ва ҳам ҳукумат равона шудаанд.
«Ва редаксияи фермаи мустаори кибербуллерҳои Эмомалӣ – FAKE-нафратангез, чун ҳамеша худро мунтазир накард. Онҳо ҳатто дарк намекунанд, ки шумо бо онҳо (?) бозӣ мекунед дар як даста. Ман эҳсос мекунам. Акнун, шояд бори аввал, шумо ҳис кунед, ки ростро гуфтан ба ҳукумат чи маъно дорад, ҳатто агар ту дар ҳақиқат душмани онҳо нестӣ. Бахусус, на душмани халқ ва Ватан» (Тнмур Варқӣ, ФБ дар саҳфаи манн, 12 майи соли 2019)
Темур! Дар мавқеи ман ягон зиддияти мантиқӣ мавҷуд надорад. Ман чандин бо ба таври ошкоро изҳор доштам, ки агар ман бояд байни ҳукумати кунунӣ ва мухолифини ислом интихоб кунам, ман ҳукуматро интихоб мекунам. Маҳз ба ҳамин хотир ман ба ҳукумат бо танқиди шадид дар маводи «Минбаъд чунин зиндагӣ кардан намешавад!» муроҷиат намудам. Ман ба ҳукумат ҳушдор додам - ба худ биёед! Беш аз 200 пост дар ФБ, даҳҳо шарҳҳои муфассал, шарҳҳои ошкоро ва танҳо ду шарҳи таҳқиромез аз ҷониби шахсони номаълум.
Шарҳҳои аблаҳона, пур аз нафрат ва бадбинона нисбат ба шахсияти ман дар сомонаи Кабирӣ, аз ҳисоб берун. Ҳамаи шарҳҳои шумо ба портретҳои Муҳиддинин ва онҳое, ки ӯ дар гирду атрофи худ ҷамъ овардааст, алоқаманд аст. Ин шарҳҳо эҳсоси ҳамдардии маро нисбат ба муаллифон бедор месозанд (аз он ҷумла шумо), ки бо ин роҳ қути лоямут ба даст меоред.
Барои фаҳмидани мантиқи ман, ба ту тавсия медиҳам, ки ҳамроҳи ман таърихи соҳои аввали 90-умро сайт кун. Апрели соли 1992. Аксияи дарозмуддати террори ахлоқӣ ва ҷисмонӣ зидди мухолифон бо шиори таблиғотии «Он ки бо мо нест, душмани мост!» дар ҷӯшу хурӯш. Бисёр вақт норозиҳои шикастхӯрда ба майдон кашида мешаванд-то ки барои дигарон дарс бошад. Шиори асосӣ бошад, «Ҳизби манхуси коммунист!!!» садо медиҳад аз забони ораторони штатӣ аз субҳ то шом.
Ва ногоҳ оратории навбатӣ, фаъоли Ҳизби исломӣ Мулло Саъдуддин ба издиҳом шиори нав пепартояд: "Амрико! Амрико! Марг ба найранги ту! Ҳама дар ҳайрат. Амрико инҷо чӣ дахл дорад?
Аз нақли Додоҷон Атовуллоев:
«Вақте Мулло Саъдудддин аз минбар фаромад, ман ба ӯ норозигиямро баён дошта, суханонашро фитнаҷӯёна хондам. Тавзеҳи гуфтаҳояшро тақозо кардам.
- Маро дар ситод супориш доданд, ки чунин шиорпартоӣ кунам, - ҷавоб дод ӯ.
- Дар кадом сито?-пурсидам манн аз ӯ.
