Хабархои сиёси

Хабархои сиёси (512)

Dolor pretium adipiscing Nam Curabitur nulla Duis id tellus at et. Dui orci Sed dolor Aenean tincidunt vitae vitae sed mattis sed. Purus Vivamus dapibus lorem Vestibulum dis pellentesque tristique dui Morbi hendrerit. Eu eu eros interdum tempus facilisi orci mollis netus semper massa. Consequat sed pellentesque cursus et vel nunc lacinia quis semper senectus. Felis Donec libero nibh Sed velit a Nulla elit dui porttitor.

Матлаби Сайидюнуси Истаравшанї, ки зери домани охундњои шиамазњаб панањ бурда бо мардуму давлати Тољикистон душманї меварзад, тањти унвони пурвоњимаи «Парвандаи Ҳоҷӣ Умаралӣ ва Ҷамол: нуқоти ифтироқу иштирок»  дар пойгоњи ифротии иттилоотиаш интишор ёфт.

Якшанбе, 21 Октябр 2018 17:51

Расми хуби тоҷиконро гум макун

Written by

Яке аз суннатҳои бисёр бостонӣ ва ҳамзамон маъруфи мардуми тоҷик меҳмоннавозӣ ва арҷгузорӣ ба меҳмон аст. Фарҳанги меҳмоннавозӣ дар зеҳни мардуми тоҷик ҷойгоҳи хеле вижае дорад. Арҷгузорӣ  ба меҳмон дар байни мардуми мо ҳамчун яке аз нишонаҳои умда ва аслии ҷавонмардӣ ва инсонгароиву одамгарӣ маҳсуб мешавад.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии Точикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 15-уми сентябри соли 2018 дар мулоқот бо фаъолони Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон ҷиҳати таъмини волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, дастгир намудани ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ қарордошта, мусодираи силоҳу аслиҳа, лавозимотҳои ҷангии  ғайриқонунӣ, ошкор ва пешгирӣ кардани ҷиноятҳои марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир як қатор супоришҳои қатъӣ дода буданд.

 

 

16-уми октябр бо иштироки Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ва Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов маҷлиси фаъолони ВМКБ баргузор гардид, ки дар он аз фаъолияти якмоҳаи Ситоди байниидоравии мақомоти таъмини амният дар вилоят натиҷагирӣ карда шуд.

 

ДУШАНБЕ, 16.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Донишгоҳи Истанбули Туркия Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Зарурати муборизаи муштарак бар зидди ташкилотҳои террористӣ» баргузор гардид. Дар Конфронси мазкур раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода, муовини аввали муфтии шаҳри Истанбул Вейсел Ишилдар, муфтии ноҳияи Фатиҳи шаҳри Истанбул Веҳап Капиҷиоғлу, ректори Донишгоҳи Истанбул профессор Маҳмут Ак ва раиси Анҷумани тоҷикон дар Туркия Зафар Мақсудов иштирок ва суханронӣ намуданд.


 

 

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода зимни суханронӣ оид ба пайдоиши ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзат дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон нақл карда, зикр намуд, ки тамоми рӯҳониёни машҳури тоҷик ҳамон солҳо таъсиси ҳизби наҳзати исломиро қабул надоштанд, онро дастгоҳ ва манбаи идеологияи аҳли ташайюъ дониста, фаъолияташро зараровар, ғайри қобили қабул ва муқобил ба суботу оромии мамлакат ҳисобида буданд. Аммо роҳбарони наҳзат иродаи мардуми мусулмон ва рӯҳониёни мазҳабиро сарфи назар карда, тавассути таблиғоти идеологӣ ва дастгирии молиявии хоҷагони хориҷии худ ҷаласаи худро баргузор карда, ба ҳаёти сиёсии мамлакат ворид шуданд ва дар муддати кӯтоҳтарин оташи ҷанги шаҳрвандиро афрӯхтанд. Ҷанге, ки панҷ сол давом карда, боиси кушта шудани даҳҳо ҳазор сокинони осоишта, гуреза шудани садҳо ҳазор аҳолии мамлакат, харобу валангор шудани шаҳру деҳоти Тоҷикистон гашт. Ба хотири расидан ба сулҳ роҳбарияти олии мамлакат ба фаъолияти осоиштаи ҳизби наҳзат розигӣ доданд. Аммо наҳзатиён аз содир кардани ҷиноятҳои сангини террористӣ даст накашиданд. Бо супориш ва маблағгузории роҳбари фирории ташкилоти террористӣ-экстремистии наҳзати исломӣ 4 сентябри соли 2015 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби аъзои фаъол ва роҳбарикунандаи ҳизби мазкур кӯшиши табаддулоти ҳарбӣ сурат гирифт. Дар натиҷа ҷавонони бо нангу номус ва мусалмони тоҷик, ки мақсади дифоъ аз Ватану миллати худро доштанд, аз силоҳи террористони наҳзатӣ кушта шуданд. Ҷумҳурии бародари Туркия низ чунин табаддулоти давлатиро 15 июли соли 2016 аз сар гузаронид ва шоҳиди кушта шудани садҳо нафар шаҳрвандони бегуноҳ шуд. Аз ин бармеояд, ки ҳамаи ташкилотҳои террористӣ аз усули умумӣ – зӯроварӣ ва истифодаи силоҳу террор истифода мебаранд ва фарқи зиёд байни онҳо дида намешавад. Бинобар ҳамин имрӯз зарурати муборизаи муштарак ба муқобили онҳо пеш омадааст.  Саидмукаррам Абдуқодирзода дар Конфронс чунин гуфт: «Дар ҳаққи чунин афрод Паёмбари Худо Ҳазрати Муҳаммад (с) фармудаанд: «Он ки бар мо силоҳ кашад, аз мо нест ва он ки ба мо хиёнат кунад, аз мо нест!».

