Кафедраи забонҳо

Кафедраи забонҳои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо қарори Шӯрои илмӣ-методбии (он вақта Донишкадаи кооперативии Тоҷикистон) соли 1992 дар заминаи кафедраи фанҳои гуманитарӣ, ки аз соли 1987 амал мекард, чун кафедраи мустақил ташкил карда шудааст. Муассиси он доктори илмҳои филология, профессор Усмон Каримов буд. Дар ин кафедра дар баробари дигар фанҳо, устодон аз фанҳои забони тоҷикӣ, хат- имло ва матни классикии тоҷик, забони русӣ, таърихи халқи тоҷик дарс мегуфтанд. Соли 2006 кафедра ба ду тақсим шуд: кафедраи таърих ва филология ва кафедраи забонҳои хориҷӣ. 

Соли 2017, дар натиҷаи муттаҳид намудани ин ду кафедра, кафедраи забонҳои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон таъсис дода шуд. Устодони фанни таърихи халки точик холо дар кафедраи фанхои чамъиятшиносӣ дарс мегӯянд.

Санаи 25 августи соли 2020 бо қарори Шӯрои олимони донишгоҳ  дар заминаи кафедраи забонҳо ду кафедраи мустақил ташкил дода шуд: кафедраи  забони англисӣ ва робитаҳои байнифарҳангӣ ва кафедраи забонҳо таъсис дода шуд. Дар ҳайати кафедраи забонҳо фанҳои таълимии забони тоҷикӣ, забони русӣ ва забони арабӣ боқӣ монданд.

 Дар кафедра 1-профессор, 7 номзади илмҳои филологӣ, педагогӣ, ҳамчун дотсенти кафедра, 6 муаллими калон, 2 нафар ассистент ва 1 оператор кору фаъолият  мекунанд.

Ба шарофати қабули  Қонун "Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" (5 октябри соли 2009),  ки он  дурнамои рушди забони давлатиро дар асоси меъёрҳои муқарраргардида дар иртибот бо вазъи ҳуқуқии забони давлатӣ муқаррар менамояд, кафедра ва устодон назди худ мақсадҳои назаррас гузоштанд  чун:

  • баланд бардоштани фарҳанги истифодаи забони тоҷикӣ, ки дар рушди забон ва васеъшавии доираи истифодаи он аҳамияти хосса дорад;
  • баланд бардоштани саводи ҳуқуқии донишҷӯён;
  • баланд бардоштани дараҷаи саводнокию маданияти гуфтори донишҷӯён;
  • аз қонуну қоидаҳои имлои нави забон бохабар будан ва дорои ҳусни хати зебо доштани донишҷӯён;
  • бо забони илм ҳарф задан, то ки забони модарӣ-гуфтугӯӣ ба забони илм табдил гардад.
  • бедор намудани завқи китобхонию шеъргӯӣ;
  • омӯзонидани тарзи баёни хуби  муҳовара;
  • омӯзонидани нутқи шифоҳӣ;
  • омӯзонидани санъати сухан ва одоби муошират;
  • омӯзонидан ва тартиб додан нигориши ҳуҷҷатҳои расмӣ-коргузорӣ;

Омӯзгорони кафедра барои беҳтар намудани сифати таълим, тавассути истифодаи воситаҳои сифатан нави омўзиш кӯшиш менамоянд, то ки барномаҳои омўзиши забони тоҷикиро такмил намоянд. Устодон  ҷаҳд менамоянд, то ки забони модарӣ-гуфтугӯи ба забони илм табдил дода шавад, ҳама таълифотҳои илмӣ ба забони тоҷикӣ баргардонида шаванд, системаи такмили омӯзиши имрўзаи забони тоҷикӣ рушд ёбад, барои такмили методҳои нави таълим, истифодаи васеи технологияи муосири таълимӣ тахтаи электронӣ, презентатсияи дарсҳо, дастрасӣ ба шабакаи интернет  ва дигар роҳҳои азхудкунии дарсро ба роҳ монанд, то ки донишҷӯён аз дарсҳо бештар баҳра баранду дониши хубро соҳиб гарданд ва мутахассиси рақобатпазир дар бозори меҳнат шаванд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top