Вай оромона маро ба як хайма хурд дар тарафи рости майдон бурд. Вақте манн вориди хайма шудам, боз ҳайратзадатар шудам. Дар ин хайма дипломатҳои Сафорати Эрон нишаста буданд. Худи ҳамон лаҳза ин фикр ба сарам зад: зери ниқоби дипломатӣ майдонро кормандони хадамоти махсуси Эрон роҳбарӣ мекунанд. Пас аз ин ҳолат манн майдонро тарк намудам. На танҳо ман, балки бисёре аз намояндагони аҳли зиё, ки умед доштанд халқи мо барои расидан ба истиқлолият бедор шуд, майдонро тарк намуданд. Ягон шубҳа набуд: Аксияи майдони Шаҳидон-лоиҳаи хадамоти махсуси Эрон буд!».
Минбаъд вазъ пуршиддат шуд. Фармондеҳи Гвардияи миллӣ генерал Раҳмонов Президент Раҳмон Набиевро фурӯхт ва бо неруҳои худ ба майдони Шаҳидон пайваст. Президенти беҳимоя ва ба ном, Р. Набиев зери фишори роҳбарони Ҳизби исломӣ маҷбур шуд, ки як қатор фармонҳоро доир ба таъсиси ҳукумати «ризояти миллӣ» имзо кунад. Ин ҳукумати аз нав таъсисёфта Тоҷикистон билкул ба ду ҷабҳаи оштинопазир тақсим намуд.
Пеш аз таъйиноти нав намояндагони аҳли зиёи тоҷик ба ҳукумати нав номзадҳои арзандаро пешбарӣ карданд. Агар роҳбарияти Ҳизби исломӣ ба овози онҳо гӯш медод, эҳтимол ҳукумати нав дар ҳақиқат қодир мешуд, ки ҳарду ҷониби муноқишаро оштӣ диҳад.
-Бо шумо дар як лагер ду проффесор-Раҳим Мусулмонқулов ва Абдунабӣ Сатторзода, - гуфт олим Акбар Турсунов ба раиси Ҳизби исломӣ Муҳаммадшариф Химматзода. – Ба онҳо пешниҳод кунед ба ҳайати ҳукумати нав шомил шаванд.
Мо ин инқилобро барои Мусулмонқулов ва Сатторзода накардаем, - ҷавоб дод Ҳимматзода ба олим.
Яке аз сабабҳои ҷанги бародаркуш таъйини Давлат Усмон, шахсе, ки он вақт бо сатҳи тафаккури қишлоқӣ, ягон рӯз дар сохторҳои давлатӣ фаъолият накарда, ба мақоми муовини сарвазир, сарпарасти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гардид. Ин таъйинот он вақт ғазаби аксарро дар ҷумҳурӣ ба бор овард…
Бо таъсиси ҳукумати «ризоияти миллӣ», ки дар ҳақиқат ҳукумати хусумати миллӣ гардид, умеди охирин ба ҳалли мусолиҳатомези муноқишаи дохилии таҳмилшудаи тоҷикон гӯр карда шуд.
Моҳи сентябри соли 1992 аз Эрон ба Тоҷикистон бояд ҳавопаймо бо аслиҳа барои ҷангиёни Ҳизби исломӣ меомад. Хадамоти махсуси Россия воридшавии бори хатарнокро пешгирӣ намуданд ва ба ҳамтоёни эронии худ ҳушдор доданд-бор агар ҳавопаймо бо аслиҳа ба Душанбе парвоз кунад аслиҳа мусодира карда мешавад! Агар он вақт ба хадамоти махсуси Эрон мусаллаҳ кардани мухолифини исломӣ даст медод, имрӯз дар харитаи ҷаҳон кишваре бо номи Тоҷикистон набуд. Ҷануби Тоҷикистон номи Афғонистони Хурдро мегирифт. Ӯзбекистон бошад, намегузошт, ки оташи ҷанг аз ағбаи Анзоб гузарад ва Шимоли Тоҷикистон таҳти назорати ӯ қарор мегирифт.
Бо гузашти 27 сол мақсад ва вазифаҳои Ҳизби исломӣ тағйир наёфт-бо дастгирии ҳамаҷонибаи Эрон то ҳадди имкон вазъро дар ҷумҳурӣ мутташанниҷ сохта, дар туғёни террор ва зӯроварӣ ҳокимиятро ғасб намуд.
