Хабархои сиёси (512)
Dolor pretium adipiscing Nam Curabitur nulla Duis id tellus at et. Dui orci Sed dolor Aenean tincidunt vitae vitae sed mattis sed. Purus Vivamus dapibus lorem Vestibulum dis pellentesque tristique dui Morbi hendrerit. Eu eu eros interdum tempus facilisi orci mollis netus semper massa. Consequat sed pellentesque cursus et vel nunc lacinia quis semper senectus. Felis Donec libero nibh Sed velit a Nulla elit dui porttitor.
Муроҷиатномаи гурӯҳи ҷавонони вилояти Хатлон ба тамоми мардуми шариф Бадахшон
Written by CомонаМуроҷиатномаи гурӯҳи ҷавонони вилояти Хатлон ба тамоми мардуми шариф Бадахшон
Мо ҷавонони хатлонӣ аз Изҳороти Ситоди байниидоравиии ВМКБ ҶТ”, ки таърихи 12-уми октябр садо дод, пурра пуштибонӣ мекунем. Натиҷаи кори якмоҳаи Ситод нишон медиҳад, ки мусодираи миқдори силоҳи зиёд аз дасти гурӯҳҳои ҷинояткор, гузоришҳои ниҳодҳои ҳукуматиро дар бораи вазъи ҷиноии шаҳри Хоруғ собит месозад.
Хоҳарон ва бародарони азиз!
Истиқлолият ва озодӣ бузургтарин сарват ва бебаҳотарин неъмати худододист, ки барои ҳар як миллат ва шаҳрванди ватандўсту ватанпарвар азизу муқаддас аст. Мардуми тоҷик аз дер боз орзуи ба истиқлол расиданро мекард. Ба хотири соҳибватану мустақил шудан ва расидан ба истиқлол фарзандони фарзонаи миллат саҳми шоиста гузоштаанд, ки таърих ҳаргиз номи неки онҳоро фаромўш нахоҳад кард.
Мо бояд ҳар нафас шукри ин неъмати Худовандро кунем, ки ба ин ганҷи бебаҳо – Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу суботи кишвар шарафёб гаштаем. Ватани тозаистиқлоли мо дар ин муддати на он қадар тўлонӣ ба пешравию дастовардҳои бузург ноил гашт, ки бори дигар аз сиёсати хирадмандонаи роҳбари муаззами кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад.
Имрўз беш аз 160 давлати дунё Тоҷикистони тозаистиқлолро дар арсаи ҷаҳонӣ ба расмият шинохтааст, ки ин боиси ифтихор ва сарбаландии мо бояд бошад.
Тавре ҳамагон медонем бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз саннаи 15 сентябри соли 2018 дар вилояти мухтори кўҳистони Бадахшон ҷиҳати таъмини волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, мусодираи силоҳу аслиҳаи ѓайриқонунӣ, пешгирии маводи мухадир ситоди байниидоравӣ фаъолият дорад. Тибқи итиллои ВАО баъд аз таъсиси ситод то имрўз 11 нафар ҷинояткорони дар кофтуков қарордошта ихтиёран бо аризаи худиқрорӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳозир шуда, миқдори зиёди силоҳи оташфишон аз сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷамъоварӣ ва мусодира карда шуд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки то ҳол дар миёни мардум шахсоне мавҷуд будаанд, ки ба қадри осудагии миллат ва ободии кишвар нарасида, ба умеди ваъдаҳои дурўѓи хоҷагони хориҷӣ мебошанд. Мардуми шарафманди вилояти Бадахшон бояд таъсисёбии ситодро интизор нашуда, пеши роҳи вайронсозии қонунҳоро аз ҷониби ҷинояткорон мегирифтанд. Бузурге дуруст фармудааст, ки “Агар хоҳӣ озод зиндагӣ кунӣ, ѓуломи қонун бош”. Тавре мебинем, риоя нагардидани қонунҳо дар вилоят бештар аз ҷониби ҷавонон сар мезананд, дар ҳоле, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ мехоҳад ояндаи давлатро ба ихтиёри ҷавонон вогузор намояд. Ба амал омадани ин қонуншиканиҳо аз ҷониби ҷавонони вилоят боси нигаронӣ ва таассуф аст, ва мо ҷавонони вилояти Хатлон чунин амали ѓайриқонунии онҳоро маҳкум мекунем. Ин амалҳои ҷавонони вилоят, ки миқдорашон ангуштшуморанд мақоли халқии “Бо арбоб бози карданро дорад”. Онҳо бояд андеша кунанд, ки чунин амалҳои бехирадона боиси марги чандин каси бегуноҳ метавонад гардад.
