Кафедраҳо

Кафедраҳо (135)

Сешанбе, 12 Ноябр 2019 14:31

Корҳои илмӣ-тадқиқотии кафедра

Written by

Тадқиқоти илмии устодон,   аспирантони кафедра  асосан  таъиноти назариявӣ дорад. Сабаби ин  дар кафедра таълим додани чор фанни назариявӣ  буда, тадқиқоти устодон ҳам дар миқёси ҳамин фанҳо ба роҳ монда шудааст.

Тадқиқотҳои илмии устодони кафедра хусусияти назариявӣ дошта самтҳои гуногуни иқтисоди ҷомеаро дар бар мегиранд.

Профессор  Исоматов Б.И. оид ба “Масоили сифати маснуоти саноат”, и..в. дотсент Абдураҳмонов У.М.дар мавзӯи “Ташаккул ва рушди бозори хизматҳои таҳсилоти олӣ” (дар мисоли макотиби олии Ҷумҳурии Тоҷикистон), дотсент Юнусова М. доир ба мавзӯи “ Омилҳои иҷтимоии рушди иқтисоди миллӣ”, дотсент Муҳадбердиев Ҳ.доир ба мавзӯи “Масъалаҳои ҳамбастагию баҳрабардории пасандозу андӯхт, сармоягузорию навоварӣ дар иқтисоди кунунии Тоҷикистон”,  дотсент Юсупова З. доир ба мавзӯи “Таҷдиди неруи корӣ ва шуѓл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дотсент Ѓозибекова М. Оид ба  “Масоили рушду нумӯи саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити бозор” к.э.н. и.о. дотсент Туйчикулов З.“Асосҳои иқтисодию ташкилии  фаъолияти босуботи кооператсияи матлубот (дар мисоли Иттифоқи Тоҷикматлубот” тадқиқот бурда истодаанд. 

Муаллими калони кафедра Машокиров Ҷ. Н. дар мавзӯи “Баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои маишӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ” дар моҳи июни соли 2019 рисолаи номзадӣ ҳимоя намуд.

№ р/т

Насаб ва ном

Мавзӯи рисола

Ихтисос

Ҳимоя

1.

Холова Ҳ.Р.

Организационно-экономическое развитие Таджикпотребсоза  переходной экономике

08.00.05

-

2.

Ѓафурова Ҳ. Ш.

Эконмический рост и благосостояние через призму социальных факторов

08.00.01

-

3.

Наврӯзи Мирзо

Аҳамияти соҳибкори навовари дар таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ

08.00.01

 

 

Аксари устодони кафедра муаллифони асару мақолаҳои илмӣ ва китобҳои дарсианд. Бо қалами устодони  кафедра беш аз 540 ҷ.ч. асарҳои илмӣ, илмӣ- методӣ ва китобҳои дарсӣ навишта шуда, аз чоп баромаданд.

Сешанбе, 12 Ноябр 2019 14:29

Кафедраи назарияи иқтисод

Written by

Кафедраи назарияи иқтисод дар асоси қарори Шӯрои олимони Донишкадаи тиҷоратию кооперативии Тоҷикистон таҳти рақами 9 аз 16.08.1994 таъсис дода шудааст.
Сарварии кафедраро дотсентон Абдуллоева М., Исмоилова Ш. (то1994), профессор Эргашев А (1994-1996) ба уҳда доштанд.

Профессор Исоматов Бобокалон Аз декабри соли 1996 то сентябри соли 2008 вазифаи мудирии кафедраро ба зимма доштанд.
Аз соли 2008 то 2017 сарварии кафедраро н.и.и., дотсент Юнусова Маҳбуба Маҳмуродовна ба уҳда доштанд.

Дар ин давраҳо заминаи моддӣ- техникии кафедра аз ҳисоби китобҳои дарсӣ, воситаҳои таълимӣ, методӣ ва илмӣ, асосан бо забони тоҷикӣ, аз он ҷумла аз ҳисоби асарҳои профессор Исоматов Б. И. тақвият ёфт.

