Хабархои сиёси (512)
Dolor pretium adipiscing Nam Curabitur nulla Duis id tellus at et. Dui orci Sed dolor Aenean tincidunt vitae vitae sed mattis sed. Purus Vivamus dapibus lorem Vestibulum dis pellentesque tristique dui Morbi hendrerit. Eu eu eros interdum tempus facilisi orci mollis netus semper massa. Consequat sed pellentesque cursus et vel nunc lacinia quis semper senectus. Felis Donec libero nibh Sed velit a Nulla elit dui porttitor.
Дар солҳои навадуми асри гузашта дар сарзамини мо як гурӯҳ мухолифон пайдо шуданд, ки ба муқобили ҳукумат бархостанд. Бо даъвату шиорҳои дуруғини худ тавонистанд мардумро аз роҳи созандагиву ободкориҳо берун сохта, падарро бо писар, бародарро бо бародар душман созанд ва миллатеро, ки ҳаргиз ба хоки дигаре аз пайи кина лашкар накашидааст, ба оташи ҷанги шаҳрвандӣ бикашанд. Дар он айём хатари нобудшудани генофонди миллати тоҷик ва давлати соҳибистиқлоли Точикистон ва хавфи тақсим шудани замини муқаддасамон ба вуҷуд омад.
Дар ҳамин давра неруҳои солим ва ғамхори миллат ба по бархостанд, то марзубуми Ватани аҷдодиро нигоҳ доранд. Онҳо ҷонибҳои муқобилро ба сари мизи музокирот даъват намуданд. Аввали кӯшишҳо дар соли 1994 сурат гирифтанд. Албатта, ҷидду ҷаҳди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба даст овардани ваҳдат хеле зиёд буд. Бояд гуфт, ки созишномаи ҳалкунандаву тақдирсоз дар шаҳри Маскав бо кӯшиши Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид. Хизмати арзандаву далеронаи ӯро халқ фаромӯш нахоҳад кард.
Вақтҳои охир ба гурӯҳҳои ифротгаро ворид шудани ҷавонон ва занону духтаронин дарди ҷонсӯзи миллату ватан аст. Имрӯзҳо гурӯҳҳои ифротгаро ба ҷавонони мо фарҳанги исломро нодуруст шарҳ дода, онҳоро ба сӯи фанатизм ва эктремизм ҷалб менамоянд. Бояд ҷавонони мо таълимоти дурусти динро пурра дарк намуда, кӯшиш намоянд, ки фирефтаи ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгаро нагарданд.
Нафароне, ки бо шиорҳо ва даъватҳои ғаразноки хеш ҷавононро ба сӯи ифротгароӣ ҷалб менамоянд, дар ҳақиқат шаъну эътибори инсониро паст мекунанд ва одамро бадном месозанд. Танҳо номусулмон метавонад дини исломро барои ғаразҳои нопоки хеш истифода барад. Аз ин рӯ, мо шаҳрвандони ин ватани маҳбуб ҳеҷ гоҳ намехоҳем, ки ваҳдату истиқлолияти кишвари азизамон халалдор гардад.
Мумтоз Назирӣ - сардори Раёсати кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқии
Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон
«Агар хоҳӣ душманро мағлуб намоӣ - фарзандони ўро тарбия намо»
Конфутси
Оре, ҳамин тавр ҳам ҳаст! Муҳимияти ин андеше, ки таърихи сеҳазорсола дорад, имрӯз беш аз пеш таҷассумгари оинаи зиндагӣ гардидааст. Тарбияи ҷавонон омилест басо тақдирсоз баҳри ояндаи халқу миллат. Агар дар ин замина диққати хоса ва чорае мушаххас наандешид, пас мағлубияти миллат ногузир аст. Ҷавонон дар рӯҳияи номуътадилу номуайян, андешаву ақидаҳои бефикрона, идеологияи “озодандешона”-и мамолики Ѓарб ва ҳар гуна чолишҳои аз ақли инсон берун ва ғайраву ва ҳоказо чӣ гуна метавонанд тарбия ёбанд. Вақто ки касе ба онҳо кор нагираду ҳамагон аз бетарафи муҳри хомӯшї бар лаб зада бошанд. Дар ин сурату сирати пуршӯру беқарори ҷавонон ё донишҷӯён кӣ бояд таъсиргузор бошад. Ба фикри мо волидайну хешовандон, омӯзгорону тарбиятгарон, шахсиятҳои маъруфу машҳур, чеҳраҳои шинохтаву ношинохта, ВАО, матбуоту шабакаҳои иҷтимоӣ ва... суолест, ки, моро монда то ба ҳол беҷавоб. Аз беаҳмиятии мо шабакаҳои мухталифи иттилоотии интернетӣ бо оҳанги “ҷудоихоҳӣ” ва ихтилофандозу рафтори аҷнабиёна ба ақли ҷавонон чун вирус ворид шуда, ба роҳу назари дигар ба сӯи қуллаи фатҳношавандаи дурӯғгини худ ҳидоят мекунанд. Аз он ки, фазои холигиеро ҷавонон гӯё доранду ба мутолиа, омӯхтан, таҷрибаандӯзӣ, такмилдиҳии ҷаҳонбинӣ ва диду нигоҳи ояндасоз “вақт намеёбанд”, ба сӯи интернету шабакаҳои иҷтимоӣ медаванд, хуморшиканӣ, мекунанд.
Ҳама бо телефони мобилӣ имрӯз таъмин шудаву мафкураи худро дар истифодаи бемайлони он гипноз сохатаанд, агар сари дастархон ҷамъ оянд мӯҳри хомӯшӣ фарогир хоҳад шуд, зеро бо телефон дар вайберу ютубу имо ва ватсаб ворид шудаву чашм аз сӯи ҳамдигар кандаву фаромӯш сохта эҳтирому муносибати сари дастархонро. Ҳоло дар ҳар лаҳза рушди интернет, воридшавӣ ба он, дар ҳар як хонавода корест басо осон ва моро водор месозад, ки барои пешгирӣ кардани истифодаи мунтазами он чораҳои зарурӣ андешида шаванд. Рушди бемайлони интернет дар самти шабакаҳои иҷтимоӣ, дастрасии бемаҳдуд ба онҳо, васвасаи истифода бурдани онҳо барои мақсадҳои некхоҳона ва ҳатто баъзан бо мақсади ҷинояткорӣ, диққати махсусро талаб менамояд. Ин таъсироти иттилоотӣ ва равонӣ бештар ба насли наврас ва ҷавонон дахл дорад, зеро ки онҳо то ҳанӯз бо сабабҳои объективона ва андешаҳои мустақилонаашон “мошро аз гандум” фарқ карда наметавонанд.