Тибқи маълумоти ситод айни замон гурўҳҳои муташаккили ҷинояткори ноҳияи Шуѓнон ва шаҳри Хоруѓ аз Ҷумҳурии Исломии Афѓонистон кўшиши ворид намудани силоҳ, муҳимот ва маводи мухадирро доранд, ки ба манфиати мардуми ин вилоят нест. Чунин амалҳои барқасдона метавонад вазъиятро ноором ва боз ҳам мураккаб гардонад. Мардуми шарафманди Бадахшон ва гузаштагони ин сарзамин хуб дар хотир доранд, ки дар Афғонистон баъд аз он ки ҳокимият ба дасти афғонҳо гузашт ва онҳо сарзамини чапи дарёи Амуи тоҷиконро ба зери тасарруфи худ дароварданд, аз он замон то солҳои наздик ҳамеша аз ҷониби зархаридони махсус кӯшиш карда мешуд, ки як сиёсати истисморӣ ва поймол кардани ҳуқуқу манофеи соҳибони аслии ин сарзамин, яъне тоҷиконро пеш гиранд ва имрўз ин ба таври дигар сурат мегирад. Ин гурўҳи ҷавонон, ки чашми онҳоро имрўз маводи мухаддир кўр кардааст, даст ба ҷиноят бар зидди ҳукумати конститутсинӣ мезананд ва дер нест он рўз, ки аз кардаи хеш пушаймон гашта, ангушти пушаймонӣ мегазанд. Аз ин рў, мардуми шарафманди Вилояти мухтори кўҳистони Бадахшон ва алалхусус ҷавонони онро зарур аст, ки бояд ба иѓвою дасисаҳои беасосу бемаънӣ, дурўѓу буҳтони саркардагони гурўҳҳои муташаккили ҷиноятӣ бовар накунанд, то рўзи 15 октябр рўзҳои башумор монда ва ҳар дақиқаро онҳое, ки то имрўз силоҳҳои оташфишонро ѓайриқонунӣ дар хонаҳои худ нигоҳ медоранд ѓанимат шуморанд ва беҳтарин фурсати озод шудан аз ҷавобгарии ҷиноятиро аз даст надиҳанд. Боварӣ дорем, ки адолату инсоф ва ақлу хирад бар ҷаҳлу нодонӣ ѓолиб омада, мардум аз пайи зиндагии озоду осуда мегардад, мо медонем, ки мардуми оддӣ то имрўз ҳеҷ гоҳ ба нигоҳдории силоҳи ѓайриқонунӣ ниёз надошт ва надорад. Он силоҳҳо гандум намекоранд, танҳо оташ мефишонанд, ки ба сари мардуми маҳалӣ мусибат ва ѓаму андуҳ меоранд.
Чунин вазъ мардуми кишвар, аз ҷумла моро водор созад, ки ба масъалаи ҳифзи сулҳ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии давлат ҳамчун шарти муҳимтарини пойдории суботу оромии ҷомеа аҳамияти хосса зоҳир намоем. Мардуми мо ба қадри сулҳу оромӣ бештар мерасад, зеро бо айби як гурўҳ шахсони зархарид, роҳбарони баъзе азҳоби сиёсӣ ва хоҷагони хориҷии онҳо, ҷумҳурии мо ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор шуда, хисороти зиёди моддиву маънавиро паси сар намуда буд.
Ҳар кадоми мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошед, ки сулҳу субот ва оромиву осоиш барои ҳар кишвару миллат, махсусан, барои халқи мо, неъмати бузург маҳсуб ёфта, ҳифзу ҳимояи он вазифаи муқаддаси ҳар як фарди миллатдӯсту ватанпараст ва кулли ҷавонони бонангу номуси Ватан мебошад. Пойдевори давлат бояд мустаҳкам бунёд карда шавад ва он таҳкурсӣ пеш аз ҳама талқини ҳамаҷонибаи ифтихори ватандорӣ аст. Он бояд дар муқобили маҳалгароӣ қарор бигирад, зеро ватандўстӣ ҷавҳари ниҳоист, ки инсонро ба гузаштаву имрўзаи кишвараш ошно месозад ва мепайвандад, ба ояндааш мутмаину дилгарм месозад.
Бо камоли эҳтиром, аз номи
гурўҳи ҷавонони
вилояти Хатлон
Азимов Г.
Машарипов Ф.
Собитов С.
Раҳимов М.
Фарҳодов К.
МУРОҶИАТНОМАИ ҳайати профессорон, устодону кормандон ва донишҷўёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба мардуми шарифи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон
Written by CомонаМУРОҶИАТНОМАИ
ҳайати профессорон, устодону кормандон ва донишҷўёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба мардуми шарифи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон
Мо – ҳайати профессорон, устодону кормандон ва донишҷўёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав изҳороти ситоди байниидоравии таъмини амният дар ВМКБ-ро хонда, хеле мутаассир гардидем, зеро Шумо – мардуми шарифи Бадахшон як пораи ҷигари мо, як ними тани моед ва то ҳанўз дар ин минтақа ба таври ҳангуфт бо дасти ду – се ҷинояткор ҷамъоварӣ шудани муҳимоти ҷангӣ хеле таассуфовар аст.
Ба ҳамагон маълум аст, ки ҷинояткор маҳал, дину мазҳаб ва Ватан надорад. Барои онҳо қадру қимати инсонӣ ба як пули пучак намеарзад, зеро эшон тамоми муқаддасоти инсониро бо пулу мол андоза мекунанд. Барои манфиат бардоштан онҳо омадаанд, ки ба мудҳиштарин ҷиноят даст зананд, ба қочоқи маводи мухаддир машғул шаванд, яроқу аслиҳа харидуфурўш намоянд. Барои ҳамин ба ин гурўҳ умед бастан ва эътимод намудан камоли нодонист. Ин афроди ҷиноятпеша Шуморо чун сипари худ қарор дода, дар пуштатон пинҳон шудаанд ва Шуморо чун бозичаи дасти худ бозӣ даронданианд, онҳо ба ин васила ба мақсадҳои нопоки худ дастёб шуданианд.
Бародарони бадахшӣ! Фирефтаи ваъдаҳои хоми ин ҷинояткорон нашавед ва онҳоро фош намуда, ба панҷаи қонун супоред. Дар ин кор мо ҳамеша ҳамдасту пуштибону мададгори шумоем ва агар лозим шавад, аз ҳамин рўз барои тинҷию амонии диёр ба Бадахшон, ба кўмакатон мешитобем.
