Шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият
Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба масъалаи омода гардонидани мутахассисони баландтахассуси лаёқатманди дар бозори ҷаҳонии меҳнат рақобатпазир таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда мешавад.
Барои амалӣ намудани чунин мақсаду вазифаҳо дар донишгоҳ шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият фаъолият менамояд:
Шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият аз 1-уми январи соли 2021 дар заминаи шуъбаи такмили ихтисос, таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият ташкил карда шудааст.
Мутахассисони шуъба фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қонунгузории соҳаи маориф, фармоишҳои ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, супоришҳои раёсати таълим, ойинномаи донишгоҳ, низомномаи шуъба, дастурамалҳои вазифавӣ ва нақшаи чорабиниҳои солонаи шуъба амалӣ менамоянд.
Аз моҳи ноябри соли 2018 номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Бойалӣ Ҳусейнов мудири шуъба таъйин гардидааст.
Гуланор Фозилова мутахассиси шуъба оид ба таҷрибаомӯзии донишҷӯён ва хатмкунандагон мебошад.
Кормандони шуъба дар се самт фаъолият менамоянд:
- Такмили ихтисоси омӯзгорон, маҳорату малакаи педагогию психологии онҳо ва бозомӯзии омӯзгорони ҷавон.
- Таҷрибаомӯзии таълимӣ, истеҳсолӣ ва пешаздипломии донишҷӯён.
- Рушди касбият ва робита бо хатмкардагон.
Дар донишгоҳ барои дар сатҳи баланд гузаронидани таҷрибаомӯзии таълимӣ, истеҳсолӣ ва пешаздипломии донишҷӯён тадбирҳои мушаххас амалӣ карда мешаванд.
Аз ҷумла, дар байни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва Вазорати молия, Вазорати корҳои хориҷӣ, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати кишвар ва дигар идораю муассисаҳо шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шудааст, ки ба баланд бардоштани сатҳи тахассуси касбӣ ва зиёд гардидани маҳорату малакаи донишҷӯён мусоидат менамояд.
Ҳамчунин омӯзгорон аз ҷониби мутахассисони шуъба ба курсҳои гуногун фаро гирифта шуда, ихтисоси худро такмил медиҳанд ва дар доираи барномаҳои гуногуни таълимӣ барои баланд бардоштани сатҳи тахассусии худ ба хориҷи кишвар фиристода мешаванд. Донишҷӯён дар асоси барномаи мудирони кафедра ва нақшаи кормандони шуъба барои таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ба ташкилоту корхонаҳо равон карда мешаванд.
Мутахассисони шуъба ҳар сол раванди таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва пешаздипломии донишҷӯёни курсҳои дуюм, сеюм ва чорумро назорат мекунанд ва онҳоро бо рӯзномаю роҳхат таъмин менамоянд.