Кафедраҳо

Кафедраҳо (135)

Нақшаи ҷаласаҳои кафедраи менеҷмент ва иқтисодиёти меҳнат

_______________________________________________________________________________________________________________________________________

Санаи

гузаронидани

ҷаласа

Масъалаҳои

муҳокимашаванда

Масъулин

Макони муҳокимаи масъалаҳо

25.08.2017

1. Истиқболи 26 солагии Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

2. Баррасии барномаҳои таълимӣ, корӣ ва силлабусҳо, ташкили навбатдории устодон;

3. Вазифаи устодони кафедра дар соли таҳсили 2017-2018 ва тақсимоти соатҳо;

4. Омодагии синфхонаҳо ва кабинетҳо дар соли нави таҳсил;

5. Муҳокима ва тасдиқи нақшаҳои кории устодон, сарпарастон, семинарҳои методӣ, дарсҳои кушод ва иштирок ба дарсҳои ҳамдигар;

6. Масъалаҳои ҷорӣ.

Мудири кафедра

Ҷумъа, синфхонаи №320,

соати

1400

29.09.2017

1. Рӯзи дониш ва муҳокимаи дарси сулҳ бо иштироки Асосгузори сулҳуваҳдатимиллӣ, Пешвоимиллат, ПрезидентиҶумҳурииТоҷикистонмуҳтарамЭмомалӣРаҳмон;

2. Иҷрои нақша-чорабиниҳо бахшида ба 26 солагии Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

3. Тасдиқи мавзӯҳои рисолаҳои тахассусии хатм, корҳои курсӣ ва рефератҳо;

4. Ба дарс иштирок намудани донишҷӯёни ихтисосҳои марбути кафедра дар моҳи сентябр;

5. Натиҷагирии аттестатсияи устодон дар соли таҳсили 2016-2017 ва омодагӣ ба аттестатсияи устодон дар соли таҳсили 2017-2018;

6. Масъалаҳои ҷорӣ.

Аминов Ф.И.,

Абдуллоев З.А.

Роҳбарони илмӣ

Сарпарастони кафедра

Аминов Ф.И.

Ҷумъа, синфхонаи №320,

соати

1400

27.10.2017

1. Аҳамияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

2. Натиҷагирии имтиҳоноти фосилавӣ (санҷиши фосилавии 1-ум);

3. Вазъи синфхонаҳои фаннии кафедра ва ороиши онҳо;

4. Ҳисоботи магистрантон, аспирантҳо, унвонҷӯён ва муҳокимаи онҳо;

5. Масъалаҳои ҷорӣ.

Аминов Ф.И.,

Устодони кафедра

Саломова У.Т.,

Ҳисориева Г.Т.,

Магистрантон, аспирантон

ва унвонҷӯён

Ҷумъа, синфхонаи №320,

соати

1400

24.11.2017

1. Рафти иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотии устодони кафедра;

2. Ба дарсҳои ҳамдигар иштирок намудани устодон;

3. Омодагии донишҷӯён ба олимпиада;

4. Натиҷагирии кори маҳфили «Менеҷер»;

5. Муҳокимаи рисолаҳои тахассусии хатм;

6. Масъалаҳои ҷорӣ.

Аминов Ф.И.,

Абдуллоев З.А., Ҳисориева Г.Т.

Хамткунандагон ва роҳбарон

Ҷумъа, синфхонаи №320,

соати

1400

 

29.12.2017

1. Баррасии Паёми Асосгузори сулҳуваҳдатимиллӣ, Пешвоимиллат, ПрезидентиҶумҳурииТоҷикистонмуҳтарамЭмомалӣРаҳмон;

2. Баррасӣ ва тасдиқи тестҳои имтиҳонҳои ҷамъбастии нимсолаи якум;

3. Муҳокимаи фаъолияти сарпарастон;

4. Назорат оид ба рафти навиштани

рисолаҳои тахассусии хатм;

5. Нақши таҷрибаомӯзии донишҷӯён;

6. Масъалаҳои ҷорӣ.

Аминов Ф.И.,

Устодони кафедра

Ҷумъа, синфхонаи №320,

соати

1400

 

26.01.2018

1. Иҷрои нақшаҳои инфиродии устодон дар нимсолаи якум;

2. Кор бо хатмкунандагон. Тасдиқи тестҳои КДА (шӯъбаи ғоибона);

3. Муҳокимаи рисолаҳои тахассусии хатми шӯъбаи омӯзиши ғоибона;

5. Масъалаҳои ҷорӣ.

