Раёсати корҳои тарбиявӣ

Раёсати корҳои тарбиявии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон моҳи январи соли 2021 дар заминаи раёсати тарбия ва рушди иҷтимоӣ таъсис дода шуда, фаъолияти худро дар асоси сиёсати маорифпарварона ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи таҳсилоти олии касбӣ, ойинномаи донишгоҳ, фармоишу супоришҳои ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва низомномаи раёсати корҳои тарбиявӣ ба роҳ мондааст.

Тарғибу ташвиқи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба илму маориф, таълиму тарбия ва фарҳанг, баланд бардоштани худшиносию худогоҳӣ ва ифтихори ватандории ҷавонон, тарбияи маънавию ахлоқии онҳо, арҷ гузоштан ба арзишҳою муқаддасоти миллӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва такмилу тавсеаи маърифати сиёсию ҳуқуқии ҷавонон аз самтҳои муҳимму афзалиятноки фаъолияти раёсати корҳои тарбиявӣ ба шумор меравад.

Ҳамасола раёсати корҳои тарбиявӣ барои дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ баргузор гардидани чорабиниҳои муҳимми давлатӣ, санаҳои таърихию сиёсӣ ва ҷашнҳои миллӣ ба мисли Сада, Наврӯзи байналмилалӣ ва Меҳргон саъю кӯшиш ба харҷ дода, ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандону донишҷӯёнро ба он ҷалб менамояд.

Раёсати корҳои тарбиявӣ дар доираи нақшаи корӣ ва нақшаи чорабиниҳои донишгоҳӣ доир ба масъалаҳои муҳимму мубрами замони муосир, зиндагиву рӯзгори ҷавонон, илму фарҳанг, ахлоқу маънавият дар ҷомеа ва рушди сайёҳӣ конференсияҳои илми назариявӣ, мизҳои мудаввар, семинарҳои омӯзишӣ, вебинарҳо, нишастҳои озоди илмию машваратӣ, озмунҳо, намоишҳои фарҳангӣ ва маҳфилҳои гуногуни илмию зеҳнӣ баргузор менамояд.

Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо сарпарастии раёсати корҳои тарбиявӣ Шӯрои ҷамъиятии сарпарастон (кураторон) ва дар сатҳи факултетҳо созмонҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонон ва шӯроҳои ҷамъиятии кор бо донишҷӯдухтарон амал менамоянд, ки дар рушду тавсеаи босамари корҳои тарбиявию ахлоқӣ, таълимию илмӣ ва фарҳангӣ, пурзӯр намудани фаъолияти сарпарастони гурӯҳҳои академӣ, омӯзгорону муҳаққиқони ҷавон ва донишҷӯён саҳми арзанда мегузоранд.

Дар раёсати корҳои тарбиявӣ мутахассисони зерин фаъолият менамоянд:

– Муродова Мадина , сармутахассис;

– Райҳона Маҳсуддинова, мутахассис;

Дар сохтори раёсати корҳои тарбиявӣ шуъбаҳою бахши зерин мавҷуд аст:

  1. Шуъбаи кор бо ҷавонон. Мудири шуъба муаллими калон Шамс Ниёзов.
  2. Шуъбаи фарҳанг Мудири шуъба муаллими калон Ҷамила Ғафурова.
  3. Бахши хобгоҳ. Абдухолиқ Одинаев.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top