Мову Шумо бояд ба қадри Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии ҷоноҷонамон – Тоҷикистон расем. Шукр, ки 27 сол боз ба ин неъмати бебаҳо – Истиқлолият ба мо озодии комил эҳдо намудааст. Аммо ҳоло ҳам дар як гўшаи биҳиштосои Ватани мо – Бадахшон баъзе ашхоси ҷиноятпеша бедодгарӣ намуда, айши мардумро талх мекунанд.
Шумо аз таърихи гузаштаи Бадахшон хуб огоҳед ва мардуми ҷафодидаи ин сарзамин ҷабру зулми аҷнабиёнро хеле зиёд кашидааст. Бинобар ин ба хотири озодии мулк, ба хотири ояндаи хушбахтонаи фарзандон ва якпорчагии Тоҷикистон биёед дар атрофи Ҳукумати Қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти он – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даст ба дасти ҳам дода, муттаҳид шавем, зиндагии шоистаро барои худ ва пасояндагон таъмин намоем.
Ҳайати профессорон, устодону кормандон ва донишҷўёни ДДБ ба номи Н.Хусрав:
1. Ҳасани Муродиён- ноиби ректор,
2. Наимов Қудратулло- сармуҳарири рузномаи “Фуруғ”-и ДДБ
3. Саймуминов Аҳлиддин- декани факултаи таърихи ДДБ
4. Абдураҳимов Қудратулло- ноиби ректори ДДБ
5. Шамсов Тоҷиддин- мудири кафедраи сиёсатшиносии ДДБ
6. Махкамова Дилором- мудири кафедраи рузноманигории ДДБ
7. Кодиров Илҳомҷон- декани факултаи филологияи тоҷики ДДБ
8. Маҳмадиева Мухаббат- саромузгори кафедраи адабиёти тоҷики ДДБ
9. Казаков Рустам- мудири кафедраи таърихи ДДБ ва дигарон..
Дар чорсўи зиндагӣ
СУҲБАТИ САРИ РОҲ
Рўзи истироҳат бо мақсади аёдати шиноси деринаам, ки дар осоишгоҳи машҳури «Баҳористон» истироҳат мекард, озими роҳ шудам. Дар қабулгоҳ гуфтанд, ки дўсти ман дар бинои 3-юми осоишгоҳ мебошад. Ба дохили бино даромадам, ки навбатдори бино – духтари зебои ситорагарме маро истиқбол намуд.
- Чи хизмат, ако? – гуён ба ман мурољиат намуд. Ман номи дўстамро ба забон гирифтам. Духтараки навбатдор аз монитори компютераш зуд манзили истиқоматии дўстамро пайдо карда, гуфт: - Ба ошёнаи панљум бароед, дўстатон дар ҳамон љост.
Ман аз лифт парҳез карда, оҳиста-оҳиста тавассути зинапоя ба ошёнаи панљум баромадам. Дари ҳуљраи дўстамро кўфтам. Касе љавоб надод. «Шояд ба берун баромадагист» фикр кардам ва ба тарафи толори истироҳатӣ равон гаштам. Дар толори дамгирӣ ду нафар бону бо ҳам гарму љўшон суҳбат доштанд. Пас аз салом ба курсии мулоими рў ба рўи он бонуҳо нишаста, бо онҳо салом додам. Онҳо низ бо чеҳраи кушод ба саломам љавоб доданд. Пас аз муддате суҳбати мо бо онҳо ба вуқўъ пайваст. Маълум шуд, ки онҳо аз Бадахшон, аниқтараш аз шаҳри Хоруғ барои истироҳат ба «Баҳористон» омадаанд.
- Ман Бахтибегим Орифова, истиқоматкунандаи шаҳри Хоруғ ҳастам. Шаш рўз боз инљониб дар ин осоишгоҳ истироҳат дорам. Манзилу макони осоишгоҳ бароям хеле писанд омад. Шароиташ хеле хуб. Хеле миннатдорам. Шаш фарзандро ба воя расонидаам. Шукри даврони истиқлолият, шукри Пешвои миллат мекунем, ки барои мо чунин шароитҳоро муҳайё намудаанд. Шукр давлатамон тинљу осоишта, зиндагиамон рўз аз рўз хубтару беҳтар мешавад. Ба наздики Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Љумҳурии Тољикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Бадахшон, дар шаҳри Хоруғ сафари корӣ доштанд. Ба камбудиҳои љойдоштаи корбарии роҳбарони вилоят баҳои сазовор доданд. Мана тағйиротҳои кадрӣ ҳам шуд. Акнун инҳо бояд худро нишон диҳанд, ки ба давлату халқ чи хел содиқона бояд хизмат кард. Яроқу аслиҳаи ғайриқонунӣ ва маводи мухаддир ба ғайр аз кулфату хатар дигар чиз надорад. Ин ҳама дар Бадахшон аз тарафи давлати ҳамсоя ворид мегардад, ки ба сари мардум кулфату ранљу хатарҳои зиёд меорад. Ман ҳамчун модар ин амалро сахт маҳкум менамоям. Имрўз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат Бадахшон ба як гўшаи зебову нотакрор табдил меёбад. Дар Хоруғ корҳои ободониву созандагӣ дар ављ аст. Инро нодида гирифтани баъзе ашхос моро сахт ба ғазаб меорад. Ман модар ҳастам. Бояд ҳар як шаҳрванд аз ин давлату аз ин Сарвари давлат ифтихор кунад. Амну осоиштагиро чун гавҳараки чашм нигаҳ дорад. Ин аст, таманно ман, як модари давроин соҳибистиқлолият, – гуфт дар суҳбат ин зани покизасиришти бадахшонӣ.