 

Дар хотимаи суханронии худ раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихроҷи аъзои фаъоли созмони террористии наҳзат аз ҳудуди Ҷумҳурии Туркия ба мақомоти марбутаи ин кишвар изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид кард, ки хатари ҳизби наҳзат аз созмонҳои террористии «ДОИШ» ва «Ал-Қойида» кам нест.

Дар идомаи Конфронс муовини муфтии шаҳри Истанбул Вейсел Ишилдар, муфтии ноҳияи Фатиҳи шаҳри Истанбул Веҳап Капиҷиоғлу, ректори Донишгоҳи Истанбул профессор Маҳмут Ак ва раиси анҷумани тоҷикон дар Туркия ба сухан баромада, вобаста ба хатари наҳзат дар ҷомеаи имрӯза изҳор назар намуданд.

Дар ҳошияи Конфронси мазкур мулоқоти Саидмукаррам Абдуқодирзода бо ректори Донишгоҳи Истанбул профессор Маҳмут Ак баргузор гардид. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо табаддулоти созмонҳои террористӣ (наҳзат ва созмони Фатҳулоҳ Гюлен)-ро дар кишварҳои хеш маҳкум намуда, таъкид карданд, ки террорист давлат, дин, миллат ва мазҳаб надорад. Ректори донишгоҳи Истанбул таъкид намуд, ки барои ҳаводорони ташкилоти террористии наҳзат дар Туркия, бахусус Донишгоҳи Истанбул ҷой нест. Ҳамсуҳбат тазаккур дод, ки ҷиҳати пешгирии амалҳои душманони наҳзат ӯ дар ҷаласаи навбатии Шӯрои олимони Туркия пешниҳод менамояд, ки бо мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории заруриро ба роҳ монда, дар сурати пайдо шудани тарафдорони наҳзат онҳоро аз тамоми донишгоҳҳо ва муассисаҳои таълимӣ хориҷ намоянд.

Дар рафти Конфронс муҳокима ва саволу ҷавоб миёни донишҷӯён, рӯзноманигорон ва маърӯзачиён сурат гирифт.

Дар Конфронси байналмилалӣ дар баробари донишҷӯёни тоҷик донишҷӯёни турк, ӯзбек, қазоқ, қирғиз, афғон ва намояндагони дигар миллатҳо, ки дар куҳантарин ва маъруфтарин мактаби олии Туркия – Донишгоҳи Истанбул таҳсил менамоянд, ширкат варзида, амали созмонҳои террористӣ, ба монанди наҳзатро маҳкум намуданд.

Акрам САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Сешанбе, 16 Октябр 2018 05:01

Авлавият дар амнияти Бадахшон аст

Written by

Дар шумораи 41-уми ҳафтаномаи “Тоҷикистон” зимни мусоҳибаи худ собиқ генерали Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар Давлат Маҳмадризобеков перомуни вазъяти кунунии сиёсию амниятии шаҳри Хоруғ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон изҳори андеша кардааст ва аз гурӯҳҳои гуогуни ҷинояткор, фурӯшандагони маводи мухаддир ва ашхоси силоҳдор, ки тартиботи ҷамъиятиро дар минтақа вайрон менамянд, қонуншиканӣ мекунанд, сахт интиқод кардааст.

Мавсуф тағйиротҳои кадриеро, ки дар сохторҳои давлатию низомии вилояти мазкур аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои беҳтар гардонидани вазъи минтақа равона карда шудааст, куллан ҷонибдорию дастгирӣ менамоянд ва таъкид мекунад, ки дар мубориза ба муқоили нерӯҳои вайронкору қонуншикан бояд нақши сохторҳои марказӣ зиёд гардад ва дар ин кори масъулиятноку душвор, асосан, бояд сохторҳои ВКД, КДАМ ва дигар ниҳодҳои қудратӣ саҳмгузор бошанд.

Генерал Давлат Маҳмадризобеков ҳангоми мусоҳиба зикр мекунанд, ки ҳам дар марказ ва ҳам дар худи Бадахшон бояд аз шумори кадрҳои маҳаллӣ сафи кормандони сохторҳои қудратӣ афзоиш ёбад, зеро дар давоми солҳои охир шумораи онҳо хеле кам шудааст.Ба фикри эшон, он кадрҳое, ки аз дигар манотиқи кишвар ба Бадахшон фиристода мешаванд, расму ойини мардуми бумиро дуруст намедонанд ва бо халқи маҳаллӣ ба пуррагӣ забон намеёбанд.