Дар чунин вазъ агар ман мухолифи ҳукумати кунунӣ бошам, худам нафаҳмида бозичаи дасти хадамоти махсуси Эрон мегардам. Дар фарқ аз ту, манн Ватани худро намефурӯшам.
Тамоми ҳокимият абадӣ нест. Ҳокимон меоянду мераванд, халқ бошад, ҷовидонист. Даврони Эмомалӣ Раҳмон низ ба охир мерасад. Ман мсехоҳам, ки дар Ватани ман инбор тағйири ҳокимият бе талафот ва хунрезӣ сурат гирад. Як инқилоби хунини дигарро халқи мо намебардорад.
Ана мантиқи ман чунин аст. Акнун дар бораи мантиқи ту. Ин бешармиву беорист. Ин мантиқи инсонест, ки дар ӯ ояндаи дурахшонро дидан номумкин аст. Ба ту ҳодисаҳои солҳои 90-ум ва сабабҳои аслии фоҷеаи миллӣ хуб маълум аст. Чунки ту шоҳид ва иштирокчии фаъоли ин ҳодисаҳои фоҷеавӣ будӣ. Ва ба ту ҳамчунин боз дар моҳи апрели соли 1992 маълум буд, ки аллакай Ҳизби исломӣ бозичаи дасти қувваҳои сиёсии Хадамоти махсуси Эрон шуда буд. Ва имрӯз низ ин ҳизб ҳамон бозича аст. Ва ту дар ин бозича ба хотири луқмае хизмат мекунӣ, ки дар кишварҳои Аврупо аз гурӯснагӣ намирӣ. Шарти ту дар ҳаёт – тамоми хизматрасониҳо аз маблағи шумо! Ҷойи тааҷуб набуд, ки ҳамкорони латифагӯи мо дар аввали солҳои 90-ум ба ту лақаби СУМКАБАРДОР-ро дода буданд.
Паймони Шумо – ин “мухолифин” аст, ки бо маблағ ва барои маблағ созмон дода шудааст! Агар имрӯз Эрон маблағгузории Кабириро қатъ накунад, «Паймон»-и ӯ мисли хоначаҳои қоғазин хароб мешавад.
Дар сомонаҳои Кабири ту аз комёбии "Паймон" фарёд мезани. Ва гуё ин муваффақиятҳо ҳукумати Тоҷикистонро ба ҳаракат кардан водор месозанд. Ва дар ин муассисаҳои дуруғин баъзе ҳақиқат вуҷуд дорад. Пешравиҳои Кабирӣ воқеан ҳам ҳаст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ шудани муваффақиятҳои ӯ кӯмак мерасонад. Пас аз амалиёти номуваффақи Вазорати корҳои дохила оид ба дӯздии Шарофиддин Гадоев ва баъдан озод намудани ӯ аз хӯҷаинҳои Кабирӣ дар Эрон таасурот ба вуҷуд омад, ки «Итиҳодия» дар ҳақиқат қувва аст. Ин қувваро ва баъдан бояд барои амалӣ намудани лоиҳаи Инқилоби исломӣ дар Тоҷикистон дастгирӣ намуд. Одди карда гӯем Шарофиддини бесавод кормандони хадамоти махуси Тоҷикистонро фиреб дод, ки онҳо маҷбуран ӯро бояд тро ба дохили ҳавопаймо бурда расонанд. Гуселкунии ӯро ба навор тгирифта, баъдан тариқи интернет пахш намуданд - ба он хотире, буд ки ногаҳон ӯро касе дар роҳ бидӯздад дар ин ҳолат шикоят нисбати кормандони махсуси Тоҷикистон надошта бошад.
Дар ҳамёни Кабирӣ назар ба қаблӣ боз маблағ дар ҳаҷми зиёд ба гардиш даромад. Бамаврид, Темур! Кабири буҷаи худро васеъ намуд, андозаи луқмаи туро зиёд намуд?