Ҳини суҳбат бонуи дигар Сайлигул Ғарибмамадова, ки низ сокини маркази Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон аст, чанд ибрози андеша намуда, аз љумла зикр дошт, ки бори дуюм аст ба «Баҳористон» меояд ва ин рафту омадҳо ҳама аз вазъи орому осоиштаи кишвар буда, аз баланд рафтани сатҳи зиндагӣ мебошад. Мавсуф низ аз доштани силоҳи ғайриқонунӣ, аз саркашии баъзе аз љавонҳо хусусан яке аз сардорони гурўҳҳои муташаккили љиноятии шаҳри Хоруғ Толиб Айёмбеков ва чанде дигар аз чунин ашхос аз хизмати ҳарбӣ, ноором кардани вазъи љомеа, одобу ахлоқи ношоистаи онҳо изҳори нигаронӣ намуда, аз таассуроти некаш аз сафарҳои Пешвои миллат ба Бадахшон ибрози андеша кард.
Дар ин асно ба толори истироҳатӣ бонуи сеюм даромада омад. Оина Зулфова, ки ҳамроҳи бонувони ҳамсуҳбатамон якљоя истироҳат мекард нав аз табобати навбатӣ баргашт, ба ҳамроҳонаш мурољиат намуд.
- Акнун навбати Шумост.
Аз суҳбати бонувони иродатманди бадахшонӣ, ки чанд муддат аснои интизории дўстам ба ман муяссар шуд, бисёр нуктаҳо бароям равшан гардид. Аз љумла, аз нигоҳдории яроқи оташфишон, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ноором кардани вазъи љомеа аз тарафи гурўҳҳои муташаккили љинояткор, ки мақсади нопоку зишт нисбати сиёсати имрўзаи давлату ҳукумат доранд ва бо ин роҳи тахрибкорӣ мехоҳанд мардуми оддиро гумроҳ кунанд, сахт маҳкум намуданд. Мардуми сарбаланди бадахшонӣ дар даврони истиқлолият ба рушди воқеии тамоми љабҳаҳо ноил гардида, дар партави сиёсати фардосози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллат-Пешвои миллат, Президенти Љумҳурии Тољикистон муҳтарам Эмомалаӣ Раҳмон машғули кору пайкори созанда ва зиндагии арзанда мебошанд. Чеҳраҳои гарму суҳбати ширини бонувон гувоҳи он буданд, ки ҳамчу модар онҳо шукронаи даврони соҳибихтиёрӣ мекунанд ва дар таҳкими сулҳу амният ва бунёдкориҳо љидду љадали собит доранд.
Дар ин асно аз роҳрав дўстам оғуш кушода ба тараф омад. Мо ҳолу аҳвол пурсида, бо се бонуи хушбахти бадахшонӣ, ки дар як гўшаи биҳиштосои Тољикистони соҳибистиқлол бо хотири љамъу шукронаи давлату Сарвари хирадманд фароғат доранд, самимона худоҳофизӣ намудам.
- Албатта, ба Бадахшон, ба Хоруғ биёед! – ҳини хайрухуш ҳар се баробар моро ба Бадахшон ба меҳмонӣ даъват намуданд.
Илҳом Раҳим Мадализода, узви Иттифоқи журналистони Тољикистон
МУРОҶИАТНОМАИ Ҷавонони вилояти Суғд ба тамоми мардуми Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон
Written by CомонаМо, ҷавонони вилояти Суғд вобаста ба вазъияти кунунии ба амаломада дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва нашри ақидаҳои муғризонаи гурўҳҳои мухолиф нисбат ба шароит ва ҳолати имрўзаи ин пораи Тоҷикистон, ба тамоми мардуми шарифи он, аз ҷумла ҷавонони минтақа муроҷиат намуда, изҳор менамоем, ки имрўз дар чунин шароити ҳассос ва сарнавиштсоз, набояд фирефтаи суханони гурўҳҳои ҷиноятӣ гардида, нисбат ба марзи аҷдодӣ ва сарзамини поки ниёгони хеш ҳар гуна амалҳои номатлубро раво бубинед.
Тоғли Бадахшон мухтор вилоятида хавфсизликни таъминлаш идоралараро штаби изҳороти
Written by CомонаСизгамаълумки, Тинчликвамиллийбирликасосчиси – Миллатпешвоси, ТожикистонРеспубликасиПрезидентимуҳтарамЭмомалиРаҳмонЖанобиолийларинингкўрсатма-ютопшириқлариижросимақсадида 2018 йилнинг 15 сентябриданТоғлиБадахшонмухторвилоятидақонунустуворлиги, жамияттартиботи, фуқаролархавфсизлигинитаъминлаш, ноқонунийқурол-яроқларнимусодарақилиш, қидирувдабўлганжиноятчиларниқўлгаолишваоргангаолибкелиш, ўқотарқуроллар, наркотикмоддаларниноқонунийсақлашвафойдаланишгадоиржиноятларниошкорэтишваолдиниолишйўлидаидораларароштабамалқилмоқда.
Изҳороти Ситоди байниидоравии таъмини амният дар Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон
Written by Cомона
Тавре ба Шумо маълум аст, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҶТ, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз санаи 15-уми сентябри соли 2018 дар вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон Ситоди байниидоравӣ ҷиҳати таъмини волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, мусодираи силоҳу аслиҳаи ғайриқонунӣ, дастгир ё ба мақомот ҳозир намудани ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ буда, ошкор ва пешгирӣ намудани ҷиноятҳои марбут ба ғайриқонунӣ нигоҳ доштан ва истифодаи силоҳи оташфишон, маводи мухаддир амал менамояд.