Дар ин маврид мо ба чунин андешаронии генерал Д.Маҳмадризобеков қисман розӣ шуда наметавонем, чунки кору пайкори ҳамин кадрҳои маҳаллӣ буд, ки вазъияти сиёсию амниятии вилоятро орому муътадил карда натавонистанд ва барои ба эътидол овардани вазъи ноорому нигаронкунандаи шаҳри Хоруғ ва вилояти мазкур дахолати Ҳукумати Марказӣ ногузор гардид.

Кадрҳои маҳаллӣ дар тӯли ин солҳо гурӯҳҳои ҷиноиро барҳам назаданд, силоҳро аз дасти мардум ҷамъ накарданд, пеши роҳи кочоқи маводи мухаддирро нагирифтанд ва дар натиҷаи чунин каммасъулиятиву саҳлангории онҳо вазъи сиёсию иқтисодӣ ва амниятии Бадахшон рӯ ба беҳбудӣ наовард.

Ба андешаи мо дар масоили рушди кишвар ва тарбияи кадрҳои маҳаллӣ, аз ҷумла, кадрҳои минтақаи Бадахшон бояд манфиатҳои умуми-давлатию умумимиллӣ дар мавриди аввал ба назар гирифта шаванд.

Мо бояд кадрњои миллиро ба “худӣ”-ю “бегона” ҷудо накунем ва ба њар як кадр аз рӯи қобилияту касбият ва ахлоқи неку масъулиятшиносии он бояд муносибат кунем ва ҳангоми ба вазифаҳои пурмасъул пешниҳод кардани онҳо ин хусусиятҳоро пеши назар дошта бошем. Маҳалгаронию тафаккури маҳдуд дар корҳои давлатию хусусӣ ба парокандагии миллат оварда мерасонад ва ин тарзи андешаронӣ дар масъалаи кадрҳо ва дар ҳар як масъалаи дигари доғи рӯз ба ваҳдати миллии мо тоҷикон осеб расонида метавонад.

Дар оянда барои рушди муназзами шаҳри Хоруғ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон ва ба эътидол овардани вазъи сиёсию амнияти он Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кадрҳои арзандаю ватандӯстро дар сохторҳои гуногуни сиёсию низомии он интихоб ва таъйин намуданд ва боварию умед аст, ки чунин тағйироти кадрӣ ва амалҳои созанда дар солҳои наздик натиҷаҳои муҳимеро ба бар хоҳанд овард.

 

Сешанбе, 16 Октябр 2018 00:41

Яксўябинӣ дар таҳқиқи Бардия Раҳмонӣ

Written by

Расонаи наҳзатӣ натиҷаи  таҳқиқоти Бардия Раҳмонӣ, мушовири байналмиллалӣ дар бахши амниятиро дар мавриди гўё даст доштани мақомоти Тоҷикистон дар тиҷорати маводи мухаддир, ки дар нашрияи  The Diplomat мунташир гардидааст, нашр кард (албатта, барои тавсеа додани иттиҳомоти худ алайҳи Ҳукумати Тоҷимкистон ва раҳбарияти давлатӣ). Мавод, яктарафа таълиф гардидааст.

Вақтҳои охир аз васеъ гардидани имкониятҳои воситаҳои ахбори умум, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоию сомонаҳои интернетӣ истифода бурда, одамони алоҳида ва гурўҳҳои ба ватану миллат душман, ки ба ТТЭ ҲНИ мансубият доранд, ҳар гуна хабару «таҳлилҳои» ғаразнок ва иғвоангезонаро дар байни аҳолӣ паҳн мекунанд. Рўзҳои охир дар яке аз сомонаҳои ифротӣ маводе зери унвони «Сабаби афзоиши беморони ВНМО дар Тоҷикистон» нашр гардид, ки мақсади он туҳмат задан ба Ҳукумати Тоҷикистон мебошад. 

Душанбе, 15 Октябр 2018 07:03

Маш бачгала царанг аҳволат?

Written by

(Дар ҳошияи ҳилагариҳои гурӯҳакҳои ҷиноятии шаҳри Хоруғ, ки даъвои соҳибмулкӣ доранд)

                                Ширу шакари тоҷикиву тоҷикӣ (яъне шуғнӣ)

Машат тойдъм тар аэропорт,

Тар ғазакен высший сорт.

(Тарҷумаи таҳтуллафзӣ:

 

В последний период обстановка в северных приграничных провинциях Афганистана имеет устойчивую тенденцию к осложнению. Наблюдается передислокация в эти районы вооруженных формирований международных террористических организаций, причем значительную их часть составляют граждане центральноазиатских стран. По оценкам экспертов, афганские «горные ворота» рассматриваются в качестве приоритетного направления возможной масштабной экспансии терроризма и наркотиков из Афганистана в государства Центральной Азии и другие республики постсоветского пространства.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top