Чӣ тавре ки мебинем, ҳамарӯза шабакаҳои иҷтимоӣ фаъоланд, аз ҷумла ҳамаи навъҳои мағзшӯї ва тазоҳуротҳои ташкилотҳои террористӣ, экстремистӣ ва гурӯҳиро истифода мебаранд. Дар айни замон, синну соли истифодабарандаи Интернет ба таври назаррас коҳиш ёфтааст, ки баъзан кӯдаки 5 сола аз компютер ва дастгоҳҳои мобилӣ истифода мебарад, ки калонсолонро дар ҳайрат мегузорад. Сабаби асосии он - рушди босуръати технология ва ҳамгироии он ба ҳаёти ҳаррӯзаи одамон аст. Вақто, ки ҷавонон фирефтаи шабакаҳои иҷтимоӣ гардида, аз иттилооти фитнаангези ҷудоихоҳ ва ваъдаҳои осмонбӯси ифротгароён бовар ё гӯшу ҳуши хешро медиҳанд, пас дар раванди ҷаҳонишавии қишрҳои ҷамъият ва олами мураккабу номуайян нисбати ояндаи худ, ба даққиқае фикр кардан фурсате пайдо карда метавонанд ё на. Насли имрӯза ондаи худро чи тавр метавонад хайёлпарастона ободу зебо созад. Ҳақ ба ҷониби Пешвои муаззами миллат, ки дар Паёми имсолаи ироанамудаашон баҳри таъмини ояндаи дурахшони кишвари маҳбуб зикр намудаанд: - “Мо ҳар амали некеро, ки ба шукронаи истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ анҷом медиҳем, барои худамон, фарзандонамон, наслҳои ояндаамон, Ватани азизу маҳбубамон – Тоҷикистон мекунем, зеро ин Ватан ва ин давлат аз худи мост ва онро ба ҷойи мову шумо каси дигар обод намекунад.”Воқеан, ҳама пиру ҷавон ва ҳатто кӯдакон бе телефону шабакаҳои иҷтимоӣ ҳаёту мамоти хешро тасаввур карда наметавонанд. Агар мо, ба насли калонсол назар кунем, бо боварӣ гуфта метавонем, ки аксарияти онҳо ҳамаи хатогиҳо ва оқибатҳои кор бо Интернетро мефаҳманд. Дар бораи кӯдакон ва ҷавонон чӣ гуфтан мумкин аст? Оё онҳо аз таҳдидҳое, ки сари ҳар як қадам онҳоро инзор аст огаҳӣ доранд ё на? Бояд иқрор шуд, комилан не! Онҳо наметавонанд "эҳсос намоянд" барномаҳои зиштро, аз он ҷумла: ба вебсайти хатарнок табдил диҳанд; боркунии файлҳо аз захираҳои мубодилаи файл; боркунии маводи пиратӣ (мусиқӣ, видео); насби " озод ё ройгон", ки дар натиҷа рекламаи номатлуб пайдо мешавад; кӯдак метавонад ферефтаи маълумоти шахсӣ (шахс ё падару модараш) гардад. Ин амалҳо оқибатҳои зеринро метавонанд ҳусни оғоз бахшанд:· Дар натиҷа таҳдиду фишорҳои гуногун, таҳқиру иғвоангези дар шабакаи интернет пайдо мешавад.· Робитаҳои маънгардида. Ин маълумот дар бораи маводи мухаддир, худкушӣ, зиёнрасонӣ ва порнографияҳои ҷинсӣ мебошад. Маълумот дар бораи таҳдидҳои номбаршуда тавассути сайтҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва рекламавӣ паҳн карда мешаванд;
- Бештар чунин ҳодисаҳо аксаран тавассути ҳуҷраҳои сӯҳбатҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ, бозиҳои компютерии онлайнӣ ва дигар захираҳое, ки ба истифодабаранда фурсати алоқа карданро медиҳад.
· Побанди интернет шудан. Ин вобастагӣ воқеан табобатношаванда барои кудакон мебошад. Дар ин ҳолат, мутахассисон фақат муҳаббати волидайн ва диққатро ба сӯи кудакон тавсия медиҳанд.· Ҳалли мушкилот имконпазир аст. Пас, чӣ гуна ҳалли имконпазир вуҷуд дорад? Маън кардани кўдакон то як давраи муайяни синну сол имконпазир аст, ҳатто барои баъзе кӯдакон вуҷуд надорад, яъне онҳо дигар ҳастии худро бе компютер ё телефони мобилии пайваст бо интернет тасаввур карда наметавонанд.
Биёед каме андеша намоем, ки аз бепарвогиву беаҳмиятӣ ва истифодаи ҳамешагии шабакаҳои иҷтимоӣ, ба ваъдаҳои фиребиназар дода шуда, мувофиқи маълумотҳои расмӣ солҳои охир зиёда аз 1400 шаҳрванди Тоҷикистон ба гурўҳҳои экстремистӣ бо номи ДИИШ ворид гаштаанд. Ҳатто бархе аз ҷавонон бо оилаҳои худ ба шаҳрҳои Сурияву Ироқ куч бастанд. Аксари ҷавонон ҳангоми муҳоҷир шудан дар Федератсияи Россия бо ҳар гуна роҳу восита “мағзшӯӣ гардида” ба ин гурӯҳҳо ҳамроҳ шудаанд. Волидайну хонаводаҳои онҳо аз ин қисмати тунду талхи хеш хун мегирянд, вале ҳама дар фикр онанд, ки “худ кардаро даво нест”. Оқибати гаравидану ферефтаи назару ақл гардидани ҷавонон, оилаҳо низ сарсону саргардонанд, худ қазоват намоед, зиёда аз 15-зани тоҷик ва фарзандони онҳо як сол аст, ки дар Сурия бозгашт ба ватанро чашминтизоранд. Ба ин маълумот эътибор диҳед, шаҳрванди 24- солаи Исфара Шабнам Ҳалимҷонова бо фарзанди хурдсолаш қариб таи як сол мешавад дар хаймаҳои вайрона дар шаҳри Эл – Маликия зиндагӣ дорад. Маълум мешавад, ки шавҳари Шабнам соли 2014 ӯро бо роҳи фиреб ба Сурия овардааст. Шавҳари Шабнам яке аз сарбозони ДИИШ будааст ва ду сол пеш кушта шудааст. Ана фарзандони ояндасози миллат. Ин гуна мисолҳо хеле ва хело зиёданд.
Бояд такия намуд бар андешаҳои пурмӯҳтавои Паёми Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон, то ҷавонон дар партави сиёсати хирадмандонаву дурандешона ояндаи хешро ба суи қуллаҳои муроди орзӯҳо собитқадамона тай намоянд. Бо суханони Пешвои маҳбуб “ ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонони мо ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад” бо ақли солим амал карда, бо дилу нияти пок баҳри ободии Ватани маҳбуб илҳому қудратеро бояд физуд, то воқеан ҷонфидои ин сарзамин бошем.
Ба ин андешаҳои ҷолиб таваҷҷӯҳ фармоед “то ба 35 солагӣ расидан ҳар як соли илова омӯхтан ба ним сол давомнокии умри инсон изофа мегардад”. Таҷриба нишон медиҳад, ки онҳое, ки маълумоти миёна доранд нисбати ба дорандагони маълумоти олӣ 54% давомнокии умрашон кам аст. То расидан ба синни 25 одамоне, ки маълумоти олии нопурра доранд, нисбат ба онҳое ки маълумоти миёна доранд давомнокии умрашон 7 сол зиёдтар аст. Бояд тазаккур дод, ки сабаби зиёдшавии давомнокии умри инсон дар он ифода ёфтааст, ки соҳибмаълумотнокии инсон ба таъмини бехатарии ӯ замина эҷод менамояд. Бинобар ин, ҷавонони соҳибмаълумот ва соҳибкасб, ки бо бехатарии иттилотию психологӣ таъминанд, бе шубҳа ба ҳар гуна амалҳову иқдомҳои ҷудоихоҳ, фитннасозу кинапарвар ва ҳизбу ҳаракатҳои ифтротгаро заррае диққат нахоҳанд дод ва бо шукр аз Ватани ободу озод баҳри ояндаи дурахшони халқи соҳибмаърифату тамаддунсоз бо азму иродаи қавӣ дар таъмини рушди босуботи Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзандаи хешро хоҳанд гузошт.
Муаллим сарвару саркори инсон,
Муаллим номбардори азизон.