Дар кафедра аз рӯи ҳамаи фанҳои таълимӣ маводи зарурии таълимӣ, методӣ ва илмӣ барои донишҷӯён ва мутахассисони самтҳои иқтисодӣ мавҷуд аст.
Абдураҳмонов Умархон Мӯсоевич  н.и.и., и. в. дотсент  Сарварии кафедраро аз моҳи августи соли 2017 то инҷониб н.и.и., и. в. дотсент Абдураҳмонов Умархон Мӯсоевич ба уҳда дорад.

Дар кафедра муҳокимаи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ гузаронида мешавад. Кафедраи назарияи иқтисод ҳамчун кафедраи пешбаранда дар тайёр намудани номзадҳои илм ва кормандони илмӣ аз рӯи самтҳои иқтисодӣ саҳми босазое гузошта истодааст.

Дар кафедра 17 нафар омӯзгор ба фаъолияти таълимӣ, методӣ, илмӣ, тарбиявӣ машѓуланд, ки 14 нафари онҳоро омӯзгорони доимии кафедра ташкил медиҳанд. Ҳайати омӯзгорони кафедраро 1 нафар н.и.и., профессор , 3 нафар н.и.и., дотсент, 3 нафар н.и.и. муаллими калон, 5 нафар омӯзгори калон 2 нафар асссистентон ва 3 нафар омӯзгорони ҳамкори дохилӣ, (2 нафар омӯзгори калон ва 1 нафар ассистент) дар бар мегирад.

Омӯзгорони кафедра фанҳои назарияи иқтисод, микроиқтисод, макроиқтисод, таърихи афкори иқтисод, таърихи тиҷорат, таърихи иқтисод ва назарияи кооператсияро ба донишҷӯён меомӯзонанд.

Дар назди кафедра маҳфили илмии донишҷӯён бо номи “назарияи иқтисдӣ” амал мекунад.

Аъзои фаъоли маҳфили кафедра солҳои охир дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ аз фанни “Назарияи иқтисод” ҷойҳои ифтихориро паи ҳам соҳиб гардида истодаанд. Ҳамин сол узви фаъоли ин маҳфил, донишҷӯи курси дуюми ихтисоси 1- 250103- и факултети МИБ ва ҳуқуқ Дӯстов таҳти роҳбарии муаллими калони кафедра Резмонов С.А. дар озмуни ҷумҳуриявии “Ҷоми Академияи фанҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз фанни назарияи иқтисод сазовори ҷои дуюм гардид.

Кафедра бо дигар кафедраҳои назарияи иқтисоди муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҶТ ва берун аз он робитаҳои зичи илмӣ, методӣ, тадқиқотӣ ва касбӣ дорад. Аз ҷумла, аъзоёни кафедра доир ба мубодилаи устодон ва ширкат дар симпозиуму конфронсҳои илмӣ – байналмилалӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон, Федератсияи Руссия, Лаҳистон, Италия ва Кореяи Ҷанубӣ ҳамкориҳои назаррасро амалӣ карда истодааст.

Ҳоло омӯзгорони кафедра маводҳои таълимии навро бо баъзе таѓйирот дар нақшаҳои таълимӣ омодаи нашр карда истодаанд. Минбаъд доир ба ҳар як қисми ҷудогонаи фанни назарияи иқтисод барои донишҷӯён китобҳои алоҳидаро таҳия намуда, ба онҳо пешниҳод менамоем.

Асоси корҳои мазкурро китобҳои дарсӣ, воситаҳои таълимӣ, силлабусҳо, барномаҳои таълимӣ, барномаҳои кории таълимӣ, воситаҳои аёнӣ ташкил медиҳад, ки онҳо аз ҷониби устодони кафедра омода карда шудаанд.