Яҳудийлар ва насронийлар итп тэтнинг қийшиқ кӯзгусида
Written by CомонаЭкспертларимизнинг фикрича, 90-йиллар бошида наҳзатчилар томонидан ғайридинларнинг очиқчасига таъқиб қилиниши уларнинг Тожикистондан қочиб кетишларига сабаб бӯлган.
ЕВРЕИ И ХРИСТИАНЕ В КРИВОМ ЗЕРКАЛЕ ТЭО ПИВ. По мнению нашего эксперта, открытое преследование нахзатовцами в начале 90-х годов стало причиной бегства представителей немусульманских народов
Written by CомонаВ 2015 году Верховным Судом Республики Таджикистан была запрещена деятельность ПИВТ как террористическо-экстремистской организации. (Полный текст решения Верховного Суда Республики Таджикистан помещен на сайте НИАТ «Ховар» под рубрикой «Безопасность»). О причинах принятия подобного решения в отношении ПИВ экспертами опубликовано множество статей в средствах массовой информации. Заметки нашего эксперта Камара НУРУЛХАКОВА также связаны с этой темой.
اليهود و النصارى فى المرآت المتعرج لحزب النهضة الأسلامى الإر هابى.
Written by Cомонаوفقا لرأى خبيرنا ، أدىالإضطهاد المباشر لحزب النهضة الإسلامى فى أوائل
Дафтари матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар ВМКБ хабар медиҳад
Written by Cомона
Дафтари матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар ВМКБ хабар медиҳад
Дар доираи андешидани тадбирҳои амниятӣ, ҷорӣ кардани тартиботи ҷамъиятӣ ва ба низом даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар шаҳри Хоруғ рӯзи 06-уми октябри соли 2018, тахминан соати 10:30 дақиқа дар дидбонг
More...
Ҷавоб ба тадқиқоти ботили «Кимиёи саодат» дар бораи ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода
Written by CомонаҶавоб ба тадқиқоти ботили «Кимиёи саодат» дар бораи ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода
Кудето ва ё тазохуроти мусаллахонаи гурўхи террористи таҳти сарварии генерали хоини наҳзатӣ - Абдуҳалим Назарзода маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим, ки аввали сентябрисоли 2015 шурӯъ шуда, минбаъд муковиматхои бенатичаи онхо дар минтакаи Ромит идома ёфт, талоши гайриокилона ва кўшиши мугризонаи дигарбораи ТТЭ ХНИ бо мақсади табаддулоти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Ин падидаи номатлуб қазияи террористие буд, ки ҳақиқати он аз як сӯ дар заминаи иғвову исёни 12 рӯзаи рӯдаррӯи мусаллаҳонаи
Была бы охота - найдётся достойная работа
Некто А.Шоев в статье, опубликованной на сайте ЦентрАзия» считает, что «до таджикской весны осталось совсем немного…», подразумевая под «весной» гипотетические революционные события.
Додгоҳи олии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби дар кишвар мамнӯи наҳзати исломиро, ки аз соли 2015 боз дар хориҷа ба сар мебарад, дар ғайбаш ба “муддати тӯлонии зиндон” маҳкум кард. Мурофиа паси дарҳои баста сурат гирифт.
Даъвоҳои кӯҳнаитт эҳнидар қолаби кумитаи нави наҳзатӣ
Written by CомонаДар яке аз сомонањои нањзатї матлабе тањти унвони «Таъсиси сомонаи расмии Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон» интишор ёфт. Ин дафъа дар заминаи дастуроти роњбарияти ТТЭ ЊНИ Кумитаи нав таъсис ёфта, наљоти зиндониёнро бар уњда гирифтааст. Ҳамон зиндониёне, ки дар содир кардани ҷиноятҳои террористӣ, табаддулоти ҳарбӣ, иқтисодӣ-коррупсионӣ, ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ ва одамрабоӣ даст доранд ва тибқи адолати судӣ, ки талаботи кулли ҷомеаҳои демократӣ, ҳуқуқбунёд ва пешрафта аст, адои ҷазо менамоянд.
Таваљљуњ фармоед: ТТЭ ЊНИ, ки худро наљот дода наметавонад, акнун наљоти дигаронро ба зимма гирифта, дар ин самт барномањои навро дар симои Кумитаи шањрвандї рўйи даст мегирад (албатта, бо кумак ва мусоидати хољагони хориљї). Ба даъвињои масъулини Кумитаи нав хостем чанд назари худро баён намоем:
1.Аљаб корњое дар дунё сурат мебанданд ва аксаран, ин навъи дар нохунак ибтикорот, бештар ба доираи нањзатиёни фирорї тааллуќ мегирад. Њама корњо, мисли ин ки анљом ёфтаанд ва навбат ба таъсиси созмони нав – «Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон» расид. Бубинед, Кумитаи нав њам ба ном фаъолони сиёсиро дар худ таљассум мекунад ва гўиё њуќуќи зиндониёни сиёсиро њимоят менамояд. Кадом зиндониёни сиёсї? Ња, фањмо, зиндониёне, ки танњо ба тими нањзат тааллуќ мегиранд. Дигар зиндониён, аслан ба дарди нањзат ва доирањои ба он наздик намехўранд. Ин аст, ки Кумитаи нав талабот ва муќтазиёти худро дар доираи зиндониёни нањзатї, ки бар асари љиноятњои террористӣ паси панљара ќарор гирифтаанд, мањдуд мекунад. Дигар ин ки муљриёни Кумитаи навтаъсис њам ба нањзат ва афкори нањзатї иртиботи бевосита ва бавосита доранд, аз ин лињоз, њар чї дар ин замина гуфта ва ё интишор меёбад, ба нафарони ба доирањои нањзат иртиботдошта тааллуќ мегирад.