Аминов Ф.И.

Мирзоалиев А.А., Саидова М.Х.

Хатмкунандагон ва роҳбарон

Аминов Ф.И.

Ҷумъа, синфхонаи №320,

соати

1400

 

23.02.2018

1. Иҷроиши қарорҳои Шӯрои илмӣ-методии факултет ва Шӯрои олимони донишгоҳ;

2. Рафти таҷрибаомӯзии донишҷӯён;

3. Кори мустақилонаи донишҷӯён;

4. Хулосагирии натиҷаҳои сессияи зимистона;

5. Масъалаҳои ҷорӣ.

Аминов Ф.И.

Устодони

кафедра

Аминов Ф.И.

Ҷумъа, синфхонаи №320,

соати

1400

 

30.03.2018

1. Таҳияи комплексҳои таълимӣ- методӣ аз фанҳои кафедра иштироки донишҷӯён ба олимпиадаҳои фаннӣ; 2. Муҳокимаи натиҷаи таҷрибаомӯзӣ, ҳимоя ва иҷрои рисолаҳои тахассусии хатм;

3. Омодагии устодони кафедра ба конфронсҳо;

4. Муҳокимаи кори илмии аспирантон ва унвонҷӯён;

5. Масъалаҳои ҷорӣ.

Мирзоалиев А.А.,

Аминов Ф.И.

Аминов Ф.И.

Аспирантон ва унвонҷӯён

Ҷумъа, синфхонаи №320,

соати

1400

27.04.2018

1. Баррасӣ ва тасдиқи рисолаҳои тахассусии хатм (шӯъбаи рӯзона);

2. Корӣ илмӣ-методии кафедра;

3. Ҷамъбасти корҳои мустақилонаи донишҷӯён;

4. Натиҷагирии сессияи донишҷуёни омӯзиши ғоибона;

5. Масъалаҳои ҷорӣ.

Хатмкунандагон ва роҳбарон

Аминов Ф.И.

Устодони кафедра

Аминов Ф.И.

Ҷумъа, синфхонаи №320,

соати

1400

 

 

 

25.05.2018

1. Такмили ихтисоси устодони кафедра;

2. Ҳисоботи давомоти донишҷӯёни ихтисосҳои марбути кафедра;

3. Ба дарсҳои ҳамдигар иштирок намудани устодон. Натиҷаи дарсҳои кушод;

4. Омодагии хатмкунандагон ба ҳимояи рисолахои тахассусии хатм;

5. Масъалаҳои ҷорӣ.

Аминов Ф.И.

Сарпарастон

Устодони

кафедра

Аминов Ф.И.

Ҷумъа, синфхонаи №320,

соати

1400

 

29.06.2018

1. Муҳокима ва тасдиқи ҳисоботи кафедра дар соли таҳсили 2017-2018;

2. Ҳисоботи устод оид ба иҷрои нақшаҳои инфиродӣ;

3. Ҳисобот оид ба натиҷаи имтиҳони давлатӣ ва ҳимояи рисолаҳои тахассусии хатм;

4. Ҳисоботи корҳои илмии аспирантон;

5. Аттестатсияи устодон;

6. Масъалаҳои ҷорӣ.

Аминов Ф.И.

Аминов Ф.И.

Раиси КДА

Аминов Ф.И.

Ҷумъа, синфхонаи №320,

соати

1400

Эзоҳ: Вобаста ба зарурият ва муҳимияти чорабиниҳо вақти баргузории ҷаласа метавонад тағйир ёбад.

Т/р

Ному насаб

Ихтисос

Унвони илмӣ

Соби-қаи корӣ

Аз рӯи кадом ихтисос дарс медиҳад

Кай ва дар куҷо бояд аз такмили ихтисос гузарад

2015

2016

2017

2018

2019

2020

1.

Аминов Ф.И.

иқтисодчӣ

н.и.и.

8

менеҷмент

 

Белгород

 

Санкт-Петербург

   

2.

Ҷонов Г.Д.

иқтисодчӣ

дотсент

23

менеҷмент

   

ДТТ

     

3.

Саломова У.Т.

иқтисодчӣ

м/калон

24

менеҷмент

 

ДИС ДДТТ

   

Украина

 

4.

Ҳисориева Г.Т.

иқтисодчӣ

м/калон

18

менеҷмент

Москва

       

Белорус-сия

5.

Абдуллоев З.А.