Устодони кафедра барои омада кардани маводи дарсӣ кӯшишу ғайрат намуданд. Аз ҳамаи фанҳои таълимии кафедра силлабусҳо ва барномаҳои таълимӣ вуҷуд доранд. Рафти иҷроиши фаъолияти илмӣ-методии омӯзгорон ҳамеша дар маҷлисҳои кафедра мавриди баррасӣ ва таҳлили ҳамаҷониба қарор дода мешавад.

Номгӯи китобҳои дарсӣ, васоити таълимӣ ва дастурҳои методии омӯзгорони кафедраи забонҳо, ки дар солҳои 2017-2019 аз ҷониби Шӯрои имлӣ-методии донишгоҳ ба чоп тавсия гардида, ба нашр расидаанд:

1. Алиева З., Қозихонова О., Ғаниев У. Маҷмӯи тестҳо аз фанни забони англисӣ.- Душанбе: Ирфон, 2018.
2. Турди-Аханова И., Одилова И., Қозихонова О. Дастури таълимӣ аз фанни забони англисӣ барои гурӯҳҳои тахассусӣ.- Душанбе: Ирфон, 2018.
3. Раҳмонқулов М., Алиев С. Дастури таълимӣ-методӣ аз фанни забони англисӣ оид ба иҷрои корҳои мустақилонаи донишҷӯён дар низоми кредитии таҳсилот.- Душанбе, Эр-граф, 2017
4. Турди-Аханова И., Ергешева Н., Одилова И. Комплекси таълимӣ-методӣ аз фанни забони англисӣ барои тахассусҳои ҳуқуқшиносӣ.- Душанбе: Маориф, 2018.
5. Абдулазизова З., Мирзоева С. Учебное пособие по русскому языку для студентов неязыковых.- Душанбе: Ирфон, 2018.
6. Насриддиниён Бобишоҳ.- Ҳаштсад пурсишу посухҳои забони тоҷикӣ.- (дастурамал оид ба иҷрои корҳои санҷишӣ).- Душанбе, 2017.
7. Акрамов Ф., Гурезов Ҷ. Луғати истилоҳотии соҳаи иқтисодиёт ва тиҷорат (бо забонҳои русӣ-тоҷикӣ-арабӣ); (дастури таълимӣ-методӣ).- Душанбе, Эр-граф, 2018.
8. Саидов Т.З., Абдуназарова О. Луғати истилоҳии ибораҳои феълӣ дар забони англисӣ (воситаи таълимӣ).- Душанбе, Ирфон, 2018.
9. Алиев С., Ҷӯраева Х. Маҷмӯи матнҳои забони англисӣ оид ба фаъолияти гумрук. (комплекси таълимӣ-методӣ).- Душанбе, 2019.
10. Насриддиниён Б., Гурезов Ҷ.Н., Ғаниев У., Ахмедова Ш.- Саволномаҳои тестӣ аз фанҳои таълимии забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва арабӣ.- Душанбе, Ирфон, 2019.
11. Раҳмонқулов М., Саидов Т. Маҷмӯи муҳовараҳо барои инкишофи нутқи шифоҳӣ; (дастури таълимӣ-методӣ).- Душанбе, “Илм”, 2019.
12. Казакова У.С., Насриддинён Б. Забони тоҷикӣ. (барои таҳсилоти фосилавӣ); (воситаи таълимӣ).- Душанбе, 2019.
13. Абдулазизова З., Мирзоева С., Ғоибова Н. Учебное пособие по русскому языку (для студентов всех направлений дистанционного обучения); (учебное пособие).- Душанбе, Ирфон, 2019.
14. ИмаеваМ., Ғоибова Н. Курс лекции по русскому языку ( для студентов неязыковых вузов) ; (учебно-методический комплекс).- Душанбе, Инфон, 2019.
15. ИмаеваМ., Ғоибова Н. Практический курс русского языка для неязыковых вузов; (учебное пособие).- Душанбе, Эр-граф, 2019.

