Раёсати илм ва инноватсия

Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ моҳи сентябри соли 2017 таъсис ёфта, мақсади асосии он ташкил ва ба танзим даровардани корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ, ноил шудан ба дастовардҳои нави илмию техникӣ, ҳаллу фасли масъалаҳои гуногуни илмии ба рушду такомули соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар мусоидаткунанда ва ҳамоҳангсозии фаъолияти илмӣ бо таълимӣ дар донишгоҳ ба шумор меравад.

Фаъолияти илмӣ – таҳқиқотӣ дар донишгоҳ аз рӯи нақшаи корие, ки аз ҷониби Шӯрои олимон тасдиқ карда мешавад, амалӣ мегардад.

Фаъолияти раёсати илм ва инноватсия дар асоси сиёсати маорифпарварона ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ”, “Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ”, “Стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи таҳсилоти олии касбӣ, фармоишҳои ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, ойинномаи донишгоҳ, низомномаи раёсати илм ва инноватсия ва нақшаи кории солонаи раёсат ба роҳ монда шудааст.

Вазифаҳои асосии раёсати илм ва инноватсия чунин аст:

 рушду тавсеа бахшидан ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии омӯзгорон, кормандон, докторантон, аспирантон, унвонҷӯён ва донишҷӯён;

– назорат намудан ба корҳои илмию таҳқиқотӣ дар донишгоҳ;

– истифодаи босамари натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ дар раванди таълим барои баланд бардоштани сатҳу сифати дониши мутахассисони оянда;

– омода намудани кадрҳои илмӣ-педагогӣ ва баланд бардоштани малакаву маҳорати касбии ҳайати омӯзгорону кормандон;

– ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ҷалб намудани донишҷӯёни болаёқат;

– рушду инкишоф додани тафаккури эҷодии донишҷӯён дар ҳаллу фасли масъалаҳои амалӣ;

– таҳия ва татбиқи барномаи ҳамкориҳои донишгоҳ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохиливу хориҷии кишвар;

– ташкил ва баргузор намудани олимпиадаҳо, конференсияҳо, семинарҳо ва машвартҳои илмӣ;

– муҳокима ва таҳлилу баррасии натиҷаи корҳои илмию таҳқиқотӣ;

– таъмини назорати иҷрои саривақтии корҳои илмию таҳқиқотӣ;

– ташхиси саривақтии корҳои илмию таҳқиқотии унвонҷӯён, аспирантон ва докторантон.

Аз 1-уми сентябри соли 2023 вазифаи сардори раёсати илм ва инноватсияро номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Султонов Зоиршо Султонович ба ухда дорад.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top