иқтисодчӣ

м/калон

8

менеҷмент

 

ДИС ДДТТ

   

Новоси-

биркс

 

6.

Машокиров Ҷ.Н.

иқтисодчӣ

м/калон

7

менеҷмент

Испания

 

ДМТ

     

7.

Абдуғаниев Ш.Қ.

иқтисодчӣ

м/калон

6

менеҷмент

Ҳиндус-тон

   

ДС ва Х

 

Украина

8.

Наврузова М.А.

иқтисодчӣ

м/калон

7

менеҷмент

 

ДМТ

   

ВМКБ, ДДХ

 

9.

Раҳмонов И.Қ.

иқтисодчӣ

м/калон

5

менеҷмент

   

Бишкек

 

КҶВ ва С

 

Мавзӯҳои муҳокимашаванда

Муттасадӣ

Санаи

баргузорӣ

1.

Нақши маҳфилҳои фаннӣ дар баланд

бардории сифати таълим

Абдуллоев З.А.,

Абдуғаниев Ш.Қ.

Сентябр

2.

Саҳми менеҷменти молиявӣ дар рушди

иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Саломова У.Т.,

Наврузова М.А.

Октябр

3.

Нақши такмили ихтисос ва табодули таҷриба дар кишварҳои Аврупо

Ҳисориева Г.Т.

Ноябр

4.

Нақши курсҳои кӯтоҳмуддат дар болоравии сифати таълим ва такмилдиҳии ихтисос

Саидова М.Х.

Декабр

5.

Бозори меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон:

афзалият ва камбудиҳои он

  Мирзоалиев А.А.,

  Кабутов Қ.М.

Декабр

6.

Зарурияти таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва

аҳамияти он дар тайёр намудани мутаххасисон

Аминов Ф.И.

Январ

7.

Афзалияти соҳаи сайёҳӣ ҳамчун соҳаи ояндадори иқтисодиёт

Машокиров Ҷ.Н.

Феврал

8.

Истифодаи усулҳои фаъол дар ҷараёни таълим

Ҳисориева Г.Т.,

Наврӯзова М.А.

Апрел

9.

Нақши менеҷменти навоварӣ дар рушди иқтисодиёт

Раҳмонов И.Қ.

Май

10.

Нақши бозиҳои касбӣ, кейс-методҳо, ҳолатҳои мушаххас дар машғулиятҳои амалӣ

Мирзоалиев А.А.

Июн

Шанбе, 27 Январ 2018 04:21

Нақшаи маҳфили Менеҷер

Written by

Мақсад ва вазифаҳои кори маҳфили «Менеҷер»
Маҳфили  «Менеҷер» яке аз  маҳфилҳои асосӣ  барои ихтисосҳои   менеҷмент, менеҷмент дар соҳаи сайёҳии байналмиллалӣ, сайёҳӣ ва меҳмонхонадорӣ, иқтисодчӣ, баҳисобгирии бухгалтерӣ, маркетолог, тиҷорат, молшинос - эксперт иқтисодчии байналхалқӣ, фаъолияти бонкӣ ва ғайраҳо ба ҳисоб меравад.

Яке аз масъалаҳои маҳфили  «Менеҷер» омӯзиш ва тайёр намудани мутахассисони оянда,  ташаккули донишҳои устувор дар соҳаи иқтисоди корхона, фароҳам овардани маҳорат ва малакаи барои фаъолияти самаранок зарурӣ мебошад. Инчунин, донишҷӯён бояд ба сифати мутахассиси ояндаи корхонаҳои шакли моликияташон гуногун аз тарзу воситаҳои нақшагирӣ, таҳлил ва идоракунии корхона бархӯрдор бошанд.

Дигаргунисозиҳое, ки таи солҳои охир дар иқтисодиёти соҳибистиқлоли Тоҷикистон рух додаанд, дар қатори комёбиҳо боз мушкилиётҳои зиёдеро ба миён гузоштанд, ки ҳалли асосноки онҳо аҳамияти тақдирсоз дорад. Пеш аз ҳама ин ба тайёр намудани мутахассисони варзида ниёз дорад, ки онҳо ба ҳалли вазифаҳои рӯзмарраи иқтисодиёти бозорӣ саҳмгузор бошанд. Ба ин гунна мутахассисон: иқтисоддон, менеҷерон, бухгалтеру аудиторон, соҳибкасбони молиёту гумрук, бозоршиносон ва ғайра шомиланд  мебошад.

