Кафедари ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионӣ соли 1996 бо номи кафедраи таърих ва ҳуқуқ ташкил карда шуд. Соли 2000 – ум кафедра номи ҳуқуқи тиҷоратро  гирифта буд.

Аз 10 –уми июни соли 2022 номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Фаррух Алиев ба вазифаи мудири кафедра таъйин гардид.

Мақсад ва вазифаҳои фаъолияти кафедра ба ду самт равона шудааст: - гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ вобаста ба равшан намудани масоили назариявии ҳуқуқи гражданӣ, соҳибкорӣ ва тиҷорат; - таълим ва тарбия намудани донишҷӯён дар рӯҳияи баланди ахлоқи касбӣ.

Айни замон неруи илмӣ ва пойгоҳи (базаи) кафедра хеле мукаммал буда, дар кафедра 4 доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор, 11 номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсентон, 2 муаллими калон ва 2 ассистент фаъолият мекунанд.

Омӯзгорони кафедра аз рӯи ихтисосҳои 12.00.01-назарияи давлат ва ҳуқуқ, таърихи давлат ва ҳуқуқ, 12.00.03-ҳуқуқи гражданӣ, ҳуқуқи соҳибкорӣ, ҳуқуқи оилавӣ ва ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ, 12.00.08-ҳуқуқи ҷиноятӣ, ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва криминология, 12.00.10-ҳуқуқи байналмилалӣ ва 12.00.15-ҳуқуқи маъмурӣ, ҳуқуқи молиявӣ корҳои илмӣ тадқиқотӣ бурда истодаанд.

Ба қалами устодони кафедра зиёда аз1000 асари илмию дастурӣ, мақолаҳо, монографияҳо, китобҳои дарсӣ, комплексҳои таълимӣ-методӣ, воситаҳои таълимӣ тааллуқ дошта, бештари он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Россия, Қазоқистон, Германия ва дигар кишварҳои хориҷӣ ба нашр расидаанд.

Устодони кафедра профессор Иброҳимов С.И дар Федератсияи Россия, Олмон, Қирғизистон, Қазоқистон, дотсентон Раззоқов Б.Ҳ. дар Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Қазоқистон, Қудратов Н.А. дар Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Федератсияи Россия, Олмон, Солеҳов М. дар Федератсияи Россия, ш. Москва, Абдуллоев Ф. дар Федератсияи Россия ш. Москва, Наботов С. дар Федератсияи Россия, ш. Новосибирск ва Ҷабборов Ф. дар ИМА, Федератсияи Россия аз такмили ихтисос гузаштаанд ва дар баробари ин, бо маърӯзаҳо, гузоришҳо дар мавзуъҳои гуногуни соҳаи ҳуқуқ баромад намудаанд.

Мавзӯъҳои дурнамои таҳқиқотии илмии кафедраи ҳуқуқи тиҷорат инҳо мебошанд:

Рушди адлияи маъмурӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
• Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои ҷиноятҳо ба муқобили асосҳои сохтори конститутсионӣ ва бехатарии давлат
• Ҳифзи ҳуқуқии иттилоот
• Масъалаи ҳуқуқи идоракунии маҳаллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
• Рушди қонунгузории об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кафедраи ҳуқуқи тиҷорат кафедраи тахассусии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, айни замон аз рӯи самт ва зерихтисосҳои муайяннамудаи мақомоти дахлдор амал мекунад. Дар кафедра 2  ихтисос, аз рӯи зерихтисосҳои поёнӣ амал менамояд:

-  Ихтисоси 24.01.02.–ҳуқуқшиносӣ.
Зерихтисос: 24.01.03.01. – Таъмини ҳуқуқии фаъолияти иқтисодӣ.

Тахассус: Ҳуқуқшинос.

-   Ихтисос: 24.01.01. – ҳуқуқи байналмилалӣ.
Зерихтисос: 24.01.01.01. – ҳуқуқи байналмилалии тиҷоратӣ.
Тахассус: Ҳуқуқшинос.

