Хабархои сиёси (512)
Dolor pretium adipiscing Nam Curabitur nulla Duis id tellus at et. Dui orci Sed dolor Aenean tincidunt vitae vitae sed mattis sed. Purus Vivamus dapibus lorem Vestibulum dis pellentesque tristique dui Morbi hendrerit. Eu eu eros interdum tempus facilisi orci mollis netus semper massa. Consequat sed pellentesque cursus et vel nunc lacinia quis semper senectus. Felis Donec libero nibh Sed velit a Nulla elit dui porttitor.
О Т В Е Т на Обращение «гражданского общества и жителей ГБАО Таджикистана»
Written by Cомона14 октября с.г., накануне 15 октября, когда заканчивается срок добровольной сдачи оружия в ГБАО, на сайте ozodandishon опубликовано Обращение гражданского общества и жителей ГБАО Таджикистана к органам власти и международному сообществу.
Ҷавоб ба мавқеъгирии ғайрисозанда ва хилофкоронаи «генерал» Давлат Маҳмадризобеков
Written by CомонаДар шумораи ҳафтаномаи «Тоҷикистон» (шумораи 41 аз 11 октябри соли 2018) мусоҳибаи Давлат Маҳмадризобеков ба чоп расид. Мусоҳиба ҳолати воқеии вазъияти ҷинояткориро дар шаҳри Хоруғ воруна ва чаппа ифода мекунад ва дар мусоҳиба кӯшиши тафриқа андохтан байни кормандони ба ном «маҳаллӣ» ва «омада» шудааст, ки мазмуну муҳтавои мақоларо ба куллӣ дигар кардааст.
Информационная война против жителей Таджикистана, развязанная внешними враждебными силами, нацеленными на дестабилизацию обстановки в стране продолжается. Силы, для которых Таджикистан является полигоном для отработки технологий законспирированной войны с законными устремлениями государственной власти по наведению законности и ст
Имрўз дар ҷомеаи муосир ҳар гуна Ҳизбу ҷараёнҲои ифротию террористӣ ба мисли ҲНИ бо роҲбарии МуҲиддин Кабирӣ ва Ҳам аӣидаҲои он дар хориҷи кишвар хусусан дар шаҲри Дортмунти Олмон зуҲурнамуда истодаанд, ки имрӯзҳо аз расонаҳо огоҳ мешавем, ки хоҳарзодаи роҳбари собиќ мухолифин Саид Абдуллои Нурӣ Шайхов МуҲаммадсаид Маҳмадаминович аз олам падруд гуфта мурдаш бе касу бесоҳиб мондааст чаро xавонони мо инќадар аз паси ин гурӯҳҳо фирефта шуда мурдаҳояшон дар хоки арғибӣ аз Ватан дур пурҳасрату боалам аз дунё чашм мепушанд.
Хабаридаршаҳри Дортмунти Олмонва фоткардани Шейхов Муҳаммадсаид рошунида баандеша фурурафтам. Боз як фарзанди роҳгумкардаи тоҷик дар диёримардум, даршаҳри ғурбатаздунё гузаштвадуразватанудиёрбаҳасратбахокспоридашуд.
Хоке ки аз он гавҳару тилло хезад, Бо хоки ватан ҳеҷ баробар нашавад.
Written by CомонаВоқеан инсон бузургтарин насли бошуурест, ки маҳз тавассути ақлу хирад, илму маданият, фарҳангу адаби худ аз дигар офаридаҳои Офаридгори бузург фарқ мекунад. Албатта инсони дурандеш ҳеҷгоҳ паи хислатҳо ва андешаҳои номатлуб намеравад.
Имрӯз дар саросари кишварамон Тоҷикистон сулҳу ваҳдат, ҳамдигарфаҳмию баробарҳуқуқӣ ҳукмрон буда, ҳар як шаҳрванди он худро дар фазои озодона ҳис карда, баҳри ободонии хонадони худ ва шукуфоии мамлакат ҳарбу зарб дорад, зеро медонад, ки ҳимоятгару такягоҳи тавоно, ҳукумати пойдору сарвари хирадманд дорад.