Душанбе, 04 Ноябр 2019 16:13

Кафедраи забонҳо

Written by

Кафедраи забонҳо дар натиҷаи муттаҳид намудани собиқ кафедраҳои «Таърих ва филология» ва «Забонҳои хориҷӣ»-и донишгоҳ моҳи августи соли 2017 бо истиснои фанни таълимии таърих таъсис дода шудааст.

Аз лаҳзаи таъсисёбӣ то инҷониб вазифаи мудирии кафедраро н.и.ф. Турди-Аханова И.А. ба уҳда доранд.
Собиқ кафедраи забонҳои хориҷӣ соли таҳсили 2000-2001-ум таъсис ёфта буд. Аз лаҳзаи таъсис то соли 2005, вазифаи роҳбарии кафедраи мазкурро дотсент Акрамов Ф.М. аз соли 2005 то соли 2011 дотсент Раҳмонов Ғ., аз соли 2011 то 2013 дотсент Раҳмонқулов М., аз соли 2013 то 2017 м.к. ҚозихоноваО.М. ва аз оғози соли 2017 то лаҳзаи барҳам хӯрдани кафедра дотсент Гурезов Ҷ.Н. бар зимма доштанд.

Айни ҳол дар кафедра 1-профессор, 12 номзади илм, дотсент, 18 муаллими калон, 7- нафар ассисент ва 1-оператор фаъолият мекунанд.
Омӯзгорони кафедраи забонҳо дар самти аҳамияти забонҳо дар рушди иқтисодиёти кишвар корҳои илмӣ-методии худро пеш мебаранд.

Олимони кафедра барои омода намудани мутахассисони баландихтисосу рақобатпазир дар бозори меҳнат дар шароити ҷаҳонишавӣ ба воситаи таълиф намудани китобу дастурҳои мухталиф саҳми муассир доранд.

Дар кафедра барои баланд бардоштани сифати машғулиятҳо ва ба масъалаи таҷҳизонидани синфхонаҳое, ки ба кафедра мансубанд, диққат дода шудааст. Ду адад синфхонаҳои лингафонии марбут ба кафедраи забонҳо дар бинои таълимии № 7, чун ҳуҷраи забони англисӣ бо маводи таълимӣ, овезаҳо, расмҳо, гӯшаҳо, таҷҳизонида шудааст ва омӯзгорон барои баланд бардоштани сифатнокии таълим, шавқовар гардонидани машғулиятҳо аз маводи даркорӣ истифода мебаранд.

Ин синфхонаҳои лингафонӣ бо VCD, телевизор ва экран таҷҳизонида шудаанд, ки барои такмил додани маҳорати шунавоӣ ва инкишофи нутқи шифоҳии донишҷӯён истифода бурда мешаванд.

Ҳамчунин, бо ташаббуси дотсенти кафедра Абдулазизова З. ва муаллими калон Имаева М. як синфхонаи методӣ аз фанни таълимии забони русӣ дар бинои таълимии №5, ҳуҷраи № 304 ташкил карда шуд, ки донишҷӯён аз он самаранок истифода мебаранд. Дар ин ҳуҷраҳо, асосан, маводи таълимие, ки донишҷӯён дар иҷрои корҳои мустақилона омода месозанд, ҷой дода мешаванд.

Масъули синфхонаи №1 муаллими калон Алиева З.И. ва масъули синфхонаи №2 ассистент Маҳкамов Ш.Ф. ва масъули синфхонаи № 304 ассистент Ахмедова Ш.М. мебошанд, ки барои пурсамар гузаронидани машғулиятҳои амалию назариявӣ саҳми худро мегузоранд.