Менеҷмент ва омӯзиши ин илми басо муҳиму шавқовар ба донишҷӯён ва мутахассисони ҷавони самтҳои «иқтисодиёт» ва «менеҷмент» пешкаш намудани донишҳои мукаммали назариявӣ ва амалии менеҷменти ҳозиразамон, такмил додани малакаҳои амалии касбии мутахассисони соҳаи идоракунӣ ва истифодаи донишҳои касбӣ дар истеҳсолот, тиҷорат ва соҳаҳои гуногуни онҳо мебошад.

Менеҷмент ва омӯзиши ҳамаҷонибаю ҷиддии он ҳоло дар роҳи тайёр кардани кадрҳои роҳбарикунандаи  соҳаи  иқтисодиёт нақши басо муҳим дорад. Бинобар ин ҳар як донишҷӯи мактаби олӣ бояд ҳамеша саъю кушиши зиёде ба харҷ   диҳад,  ки дар натиҷаи омӯзиши ин илм масъалаҳои зеринро ҳал намояд:

 - ба донишҳои устувор ва мукаммали назариявӣ соҳиб гардад;
 - ҳамзамон донишҳои назариявии худро бо қобилият ва сифатҳои шахсӣ ва бо таҷрибаи амалӣ дар соҳаи менеҷмент ҳамоҳанг созад;
 - қобилияти эҷодии худро мунтазам ва пайваста бо назардошти таҷрибаи хоҷагидории бозорӣ такмил  диҳад;
 - дар қабули корҳои идорӣ ва ҳалли оқилонаи вазифаҳои иқтисодӣ эҷодкорӣ, ташаббус, иродаи қавӣ, донишҳои амиқи касбӣ нишон дода, тараққиёти босуботи иқтисодиётро ва омилҳои ба онҳо таъсиррасонандаро хеле хуб дарк ва амалӣ намояд.
 - бо санадҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти корхонаро дар ҳудуди ҷумҳурӣ танзим месозанд (аз нуқтаи назари ҳамкорӣ бо давлат, таҳвилгарони мол ва истеъмолгарон, муассисаҳои молиявӣ-қарзӣ, дигар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ), ҳамчунин бо тадқиқотҳои муосири ватанӣ ва хориҷӣ дар соҳаи иқтисод ва ташкили фаъолияти корхона шинос бошад.

Ин маҳфил масъалаҳои асосӣ ба монанди кордонӣ, қобилияти хуби идоракунӣ ва саъйю кӯшиши пайваста барои ҳалли судманди мақсадҳои гузошташударо дар бар  мегирад.

Тадқиқотҳои илмӣ ва натиҷаи онҳо бо якҷоягии таҷрибаомӯзӣ ва фанни менеҷмент барои баланд бардории қобилияти идоракунӣ, шароити ташаккулёбии бозор нақши муҳимро мебозад. Барои беҳтар аз худ намудани ин фан донишҷӯён ба маҳфили «Менеҷер» ҷалб гардида нисбати ҳар як мавзӯ адабиёти иловагиро бояд истифода баранд.

Маҳфил дар базаи таҷрибавӣ дар асоси базаи таълимии кафедра ҳуҷҷатҳои меъёрӣ – техникӣ ба нақша гирифта мешаванд, ки барои баланд бардоштани савияи дониши мутахассисони ҷавон нақши асосиро мебозад. 


Номгӯи мавзӯъҳо

Ному насаби донишҷӯён

Роҳбари илмӣ

Санаи баргузор-шавӣ

1.

Нормирование труда в системе управления персоналом

Шамсутдинова А.

3 к., 250108р

Аминов Ф.И.

14.09.2017

2.

Особенности финансового менеджмента в комерческих банках

Набиев Ё.

4 к., 250104р

Саидова М.Х.

28.09.2017

3.

Самтҳои асосии стратегияи тараққиёти иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Искандарзода М.

2 к., 260202

Мирзоаллиев А.

12.10.2017

4.

Хусусияти менеҷменти молиявӣ дар бонкҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Саидаҳмадзода М.

4 к., 260202

Саломова У.Т.

26.10.2017

5.

Вазифаҳои асосии менеҷерони муваффақ дар замони муосир

Маҳмадалиев М.

3 к., 25010801

Абдуллоев З.А.

09.11.2017

6.

Сармоя ва моҳияти иқтисодии он

Садриддинов М.

4 к., 250104

Наврузова М.А.

09.11.2017

7.

Рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ашурова Б.

3 к., 260202

Машокиров Ҷ.

