Кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар асоси қарори маҷлиси Шӯрои илмӣ таҳти №11 аз 14.07.1995с. таъсис ёфта, фаъолияти худро идома дода истодааст.

Фаъолияти мудири кафедра дар давраҳои аввали таъсисёбӣ ба пайдо кардану интихоби мутахассисон вобастагӣ дошт. Дар рушди фаъолияти кафедра дотсентон Қурбонмуродов М.Б., Утаганов А.А., Ғаффоров Ш., Хоҷаев Ғ., Қурбонова З.  ҳиссагузорӣ намуда, вазифаҳои ташкилу амалисозии фаъолияти кафедраро ба дӯши худ гирифтанд.

Аз 11-уми майи соли 2022 вазифаи мудири кафедраро номзади илмҳои иқтисодӣ, и. в. дотсент Абдуалим Ҳомидов иҷро намуда истодааст.

Вобаста ба нишондоди барномаи таълимӣ фанҳои асосии кафедра ба тариқи зайл аст: иқтисодиёти ҷаҳон, муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, фаъолияти иқтисодиёти беруна, фаъолияти иқтисодиёти берунаи корхона, банақшагирии хоҷагии халқ, иқтисодиёти муҳити атроф, географияи иқтисоди бо асосҳои деография ва ғайраҳо.

Дар ибтидои фаъолият ба устодон дар ин кафедра лозим омад, ки дар асоси сиёсати иқтисодии нав барномаҳои илмӣ-методӣ барои навиштани рисолаи тахассуси хатм, корҳои курсӣ, санҷишӣ, гузаронидани таҷрибаомӯзиҳои таълимию истеҳсолиро омода созанд. Барои кафедра, ҳамчунин, дарёфти китобҳои дарсӣ, воситаҳои таълимӣ, аёниятҳо, ҳуҷҷатгузориҳо ниҳоят зарур буданд. Омӯзгорони кафедра бошад, вобаста ба талаботҳои замонавӣ дар самти пайдо намудани мутахассисони варзида мунтазам дониши худро такмил дода, усулҳои нави машғулиятгузаронӣ, гузаронидани дарсҳои назариявию амалиро ҷорӣ намуданд.

Дар кафедра барои гузаронидани дарсҳои намунавӣ устодони бисёр маъмули кишварамон низ ба кор даъват карда шуданд.

Санҷишҳо нишон медиҳанд, ки аз рӯи ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳон донишҷӯёни фаъол таълим мегиранд. Исботи ин гуфтор он аст, ки донишҷӯёни ин ихтисос дар озмунҳои фаннӣ дар байни донишгоҳҳои Тоҷикистон 4 бор шоистаи ҷои аввал шуданд. Бисёр хатмкардагони ин ихтисос рисолаҳои номзадӣ ҳимоя карданд, инчунин дар корхонаю вазоратҳои Тоҷикистон ва мамлакатҳои хориҷа кору фаъолияти хуб менамоянд.

Устодони кафедра тавонистанд, ки зиёда аз 20 воситаи таълимии курси лексияҳоро нависанд ва шумораи зиёди дастурҳои методиро омода намуда ва ба донишҷӯёну хонандагон пешниҳод намоянд.

Аз соли 2015 дар назди кафедра ихтисоси дигар, яъне ташкили робитаҳои байналмилалӣитаъсисиёфт.
Номи кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон дар асоси қарори маҷлиси Шӯрои олимонӣ донишгоҳ таҳти №3 аз 24.10. 2017 с. ба кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ иваз карда шуд.

Ҳайати омӯзгорони кафедра:

Ҳоло дар кафедра устодони зерин фаъолият намуда ҷараёни таълимро пеш бурда истодаанд: омӯзгорони собиқадор ва ботаҷриба д.и.и., профессор Дӯстбоев Шодимурод, д.и.и., профессор, Хоҷаев Парвиз Давронович, н.и.и., дотсент Хоҷаев Ғулом, н.и.и., дотсент Акбаров Абдураҳим, н.и.и., дотсент Расулов Ғафур, н.и.и., и.в. дотсент Амонатова Маҳбуба, муаллимони калон Азизова Назира, Давлатов Насим, Нурмаҳмадов Замир, Муртазо Аҳмад, Сафаров Ҷовидон, Кармишева Майсара ва ассистентон Сафаров Усмон, Саидов Некрӯз фаъолият менамоянд.

Дар шароити имрӯза устодони кафедра фанҳои тахассусии зеринро ба донишҷӯён меомӯзонанд: иқтисодиёти ҷаҳон, муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ, бизнеси байналхалқӣ, туризми байналхалқӣ, фаъолияти иқтисодии берунаи корхона, иқтисодиёт ва ташкили бизнеси байналхалқӣ, сармоягузории хориҷӣ, географияи иқтисодӣ ва минтақашиносӣ, географияи иқтисодии Тоҷикистон ва асосҳои демографии он, конвенсияи байналхалқии шартнома оид ба савдо, давлат ва бизнес, ҳаракатҳои байналхалқии кооперативӣ, савдои байналхалқӣ, асосҳои дипломатияи иқтисодӣ, ташкилотҳои иқтисодии байналхалқӣ, сиёсати иқтисодӣ, PR дар корхонахо, стратегияи инвеститсионӣ, иқтисодиёти сабз, этикаи бизнеси байналмилалӣ, кишваршиносӣ, асосҳои фаъолияти иқтисодии беруна, фаъолияти иқтисодии берунии Тоҷикистон, назарияи муносибатҳои байналмилалӣ, асосҳои дипломатия, ташкилотҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, низоъҳои байналмилалӣ ва роҳҳои ҳал намудани онҳо, дипломатияи сиёсӣ ва иктисодӣ, хадамоти консулгарӣ, хизмати дипломатӣ, русум ва ташрифоти дипломатӣ, сиёсати дохилӣ ва берунии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, этнография ва этнополитика, масъалҳои муосири ҷаҳонӣ, сиёсати берунии мамлакатҳо, сиёсати берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таърихи дипломатия, сиёсати ҷаҳонӣ ва ғ.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top