Ӯ зуд-зуд шуморо ба сафарҳои худ мебарад, вақте ки дар кишварҳои Аврупо саёҳат анҷом медиҳад. Ва дар ин сафарҳо ӯ туро мехӯронад? Ҷойи тааҷуб нест, ки ман туро дар ин бора мепурсам. Яке аз шиносони ман чунин як ҳикояи ҳаёлиро, ки дар форуми САҲА моҳи сентябри соли гузашта шоҳид буд, нақл кард. Ана нақли ӯ:
«Ҷаласа дар меҳмохонаи панҷситорадор, ки як пиёла қаҳва 4-5 евро ва нисфирӯзӣ барои як нафар на кам аз 50 евро масраф мешавад, баргузор гардида буд. Тақрибан 25 нафар ба мисли гадо, ки аз тахти подшоҳӣ афтида бошанд ба ин форум бо даъвати Кабирӣ омада буданд. Онҳо ҳатто ба худ иҷозати фармоиши обро надоштанд. Мисли оне, ки Кабирӣ бесаробонҳоро аз кӯчаҳои Варшава ҷамъ намуда, онҳоро шустушӯ намуда, ба онҳо либосҳои мувофиқ пӯшонида, баъдан иҷозаи ба меҳмонхона воридшуданашонро додааст. Ана акнун вақти танаффуси нисфирӯзӣ фаро расид. Ногаҳон ин гурӯҳ ба ҳавлии меҳмонхона баромаданд ва ман аз паси онҳо. Дар ҳавлӣ онҳоро ҷавонписари хурд бо қуттиҳои калон, ки дар дохили онҳо шайрма буд, интизор буд. Бачаҳо мисли гургони гурусна ба қуттиҳо ҳамла намуда, пас аз чанд лаҳза онҳоро холӣ намуданд. Баъдан ҳамроҳ об нӯшида, даҳонҳои худро тоза намуда ба меҳмонхона баргаштанд. Ба ман ин манзараро нигоҳ кардан хело хандаовар буд. То ба дараҷае инсонро ба худ наздик кардааст, ки барои каму беш ӯро хӯронидан ба хуҷаини худ хизмат мекунад. Ва ана ин гурӯҳи гадоёни гурӯсна бо садои баланд худро Паймони Миллии Тоҷикистон муаррифӣ мекарданд. Ҷои тааҷуб нест, ки Додоҷон шаурмаро бренди ин Паймон меномад… Ҳамаи ин бачаҳо дар меҳмонхонаҳои атрофии .варшава ҷойгир карда шудаанд. Равшани Темуриён бошад якчанд километр дуртар аз Варшава дар яке аз ҳавлиҳои кӯҳна ҷойгир буд.
Ба наздикӣ хӯронандаи ту Кабирӣ дар телевизор баромад намуда, иброз дошт, ки баъзеи онҳо бо ҳамроҳони худ рӯ ба рӯ мешаванд – озодии баён. Зиёиён Равшани Темуриён, Темури Варқӣ ва Барзу Абдураззоқов. Албатта ӯ намуди Додоҷон, Ҳафиз Бобоёров ва манро дошт. Ба ӯ мардӣ намерасид, ки номҳои моро номбар кунад. Мо сахт ба хӯҷаини ту халал мерасонем! Ӯ кӯшиш менамуд, ки ба худ имиҷи сиёсати тамадунофарро бисозад, пулҳои эрониҳоро ба ҳаво партояд, вале мо ин имиҷи ӯро вайрон мекунем. Ҷойи тааҷуб нест, ки ӯ дар яке аз нишастҳо гуфта буд: «Душмани ман ҳукумат нест, душмани ман Додоҷон Атовулло аст!»