Ба даҳҳри беҳудуду оламу даҳр,
Муаллим ҷамъи ахбори парешон.
Дар асоси мисраъҳои шеърӣ мо омӯзгоронро зарур аст, ки пайваста таълиму тарбияи наврасону ҷавононро ба роҳ монда баҳри соҳибмаълумоту боистеъдод шудани онҳо ғамхорӣ зоҳир намуда моҳияти воқеањои сиёсиро фаҳмонем ва аз дастовардҳои истиқлолият ёдовар шавем.
Иҷлосияи XVI – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 26 сол қабл дар қасри Арбоби Хуҷанди бостонӣ баргузор гардида буд, рӯйдоди муҳими таърихӣ мебошад, ки дар тақдири давлатдории миллии тоҷикон ва таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол як марҳалаи сифатан навро бунёд гузошта, хатари ҳамчун давлати мустақил барҳам хӯрдани Тоҷикистон ва ҳамчун миллат аз миён рафтани тоҷикони куҳанбунёдро пешгирӣ кард.
Ба ёд овардани ин санаи таърихӣ, ки, воқеан, марҳалаи аз вартаи ҳалокатбори ҷанги шаҳрвандӣ тадриҷан ба остонаи сулҳу ваҳдат, ризоияти миллӣ ва созандагию бунёдкорӣ расидани миллати мо гардид, қарзи инсонии ҳар як шахси солимфикри ҷомеа мебошад.
Дар ин ҳангом чандин вакилони халқ ва аъзои ҳукумат аз тарафи гурӯҳҳои силоҳбадаст гаравгон гирифта шуданд. Президент истеъфо дод.
Даврае буд, ки ба ояндаи нек касе умед надошт. Дар кишвар замони бенизомиву бесарусомонӣ ҳукмрон буд.
Маҳз аз ҳамии сабабҳо иҷлосия дар шаҳри Душанбе баргузор карда нашуд. Ба ғайр аз ин, дар байни вакилон ҳам ягонагӣ ва ҳам дигарфаҳмӣ набуд. Бо вуҷуди ин, халқ ба Иҷлосияи XVI – ум, ба вакилони худ чашми умед дӯхта буд, бори дигар ба онҳо боварӣ намуда, то онҳо вазъияти баамаломадаро танҳо бо роҳи қонунӣ ба эътидол биоваранд.
Иҷлосияи XVI – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйдоди воқеан таърихӣ мебошад, зеро маҳз дар ҳамин Иҷлосия тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон тарҳрезӣ гардид ва ба сӯи ҳадафҳои бузурги умумимиллӣ – сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ қадами нахустин гузошта шуд.
Иҷлосия ғайр аз ин, ки дар як давраи беҳокимиятӣ ва бесарусомонӣ роҳбарияти нави мамлакатро интихоб намуд ва хатари пош хӯрдани давлати тоҷикон ва шикасти миллати куҳанбунёди тоҷикро аз байн бардошт, рамзҳои давлати соҳибистиқлоли тоҷикон – Парчам ва Нишони давлатиро тасдиқ ва қабул намуд, ки ин эҳсоси ватандӯстӣ ва ифтихори миллии ҳар як фарди бонангу номусро меафзуд.
Яъне, солҳои 90 – уми асри гузашта солҳое буданд, ки дар хотири ҳар як фарди тоҷик ҳамеша мемонад. Ҳамаи мо огоҳ ҳастем, ки он рӯзҳои фоҷиабор халқи моро ба чӣ оварда расонид: иқтисодиёти кишвар хароб гардид, чӣ қадар одамон ҷонашонро аз даст додаанд ва чӣ қадар кӯдакон ятиму занон бесаробон монданд, чӣ қадар хонаҳо вайрону валангор гаштанд, мактабҳо сӯхтанд, кӯпрукҳо тарконда шуданд...
Дар он марҳалаи барои миллат ва мамлакат ҳассос дар назди сарварони он вазифаҳое меистоданд, ки қатъи ҷангу хунрезӣ, баргардонидани гурезаҳо ва сарҷамъ кардани миллат, аз байн бурдани ҳисси нобоварии одамони маҳалҳои гуногуни кишвар нисбат ба якдигар, барқарории фаъолияти шохаҳои ҳокимият ва таъмини қонуният, яъне тақдири ояндаи наздиктарини Ватан аз иҷрои бетаъхири онҳо вобаста буд. Бо ин мақсад тадбирҳое андешида шуданд, ки хулосаи онҳо чунин аст:
Аввалан, вобаста ба марҳалаи ҳассоси сиёсӣ ва вазъияти баамаломада фаъолияти институти Президентӣ боздошта шуд ва салоҳиятҳои президенти мамлакат муваққатан дар байни раисони Шӯрои Олӣ, Шӯрои вазирон ва Раёсати Шӯрои Олӣ тақсим карда шуд. шуданд. Роҳбарии Шӯрои Олӣ ва Раёсати он ба зиммаи Раиси Шӯрои Олӣ гузошта шуд ва Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати мақоми Олии Иҷроия ва амрдиҳанда асосан барои ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ масъул гардид.
Дуюм, масъалаи ҷиддие, ки ҳамчун он рӯзҳо бояд бетаъхир ҳаллу фасл карда мешуд, барқарор намудани ҳамаи шохаҳои ҳокимият дар тамоми манотиқи мамлакат буд. Зеро чуноне ки зикр намудем, фаъолияти сохторҳои ҳокимияти давлатӣ дар аксари шаҳру ноҳияҳо ва ҳатто вилоятҳо қариб аз байн рафта, идораи корҳо ва умуман тақдири мардумро шахсон ва гурӯҳҳои силоҳдор ба даст гирифта буданд.
Сеюм масъалаи муҳимтарин таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ ва ба шароити нав мутобиқ намудани он буд.
Чорум масъалае, ки ҳалли бетаъхирро тақозо мекард, таъсис додани Артиши миллӣ ва қувваҳои сарҳадӣ ба хотири пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон, таъмини амнияти давлатӣ ва пуштибонии дастовардҳои истиқлолият буд.
Пӯшида нест, ки яке аз сабабҳои ҷиддии cap задани ҷанги шаҳрвандӣ ва вусъат ёфтани он вуҷуд надоштани Артиши миллӣ буд. Ҳол он ки Артиш яке аз рукнҳои асосї ва пойдевори ҳастии давлати соҳибистиқлол мебошад.
Вале то интиҳои соли 1992 дар Тоҷикистони тозаистиқлол Артиши миллӣ мухолиф амал мекарданд, ки низоми ягонаи тобеият надоштанд. Ҳатто дар он шабу рӯзҳое, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ кори худро идома медод, дар мамлакат зиёда аз 13 ситоди гурӯҳҳои мусаллаҳ ҳукм меронданд, ки аксари онњо ба касе итоат намекарданд.
Панҷум масъалае, ки бояд мавриди омӯзиши ҷиддӣ ва ҳаллу фасл қарор мегирифт, пешомадҳои рушди иқтисодиро муайян намуда, халқро ба ояндаи неки кишвар умедвор сохтан буд. Аз ин лиҳоз, ягона роњи раҳидан аз мушкилоти иқтисодӣ боздоштани пастравии истеҳсолот, рӯ овардан ба низоми иқтисоди бозорӣ буд.
Иҷлосияи XVI – уми Шӯрои Олӣ бо тақозои таърих на танҳо тифли дар гаҳвора будаи истиқлолиятро наҷот дод, балки тақдири ояндаи ӯро муайян сохт ва Тоҷикистони тозаистиқлолро ба сӯи ҷомеаи мутамаддин ва арзишњои волои башарӣ ҳидоят намуд.