Омӯзгорони кафедраи забонҳо мувофиқи нақшаи тасдиқшуда машғулиятҳоро бо истифодаи воситаҳои нави техникӣ, усулҳои нави таълим гузаронида, барои самаранок шудани дарсҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Дар кафедра семинари илмӣ – методии омӯзгорон фаъолият менамояд, ки барои рушди забони хориҷии касбӣ ва соҳавӣ нақши муҳим дорад. Моҳе як маротиба мувофиқи ҷадвал семинари илмӣ-методӣ гузаронида мешавад ва дар кори он омӯзгорон: Казакова У., Насриддиниён Б., Турди-Аханова И.А., Алиева З., Ҷӯраева Х., Гурезов Ҷ., Тӯраева Д., Насриддинов Т., Занҷирова М., Одилова И. фаъолона ширкат менамоянд. Баромади устодон дар кафедра боиси баҳсу музокира гардида, барои баланд бардоштани дараҷаи илмию методии онҳо ёрии амалӣ мерасонад.

Донишҷўёни ихтисоси 260202-менеҷмент ва 890101- сайёҳат ва меҳмоннавозӣ   дар асоси нақшаи таълимӣ  аз фанҳои асосҳои менеҷмент, идоракунии кормандон, менеҷменти сайёҳии байналмилалӣ ва  менеҷменти стратегӣ кори курсӣ  менависанд. Тавсияҳои методӣ оид ба навиштани корҳои курсӣ дар кафедра таҳия гардидааст, ки донишҷӯён тибқи он корҳои курсиро иҷро менамоянд. Мавзӯъҳои кори курсӣ  боназардошти идома додани таҳқиқот ва дар оянда навиштани рисолаи хатм, рисолаи магистрӣ муайян карда шуда, ба донишҷӯён вобаста гардидааст.

Кафедраи менеҷмент ва иқтисодиёти меҳнат дар ҳамкории тарафайн бо корфармоён тадбирҳои зиёд меандешад. Ҳамкории судманди кафедра дар он ифода меёбад, ки донишҷӯён   ба таҷрибаомузии истеҳсолӣ  ба  Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҶСК “Меҳмонхонаи Тоҷикистон”, Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  як қатор ширкатҳои сайёҳӣ ба монанди «Бунёд тур», «Тоҷик тур», «Атлас Тревел», «Тоҷиксафарӣ», «Олами сайёҳат» ва «Хаят Реҷенси», «Душанбе» ва «Серена» баҳри сайқал додани донишу малакаи худ ва ҳамзамон татбиқ намудани назария бо амалия фиристода мешаванд.

Душанбе, 04 Ноябр 2019 13:33

Асарҳои илмии чопшудаи омӯзгорон

Written by

Номгӯй

Намуд

Маълумоти библиографӣ

1

2

3

4

а) корҳои таълимӣ-методӣ

1.      

Психологияи идоракунӣ

Дастури таълимӣ

Аскаров Р.А., Ҳусейнов Б.А., Мирзоалиев А.А., Душанбе, 2000, 64 саҳ

2.      

Менеҷмент

Китоби дарсӣ

С.Ҳ. Ҳабибов, Ҳ. Н. Факеров, А.А. Мирзоалиев., Ф.Р. Шаропов –Душанбе –Ҳумо, 2003.

3.      

Менеҷмент

Китоби дарсӣ (Нашрияи 2-юм)

С.Ҳ. Ҳабибов, Ҳ. Н. Факеров, А.А. Мирзоалиев., Ф.Р. Шаропов –Душанбе –Ирфон, 2005.

 

4.      

Рафтори кормандон дар ташкилот

Комплекси таълимӣ-методӣ

Мирзоалиев А., Абдуғаниев Ш., Раҳимдоди Х., Иноятов Р.,      Душанбе,  «Аршан», 2011,  147 саҳ.

5.      

Менеҷмент: маҷмӯи масъалаҳо, бозиҳои корӣ, машқҳо ва тестҳо

Воситаи таълимӣ

Мирзоалиев А., Анваров М.,

Ҷонов Г., Абдуллоев З.,Кабутов Қ. Душанбе, «Сумани Қудрат», 2011, 247 саҳ.

6.      