23.11.2017

8.

Мушкилоти рушди меҳмонхонаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Салихов Д.

3 к., 260202

Абдуғаниев Ш.

23.11.2017

9.

Аз нав таъсисдиҳии корхонаҳо дар шароити муосир

Нигора Олимӣ.

4 к., 260202а

Раҳмонов И.Қ.

14.12.2017

10.

Концептуальные основы управления персоналом и зарубежный опыт

Замонова С.

3 к., 250108р

Аминов Ф.И.

28.12.2017

11.

Конфликтность в менеджменте

Гурезова Ш.

4 к., 250104р

Саидова М.Х.

07.03.2018

12.

Вазъи бозори меҳнат дар шароити муосир

Холматов Р.

2 к., 890101

Мирзоаллиев А.

08.02.2018

13.

Менеҷменти молиявии бизнеси хурд дар корхонаҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шоева А.

4 к., 260202а

Саломова У.Т.

22.02.2018

14.

Нақши туризми экологӣ

дар иқтисодиёти миллӣ

Исҳоқов Б.

4 к., 260202а

Ҳисориева Г.Т.

07.03.2018

15.

Зарурати рушди саноати туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рустамова М.

2 к., 26020312

Ҳисориева Г.Т.

29.03.2018

16.

Усулҳои интихоб ва мутобиқшавии кормандон дар корхона

Боймадова У.

3 к., 25010801

Абдуллоев З.А.

12.04.2018

17.

Моҳияти бозори молиявӣ ва иштирокчиёни он

Назризода В.

4 к., 250104

Наврузова М.А.

26.04.2018

18.

Рушди туризми дохилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Айни Фароғат.

3 к., 260202

Машокиров Ҷ.

26.04.2018

19.

Нақш ва вазифаҳои менеҷер дар шароити иқтисоди навоварӣ

Акбаров Ф.

3 к., 260202

Абдуғаниев Ш.

10.05.2018

20.

Зарурияти менеҷменти навоварӣ дар замони буҳрон

Зайдуллоева Д.

4 к., 260202

Раҳмонов И.Қ.

24.05.2018

Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон таълими фанҳои табиатшиносӣ ва математикаро кафедраи «Математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносӣ» ба ӯҳда дорад. Дар ин кафедра ба донишҷӯёни ихтисосҳои донишгоҳ фанҳои математика, физика, химия, консенпсияи табиатшиносии муосир, техникаи гармо, усулҳои таълими физика-химия, механикаи назариявӣ, экология таълим дода мешавад.

Таълими ин фанҳо баҳри баланд бардоштани сифати тайёркунии мутахассисону бакалаврҳо ва ҷаҳонбинии онҳо равона карда шудааст.

Ин кафедра ба номҳои «Фанҳои умумӣ» (1987-1992) (мудириашро солҳои 1987-1990 дотсент Наҷмиддинов Ҳ. ва солҳои 1990- 1992 Қодиров А. ба ӯҳда доштанд), «Математикаи олӣ ва техникаи ҳисоббарор» (1992-1994 мудираш дотсент Маликова А.Ш), «Асосҳои назариявии машғулиятҳои лексионӣ технология пешқадам дар савдо ва хӯроки умумӣ» ( соли 1994, мудираш профессор Ҳ.Маҷидов), «Физика ва математикаи олӣ» (солҳои 1994-1995, мудираш академик Раҷабов Н.Р., солҳои 1995-1999 мудираш дотсент Юсупов С., солҳои 1999-2000 мудираш дотсент Шарипов Б., солҳои 2000-2001 мудираш дотсент Абдулваҳобов А.), «Математика ва технологияи пешқадам» (2001-2011, мудираш дотсент Юсупов С.Ю.) фаъолият менамуд.

Аз моҳи апрели соли 2011 кафедра бо номи «Математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносӣ» - ро дорад. Солҳои 2011-2012 мудири он, доктори илмҳои техникӣ, профессор Маҷидов Ҳ. буд.

Аз моҳи декабри соли 2012 то соли 2016 мудирии кафедраро номзади илмҳои физика-математика, дотсент Одинабеков Ҷ. М. ба ӯҳда дошт.
Аз мохи октябри соли 2016 рохбарии кафедраро номзади илмхои физика-математика дотсент Сангмамадов Д.С. ба ухда дорад.