Хуллас, чандон осон набошад ҳам, дар асоси мисраъҳои шеърии овардашуда, таълиму тарбияи ҳамаҷонибаи наврасону ҷавонони даврони истиқлолият, аз олами маънӣ бохабар намудани онҳо, олиму донишманд сохтани онҳо, мақсади мо омӯзгорон аст.
Расад ҷон бар лаби бечора устод,
Чу ҳарферо ба шогирде диҳад ёд.
Ҷӯраев Шавкатҷон Ҷумъақулович,
мудири кафедраи молия ва қарзи
Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон
Ҳамарӯза тариқи расонаҳои хабарии ҷаҳони муосир, ва шабакањои иҷтимоӣ мо хабарҳоеро мешунавем ё ки ба воситаи синамо ҳодисаҳоеро мебинем, ки дар ин ва ё он гӯшаи дунё террористон ва ифротгароён, ки аксарияти онҳо ҷавонони гумроҳу бехирад мебошанд, амалҳои террористии нангинеро ба анҷом мерасонанд, ки дар натиҷаи онҳо одамон: пирон, ҷавонон, занону духтарон ва тифлакони бегуноҳ қурбон мешаванд.
Ростӣ, қалби Зан – Модар реш-реш мешавад аз дидани ин наворҳо ё амалҳои нопоконаю кирдорҳои ноҷавонмардонаи гурӯҳҳои террористии ба ном: ҲНИТ, “Давлати исломӣ” (ДИИШ), “Толибон”, “Боко– Ҳарам”, “Ал –қоида”, “Ҳизб – ут –таҳрир”, ки љавононро гумроњ карда ба доми шайтонсифати худ меафтонанд. Дили ягон Модар қудрати шунидани доғи фарзандро надорад. Оё боре азоби он модароне, ки нохалафон фарзандонашро гумроҳ месозанд медониста бошанд? Ба қавли худашон донандагони дини Ислом. На ҳаргиз! Аминам, ки дуои модарон дар хаккашон мустаҷоб мегарданд ва рузе мерасад, ки подоши ҳама гуноҳҳои кардаашонро мебинанду пушаймон мешаванд вале суде надорад. Баъзан ҳамчун як модари тољик ба фикр фурӯъ меравам ва андеша мекунам, ки ин қабил номардон ба амсоли Муҳиддин Кабирӣ ва дигар ҳаммаслаконаш фикр намекарда бошанд, ки имрӯз дар назди тамом мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамчун хоини Миллат, ҳамчун гумроҳкунандаи ҳазорҳо ҷавонони бегуноҳ шинохта шудаанд, дар назди фарзандони худ чи гуфта худро сафед мекарда бошанд? Ҳар як ҷавони солимақл, ки дар зери осмони софу беғубори ин сарзамини биҳиштосо зиндагӣ мекунад аз ин ғаразҳои нопоконаи ин номардон сари андеша меояд ва ҳеҷ гоҳ ба тори анкабуди ин хоинони Ватан ҳамроҳ намешавад, зеро имрӯз бо чашму хеш дида истодаанд, ки ғарази онҳо танҳо гумроҳ кардани онҳо мебошад. Зеро имрӯз чӣ мақсад доштани онҳо дар тамоми ҷаҳон маълум шуда, ҳамчун хоинони Миллати тоҷик шинохта шудаанд ва таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сабаби ба терроризму ифротгароӣ гаравида шудани ҷавонон ин дониши нокифояи илмӣ ва динӣ доштани онҳо, инчунин шароити пасти сатҳи зиндагӣ доштани онҳо ва тарбияи дурустӣ оилавӣ, мактабӣ ва донишкадавию донишгоҳӣ нагирифтани онҳо мебошад. Таҷриба исбот намудааст, ки ҷавонони бехиради ноогоҳ зери таъсири хурофотпарастон монда, зуд ва ба осонӣ ба фикру ақидаҳои равияҳои гуногуни диние, ки саркардагони онҳо мақсади ба вазифаҳои баланди ҳукмфармоӣ соҳиб шудан мебошад, бовар намуда, зери таъсири онҳо мемонанд ва ба иҷрои мақсадҳои нопоки онҳо камар мебанданд. Аз ин рӯ, ҷавонони кишварро зарур аст, худогоҳ, хештаншинос, ватандӯст бошанду зиракии сиёсиро аз даст надода, махсусан, ҳангоми истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳеҷ гоҳ фирефтаи ақидаҳои нопоки террористон ва ифротгароён нашуда, барои њимояи Ватани хеш ҳамеша омода бошанд.
Мо низ аҳли зиёи кишварро зарур аст, ки ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ хештаншиносӣ, худогоҳӣ ва илму фарҳангомӯзӣ тарбия намуда, нафрати онҳоро бар зидди ифротгароию терроризм бедор намоем ва нагузорем, ки ба ақидаҳои нопоки ин разилон бовар намоянд.
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такя ба насли ҷавон дорад ва ҳамеша таъкид менамояд, ки ояндаи ин марзу бум аз ҷавонони саодатманди даврони Истиқлол вобастагӣ дорад.
Маҳсудинова Р.Ғ.
котиби Шӯрои олимони донишгоҳ
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати фарҳангпарваронаву хидматҳои мондагори Президенти кишвар, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ба вуҷуд овардани заминаҳои устувори рушди соҳаҳои сиёсию иқтисодии кишвар дар рушду густариши бесобиқаи фарҳангу маънавият ва, махсусан, масъалаи худшиносию худогоҳи миллати бостонии тоҷик бениҳоят бузург ва муассир аст.
Дар даврони равандҳои босуръати глобалӣ, муноқишаю зиддиятҳои гуногуни сиёсию иқтисодии давлатҳои абарқудрат, таҳдиду чолишҳо ва ҷангу хунрезиҳои дорои равиши динию мазҳабии ниҳоду ҷунбишҳои ифротгарою террористӣ, раванду омилҳои манфии гумроҳкунию мағзшӯии ҷавонон ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ масоили ҳувияти миллӣ, нангу номуси ватандорӣ, бедории маънавӣ, зиракии сиёсӣ ва худшиносию худогоҳии миллати тоҷик ва, бавежа, ҷавонони ин миллат аҳамияти бисёр ҳам бузургеро касб менамояд.
Роҳбари олии кишвар ба ҳайси мубаллиғи фарҳангу забон ва арзишҳои муқаддаси миллӣ, пайваста дар мулоқоту суханрониҳои худ бо қишрҳои гуногуни ҷомеа оид ба тавсеаю тақвияти худшиносию худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ, бедории маънавию зиракии сиёсии ҷавонони тоҷик изҳори андеша менамояд.
26 – уми декабри соли 2018 Президенти кишвар дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикстон оид ба масъалаи худшиносию худогоҳии ҷавонон сухан ронда, аз ҷумла, таъкид намуд: “Ҳисси баланди миллӣ, худшиносию худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонони мо ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол” мебошад.
Дар ин ҷо ҳисси баланди миллӣ, худшиносию худогоҳии ҷавонони тоҷик дар баробари ватандӯстиву садоқат ба Ватан рукни муҳими инкишофи маънавию ахлоқӣ ва зеҳнии ҷавонон дониста шудааст, ки ин дар навбати худ омили зарурии амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти муназзами давлат ва ободию шукуфонии имрӯзу фардои кишвари муқаддаси мо – Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳсуб меёбад.