Навиштаҳои Сайидюнус бар зидди Тоҷикистон хиёнат аст
Written by CомонаРўзҳои охир дар баъзе расонаҳои интернетӣ оид ба ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ хабаре нашр шудааст, ки зимни он сарпарасти созмони “Маркази имдодрасонӣ ва кӯмаки Малик Салмон” Абдуллоҳ ар Робеҳ фаъолияти гуманитарии ин ташкилотро дар кишвари мо мисол овардааст.
«Назария»-и нави наҳзатӣ дар ростои барномаи телевизионӣ
Written by CомонаРасонаи наҳзатӣ барномаи телевизиониеро мадди назар қарор дода, дар доираи матлаби навбатӣ рўйи масъалаи силоҳ дар Бадахшон тамаркуз намуда, чанд мулоҳизаи хушке манзур намуд.
Изҳороти Ситоди байниидоравии таъмини амният дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баёнгари вазъи воқеии сиёсӣ, иљтимоӣ ва ҳуқуқии минтақа мебошад ва дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат таъсис ёфта, љиҳати амалӣ намудани чораҳои зарурӣ дар самти риояи тартиботи љамъиятӣ, мубориза бар зидди гардиши ѓайриқонунии маводи мухаддир, мусодира ва халъи силоҳ аз дасти гурўҳҳои љиноятӣ роҳандозӣ шудааст. Аз ин рў, барномарезиҳое, ки то имрўз дар муддати кўтоҳ дар ҳудуди шаҳри Хоруѓ ва дигар минтақаҳои вилоят амалӣ гардидаанд, сазовори қадрдонӣ ва эҳтироманд. Агар ба қисмати муқаддимавии матни
More...
Имрӯз вақте, ки аз шабакаҳои иҷтимоӣ дидан мекунӣ хабарҳое ба чашм мерасад, ки касро дар ҳайрат мегузорад. Аз он ҷумла фавти Шейхов Абдулло Маҳмадаминович дар шаҳри Дортмунти Олмон, ки умри на чандон тўлоние яъне ҳамагӣ 46 сол умр доштааст.
Мурочиатномаи омўзгорону донишчўёни Донишгохи давлатии тичорати Точикистон вобаста ба вазъи ВМКБ
Written by CомонаТавре ба ҳамагон маълум аст, яке аз масъалаҳои доғи рӯзи ҷумҳурии мо ин фаъолияти гурӯҳҳои муташаккили ҷиноии Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон мебошад, ки метавонад ба имиљи Тоҷикистони соҳибистиқлол латма ворид созад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми сокинони сарбаланди Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ даъват ба амал оварданд, ки ҷиҳати таъмини волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, мусодираи силоҳу аслиҳаи ғайриқонунӣ, дастгир ё ба мақомот ҳозир намудани ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ буда, ошкор ва пешгирӣ намудани ҷиноятҳои марбут ба ғайриқонунӣ нигоҳ доштан ва истифодаи силоҳи оташфишон, тамоми чораҳои заруриро андешанд.
Боиси таасуф аст, ки аз гурўњњои љиноятпешша то ба њол ба хулосаи нињоии гиромидошти арзишњои сулњ ва оромии љомеъа наомадаанд. Аз 21 нафар ҷинояткорони дар кофтукоб қарордошта, танњо 11 нафари онҳо ихтиёран бо аризаи худиқрорӣ ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ҳозир шуданду халос. Њамчунин ҳанӯз дар дасти ашхоси ҷиноятпеша ва сокинони алоҳида ғайриқонунӣ нигоҳ дошта шудани шумораи зиёди силоҳи оташфишон ва лавозимоти ҷангӣ боиси нигаронии на танњо сокинони сарбаланди Вилояти мухтори кўњистони Бадахшон, балки тамоми Тољикистон аст.
