ФАКУЛТЕТИ “МУНОСИБАТҲОИ ИҚТИСОДИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ, ҲУҚУҚ ВА ГУМРУК”
Бо шарофати ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи муносибатҳои сиёсиву иқтисодии ҷаҳонӣ пазируфта шуд ва аз ин минбаъд ба мустақилона амалӣ намудани сиёсати иқтисодии хориҷии хеш оғоз намуд. Албатта, дар ин давра дар ҷумҳурӣ норасоии мутахассисони баландихтисоси самти муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва иқтисоди ҷаҳон ҳис мешуд. Бинобар ин, талаботи бозори меҳнатро ба инобат гирифта, соли 1994 бо қарори Шурои олимони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (он вақт Донишкадаи давлатии кооперативии тиҷорати Тоҷикистон) факултети нав бо номи “Муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ” (ҳоло “Муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, ҳуқуқ ва гумрук”) таъсис дода шуд, ки аз рӯйи ихтисосҳои “Иқтисодиёти ҷаҳон” ва “Молия ва қарз” довталабонро қабул намуд.
КАФЕДРАҲОИ ФАКУЛТЕТ
- Иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ (мудири кафедра, н.и.и., дотсент Рустамзода Ф.М.)
- Назарияи иқтисодӣ (мудири кафедра, н.и.и., дотсент Туйчиқулов З.Ҷ.)
- Фаъолияти гумрукӣ (мудири кафедра, н.и.и., и.в. дотсент Ғаюрӣ Р.)
- Забонҳо (мудири кафедра, н.и.ф., дотсент Қаҳҳоров М.М.)
- Ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионӣ (мудири кафедра, н.и.ҳ., дотсент Алиев Ф.)
ТӮЛИ СОЛҲОИ ФАЪОЛИЯТ ФАКУЛТЕТРО ОЛИМОНИ ЗЕРИН РОҲБАРӢ НАМУДААНД:
- Фақеров Ҳ.Н., д.и.и., профессор (солҳои 1994-1995);
- Акобиров З.Н.,н.и.ф., дотсент (солҳои 1995-2005);
- Акрамов Ф.М., н.и.ф., дотсент (солҳои 2005-2011);
- Шаропов Ф.Р., д.и.и., профессор (солҳои 2011-2017);
- Салимов Н.С., н.и.ф.м., дотсент (солҳои 2017-2021);
- Қурбонов А.Р., н.и.и., дотсент (солҳои 2021-2022);
- Рустамзода Ф.М., н.и.и., дотсент (солҳои 2022-2024);
- Ҳомидов А.Н., н.и.и., дотсент (солҳои 2024-2025).
Факултет дорои заминаи хуби моддию техникӣ ва иқтидори илмию омӯзгорӣ буда, барои ноил шудан ба мақсадҳои гузошташуда ба пуррагӣ мусоидат менамояд. Синфхонаҳои факултет бо техникаи муосири иттилоотӣ – коммуникатсионӣ муҷҷаҳаз гардонида шудаанд, ки барои аз худ намудани донишҳои техникӣ ва баланд бардоштани дараҷаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ мусоидат менамоянд.
Бо мақсади баланд бардоштани сифати таълим дар назди кафедраҳои тахассусӣ синфхонаҳои таълимӣ-методӣ ташкил карда шудаанд, ки ба сифати гузаронидани дарсҳои амалӣ ва семинарӣ таъсири мусбат мерасонанд.
Боиси ифтихор аст, ки факултети “Муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, ҳуқуқ ва гумрук” яке аз аввалин сохтори макотиби олии ҷумҳурӣ мебошад, ки соли 2005 ба татбиқи низоми кредитии таҳсилоти Аврупоӣ оғоз намуд.
ИХТИСОСҲОИ ФАКУЛТЕТ
- 1-23010205 - таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ;
- 1-250103 - иқтисодиёти ҷаҳон;
- 1-230101 - муносибатҳои байналмилалӣ;
- 1-23010103 - ташкили робитаҳои байналмилалӣ;
- 1-960101 - хадамоти гумрукӣ;
- 1-96010102 - таъмини иқтисодии фаъолияти гумрукӣ;
- 1- 24010104 - ҳуқуқи байналмилалии тиҷоратӣ;
- 1-240103 - ҳуқуқи иқтисодӣ;
- 1-24010204 - ҳуқуқи андозу бонкӣ;
- 1-24010205 - ҳуқуқи гумрукӣ;
- 1-24010216 - ҳуқуқи иттилоотӣ.
Аз моҳи сентябри соли 2025 роҳбарии факултетро номзади илми иқтисодӣ, и.в. дотсент Сафаров Ҷовидон Азизмадович ба уҳда дорад.
Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 