Хӯронандаи ту дар кадом зина қарор дорад, агар ӯ ту ва Равшанро зиёӣ шуморад ва инчунин озодандешон! Шумо ҳарду ба луқма ва фармоиш фикри худро баён мекунед! Танҳо як мисоли оддӣ Муҳиддин босмачиёнро қаҳрамонони миллат эълон намуд ва ту дафъатан инро идора мекарди: «Аҷдодони мо босмачӣ буданд!» Агар Муҳиддин ҷанговаронро қаҳрамонҳо барои таъсиси ҳукумати шӯравӣ дар Тоҷикистон эълон мекард, то аҷдодони ту фармондеҳони Салиби Сурх мешуданд. Ва то бо фахр мегуфти, ки чӣ тавр онҳо бар зидди душманони ҳукумати шӯравӣ ҷангидаанд.
Ту ба хотири як бурда нон бо дурӯғгӯён якфикр мешавӣ, бидуни чуну чаро ба онҳо итоат мекунӣ, аммо бо ин ҳама натавонистӣ дуруст калимаҳоеро ки аз забони мусалмон 24 соат садо медиҳад-Аллоҳу Акбар, Бисмиллоҳу раҳмону раҳим-ро ба дурустӣ бигуӣ. Ту мояи истеҳзо шудӣ, вақте ки аз забони ту ин калимаҳо ингуна садо доданд: - ОЛОҲ АКБАР, БИСМИЛЛАҲ РАҲМАН РАҲИМ. Ту худ медонӣ маънии ин калимаҳоро? Боварам намеояд.
26 сол аз замони пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ сипарӣ гашт, ту бошӣ худро чун шахси ватандӯст тарғиб намуда, ҳанӯз ҳам забони тоҷикиро аз худ накардаӣ. Ин аст чеҳраи озодфикриву озодхоҳии ту!
Акнун дар бораи Барзу Абдураззоқов. Ду Барзу ҳаст. Якумӣ ҳунарманди болаёқати коргардони театр, ки таҳсили олиеро дар Маскав аз худ кардааву маҳбуби тамоми тамошобини собиқ Шӯравӣ гардидааст. Барзуи дувум –бехирад! Барои оне ки беақлона ба сиёсате ҳамроҳ мешавад, ки чизеро дарк намекунад! Барзуи бехирад андеша намекунад, ки Кабири ӯро исми ӯро барои мавқеъсозии худ истифода менамояд.
Ҳанӯз чанд сол қабл, вақте ки Ҳизби исломии Тоҷикистон озодхоҳ буд, Кабири мулоқоти Барзӯро бо ҳамҳизбон доир карда буд. Ва Барзӯ ба онҳо дар бораи театр, осори Садриддин Айнӣ нақлҳо кард. Замоне ки тариқи интернет видеои ин вохӯриро тамошо намудам, хостам садо баланд кунам: «Барзу! Пурс аз ин мутаасибони ришдор, дар кадом суроғаи шаҳри Душанбе Театри академии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ҷойгир аст? Ва оё маънии калимаи театрро сарфаҳм мераванд!?» Дар ин вохӯрӣ Барзуи болаёқат бехирадии хешро нишон дод.
Барзуи якум ҳусни таваҷҷуҳ ва эҳтиромро дар кас меорад, Дувумӣ бошад ҳисси нафратро! Дар хотима кардани ҷавобияи худ ба шарҳи ту ба андешае омадам, ки ман беихтиёрона акси нокасро тасвир намудам. Ту ҳастӣ ин нокас! Ва ту шарм надошта, дар шарҳи худ аз худ нафари парҳезкорро нишон дода, ба ман мантиқ меомӯзӣ?
Ҳар як тоҷики солимфикр, ки ояндаи Тоҷикистон барояш бегона нест, ҳайратзада мешавад, аз оппозитсияе, ки нокасонеро мисли ту дар атрофии Кабирӣ мебиинад!
P.S. Темур! Таърихи оне ки ту чигуна мақоми шоири муҳоҷиршударо гирифтӣ дар тарҷумаи ҳоли ту аҷиб аст. Аммо дар ин бора замони дигаре сухан хоҳам кард. Интизор шав!