2. Кумитаи мазкур, ки сад дар сад мутмаинем, аз љониби доирањои махсуси хориљї сармоягузорї ва љонибдорї мешавад, тайи фаъолияти семоња дар баргузории пикету флешмобҳо ва тазоҳуротҳои сохтаи иѓвоангезона дар баъзе кишварњо сањм гирифтааст. Ба доираи фаъолияти Кумита таваљљуњ мекунем: пикету флешмоб ва тазоњуроти ба истилоњ, густарда алайњи давлат ва Њукумати Тољикистон ташкил мекунад, исми ба ном зиндониёни сиёсиро фењрист ва љинояткорони террористро реклама менамояд, аз созмонњои байналмилалї кумакњои молию пулї ва пуштибонии сиёсї металабад ва саранљом дар Аврупо паёми бегуноњї пахш месозад. Гузашта аз ин, Кумита маљаллаетањти унвони «Тоҷикистон: қурбониёни таъқиби сиёсӣ» таъсис дода, барои он ки худ ва њаммаслакони террористашонро дар хориљ реклама кунад, исми онњоро фењраствор зикр карда, ба ин восита бегуноњии нањзатро собит кардан мехоњад. Аз ин фурсат истифода бурда, дастандаркорони Кумитаи мазкур гуноњњои набударо бо туњмату буњтон бар гардани Њукумати Љумњурї зада, холи сиёсї мегиранд. Дар њоле ки љомеаи шањрвандї ва мадании аврупої ба ин навъ кумитањо ва созмонњо, ки шуморашон њар рўз ба садњою њазорњо мерасад, аслан эътибор намедињанд. Аз ин љост, ки бо ташкили чунин кумитањо ва созмонњои гуногун шумори муътаризони муњољир намеафзояд, баръакс, њисоби анбўњи нафароне, ки алайњи ба ном оппозитсияи тољик мешўранд, зиёд мешавад. Чун аксари кулли муњољирини тољики муќими Аврупо «лаззати» паноњ бурдан ба нањзатро медонанд ва аз ин ташкилаи бенуфуз парњез мекунанд.
3. Бубинед, ки масъулини Кумитаи нав рўзи 16 сентябрро ба унвони Рўзи зиндониёни сиёсї пазируфтаанд. Чаро? Чунки дар ин рўз нањзатиёни љинояткороне, ки дар табаддулоти Абдуњалим Назарзода даст доштанд, ба њабс гирифта шуданд ва Кумитаи мазкур аз фурсат истифода бурда, ба онњо мартабаи «зиндониёни сиёсї»-ро туњфа мекунад. Пањн кардани брошюра ва дигар маводи таблиѓї баёнгари он аст, ки масъулини Кумита аз як обишхўр об мехўранд ва обишхўри онњо -- ТТЭ ЊНИ мебошад. Аз ин љост, ки талаботи масъулини ин гурўњ дар доираи хостњои нањзатї мањдуд гардида, љињати њамовозї пайдо кардан ба сатњњои дигари муњољирї бароварда мешаванд. Дар асл, ин тоифаи ба ном зиндониёни сиёсї, ба сиёсат рабте надоранд, онњо љиноят содир карда, террорист унвон мешаванд, дар баробари ќонун љавоб гуфтаанду халос.
4. Ба даъво ва дархостҳои ба ном Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон, ки дар њудуди 13 талаб раќамгузорї шудаанд, посухи иљмолии раќамї ироа медорем:
1) зиндониёне, ки Кумитаи нањзатї дар назар дорад, ба њељ ваљњ, дигарандеш нестанд ва тафаккури бастаи таассубї ва хурофотї доранд. Сониян, кирдори онњо дар љараёни мурофиаи љиноятї мавриди баррасии љиддии ихтисосї-њуќуќї ќарор гирифта, бар асоси њалномаи суд ва таркиби љиноёте, ки муртакиб гардидаанд, равонаи зиндон шуданд. Ба ин маъно, њар нафари террористро, ки Кумита ба унвони «зиндониёни сиёсї» муаррифї мекунад, дар асоси ќонун ва асноди меъёрии њуќуќї зиндонї шудаанд. Дурўѓи дигари Кумита рўйи фишорњои набуда ва дурустараш, бофташуда тамаркуз мекунад. Барои бозпурсї даъват кардан ва гузаронидани суњбатњои ихтисосї ва тарбиявї аз кай боз фишор номида шудааст. Бо модари Мањмуд Файзрањмон ва бародари Љанатуллоњи Комил, ки њар ду персонали мутаассиби нањзатї мебошанд, суњбат кардан фишор аст? Магар маќомоти марбутаи давлатї њуќуќи бо шањрвандони худ суњбат кардан ва фањмонидани љузъиёту куллиёти њаракатњои номатлуб, тундгаро ва таассубомези наздикону пайвандони ба ном «дигарандешон»-ро надоранд? Дар тамоми давлатњои дунявї ва демократї ин тарзу усули кор мавриди истифода ќарор мегирад. Агар сохторњои дахлдори давлатї бо наздикону пайвандони террористоне, ки ба хориљ паноњ бурда, барои ноором сохтани авзоъ талош меварзанд, суњбатњои ихтисосї нагузаронанд ва ба онњо воќеиятњоро ошкор насозанд, пас, чї кор кунанд?! Охир, вазифаашон њамин аст, бигзоред, ба вазифаашон амал намоянд. Магар дар Аврупо хешону пайвандони террористон ва љинояткорон ба маќомот даъват намегарданд ва бо онњо суњбат намекунанд? Мекунанд, вале нањзат ва нањзатмаобон бо шумули Кумита ин тарзи кори маќомоти ќудратии аврупоиро нодида мегиранд, зеро ки ба манфиаташон нест;