Аз давраи таъсисёбӣ дар ин кафедра то соли 2011 устодон Икромов А., Исоев Р.С., Сангинов Ҳ.С., Маҳмадуллоев З. Н., Хушвахтова А., Насруллоева М., Ѓоибов Д., Ҷонов Г.Д., Саидов М. Ҳ., Одинамадов Қ.О., Муминов А., Табаров А.Қ., Солиева М. Ҳ., Носиров И.Н., Ёров Н.О., Пирназаров А., Асоева М.С., кор ва фаъолият менамуданд. Вазифаи лаборанти калони кафедраро дар солҳои фаъолияти кафедра Турдиев Д. ва Сафарова З. ба ӯҳда доштанд. Ҳоло вазифаи лаборанти кафедраро Абдуллоева А. иҷро намуда истодааст.

Асосан фаннҳое, ки аз тарафи омӯзгорони кафедраи математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносӣ барои ихтисосҳои ғайритабиатшиносӣ –гуманитарӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқшиносӣ таълим дода мешаванд, саҳми зиёди онҳоро дар баланд бардоштани сифати тайёркунии мутахассисон, бакалаврҳою магистрҳо нишон медиҳад. Барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани таълими фанҳои табиатшиносӣ ва математикаи олӣ дар назди кафедра ду кабинети намунавии таълимии ба таври замонавӣ ҷиҳозонида таъсис дода шудааст.

Ин кабинетҳо бо схемаю ҷадвалҳо, диаграммаҳо, формулаҳои асосии фанҳои табиатшиносӣ ва математикаи олӣ, расмҳои олимони физикаю математикҳо ва гӯшаи методӣ оро дода шудаанд. Кабинетҳо бо техникаи замонавӣ ҷиҳозонида шудаанд. Дар гӯшаҳои методии ин кабинетҳо барномаҳои таълимӣ ва номгӯю расми адабиёти таълимӣ ҷой дода шудааст. Дар ин кабинетҳо машғулиятҳои лексионию амалӣ аз фанҳои математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносӣ дар сатҳи баланди илмию - методӣ гузаронида шуда истодаанд.

Дар кафедраи математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба таълими фанҳо диққати махсус дода мешавад. Бо ин мақсад дар кафедра семинари илмӣ-методии мунтазам амалкунанда фаъолият менамояд ва дар чаласахои он методикаи таълими мавзӯҳои алоҳидаи фанҳои табиатшиносӣ ва математикаи олӣ муҳокима карда мешавад.

Бе донишҳои зарурӣ аз фанҳои математикаю табиатшиносӣ тайёр намудани мутахассисони баландпоя доир ба ин ихтисосҳо имконнопазир мебошад.

Дар кафедраи математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносӣ лабораторияҳои таълимӣ доир ба физика ва химия фаъолият менамоянд ва онҳо аз рӯи имконият таҷҳизонида шуда, бо маводҳои дидактикӣ оро дода шудаанд. Барои баланд бардоштани дараҷаи азхудкунии маводи таълимӣ дар низоми кредитии таҳсилот саволҳои тестӣ аҳаммияти арзанда доранд. Бо ин мақсад доир ба ҳамаи мавзӯъҳои фанҳои таълимии кафедра саволҳои тестӣ тартиб дода шудаанд ва аз онҳо барои пурсиши вазифаҳои хонагии донишҷӯён, супоридани рейтингҳо, имтиҳонҳои ҷамъбастии онҳо самарабахш истифода бурда истодаанд.

Бо мақсади аз фанҳои омӯхташаванда тасаввуроти пурра пайдо намудани донишҷӯён дар назди кафедраи математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносӣ маҳфилҳои фаннии «Математика дар иқтисодиёт», «Физика дар иқтисодиёт», «Химия дар иқтисодиёт», «Экология дар иқтисодиёт» фаъолият менамоянд.

Имрӯзҳо кафедраи математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносӣ ба яке аз кафедраҳои пешрафтаву пешқадами донишгоҳ табдил ёфтааст. Соли 2010 дар ҷамъбасти корҳои илмӣ- тадқиқотӣ дар байни кафедраҳои донишгоҳ кафедра ҷои аввал ва профессор он Ҳамид Маҷидов дар байни устодону профессорони донишгоҳ ҷои якумро ишѓол намуд. Дар панч соли охир оид ба ҷамъбасти корҳои илмӣ- тадқиқотӣ дар байни кафедраҳои донишгоҳ кафедра ҷои аввалро ишѓол менамояд.