Мирзораҳматов Саломиддин
Еженедельно на сайте федерального российского ИА REGNUM публикуется подборка новостей из стран СНГ. Дело, казалось бы, хорошее – предоставлять читателям свежую информацию из интересующих их регионов. Плохо и недопустимо то, что в погоне за сенсацией, эти материалы злоупотребляют тенденциозностью, необъективностью, враждебностью и однобокостью. По крайней мере, в отношении событий, происходящих в Республике Таджикистан. Причём, из произошедших событий редакторы ИА REGNUM статьи или интервью выбирают и выставляют на сайте, руководствуясь не здравым смыслом и корректностью, а с учётом конъюнктуры, политического и социального заказа, выдёргивая их из общего контекста. Что вредит, например, российско-таджикским отношениям, традиционно являющимся дружественными и партнёрско-стратегическими.
Так, 27 мая с.г. на сайте ИА REGNUM опубликована статья Евгении Ким. Действительно, бунт в колонии усиленного режима № 2/3 в Вахдатском районе, где содержатся заключённые, отбывающие уголовное наказание за тяжкие и особо тяжкие преступления, в том числе за терроризм, дал необоснованный повод отдельным журналистам публиковать провокационные материалы. Следствие по данному инциденту продолжается. Как положено, в результате тщательно расследования будет дан окончательный ответ, кто является организатором жестоких убийств и неповиновения. Однако отдельные, так называемые эксперты, в числе которых Е.Ким, не дождавшись итогов следствия, спешат делать субъективные выводы, в погоне за первенством и сенсацией, притягивая за уши надуманные факты. Причём, названная автор не является профессиональным политологом. Она – клинический психолог, т.е. почти что психиатр. Но в данной ситуации её услуги врача никому не нужны, так как в Таджикистане всё произошедшее оценивается с правовой точки зрения – законно, объективно и адекватно. А вот Е.Ким полезно следовать заповеди «врач, исцелись сам! (Medice, cura te ipsum). Так как практически всё, о чём она рассуждает - надуманно, тенденциозно, смахивает на бред сумасшедшего.
Например, бунт в колонии, когда жестоко, варварским, зверским способом убиты более 30 человек, Е.Ким цинично называет «мини-искусственным». С какого числа погибших для неё начинается макси-убийство? Это, когда по вине таких же террористов из ТЭО ПИВ в гражданской войне 90-х гг. в Таджикистане погибли более 150 тысяч людей? Е.Ким сопоставила трагическое происшествие с версией «аналитика из Таджикистана на условиях анонимности», считающего, что бунт связан с предстоящими президентскими выборами и прошедшим визитом главы РТ в Москву. И в этом, основная ошибка Е.Ким, которая прислушивается и ссылается на мнения недостоверных анонимных источников.
Дальше – больше. Е.Ким пишет, что за последние десятилетия таджикские власти стали злоупотреблять своей монополией на насилие. Монополия на насилие! Видимо, под этим ею имеется в виду та борьба, которую правоохранительные органы РТ нещадно ведут с любыми проявлениями терроризма и экстремизма. Как бы грозно это не звучало, но в современных условиях остаётся актуальной древняя установка «око за око, зуб за зуб». Это происходит по вине всё тех же преступников из ТЭО ПИВ, помимо прочего, организовавших теракт в отношении иностранных велотуристов летом прошлого года. Способ убийства был тем же, что в тюрьме – ножом по горлу, отвёрткой по глазам. Способ характерный для религиозных радикалов. Всё это происходило под прикрытием, за ширмой, под маской ИГИЛ. И компетентным органам приходится применять адекватные упреждающие или ответные карательные меры, чтобы террористическая зараза не расползалась дальше. Чтобы другим не повадно было. «Политические оппоненты», как называет главарей ТЭО ПИВ Е.Ким, в это время отсиживаются в Европе, планируя и спонсируя новые диверсии, убийства и терростические акции.