2) Њукумати Тољикистон ва маќомоти ќудратї пеши роњи кадоме аз пайвандони љинояткорони нањзатиро гирифтааст? Аз љониби дигар, баъзан барои эњтиёт маќомоти марбута имкони хуруљи бастагони љинояткорони нањзатиро муваќќатан мањдуд мекунанд, чаро ки радду бадали бевоситаи онњо ихтилофотро дар муњитњои иљтимої ба вуљуд меоварад ва эътирозоти мардумиро дар пай дорад (аз љониби ќишрњои иљтимої суолоте ба ин мазмун пеш меоянд, ки чаро пайвандону бастагони љинояткорон бидуни монеа ба хориљ иљозаи сафар доранд? Аз ин рў, даъвињои Кумитаи нањзатї дар ин замина љуз њангома чизи дигаре буда наметавонад;
3) тањрифи воќеиятро бубинед, ки чї сон аз љониби масъулини Кумита матрањ мегарданд. Он чи ки нањзатиён ва масъулини Кумита ба унвони мадрак ёд мекунанд, на мадрак, балки воњимаесту бас. Кадом нуќтаи тиббї ба тифлону кўдакони ба ном фаъолони сиёсї кумак накардааст? Масъаларо мушаххас кардан лозим аст, ин гуна дуруѓгўињо ба кор намераванд. Њар нафар бидуни далел гуфта метавонад, ки ба фарзандонаш кумаки аввалияи тиббї расонида нашудааст. Ин навъ иддаоњоро њар кас карда метавонад, бинобар ин, аз дасисабозї канор бояд рафт. Њазорон табобатгоњ, беморхона, ташхисгоњ, бунгоњи тиббї ва амсоли инњо дар ќаламрави љумњурї фаъоланд, ки ба мизољон хидмат мерасонанд;
4) латукўб, нарасонидани кумакњои аввалияи тиббї ва мавридњои вафоти зиндониёни ба ном сиёсї масъалаест, ки нањзат њамарўза ба он мечаспад ва муњимтар аз њама, онро њангома ва сенсатсия мекунад. Мо шоњиди онем, ки чандин комиссияњои созмонњои байналмилалї аз вазъи зиндонњои Тољикистон дидан намуданд ва дар ин замина гузоришот пешнињод карданд. Чаро ба гузоришот ва изњори назароти масъулини созмонњои байналмилалї таваљљуњ намешавад? Љавоб як аст: Чунки ин навъ гузоришњо ба дарди нањзат ва Кумитањои нањзатї намехўранд;
5) њељ мамнўияте дар истифода аз Интернет ва корбарии шабакањои иљтимої мушоњида намешавад, ба љуз чанд мавриди истисної, ки бар асари нољурињои техникї-фанї рўйи кор омадаанд. Ин љойи нигаронї надорад ва њалшаванда аст. Аммо ин навъ нољурињои фанї-техникиро ба сифати найранги сиёсї истифода бурдан дар фаъолияти чандинсолаи нањзатї зиёд мушоњида мекунем;
6) имрўз дар ќаламрави љумњурї њафтаномаю рўзномањои сиёсї-иљтимої ва илмї-маданї дар доираи ќавонини љорї фаъолият мекунанд ва њељ кадом маќомоте пеши роњи интишори онњоро нагирифтааст. Озодандешї ва дигарандешї дар љумњурї баъзан аз љониби гурўњњои табањкори нањзатї, ки дар ќолаби рўњонияти муњофизакори дохилї арзи њастї мекунанд, мавриди интиќоди муѓризона ќарор мегирад. Аммо маќомоти марбутаи давлатї саъю талош меварзад, ки роњи гуногунандешї ва муњимтар аз ин, озодандешї њамвор шавад ва демократия ва гуманизми воќеї дар тамоми баданањои иљтимої татбиќ гардад;
7) дарёфти кӯмаки молӣ аз хориҷ барои бастагони ба ном мухолифон гумоне беш нест ва дар ин замина тавтеасозї танњо ба манфиати Кумита ва њаводори нањзатї мебошаду хайр;
8) Иќдоми мусодираи амволи наздикони мухолифони сиёсӣ (дар асл љинояткорон) бофтаю пардохтаи њамин Кумита аст ва, албатта, мусодираи амволи љинояткор як бахши муњимми татбиќи љазо дар низоми њуќуќи љиноятии Тољикистон мебошад. Бинобар ин, агар амволи љинояткорони нањзатї мусодира шуда бошад, њатман он дар асоси њалнома ва таъйиноти макомоти судї сурат гирифтааст;
9) Эҳсон Одинаев чї шахсияти матрањ аст, ки Њукумат ва маќомоти дахлдори давлатї иттилоотро дар бораи ў пинњон кунанд? Эњсонњои љинояткор дар хориљ зиёданд ва вазифаи сохторњои ќудратї, аз љумла маќомоти амнияти давлатї љустуљў, пайгирї ва ба ихтиёри адолати судї супурдани љинояткорон мебошад;