-  Ихтисоси 24.01.02 .  – ҳуқуқшиносӣ..

  Зерихтисос:  24.01.02 16 –   ҳуқуқи иттилоотӣ

Тахассус: Ҳуқуқшинос.

-  Ихтисоси 24.01.02 .  –  ҳуқуқшиносӣ.

Зерихтисос:  24.01.02 04 –   ҳуқуқи андозу бонкӣ

Тахассус: Ҳуқуқшинос.

  • Ихтисоси 24.01.02 . –  ҳуқуқшиносӣ.

Зерихтисос:  24.01.02 05 –   ҳуқуқи гумрукӣ

Тахассус: Ҳуқуқшинос.

 Ҳамчун мутахассис ҳатмкунандагони зерихтисосҳои номбаршуда метавонанд дар соҳаҳои гуногун фаъолият намоянд. Аз ҷумла:

- дар соҳаи маориф, яъне дар муассисаҳои таълимӣ; 
- дар ҳамаи соҳаҳо ба ҳайси ҳуқуқшинос;
- дар соҳаи илми ҳуқуқ;
- дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;
- дар мақомоти судӣ;
- дар мақомоти нотариати давлатӣ;
- дар адвокатура;
- дар ташкилотҳои ҳуқуқии байналмилалӣ;
- дар ташкилотҳои тиҷоратии байналмилалӣ ва м.и.

Фанҳои таълимии мавҷудаи кафедра: назарияи давлат ва ҳуқуқ, таърихи давлат ва ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқи гражданӣ, ҳуқуқи ҷиноятӣ, ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ, ҳуқуқи мурофиавии гражданӣ, ҳуқуқи мурофиавии иқтисодӣ, ҳуқуқи гумрукӣ назорати прокурорӣ, ҳуқуқи соҳибкорӣ, ҳуқуқи тиҷорат, ҳуқуқи байналмилалӣ, ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ, ҳуқуқ (барои ихтисосҳои дигар факултетҳо) курсҳои махсус: ҳуқуқи корпоративӣ, ҳуқуқи иттилоотӣ, ҷиноятҳои иқтисодӣ, судҳои байналмилалӣ, муқовиамат бо коррупсия, ҷавобгарии ҳуқуқӣ дар соҳаи гумрук ва дигар фанҳое, ки ба тахассуси ҳуқуқшиносӣ дахл доранд.

                           Ҳайати омӯзгорони кафедра:

  1. Алиев Фаррух Шарифович - мудири кафедра, н.и.ҳ., дотсент;
  2. Раззоқов Баҳодур Ҳаётович  –      д.и.ҳ., профессор;
  3. Иброҳимов Солеҳҷон Иброҳимович –     д.и.ҳ., профессор;
  4. Қудратов Некрӯз Абдунабиевич –     д.и.ҳ., профессор;
  5. Меликов Умурулло Асадуллоевич –     д.и.ҳ., профессор;
  6. Ҷабборов Фарҳодҷон Нозимович –     н.и.ҳ., дотсент;
  7. Абдуллоев Фирӯз Рустамҷонович –      н.и.ҳ., дотсент;
  8. Наботов Сиёвуш Холмуродович –      н.и.ҳ., дотсент;
  9. Мирсайзод Ҳаким                               –       н.и.ҳ., дотсент;
  • Мирзоева Қутфинисо Азизқуловна –   н.и.ҳ., дотсент;
  • Маҳмадхонов Тошмаҳмад – н.и.ҳ., дотсент;
  • Солеҳов Маҳмадулло –     н.и.ҳ., дотсент;
  • Ғайратов Тимуршо Муборакшоевич –   н.и.ҳ., дотсент;
  • Воҳидзода Зеваршоҳ –    н.и.ҳ., дотсент;
  • Сафарова Зулфия Мирзоалиевна –   муаллими калон;
  • Исмоилов Абдуфаттоҳ Шарифҷонович – муаллими калон;
  • Санканова Тахмина – ассистент;
  • Ҳакимов Шаҳбоз Шодиевич – ассистент;

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top