Теперь, насчёт скепсиса «более осведомленной части общества и экспертов». Как раз, жители Таджикистана и здравомыслящие, в отличие от Е.Ким, граждане воспринимают противодействие властей на любые угрозы, вредящие безопасности страны и их собственной, с пониманием, доверием и одобрением. А вот Е.Ким, весьма далёкая от этого географически и ментально, не зная, не осознавая всей серьёзности и опасности, исходящей от ТЭО ПИВ, относится к ней с ошибочной симпатией. Организовавшего бунт 21-летнего сына Г.Халимова, сбежавшего в ИГИЛ, она трогательно называет «этот мальчик». Милый бородатый мальчик, на счету которого жесточайшие убийства. Жалеет его, сокрушаясь, что тот не имеет боевого опыта. Можем Вас, Е.Ким, успокоить. Опыт, у таких как он и его отец – очень богатый. Ещё какой практический опыт! Этим «обычным гражданам», как Вы их называете, убить, что раз плюнуть. Глазом не успеете моргнуть – отрежут голову, выколют глаза, взорвут, подожгут или пальнут из автомата. Как хотите? Выбирайте, чтобы быстро и не больно!
Вы, Е.Ким, называете «официальную версию событий как минимум неполной». По Вашему мнению, власти не договаривают деталей трагедии, не показывают видеоролики с камер наблюдения. Как модно говорить сегодня, Вы, Е.Ким, ни в теме! Потратьте своё свободное от клеветнической писанины время, погуглите, поищите документальные фильмы «Теракт 1996», «Садокати разолатпуш» (Мнимая верность), «Манкурты», «Изменник Абу Усома Нораки – активный член ПИВТ», «Возвращение из ада», «Невидимые корни». Они - как триллеры, ужастики. И тогда, всё в Вашей смурной голове клинического психолога встанет на место. А ещё, почитайте в Интернете материалы о жестоком убийстве членами ТЭО ПИВ ветерана Великой Отечественной Войны, Героя Советского Союза Хайдара Косимова!
Вы сомневаетесь в искренности таджикско-российских отношений, легитимности власти и выборов в Таджикистане! Мягко скажем, это совсем не Ваше дело, Е.Ким. Это – выбор 9-ти миллионного таджикского народа. Действующая власть в Таджикистане создала именно такую атмосферу, которую приветствует этот народ. Существующая атмосфера мира и перспектив его устраивает. И если не полностью – то всеми силами, своим созиданием этот трудолюбивый народ к этому стремится. Вопреки Вашей, Е.Ким, информационной агрессии. Фамилия Ким с корейского языка переводится как «золото». Поэтому, Вы, как никто другой, должны знать, что когда нечего сказать – лучше промолчать. Ибо молчание – золото.
В заключение уместно вспомнить, что ранее, когда в Таджикистане действовало представительство ИА REGNUM, публикуемые здесь материалы отличались большей объективностью, правдивостью, оперативностью и актуальностью. Сегодня, когда в РТ аккредитованные корреспонденты названного агентства не работают, ИА REGNUM пользуется сомнительными информационными услугами недостоверных анонимных источников, позиция которых по отношению к Таджикистану и его руководству - резко негативная. Хотя, все они не настолько глубоко знакомы с ситуацией в республике, поскольку вряд ли когда-либо были здесь, чтобы писать о ней пространные статьи. Но за незначительный гонорар они готовы освещать любые темы в нужном для заказчика ключе.
Провокация и опасность заключается и в том, что «любое использование материалов допускается при наличии гиперссылки на ИА REGNUM», и недостоверные публикации о Таджикистане нещадно тиражируются.
Обидно, что в поисках сенсаций и «жареных» фактов некогда уважаемое ИА REGNUM уподобляется желтой прессе. Ценна та информация, которая добывается опытным путём, а не со слов, слухов и сплетен недоброжелателей. Часто ИА REGNUM, питающемуся чужой недостоверной информацией, приходится выполнять двойную работу: сначала давать дезинформационное сообщение, а затем опровергать его. Не продуктивнее ли было бы сначала проверить, обобщить все аргументы, факты и мнения. Чтобы затем не пришлось лихорадочно извиняться за напечатанное. «Слово не воробей – вылетит, не поймаешь». Ведь подобные опрометчивые материалы вредят авторитету и репутации любых информационных агентств. Но главное – многолетним дружеским таджикско-российским отношениям.