Дар пайравї аз изњороти Ситоди байниидоравии таъмини амният дар Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон, донишљўёну омўзгорони Донишгоњи давлатии тиљорати Тољикистон қотеъона хоњиш ва талаб менамоянд, ки дар мӯҳлати кўтоњтарин тамоми силоҳу аслиҳа ба маќомотњои ќудратии вилоят супорида шавад.
Аслан ин њама чорањои андешидашудаи маќомотњои ќудратї бањри пойдор намудани волоияти ќонун ва риояи бечунучарои њуќуќу озодињои шањрвандон дар Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон мебошад.
Миллати сарбаланди тољик сулњофарин мебошад ва ин муќаддасотро гиромї медорад. Боварї дорем, ки сокинони шаҳри Хоруғ бо такя ба фарҳангу маърифати волояшон то санаи муќарраргардида, силоҳи охирини оташфишони худро ба мақомотҳо супорида, ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ буда ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳозир мегарданд ва барои таъмини амнияти сокинони вилоят, ҷорӣ намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва минбаъд амал намудан дар доираи қонунҳои мавҷуда мусоидат менамоянд.
Мурољиатномаи омўзгорону донишљўёни Донишгоњи давлатии тиљорати Тољикистон вобаста ба вазъи ВМКБ
Тавре ба њамагон маълум аст, яке аз масъалањои доѓи рўзи љумњурии мо ин фаъолияти гурўњњои муташаккили љиноии Вилояти мухтори кўњистони Бадахшон мебошад, ки метавонад ба имиљи Тољикистони соњибистиќлол латма ворид созад. Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Ҷумњурии Тољикистон Эмомалї Рањмон аз тамоми сокинони сарбаланди Вилояти мухтори кўњистони Бадахшон, маќомотњои њифзи њуќуќ даъват ба амал оварданд, ки љињати таъмини волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, мусодираи силоҳу аслиҳаи ғайриқонунӣ, дастгир ё ба мақомот ҳозир намудани ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ буда, ошкор ва пешгирӣ намудани ҷиноятҳои марбут ба ғайриқонунӣ нигоҳ доштан ва истифодаи силоҳи оташфишон, тамоми чорањои заруриро андешанд.
Боиси таасуф аст, ки аз гурўњњои љиноятпешша то ба њол ба хулосаи нињоии гиромидошти арзишњои сулњ ва оромии љомеъа наомадаанд. Аз 21 нафар ҷинояткорони дар кофтукоб қарордошта, танњо 11 нафари онҳо ихтиёран бо аризаи худиқрорӣ ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ҳозир шуданду халос. Њамчунин ҳанӯз дар дасти ашхоси ҷиноятпеша ва сокинони алоҳида ғайриқонунӣ нигоҳ дошта шудани шумораи зиёди силоҳи оташфишон ва лавозимоти ҷангӣ боиси нигаронии на танњо сокинони сарбаланди Вилояти мухтори кўњистони Бадахшон, балки тамоми Тољикистон аст.
Дар пайравї аз изњороти Ситоди байниидоравии таъмини амният дар Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон, донишљўёну омўзгорони Донишгоњи давлатии тиљорати Тољикистон қотеъона хоњиш ва талаб менамоянд, ки дар мӯҳлати кўтоњтарин тамоми силоҳу аслиҳа ба маќомотњои ќудратии вилоят супорида шавад.
Аслан ин њама чорањои андешидашудаи маќомотњои ќудратї бањри пойдор намудани волоияти ќонун ва риояи бечунучарои њуќуќу озодињои шањрвандон дар Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон мебошад.