Дар замони муосир ҷавонони тоҷик дар баробари мардуми кишвар бояд беш аз пеш ба фарҳангу маънавияти миллӣ рӯ оваранд, то онҳо аз гумроҳию нодонӣ, фирефта шудан ва гаравидан ба ниҳоду созмонҳои терррористиву ифротгароӣ эмин бимонанд.
Ҳамчунин, Сарвари давлат дар Паём ҷавонони кишварро ба зиракию ҳушёрии сиёсӣ даъват менамояд ва бисёр ҳам огоҳона онҳоро ҳушдор медиҳад. “Дар шароити ҷаҳони пурҳаводиси муосир бисёр муҳим аст, ки ҷавонони мо мисли солҳои 90 – уми асри гузашта фирефтаи таблиғоти нерӯҳои ифротгарои динӣ ва бадхоҳони миллати тоҷик нагарданд, ҳамеша зираку ҳушёр ва барои ҳимояи манфиатҳои халқи тоҷик ва давлати тољикон омода бошанд”.
Барои рушду тавсеаи андешаи миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии ҷавонон, боло бурдани фарҳангу маънавияти онҳо нақши аҳли ҷомеаи мутамаддини имрӯзаи тоҷик, ниҳодҳои марбута ва бавежа, зиёиёну омӯзгорон бузург аст ва онҳо бояд ин рисолаи муҳими бар дӯш доштаи худро бо камоли ихлос, меҳру муҳаббат ва донишу маҳорат ба иҷро бирасонанд.
Омӯзгору зиёии асил дар замони муосир бояд масъулияту вазифаи худро дар омӯзишу парвариши насли ояндасози кишвар комилан дарк намояд ва ҳамвора саъю кӯшиш кунад, ки ҷавонони имрӯза дар ҷодаи худшиносию худогоҳӣ ба арзишҳои муқаддаси миллию динӣ, Модар, Меҳан, Президент ва Истиқлолият, ки ҷавҳари ҳастӣ ва бунёдии миллату давлати мост, арҷ гузоранд.
Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷкистон дар самти боло бурдани фарҳангу маънавият ва худшиносию худогоҳии ҷавонон, беҳтар намудани сифати таълиму тарбия аз ҷониби Раёсати донишгоҳ ва намояндагони сохторҳои марбута амалҳои зиёди муассир роҳандозӣ карда мешавад.
Масалан, ҳамоишҳои зиёди илмию фарҳангӣ, сабқатҳои варзишӣ ва озмунҳои гуногун аз қабили “Донишҷӯи беҳтарин”, “Забондони беҳтарин”, “Чакомаи гесӯ”, “Тоҷикистон – кишвари афсонавӣ” ва монанди инҳоро метавон номбар намуд. Ҳамчунин, донишҷӯёни донишгоҳ дар озмуну ҳамоишҳои гуногуни сатҳи шаҳрию ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок менамояд ва ҳар сол бо нишон додани донишу маърифат ва маҳорату қобилияти баланд ҷойҳои ифтихориро сазовор мегарданд.
Дар донишгоҳ гурӯҳҳое мавҷуданд, ки таълиму тадрис дар онҳо ба забони англисӣ сурат мегирад, то донишҷӯёни тоҷик имконият дошта бошанд, ба хориҷи дур нарафта, дар ҳамин ҷо ба ин забон дониши мукаммал гиранд ва дар оянда ҳамчун мутахассисони арзанда ба халқи Ватан хидмат намоянд.
Дар замони муосир тарбияи насли худшиносу худогоҳ, ватандӯсту ватанпараст ва дорои фарҳангу маънавияти баланд яке аз масъалањои муҳиму асосӣ ба шумор меравад, зеро танҳо насли бо донишу соҳибкасб ва меҳандӯсту худогоҳ ин марзу буми аҷдодиро обод карда метавонад.
Имрӯз ҷавонони тоҷик бо камоли масъулият дар ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёти осоиштаи кишвар самаранок кору фаъолият менамоянд ва дар рушду шукуфоии кишвари маҳбубамон саҳми шоиста мегузоранд. Онҳо сиёсати созанда ва муваффақонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро комилан ҷонибдорӣ менамоянд ва шукру сипоси афзун аз он доранд, ки дар кишвари ободу озод – Тоҷикистони соҳибистиқлол кору зиндагӣ мекунанд.
Коллективи омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни ДДТТ аз сиёсати созандаву муваффақонаи роҳбарияти олии кишвар дар масоили рушди муназзами иқтисодиёту иҷтимоиёт ва фарҳангу маорифи мамлакат комилан ҷонибдорӣ менамоянд ва амалҳои иғвогаронаву дасисабозии душманону мухолифини Ватанро, ки берун аз кишвар дар хидмати хоҷагони манфиатҷӯи худ қарор доранд ва бо дастгирию кумаки молиявии онњо нисбат ба давлату миллати тољик туњмату буҳтон ва бадгӯӣ мекунанд, қотеъона мањкум менамоянд.
Мухолифону хоинони давлату миллати тоҷик бо роҳу воситаҳои гуногун, аз ҷумла, бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ пайваста кӯшиш менамоянд, ки аз ҳар як рӯйдоди кишвар ба манфиати ғаразноки худ суистифода кунанд.
Масалан, чанде пеш яке аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳуқуқшиноси шинохта Файзинисо Воҳидова бар асари беморӣ аз олам даргузашт ва дар вафот ёфтани он кас мухолифин ниҳодҳои қудратиро гунаҳкор мекунанд. Шавҳари марҳум-Ѓайратҷон Ҳакимов иддаои мухолифини ҳукуматро дар мавриди гӯё заҳролуд гардонидани ӯ аз ҷониби намояндагони ниҳодҳои қудрати кишвар пурра рад намуда, аз онҳо даъват ба амал овард, ки аз даргузашти ҳамсараш барои манфиатҳои муғризонаи худ суистифода накунанд.
Имрӯз рафтору гуфтори беинсофонаву ноодилонаи мухолифону ватанфурӯшон нисбат ба миллати фарҳангсолори тоҷик ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон чеҳраи аслию тинати баду нопоки онҳоро ба мардуми сарафрози тоҷик ва ҷомеаи ҷаҳонӣ комилан равшан кардааст.
Кунун мардуми солори тоҷик ва ҷавонони он дигар ҳаргиз фирефтаи ҳазён ва лофу газофи бадхоҳони Ватани муқаддаси мо намешаванд ва аз ободию озодӣ, сулҳу оромӣ ва рушду шукуфоии кишвар, ки далели сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, шукру сипоси афзун мекунанд.
Фирориёни наҳзатӣ қурбони тиҷорати роҳбарашон мешаванд
Written by CомонаХиёнат ба меҳану миллат аз қабили рафтору кирдорҳои бадтарин ва пасттарини одамон буда, дар таърихи башар ҳеҷ ҷойи бахшиданӣ ва гузашт карданӣ надорад. Аз замони пайдоиши нахустин давлатҳо ва ташаккул ёфтани миллатҳо хиёнаткорону хоинони давлату миллатро ҳеҷ гоҳ намебахшиданд. Чунки онҳо дидаю дониста бар муқобили манфиатҳо ва арзишҳои миллию меҳании хеш баромада, ба хотири манфиатҳои кӯчаки шахсию гурӯҳӣ манофеи умумимиллию давлатиро осон мефурӯшанд.