Альфия Баширова, блогер,
представитель молодёжного совета РТ
Статья опубликовано
28.05.2019г . на сайте «Публицист.ру»
БА МИЛЛАТ ҲУШДОР ДОДА ШУД: ДИПЛОМАТИЯИ «АЛ-ҚОИДА» – Бин Лоден мехост Эронро ба ҳайси иттифоқчӣ бинад, омадааст дар маълумоти иктишофии ИМА
Written by Cомона
Намояндагони Усома бин Ладен миёнаҳои солҳои 1990 бо агентҳои иктишофии (разветкаи) Эрон бо кӯшиши таъсиси паймони террори зиддиамрикоӣ миёни Эрон ва шабакаи “Ал-Қоида”-и бин Ладен дар тамос шудаанд, аз рӯи маълумоти хадамоти иктишофии ИМА.
Мулоқот бо роҳбарони ҳайатҳои ҷаласаи Шӯрои роҳбарони мақомоти амният ва хадамоти махсуси давлатҳои иштирокдори ИДМ
Written by Cомона21.05.2019 10:14, шаҳри Душанбе
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми ифтитоҳи ҷаласаи 46-уми Шӯрои роҳбарони мақомоти амниятӣ ва хадамотҳои махсуси давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ намуданд.
More...
АХЛОҚ ТУЗАТИШ МУАССАСАСИДАГИ ТАРТИБСИЗЛИК: унинг ташкилотчилари кимлар ва бу жиноятга нима мақсадда қўл уришди?
Written by Cомона2019 йилнинг 19 май куни соат 21:30да Адлия вазирлигининг Жиноий жазони ижро этиш бош бошқармаси Ваҳдат шаҳридаги 3/2-рақамли ахлоқ тузатиш муассасасида Тожикистон Республикаси Жиноят кодексининг 401-моддаси прим. 1 билан маҳкум этилган маҳбуслар томонидан муассаса тизимини бесаранжомлаштириш ва ундан қочиш мақсадида тартибсизлик уюштирилди.
RIOT IN CORRECTIONAL INSTITUTION: Who and for What Purpose Has Organized It?
Written by CомонаOn May 19, 2019, at 21:30, prisoners convicted under the Article 401 paragraph 1 of the Criminal Code of Tajikistan have organized a riot in the Correctional Institution 3/2 of the Main Directorate for the Execution of Criminal Sentences of the Ministry of Justice located in Vahdat in order to destabilize the situation in the institution and escape.
БЕСПОРЯДКИ В ИСПРАВИТЕЛЬНОМ УЧРЕЖДЕНИИ: Кто и с какой целью их организовал?
Written by Cомона19 мая 2019 года в 21:30 в исправительном учреждении 3/2 Главного управления исполнения уголовных наказаний Министерства юстиции, находящемся в городе Вахдат, заключенными, осужденными по статье 401 прим. 1 Уголовного кодекса Республики Таджикистан, с целью дестабилизации обстановки в учреждении и побега произошли беспорядки.
БЕТАРТИБӢ ДАР МУАССИСАИ ИСЛОҲӢ: Ташкилкунандагони он кистанд ва ба кадом мақсад ба ин ҷиноят даст заданд?
Written by CомонаРӯзи 19 майи соли 2019, соати 21.30 дар муассисаи ислоҳии 3/2 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия воқеъ дар шаҳри Ваҳдат аз тарафи маҳбусоне, ки бо моддаи 401 прим. 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум шуда буданд, бо мақсади номураттаб сохтани низоми муассиса ва фирор аз он бетартибӣ ба амал омад.
Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 