Миллати сарбаланди тољик сулњофарин мебошад ва ин муќаддасотро гиромї медорад. Боварї дорем, ки сокинони шаҳри Хоруғ бо такя ба фарҳангу маърифати волояшон то санаи муќарраргардида, силоҳи охирини оташфишони худро ба мақомотҳо супорида, ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ буда ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳозир мегарданд ва барои таъмини амнияти сокинони вилоят, ҷорӣ намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва минбаъд амал намудан дар доираи қонунҳои мавҷуда мусоидат менамоянд.
Муроҷиати донишҷӯён ва омӯзгорони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон
Written by ДонишгоҳТавре ба њамагон маълум аст, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумњурии Тољикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз санаи 15-уми сентябри соли 2018 дар Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон Ситоди байниидоравӣ ҷиҳати таъмини волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон ва мусодираи силоҳу аслиҳаи ғайриқонунӣ фаъолият дорад.
Тибќи изњороти ситоди мазкур маълум мегардад, ки то ҳанӯз дар дасти ашхоси ҷиноятпеша ва сокинони алоҳида шумораи зиёди силоҳи оташфишон ва лавозимоти ҷангӣ ғайриқонунӣ нигоҳ дошта мешавад, ки ин оқибати ногувор дорад. Инчунин, аз ҷониби афроди алоҳида вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва дигар қонунвайронкуниҳо ба қайд гирифта мешаванд.
Мо, аз ин гуна ашхос қотеъона талаб менамоем, ки дар муҳлати муайянгардида тамоми силоҳу аслиҳаро ба маќомоти интизомї супоранд, то ин ки амнияти сокинони шарафманди Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон, бахусус шаҳри Хоруғ ба пуррагї таъмин гардад.
Шањрвандони ин вилояти номдор бояд ба иғвою дасисаҳои беасосу бемаънии саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ бовар накунанд.
Мо боварии комил дорем, ки дорем, ки то санаи 15-уми октябри соли равон силоҳи охирини ғайриқонунӣ ба мақомоти интизомї супорида мешавад, амнияти сокинони вилоят халалдор намегардад ва сокинони ватандўсти ин диёр дар пешрафту ободонии кишвари азизамон сањми арзандаи худро мегузоранд.
Изҳороти Ситоди байниидоравии таъмини амният дар Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон
Written by ДонишгоҳТавре ба Шумо маълум аст, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти ҶТ, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз санаи 15–уми сентябри соли 2018 дар вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон Ситоди байниидоравӣ ҷиҳати таъмини волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, мусодираи силоҳу аслиҳаи ғайриқонунӣ, дастгир ё ба мақомот ҳозир намудани ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ буда, ошкор ва пешгирӣ намудани ҷиноятҳои марбут ба ғайриқонунӣ нигоҳ доштан ва истифодаи силоҳи оташфишон, маводи мухаддир амал менамояд.
Дар ҳолати то 11-уми октябри соли равон аз саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва сокинони алоҳидаи шаҳру ноҳияҳои вилоят, бахусус шаҳри Хоруғ 136 адад силоҳи оташфишон, аз ҷумла: 57 адад «Автомат Калашников», 2 адад «Пулемёт», 2 адад гулулаандоз (Гранатамёт), 1 адад комплекси зенитӣ, 27 адад «Таппонча», 8 адад Карабин, 29 адад силоҳи суфтамили «ТОЗ», 1 адад силоҳи истеҳсоли хориљї ва бештар аз 2686 адад лавозимоти ҷангӣ, инчунин 500 гр маводи тарканда мусодира шудааст.
Аз 21 нафар ҷинояткорони дар кофтукоб қарордошта, 11 нафари онҳо ихтиёран бо аризаи худиқрорӣ ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ҳозир шуданд, ки ба қатори онҳо шаҳрвандон Акимбеков Акимбек Азизмамадович, Бозоров Комрон Ватаншоевич, Мирзоев Фируз Маҳмудхонович, Шейхов Пулод Тиллоевич, Каримбеков Рустамбек Давлатбекович, Некқадамов Шертан Саидқадамович, Болиев Шоҳғариб Додхудоевич, Худоназаров Некруз Ғуломалиевич, Ҳамиди Ташриф ва Давлатқадамов Музаффар Имомназарович дохил мешаванд.