Пас аз шикасати пай дар пайи наҳзатиҳо ва амалҳои зиддимиллии онҳо дар соли 2018, ки яке аз асоситаринашон созмон додани ба истилоҳ «Паймони зиддимиллӣ», аслан паймони наҳзатӣ буд, онҳо боз ҳам амалҳои душманонаашонро идома медиҳанд. Бо ин ташаккулаи дуруғин ва наҳзатмеҳварашон роҳбари наҳзатӣ мехост ба мисли хирс пусти хешро вобаста аз ҷави замон иваз намояд ва хешро ба ҳайси роҳбари ин паймон дар чеҳри дунявӣ ба намоиш дароварад, ки дар он муваффақ нагардида, шармандаву беобрӯй гардид.
Дар партави суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар
Дигар пӯшида нест, ки вазъи зиндагии инсон дар сайёраи Замин рӯз ба рӯз мушкилтару мураккабтар мегардад. Инкишофи равандҳои гуногуни иҷтимоии ҳаёти инсон шинохти ягонаи мафҳумҳои терроризму ифротгароӣ ва қабулу роҳандозии барномаи муштараки мубориза алайҳи ин вабои аср барои вусъати тоза бахшидан ба ҳамкориҳо ҷиҳати ҳалли ин мушкилот ва расидан ба ҷаҳони озод аз ин зуҳуроти хатарнок мусоидат менамояд ва инсониятро аз чандин фоҷиаи навбатии мудҳиш мераҳонад.
Пешвои муаззами миллат дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон изҳор доштанд: «Яке аз омилҳои торафт густариш пайдо кардани зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ васеъ истифода гардидани технологияҳои муосири иттилоотӣ мебошад. Имрӯзҳо шабакаи интернет, мутаассифона, аз ҷониби гурӯҳҳои террористиву ифротгаро бо мақсади таблиғи ғояҳои экстремистӣ, ба сафи худ ҷалб намудани аъзои нав, омода ва роҳбарӣ кардани онҳо ба аъмоли харобкорона ба таври густурда истифода мешавад».
Мувофиқи таҳлилҳои мавҷуда ва мушоҳидаҳои ҳамарӯза як қатор сабаб ва омилҳо, ба монанди таъсири манфии сабтҳои электрониву видеоӣ, китобу маҷаллаҳо ва дигар маводи чопии дорои хусусияти зӯроваридошта, ба кор ва таҳсил фаро гирифта нашудани ноболиғону ҷавонони аз 16 то 18 - сола ва дар маҷмӯъ иҷро нагардидани уҳдадориҳо аз ҷониби падару модарон ё шахсони онҳоро ивазкунанда ба афзоиши ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон, шомилшавии онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ замина гузоштаанд. Гуфтаҳои боло аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар замони муосир экстремизм ва терроризм хусусияти байналмилалӣ дош-та, барои ин гуна зуҳурот давлат, миллат, дин ва дигар муқаддасот аҳамият надоранд. Аз ин лиҳоз, барои баланд бардоштани самаранокии мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти экстремистӣ ҳамкорӣ ва мусоидати ҳар як фарди ҷамъият барои пешгирӣ ва мубориза алайҳи ҷиноятҳои трансмиллӣ зарур аст. Гарчанде ки мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мебошад, ҳамзамон, дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон низ зарур аст. Барои он ки шомилшавии ҷавонон ба равияҳои ифротгароӣ аз байн бардошта шавад, бояд масъалаҳои таълим ва, хусусан, тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ беҳтару хубтар ба роҳ монда шавад. Мо - омӯзгоронро лозим аст, ки дар дарсҳои тарбиявӣ бобати масъалаҳои мазкур бештар диққат диҳем. Ҳисси наф-рат ва бадбиниро нисбат ба терроризм, экстремизм, ҳизбу ҳаракатҳои тундрав ва равияҳои номатлуби ҷомеа бедор намоем. Ташкил намудани конференсияҳои мавзӯӣ бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ доир ба шомилшавии ҷавонон ва наврасон ба ин гуна гурӯҳҳо дар муассисаҳои таълимӣ зиёд карда шавад. Зеро заминаи аслии доман густурдани ин зуҳурот нодонӣ, ноогоҳӣ, сатҳи пас-ти маърифатнокии иддае аз ҷавонон аст, ки ба доми тазвири душманони миллат меафтанд. Аз ин рӯ, ҳар фарди худогоҳи ҷомеаи осудаи моро зарур аст, ки алайҳи ҳама гуна равандҳои харобкор муқовимат карда, дар пойдории сулҳу ваҳдати комил саҳмгузор бошанд. Зеро, танҳо мавқеи устувор дар баробари ҷараёнҳои номатлуб ба дастовардҳои назарраси иқтисодиву иҷтимоии мамлакат афзуда, фазои зиндагии моро аз таҳдиди хатарҳо эмин нигоҳ медорад.
ТЕРРОРИЗМ. НИГОҲЕ БА ЗАМИНАҲОИ ТАЪРИХИИ ИН ЗУҲУРОТИ ОЯНДАСӮЗ
Written by Cомона“Имрӯзҳо дар гӯшаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар одамон гирифтори хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳо гардидаанд ва зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷиабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор меорад”.
Эмомалӣ РАҲМОН
Мафҳуми терроризм, ки аз калимаи лотинии “terror” гирифта шуда, маънои луғавиаш тарсу даҳшат ва дар фаҳмиши истилоҳияш бо роҳи зӯрӣ, ҷазоҳои ҷисмонӣ ва ҳатто бо суиқасду куштор аз байн бурдани рақиби мафкуравию идеологӣ мебошад, ба зоти худ зуҳуроти нав нест. Агар ба таърихи инсоният руҷӯъ кунем, саҳифаҳои он пур аз амалҳои даҳшатбори муташшакилу субъективист, ки онҳо характеру хусусиятҳои террористӣ доштанд. Ҳатто шурӯъ аз пайдоиши инсоният то имрӯз. Бартариҷӯии як шахс бар шахси дигар, таҷовузи як хонавода бар хонаводаи дигар, як қабила бар қабилаи дигар, як халқ бар халқи дигар, ҳуҷуми як давлат бар давлати дигар, аз байн бурдани як империя аз ҷониби империяи дигар, мансур ва муқаддас шумурдани дини худ ва бебунёду мансух донистани дини дигарон ҳамеша заминаи ба амал омадани ин гуна зуҳурот мегардид.
Таҳлилгарон аввалин нафари қурбоншуда дар натиҷаи амалҳои террористӣ падари Искандари Мақдуниро медонанд, ки соли 340 - и пеш аз милод аз сӯи яҳудон сурат гирифта буд. Сабаби ин воқеа нобаробариву ноадолатии дохилӣ, тезутунд гаштани муносибатҳо ва ҷудоихоҳиву зулми як халқ болои халқи дигар гуфта мешавад.
Терроризм дар кишварҳои шарқӣ бештар бо номи Ҳасан ибни Сабоҳ дар замони Салчуқиҳо (асри XI) тавъам аст. Аввалин ҳадафашон куштори муаззин Соваҷӣ дар Исфаҳон буд. Доираи фаъолияти онҳо, ки дар Эрон маскан гирифта буданд, аз Сурия то Либия доман паҳн карда, асосан ҳокимону давлатдорон ва пешвоёнро суиқасд мекарданд. Аз ҷумла, дар куштори ғолиб Арсалон, Низомулмулк, Кант Раймонди 2 ва Марк Конрад (шоҳи Урш) ин гурӯҳ даст дошт.