Ҳангоми муқаррар намудани рейтинги кафедраҳо аз рӯи нишондоҳои асосӣ кафедра дар соли 2010-2017 яке аз ҷойҳои намоёнро дар байни кафедраҳои донишгоҳ ишгол намуд.

Кафедра доир ба чопи китобҳои дарсӣ, васоити таълимӣ, дастуру тавсияҳои таълимию методӣ дар cе соли охир дар байни кафедраҳои донишгоҳ ҷои аввалро ишѓол менамояд.

Саффи устодони штатии кафедраро профессор Маҷидов Ҳ.М., профессор Тошбоев Ѓ. дотсентон Юсупов С.Ю., Табаров А.Қ. ва муаллимони калон Ёров Н.О., Идиев С.Б., Шокамолова Ҷ., Аҳмадова, дотсент Пирназаров А., муаллими калон Мисоқов Ѓ., Одинабеков Х., ассистентон Валиев Н. , Палавонов К. ва Олифтаев Н. пурра намуданд.Соли 2016 устодон Олифтаев Н. ва соли 2017 ФайзмамадоваЛ.Г. рисолаи номзадиашро бомувафакият ҳимоя намуданд.

Айни замон дар кафедраи математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносӣ 18 нафар омӯзгор, ки аз онҳо 2- нафар профессор, 1- нафар дотсент, 6- нафар номзади илм муаллими калон, 7-нафар муаллими калон ва 2-нафар ассистент ба таълиму тарбия машғуланд. Ѓайр аз ин, дар кафедра 5-нафар дотсент, ба сифати ҳамкорони дохилию беруна кор мекунанд.

Кӯшишҳои устодони кафедра дар олимпиадаи донишҷӯёни мактабҳои олии ҷумҳурӣ натиҷаҳои назаррас додаанд. Соли 2003 аъзои маҳфилҳои фаннии кафедра дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ оид ба корҳои илмӣ-тадқиқотии донишҷӯёни муассисаҳои олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойҳои ифтихориро гирифтанд, Раҷабова Нурҳаёт- донишҷӯи ихтисоси 250109 аз фанни физика (роҳбараш профессор Маҷидов Ҳ.), Буриев Фирдавс- донишҷӯи ихтисоси 250103 аз фанни математика (роҳбараш дотсент Юсупов С.Ю.) ҷойҳои якум, донишҷӯи ихтисоси 250109 Толибов Далер аз фанни кимиё (роҳбараш н.и.к.Табаров А.Қ.) ҷои сеюм, соли 2012 донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси 250109 Бурҳонова Хубон (роҳбараш м.к. Мақсадов Ҳ.) ҷои сеюм, донишҷӯи курси якуми факултети иқтисодиёт ва менеҷмент Исматбекова Нозукмоҳ ҷои дуюмро соҳиб гардиданд.

Соли 2004 дар олимпиада аз фанни математика донишҷӯ Бӯриев Ф. ҷои чорум, донишҷӯ Саидмирзоева З. соли 2005 ҷои чорум ва соли 2006 ҷои панҷумро ишѓол намуд. Соли 2013 донишҷӯи курси якум Ҳавазов Д. сазовори ҷои сеюм шуд.

Соли 2017 донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси 240101 Нуралиева Г дар озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ» таҳти роҳбарии устоди калон Мақсадов Ҳ.И. сазовори ҷои аввал гардид.

Ҳамин тариқ, кафедраи «Математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносӣ» дар баланд бардоштани сифати таълим ва тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯи стандартҳои давлатии соҳаҳои иқтисодиёт, ҳисобдорӣ, молшиносӣ, маркетинг ва тиҷорат саҳми арзанда гузошта истодааст.

Сангмамадов Давлатмамад Сайфович
Мудир – кафедраи математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносӣ
н.и.ф.м., дотсент – кафедраи математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносӣ

________________________________________________________________________________________________________________________

Сангмамадов Давлатмамад Сайфович 1-уми июли соли 1957 дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ тавваллуд шудааст.

Соли 1979 Институти давлатии педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченкаро бо ихтисоси математика-физика хатм кардааст.

Баъди хатми донишкада дар вазифаи муаллими мактаби миёнаи №7 ноҳияи Шуғнон кор кардааст.

Соли 1989 муаллими мактаби миёнаи №8 шаҳри Хоруғ.

Соли 1990 муаллими мактаби миёнаи №2 шаҳри Хоруғ.

Аз соли 1996 ба ҳайси ассистенти кафедраи таҳлили математикаи Донишгоҳи давлатии Хоруғ кор кардааст.

