Кафедраи назарияи иқтисодӣ дар асоси қарори Шӯрои олимони ин боргоҳи илму маърифат 16 – уми августи соли 1994 ташкил карда шудааст.

Кафедра  дар тӯли солҳои зиёди фаъолияташ аз ҳисоби  китобҳои дарсӣ, воситаҳои таълимӣ, методӣ ва илмӣ, аз он ҷумла, асарҳои  профессор Исоматов Б. И ғанӣ ва таъмин карда шудааст.

Дар кафедра аз рӯи ҳамаи фанҳои таълимӣ маводи зарурии таълимӣ, методӣ ва илмӣ барои донишҷӯён ва мутахассисони самтҳои иқтисодӣ мавҷуд мебошад.

Дар кафедра муҳокимаи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ гузаронида мешавад ва он ҳамчун кафедраи пешбаранда  дар  тайёр  намудани номзадҳои илм ва кормандони илмӣ аз рӯи самтҳои иқтисодӣ саҳми босазое гузошта истодааст.

Аз моҳи октябри соли 2021 номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Туйчиқулов Зуҳалҷон Ҷониқулович ба ҳайси мудири кафедра фаъолият менамояд.

Омзӯгорони кафедра аз  фанҳои назарияи иқтисодӣ, микроиқтисод, макроиқтисод, таърихи афкори иқтисодӣ, таърихи тиҷорат, таърихи иқтисод ва таъриху назарияи кооператсия ба донишҷӯён дарс медиҳанд.

Тадқиқотҳои  илмии  устодони  кафедра  хусусияти назариявӣ дошта, дар ду равия сурат мегирад:   Тадқиқи муаммоҳои афкори иқтисодии халқи тоҷик ва масъалаҳои назариявии гузариш ба иқтисоди бозорӣ.

Дотсент Туйчиқулов З.Ҷ., профессор  Исоматов Б.И., дотсентон Юнусова М.М., Юсупова З.Р. ва Машокиров Ҷ. Н. дар мавзӯъҳои  “Рушди бомароми системаи кооператсияи матлубот”,  “Масоили сифати маснуоти саноат”,  “ Омилҳои  иҷтимоии рушди иқтисоди миллӣ”, “Таҷдиди неруи корӣ ва шуѓл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Ҷанбаҳои ташкилию иқтисодии баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ” тадқиқоти илмӣ бурда истодаанд. 

Бо қалами устодони  кафедра мақолаву асарҳои илмӣ, илмӣ - методӣ ва китобҳои дарсӣ навишта шуда, нашр гардидаанд.

Дар назди кафедра маҳфили илмии донишҷӯён бо номи “Назариячиён” фаъолият дорад, ки аъзони фаъоли он дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ аз фанни назарияи иқтисодӣ ҷойҳои  ифтихориро ишғол менамоянд.

Дар давоми солҳои охир бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон панҷ  китоби дарсӣ аз фанни назарияи иқтисодӣ барои тахассусҳои иқтисодӣ ва ѓайрииқтисодӣ, чор маҷмӯаи таълимӣ - методӣ аз фанҳои назарияи иқтисодӣ ва микроиқтисод ва  як  монография  бо  номи “Аз афкори иқтисодии ниёгон” ( муаллиф, профессор Исоматов Б.И,)  аз ҷониби устодони кафедра Юнусова М.М., Исоматов Б. И., Муҳадбердиев Ҳ.М., Каримбердиев О.К., нашр карда шудаанд.

Моҳи марти соли 2018 китобҳои дарсии “Назарияи иқтисод”, қисми 1 - ум ва “Микроиқтисод”, қисми 2 – юми дотсент Муҳадбердиев Ҳ. ва муаллими калон Машокиров Ҷ.Н. бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба чоп тавсия гардидаанд.  

Омӯзгорони кафедра минбаъд барои донишҷӯён доир ба ҳар як қисми ҷудогонаи фанни назарияи иқтисодӣ китобҳои алоҳидаро таҳия намуда,  дастраси  шогирдон  мегардонанд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top