Ба нафароне, ки то ҳанӯз дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошта, ба мақомот ҳозир нашудаанд, бори дигар таъкид мегардад, ки аз ҳолатҳои сабуккунандаи қонун пешбининамуда истифода карда, ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ҳозир шаванд. Чунки баъди ба охир расидани мӯҳлати муайянгардида пушаймонӣ суд надорад.
Ҳамзамон, рӯзи 02 октябри соли 2018 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ аъмоли ҷиноятии аъзоёни гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва ноҳияи Шуғнони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мақсад доштанд, миқдори зиёди силоҳу лавозимоти ҷангӣ ва маводи мухаддирро аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба ноҳияи Шуғнони ВМКБ ҶТ интиқол диҳанд, ошкор ва пешгирӣ гардид.
Дар натиҷаи амалиёт ва задухӯрди мусаллаҳона дар минтақаи наздисарҳадии Барчиди ҷамоати деҳоти Поршнёви ноҳияи Шуғнон қочоқбарон аз торикии шаб истифода карда, аз ҷои ҳодиса фирор намуданд.
Ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса 2 борхалта, ки дар дохили онҳо 4 адад силоҳи оташфишони автомати «Калашников» ва 25 кг воситаҳои нашъадор, аз ҷумла 10 кг маводи мухаддири навъи «героин», 13 кг маводи нашъадори навъи «ҳашиш» ва 2 кг воситаи нашъадори навъи «афюн» дарёфт ва мусодира гардид.
Тибқи маълумоти бозсанҷишудаи Ситод гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии ноҳияи Шуғнон ва шаҳри Хоруғ айни замон кӯшиши аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва дигар минтақаҳо ворид намудани силоҳ, муҳимот ва маводи мухадирро доранд. Ба ҳамин хотир қотеъона таъкид карда мешавад, ки чунин аъмоли ҷинояткорона вазъиятро мураккаб ва раванди қабул кардани чораҳои қонуниро нисбат ба ташкилкунандагони чунин ҷиноят ба воқеъият наздик месозад.
Самти дигари фаъолияти Ситоди байниидоравӣ ба таври қотеъона ба низом даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва аз байн бурдани қоидавайронкуниҳо мебошад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои мақсаднок 2468 далели қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ошкор карда шудааст. Аз ҷумла, 27 воситаи нақлиёти сиёҳшишаи ғайриқонунӣ, 40 воситаи нақлиёти бе рақами давлатӣ ва рақами бегона, 10 ҳолати идора кардани воситаҳои нақлиёт бе шаҳодатномаи ронандагӣ, 110 далели бо суръати баланд, 27 ҳолати итоат накардан ба талаботи корманди милитсия, 5 ҳолати мастӣ ва 2249 дигар намуди қоидавайронкуниҳо ошкор ва ҳуҷҷатгузорӣ гардид.
Боиси қайд аст, ки аксарияти шаҳрвандон аз ҳаракатҳои ғайриқонунии худ хулосаи зарурӣ бароварда, соҳибони воситаҳои нақлиёти шахсӣ 203 автомашинаи сиёҳшишаро ихтиёран тоза намуданд.
Дар баробари ин то ҳанӯз ҳастанд соҳибони воситаҳои нақлиёти сиёҳшиша, бе рақами қайди давлатӣ, ки қоидаҳои харакати роҳро вайрон намуда, ба саломатии сокинони шаҳри Хоруғ хатар эҷод мекунанд.