Соли 1998 ба вазифаи муаллими калони кафедраи таҳлили математикаи Донишгоҳи давлатии Хоруғ таъйин шудааст.

Аз соли 2000 то соли 2010 дар вазифаи раиси кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи Донишгоҳи давлатии Хоруғ кор кардааст.

Соли 2011 ҳамчун муаллими калони кафедраи риёзиёт дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизматфаъолият намудааст.

Аз соли 2014 вазифаи муаллими калони кафедраи математикаи олӣ ва фанҳои  табиатшиносии  Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро ба зима гирифтааст.

Сангмамадов Давлатмамад Сайфович соли 2016 рисолаи номзадии худро бомуваффақият ҳимоя намуда, сазовори унвони номзади илмҳои физика ва математика гардидааст.

Аз соли 2016 ба вазифаи и.в.мудири кафедраи математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон таъйин шудааст.

Аз 7 июни соли 2017 дар вазифаи мудири кафедраи математикаи олӣ ва фанҳои  табиатшиносии  Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон кор мекунад.

Душанбе, 15 Январ 2018 09:40

Асоева Манучиҳра Саломовна

Written by

Асоева Манучиҳра Саломовна
Муаллими калон – кафедраи маркетинг ва тиҷорат

Тел:935556773

________________________________________________________________________________________________________________________

Асоева Манучиҳра Саломовна 28-уми октябри соли 1961 да ноҳияи Ванҷи ВМКБ таваллуд шудааст.

Соли 1991 Техникуми кооперативии шаҳри Душанберо бо ихтисоси техналогияи тайёр кардани хȳрок хатм намудааст.

Соли 2001-ум Донишкадаи давлатию кооперативии тиҷорати Тоҷикистонро бо ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит хатм кардааст.

Аз 26-уми августи соли 2009 дар вазифаи муаллими калони кафедраи маркетинг ва тиҷорат кор менамояд.

Душанбе, 15 Январ 2018 09:40

Абдураҳмон Ҳакимзода

Written by

Абдураҳмон Ҳакимзода
Ассистент – кафедраи маркетинг ва тиҷорат
Тел:985414561

________________________________________________________________________________________________________________________

Абдураҳмон Ҳакимзода 14-уми июли соли 1990 дар ноҳияи Ҳамадонӣ таваллуд шудааст.

Соли 2012 Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро бо ихтисоси маркетинг дар бозори байналхалқӣ хатм кардааст.

Аз 1-уми сентябри соли 2012 ба ҳайси ассистенти кафедраи маркетинг ва гумрук ба кор қабул шудааст.

Душанбе, 15 Январ 2018 09:40

Мараимов Баҳром Мирзоевич

Written by

Мараимов Баҳром Мирзоевич
Муаллими калон – кафедраи маркетинг ва тиҷорат

Тел:918772537
Email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

________________________________________________________________________________________________________________________

Мараимов Баҳром Мирзоевич 21-уми ноябри соли 1982 дар ноҳияи Ванҷи ВМКБ таваллуд шудааст.

Соли 2009 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ хатм намудааст.

Аз 20-ум сентябри соли 2017 ба вазифаи муаллими калони кафедраи маркетинг ва гумрук таъйин шудааст.

Душанбе, 15 Январ 2018 09:40

Норқузиева Биҷамила

Written by

Норқузиева Биҷамила
Н.и.и., дотсент – кафедраи маркетинг ва тиҷорат

Тел: 938550874

________________________________________________________________________________________________________________________

Норқузиева Биҷамила 1-уми январи соли 1945 дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд.

Соли 1967  Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси   иқтисодиёти савдо хатм  кардааст.

Баъди хатми донишгоҳ дар вазифаҳои ассистент, аспирант, муаллими калон, и.в. дотсент, дотсенти кафедраи Донишгоҳи милии Тоҷикистон кор ва фаъолият намудааст.

Соли 1975 рисолаи номзадии худро дифо намуда, сазовори унвони номзади илмҳои иқтисод гардид.

Соли 1982 ба Норқузиева Биҷамила аттестати дотсентӣ супорида шуд.

Аз соли 1987 то соли 2005 ба ҳайси дотсент ва мудири кафедраи маркетинг ва тиҷорати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон кор кардааст.

Аз сентябри соли 2005 дар вазифаи дотсенти кафедраи маркетинг ва тиҷорати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон кор мекунанд.

Страница 5 из 10

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top