Бузургтарин амалиёти террористӣ дар қитъаи Амрико (Олами нав) пас аз онро кашф кардани Христофор Колумб (соли 1492) сурат гирифта буд. Соли 1493 Христофор Колумб эъзомияи (экспедитсияи) дуюми худро дар Олами нав ба роҳ монд. Вай ба ин ҷо ғайр аз баҳрнавардон ва коҳинон теъдоди зиёди сагҳоро низ овард. Ин сагҳо барои ҳуҷум ва хӯрдани одамон махсус парвариш мешуданд. Дар рафти эъзомия куштори сартосарии мардуми маҳаллӣ сурат гирифт. Христофор Колумб аз пайи ҷустуҷӯи тилло шуда, ҳамзамон, ҳиндуҳои Амрикоро ҳамчун ғулом мефурӯхт. Мувофиқи қонуне, ки интишор ёфта буд, ҳиндуёни аз 14 - сола боло бояд ҳар се моҳ андоз месупурданд. Дар ҳолати напардохтани андоз ангуштони дастонашонро мебуриданд. Соли 1598 дар як эъзомияи навбатӣ дар тӯли се рӯз 800 нафар ҳинду кушта шуд ва пои чапи мардони аз 25 - сола болоро бурида партофтанд. Занҳои ҳомиларо кушта, тифлҳоро аз батни онҳо берун оварда, ваҳшиёна ба қатл расонданд. Дар натиҷаи ин амалиёт ҳазорҳо ҳиндуи Амрико ба ҳалокат расид, ки даҳшатноктарин амалиёти террористии он замон ба ҳисоб меравад.
Худи мафҳуми терроризм ва террорист дар охири асри XVIII пайдо шудааст. Жирондистҳо ва якобинчиёни Фаронса соли 1792 муттаҳид шуда, хостанд шоҳро маҷбур кунанд, то вазиронро бо роҳбарони гурӯҳҳои тундрав иваз кунад. Онҳо ин мафҳумро ба тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ нисбати худ истифода мебурданд, ки тобиши маъноии мусбат дошт. Аммо ҳангоми инқилоби Фаронса ин мафҳум тобиши манфӣ пайдо кард. Аз ин ба баъд, то имрӯз терроризм маънои ҷинояткориро гирифта, тамоми ҷанбаъҳои гуногуни дорои фишор ва зӯровариро ифода мекунад.
Охири асри XIX ва аввали асри XX шакли дигари терроризм – терроризми динӣ зуҳур кард. Ин шакли терроризмро терроризми динӣ - мазҳабӣ ҳам ном мебаранд. Асоси ин навъи терроризмро тобиши сиёсӣ - идеологӣ додани дини ислом ташкил медиҳад, ки асосгузорони нахустини он Имом Ҳанбал, Ибни Таймия ва Абдуваҳҳоб бо шиори “бозгашт ба Қуръон” мебошанд. Онҳо нахустин шуда, ба дини ислом тобиши сиёсӣ доданд ва онро ҳамчун идеологияи давлатдорӣ муаррифӣ карданд, ки мақсадашон бозгашт ба аҳди паёмбар Муҳаммад (с) ва бунёди хилофати исломӣ буд. Ин андешаро бунёдгароёни муосир Ҳасани Бано, Саид Қутб, Мавдудӣ ва Ҷамолиддини Афғонӣ дар асри XX бо шиори “ба пеш бо Қуръон” такмил дода, ба таъсиси шабакаҳои террористии байналмилалӣ бо мақсади эҳёи хилофат ва бунёди давлати исломӣ замина гузоштанд. Гурӯҳҳои террористие, ки имрӯз дар кишварҳои Афғонистон, Сурия, Яман, Ироқ ва шимоли Африқо ба амалҳои гуногун даст мезананд ва сабаби нооромиву даҳшатҳои нотакрори тарихӣ гаштаанд, сарчашмаашон ҳамин мактаби идеологӣ аст.
Ҳамин тариқ, аз солҳои 70 - уми асри XX доираи фаъолияту амалҳои террористӣ хеле густариш пайдо карда, хусусияти фаромиллӣ касб намуд ва дар ҳамин давра мафҳуми терроризми байналмилалӣ ҳам ба вуҷуд омад, ки акнун на ба як давлат ё минтақа, балки ба кулли кишварҳои олам таҳдид мекунад.
Дар замони муосир бошад, ҳама гуна шакли терроризмро дучор омадан мумкин аст, вале терроризми миллӣ - нажодӣ ва динӣ - мазҳабӣ бештар фаъол аст. Барои онҳо дигар сарҳади давлативу қитъавӣ аҳамият надорад. Дурнамои фаъолияти онҳо кулли ҷомеаи ҷаҳониро фаро гирифта, пайравони терроризми динӣ - мазҳабӣ гумон доранд, ки мақсадашон барпо кардани хилофати исломист. Вале муассисон, маблағгузорон ва роҳбарони ин гуна гурӯҳҳо хуб медонанд, ки барои таъсиси чунин хилофат ягон имконият вуҷуд надорад. Баръакс, дар паси ин ташкилотҳо қавму миллатҳои нажодпарасти бузурги ҷаҳонӣ меистанд, ки ҳадафҳои мушаххасу дарозмуддати стратегӣ доранд.
More...
Дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез», ки 3 - 4 майи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таъкид намуданд, ки кишварҳои дунё дар танҳоӣ наметавонанд дар муқовимат бо хавфу таҳдидҳои афзояндаи амнияту осоиш комёб гарданд ва сулҳу суботро таъмин намоянд. Аз ин лиҳоз, бо назардошти воқеияти мавҷуда, мо дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон пурзӯр кардани ҳамкориву шарикиро барои таъмини суботу амнияти фарогир тавассути андешидани иқдомҳои муштарак дар ҷодаи мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва аз байн бурдани омилҳои дастгирии сиёсӣ, низомӣ ва молиявии онҳо ҳамчун самти амалии раҳоӣ аз ин вартаи хатарнок муҳим арзёбӣ мекунем.
Тавре дар ин ҳамоиши байналмилалии сатҳи баланд гуфта шуд, имрӯзҳо дар гӯшаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар гирифтори хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳо гардидаанд ва зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷиабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ва маънавиро ба бор меорад. Дар зарфи солҳои охир зиёда аз сад мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор гирифта, бар асари ҳамлаҳои террористӣ садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расида, миллионҳо нафар макону манзили зисташонро тарк кардаанд.
Воқеан, бар асари амалҳои террористӣ дар бисёр мамолики дунё одамони бегуноҳ ба ҳалокат расида, шаҳру деҳот ва ёдгориҳои беназири таърихӣ тахриб мегарданд. Президенти кишвар зикр сохтанд, ки муборизаи самарабахш алайҳи терроризму ифротгароӣ ва тундгароии хушунатомез ба ҳеҷ ваҷҳ сиёсати «меъёрҳои дугона» - ро намепазирад. Сониян, ин амал на бо роҳи низомӣ, балки фақат тариқи муколамаи сиёсӣ имконпазир аст. Инро таҷрибаи Тоҷикистон собит намудааст. Ҳамзамон, таъкид карданд, ки Тоҷикистон дар ин ҷода шарики ҳамаи давлатҳо хоҳад буд.
Сарвари давлат дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд тамоми мамлакатҳо, ниҳодҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳониро ба муқовимати дастаҷамъона бо ин зуҳуроти нанговари замон даъвату ҳидоят намуданд. Президенти маҳбуби мо, аз ҷумла иброз доштанд: «Барои ноил гаштан ба натиҷаҳои дилхоҳ дар муқовимат бо зуҳуроти хатарзои ҷаҳони муосир бояд бар пояи ҳусни эътимод ҳамдастиву ҳамоҳангии зичи хадамоту ниҳодҳои амниятии кишварҳо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба роҳ монда шавад. Ба ин манзур, кишвари мо ҳамчун узви фаъоли Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати муборизаи самарабахши муштарак бар зидди хатару таҳдидҳои замони муосир пайваста талош карда, фаъолияти созандаро дар ин самт минбаъд низ густариш хоҳад бахшид».