Бо ҳамин ҷурм рӯзҳои 2-юм ва 6-уми октябри соли равон сокинони шаҳри Хоруғ Имомназаров Соҳибназар Султонназарович бо ҷурми идора кардани воситаи нақлиёти сиёҳшишаи бе иҷозат, итоат накардан, нишон додани муқобилият ва гирифта гаштани лавозимоти ҷангӣ (2 корд ва 1 дона норинҷак), Додихудоев Муслим Ризвоншоевич ва Музаффаров Соҳибмамлюк Имомназарович бо ҷурми идораи воситаи нақлиёти сиёҳшишаи бе иҷозат, итоат накарда ва нишон додани муқобилият ба кормандони милитсия боздошт ва нисбати онҳо парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 195, қисми 1 ва 328, қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, номбурдагон ба ҳабси пешакӣ гирифта шуданд.
Аз ҷониби Ситоди байниидоравӣ муайян карда шуд, ки ба ҳолати имрӯза маблағҳои кредитии баргардониданашудаи бонкҳо дар маҷмӯъ 71 млн сомониро ташкил медиҳад, ки он ба ҶСК «Ориёнбонк» 1 млн 338 ҳазору 671 сомонӣ, «Амонатбонк» 4 млн 414 ҳазору 916 сомонӣ, «Аввалин бонки молиявии хурд» 3 млн 81 ҳазору 132 сомонӣ, «Агроинвестбонк» 13 млн 191 ҳазору 271 сомонӣ, «Тоҷиксодиротбонк» 48 млн 953 ҳазору 488 сомонӣ рост меояд.
Бояд зикр намуд, ки то ҳанӯз дар дасти ашхоси ҷиноятпеша ва сокинони алоҳида шумораи зиёди силоҳи оташфишон ва лавозимоти ҷангӣ ғайриқонунӣ нигоҳ дошта мешавад, ки ин оқибати ногувор дорад.
Инчунин, аз ҷониби афроди алоҳида вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва дигар қонунвайронкуниҳо ба қайд гирифта мешаванд.
Ситоди байниидоравӣ қотеъона талаб менамояд, ки дар мӯҳлати муайянгардида тамоми силоҳу аслиҳа супорида шавад.
Сокинони шарафманди Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон, бахусус шаҳри Хоруғ бояд дақиқ як нуқтаро донанд, ки аз тарафи сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва низомии вилоят ва ҷумҳурӣ дар ягон кӯча, деҳа, маҳалла нисбати сокинони осоишта амалиёт гузаронида намешавад.
Аҳолии шаҳри Хоруғ пурра боварӣ дошта бошанд, ки амнияти онҳо таъмин мегардад. Сокинон бояд ба иғвою дасисаҳои беасосу бемаънӣ, дуруғу буҳтони саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ бовар накунанд ва дилпурона кору фаъолияти худро идома диҳанд.
Дар сурати аз тарафи саркардагону аъзоёни гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, шахсони алоҳида то ба охир насупоридани силоҳу лавозимоти ҷангӣ нисбати онҳо тибқи қонунҳои амалкунанда чораҳои бетаъхир амалӣ карда мешавад.
Ҳамчунин, дар сурати итоат накардан ба кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ дар дидбонгоҳҳои муайяншуда, бо худ гирифта гаштани силоҳи оташфишон, маводҳои сӯхт (Коктейли Молотов), тарканда, эҷод намудани монеъа ва таҳқири намояндагони мақомоти давлатӣ, кӯшиши мудохила ба фаъолияти сохторҳои дахлдор нисбати чунин ашхос бо дастрасии талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои қотеъона андешида мешавад.
Ҳамватанони азиз ва мӯҳтарам сокинони шаҳри Хоруғ мо ба фарҳангу маърифати волои Шумо боварии комил дошта, умед дорем, ки то 15-уми октябри соли равон силоҳи охирини ғайриқонунӣ ба мақомотҳо супорида шуда, ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ буда ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳозир гардида, барои таъмини амнияти сокинони вилоят, ҷорӣ намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва минбаъд амал намудан дар доираи қонунҳои мавҷуда мусоидат менамоед.
Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 