10) Дар донишкадаю донишгоњњои Тољикистон ба љурми дидгоњи сиёсї ва озодандешї нафаре муттањам нашудааст. Албатта, донишљўёне, ки аќидањои ифротии динї-мазњабї доранд, тибќи ќонунњои амалкунандаи љумњурї муљозот мешаванд. Озодандешии донишљўён дар муассисоти тањсилоти олии касбї истиќбол мегардад ва аз љониби маќомоти марбута љињати тањкиму таќвият ёфтани љараёни озодандешї тадбирњои судманд андешида ва роњандозї мешаванд. Аммо дигарандешии динї-мазњабї, ки бар мабнои аќоиди пўсидаи мазњабї созмон ёфтааст, дарди сари на танњо давлат, балки тамоми љомеа мегардад. Ин падидаи шум (ташаннуљи хурофоту таассуби мазњабї)-ро дар охири солњои њаштодум ва ибтидои солњои навадуми асри бист хеле хуб мушоњида кардем ва натиљаи манфиашро њам бо чашми сар дидем, ки дар вусъати он наќши нањзат калидї буд;
11) аз кадом озору азияти фарзандону пайвандони ба ном мухолифони сиёсї сухан меравад, намефањмам?! Дигар ин ки дар донишгоњњо донишу маърифат ва рафтору кирдори донишљў мадди назари маъмурият ва њайати омўзгорї-профессории муассисоти тањсилоти олии касбї ќарор мегиранд. Ба хешу аќрабо ва љузъиёти сиёсии хонаводаи донишљў, аслан таваљљуњ намешавад. Инро нањзат ва кумитасозони нањзатї хуб медонанд, вале барояшон дар њар самте њатман њангомае лозим аст;
12) парвандањое, ки аз љониби маќомоти марбута, аз љумла прокуратура сурат мегиранд, дурўѓин нестанд. Баръакс, њар як парвандае, ки нисбат ба нафарони алоњида ва ё гурўњњои љиної боз мегарданд, бо дарназардошти таркиби љиноёт ва ваљњу далоили љиної ба истењсолоти њуќуќї равона мегардад. Аз ин рў, бидуни далел нисбат ба нафаре парванда боз намешавад ва нафароне, ки манзури Кумитаанд, дар асоси далелњои шайъї пушти панљара ќарор гирифтаанд ва парвандањои онон, ба њељ ваљњ, сиёсї нестанд;
13) албатта, масъулон ва кормандоне, ки бо нақзи қонуни асосӣ ва дигар қонунҳои Тоҷикистон ва низ меъёрҳои пазируфташудаи байналмилалӣ нисбат ба кӯдакон ва бастагони дигарандешон амалҳои нораво ва шиканҷа раво дидаанд, њатман ба истеъфо фиристода мешаванд, агар силсилаи амалњоеро, ки ба ном Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон ирсол доштааст, анљом дода бошанд. Њол он ки маќомоте дар пайи ин иддао муќассир нест. Он чиро, ки нањзатиён солњост дар ин замина тариќи расонањои љамъию гурўњи ироа мекунанд, љуз њадсу гумон чизи дигаре нест ва њадсу гумон, чуноне ки медонем, дар протседураи њуќуќї далел буда наметавонад.
Дар маљмўъ,иддаоњои иќтизошудаи Кумитаи нав даъвињои пўсидаеро мемонанд, ки ба худи нањзат дахл доранд. Он рўйхати дусаднафараи зиндониёнеро, ки нањзатињо тартиб дода, иѓвогарона муњри «сиёсї»-аш задаанд, дар асл, љинояткороне њастанд, ки њар кадом мувофиќи љинояти содирнамудаашон имрўз муњлати љазояшонро паси сар мекунанд. Масалан, чанд нафари онњо бо љурми иштирок дар кўшиши табаддулоти давлатї дар сентябри соли 2015, баъзењо бо гуноњи терроризму ифротгарої мањкум гардидаанд. Баъзеи дигарашон љиноятњои хусусияти иќтисодидошта содир карда, ба мањбас кашида шудаанд. Аммо гуноњи њамаи онњо бо далелњои раднопазир исбот гардида, бо ќарори Суд љазо гирифтаанд. Маъмулан, љинояткорро дар њар кишвари дигаре ва дар њар давру замон ба љавобгарї мекашанд. Ягон љойи њайронию воњима надорад. Ва ТТЭ ЊНИ њам ягон хел њизби мухолифи сиёсї нест, балки ташкилоти террористї мебошад. Инро маќомот бо санаду далелњо исбот кардаанд ва ќарори Суди Олии кишвар дар ин маврид судур гардидааст. Дигар нањзатињо њарчанд њангома бардоранд њам фоида надорад. Зеро бо «сиёсї» хондани террористону љинояткорон онњо якбора дигар намешаванд.
ТТЭ ЊНИ дар хориљ аз кишвар ба тавтеаю дасиса ва иѓвогарї машѓул шуда, созмону ташкила ва кумитањои барзиёд ташкил карда, худро реклама мекунад ва як навъ нуфуз доштанашро дар Аврупо ба намоиш мегузорад. Аммо нањзат, чи бо њузури Кабирї ва чи бидуни њузури Кабирї дар муњити тољикистонї ва њам аврупої, ки мардумонаш бар мабнои аќлу дониши дунявї зиндагї мекунанд, маъруфият пайдо намекунад, зеро ки роњи иштибоњї ва террористгунаро интихоб кардаанд ва инро дар ояндаи наздик хоњем дид.
Зикриё Акрамӣ, доктори илмҳои таърих, профессор
Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 