Барҳақ, Пешвои миллати тоҷик, ки аз рӯзҳои нахустини Сарвари давлат интихоб гардидан дар роҳи наҷоти миллату давлат ва барқарорсозии сохти конститутсионӣ аз миёни обу оташ ва садду сангарҳои зиёде ҷасурона гузаштаанд, ба қадри осоишу оромӣ ва зиндагиву рӯзгори босафо аз ҳама бештар мерасанд. Офиятро оне қадр дорад, ки мувоҷеҳи уқубат гаштааст, мегӯянд дар халқ. Имрӯз Тоҷикистон дар симои Сарвари башардӯсти худ дар самти ҳар чи бештар зери самои поку беолоиш шаҳди рӯзгори хуш чашидани тамоми халқу миллатҳоро дар ҷаҳон меандешанд. Бешак, ин мавқеи башардӯстона намунаи ибрат ва лоиқи таҳсин аст.
Ақли солим хуб медонад, ки дар нобасомониҳою даргириҳои хунин нақши собиқ Ҳизби наҳзати исломии барало намоён буд. ТЭТ ҲНИ ва роҳбарияти сиёсии он тайи солҳои ахир ҳамеша бар пояи тарҳи озору гила ва шикваю шикоят домони интиқоди муфизона барзада, боиси мураккаб шудани вазъ дар минтақа гардид. Баъзе расонаҳои ватанию хориҷӣ чандин сол роҳбарияти ҲНИ ва руҳониёни саршиноси ба он марбутро васф карда, ҳалли мушкилот ва раҳоӣ аз онҳоро дар низоми динӣ-исломӣ қаламдод карданд. Ин бозии расонаҳо роҳбарият ва ихлосмандони ҲНИ-ро рўҳбаланд карда, минбарро барои мавъизаҳою риёкориҳои наҳзатӣ фароҳам сохт. Вақт нишон дод, ки ҲНИ дар даҳсолаи наздик сабабгори хурофотӣ ва шиъамазҳаб шудани қисмати зиёди мардум гардида, ихтилофангезию иттиҳомзанӣ ба кори рўзмарраи маъмурияти ҳизб табдил ёфта, то имрўз дар хориҷ аз кишвар (албатта, бо сарпарастии хоҷагони беруна) ҳамчунон идома дорад.
Бояд тазаккур дод, ки дар миқёси фазоӣ пасошуравӣ ҲНИ ягона ҳизби сиёсие буд, ки озодона дар қаламрави ҷумҳурӣ фаъолият кард. Дар доираи озодиҳои қавонини сохти сиёсии дунявӣ амал кардан барои ҲНИ камӣ кард, даъвои бузургманишӣ ва султагирӣ пеш оварда, тарҳи табаддулоти сиёсиро моҳи сентябри соли 2015 роҳандозӣ намуд.
Бозичаи дасти бозигарони бузурги минтақавӣ будани элитаи сиёсии ҳизб ва рўҳониёни саршиноси ба наҳзат вафодори ҷумҳурӣ имрўз аз чашми ақли солим пинҳон нест. Имкониятҳои молиявии ҳизб, чи дар ибтидои
солҳои навадум ва чи то соли 2015, аз ҳисоби маблағҳои «хоҷагони беруна» афзун гашта, ҳатто имрўз ҳам ошкору пинҳон ба мухлисони он ёрии маънавию молиявӣ расонда мешавад.
Маълум аст, ки сарпарастони лоиҳаи ба ном ҲНИ, чи дар гузашта ва чи имрўз, инро мехостанду мехоҳанд: шурангезӣ, ҷангандозӣ, хирадзудоӣ, бегонапарастӣ, ҷаҳолат, қатлу куштор, бесаводӣ, нодонӣ, тафриқаандозӣ... Ин лоиҳаи сиёсӣ дар соли 1992 «самар» дод ва ҷаҳолати саросариро дар қолаби ҷанги муъмину кофар як муддат густариш бахшид. Таҳқиру тавҳини мухолифон ба як амри муқаррарӣ табдил ёфта буд ва бо фармоиши як муллои чаласавод мумкин буд садҳо нафар маҳкум ба қатл ва ё ҳадди ақал радди маърака гардад.
Қатлу кушторе, ки дар ибтидои солҳои навадуми асри гузашта, бо «ибтикори» ҲНИ ва назарияпардозони он сурат гирифта буд, дар ҷабини миллат ҳамчун доғ боқӣ хоҳад монд. Далелҳои муътамаде, ки дар бойгонии миллат қарор доранд, бозгукунандаи онанд, ки ҲНИ ҳеч гоҳ барои иттиҳоди мардумӣ, адолати иҷтимоӣ, рушди миллӣ талош накардааст ва намекунад. Эътиқоди мардумро ҳамчун объекти расидан ба ҳадафи ниҳоӣ қарор додан хашинтарин шакли муборизаи сиёсӣ буд, ки наҳзатиҳо дар гузашта ва то соли 2015 аз он истифода карданд.
Ҳамин тариқ, роҳбарияти фирории наҳзатӣ дар симои Кабирӣ ва як идда мухлисонаш дар хориҷ аз кишвар доди ватанхоҳӣ мезананд ва бо фиреби назар дар дили сокинони камогоҳу ноогоҳи ҷумҳурӣ, ки дар фазоӣ амну
суботи сиёсию иҷтимоӣ зиндагӣ мекунанд, тухми кинаву адоват ва туғёну исёнро мекоранд, то ба ҳадафҳои нопоки худ бирасанд. Ин кам буд, ки аъзоёни ТЭТ ҲНИ имрўз мазҳабфурўш гашта, мазҳаби шиъаро ба худ касб кардаанд. Магар ин хиёнат ба мазҳаб ва имонфурўхтан нест? Вале мардум дигар фиреби ин тоифаро намехурад ва рафтан аз қафои онҳоро ор медонад.
Шарипов А.С
Рӯзҳои охир дар фазои маҷозӣ дар бораи аз ин дунё реҳлат кардани фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ марҳум Файзинисо Воҳидова бисёриҳо сӯгвориву ҳамдардї баён карда, марги ӯро фоҷиаи бузург хондаанд. Аммо дар баробари ин ҳама ёдномаву сӯгвориҳои ёру дӯстони марњум тарафдорони "фермаи Кабирӣ" низ чун ҳамеша ин хабарро ҳамчун воситаи хуби ҳангомасозиву иѓвоангезӣ истифода бурда, дар саҳифаҳои фейкиву сомонаҳои дурӯғпароканашон иттилооти бадбӯйро нашр кардаанд. Ин подаи бесоҳиб ва ин тӯдаи пасмондагон, ки аксарияташон то имрўз аз кї будани Файзинисо Воҳидова дарак ҳам надоштанд, чунон зери чатри макру дасиса изҳори назар кардаанд, ки мақоли "мурдаро як сӯ гузошта, ошхӯрӣ"-ро ба ёд меорад.
Табиати як идда хеле аҷиб буда, ин нафарон қодиранд дар қиболи некӣ бадӣ кунанду ашхоси дар ҳаққашон бадиҳои зиёд кардаро болонишин созанд. Бо вуҷуди то гардан дар гуноҳ ғарқ будан, аз худ фаришта метарошанд. Дар ҳоле аъмоли нопоки дигаронро фош карданианд, ки номаи аъмолашон пурдоғ аст.
Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 