Мудирияти хизматрасонии омӯзиши олӣ

Китоби дарсӣ

Фақеров Ҳ., Мирзоалиев А., Хусравӣ Алиағсар Машҳад, 2012, 197саҳ

7.      

Менеҷменти стратегӣ

комплекси таълимӣ-методӣ

Мирзоалиев А.А.,

Аминов Ф.И., Мастонов Қ.П., Абдуллоев З.А. Душанбе:  ҶДММ «Бебок», 2013,14,6 ҷ.ч., - 232 саҳ.

8.      

Ҳуҷҷатгузории фаъолияти идоракунӣ

Комплекси таълиӣ-методӣ

Мирзоалиев А.А., Набиев Ҳ.И., Саломова У.Т.- Душанбе: Ирфон, 2015,  13,5 ҷ.ч., 214саҳ.

б) монографияҳо

9.      

Социально-трудовые отношения: вопросы  мониторинга

монография

Мирзоалиев А.А., Нурмахмадов М., Душанбе, Ирфон,  2005,  106 с, 6,5п.л

10.            

Развитие инструментариев формирования и использования доходов населения

монография

Г.М. Рахимов, А.А. Мирзоалиев - Душанбе: ГрафикаПринт, 2018. - 184 с. (11,5 ҷ.ч), (аз муаллиф 9,25 ҷ.ч).

11.            

Развитие рынка услуг бытового обслуживания населения в условиях рыночной экономике

монография

М.Х. Саидова, У.Т. Саломова – Душанбе: Издательство «Ирфон», 2018, (20.10.2018), -166 с.

12.            

Формирование и развитие рынка услуг объектов приавтодарожного сервиса в Республике Таджикистан

монография

Раджабов Р.К., Пулатова Ш.Б.- Душабе : Издательство «Ирфон», 2019,  -172 с.

Душанбе, 28 Октябр 2019 03:41

Дастовардҳои кафедра

Written by

Дар кафедра устодон ба корҳои илмӣ диққати зиёд медиҳанд. Аз тарафи устодони кафедра китобҳои дарсӣ, мақолаҳо, монографияҳо, ҳисоботҳо дар маҷаллаҳои пешрафтаи ватанӣ ва хориҷӣ нашр карда мешавад.

Натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ дар монографияҳо ва китобҳои дарсӣ ба монанди: китобҳои дарсӣ;
1. Фақеров Ҳ.Н. Потребительский рынок: состояние и перспективы (на русскрм языке), Душанбе, Ирфон, 2019, 290 стр.;
2. Фақеров Ҳ.Н.- теория и практика становления инфраструктуры потребительского рынка.- Душанбе, 2001 -96стр( на русском языке),
3. Фақеров Ҳ.Н.- потребительский рынок: проблемы регулирования –Душанбе, Ирфон 2002, 153 стр ( на русском языке),
4. Ҳабибов С.Х., Джамшедов М.Дж.Экономика предприятия (1 и 2 часть на таджикском языке), Душанбе, Ирфон, 2019;
5. Ҳабибов С.Х., Шаропов Ф.Р., Аминов И.А.,- проблемы повышения эффективности розничной торговли( на русском языке), Душанбе, Ирфон 2004, 94стр,

6. Исматуллоев И.У.- консультативное предпринимательство- Душанбе, Контраст 2007, 154 стра ( на русском языке),
7. Исматуллоев И.У., Хабибов С.Х., - Рынок и бизнес: консультирование, Душанбе, Деваштич 2002, 107 стр ( на русском языке),
8. Шаропов Ф.Р. Управление социально-экономическим развитием розничной торговли, ( на русском языке), Душанбе, Ирфон , 2018, 280 стр.;

9. Мухторзоджа С.С.,М.К.Черняков,М.М.Чернякова, И.У.Исматуллоев Цифровая экономика и современная торговля в Российской Федерации и Республике Таджикистан ( на русском языке), Новосибирск, 2019, 174 стр.;
10. Мухторзода С.С. Сетевая торговля: становление и развитие в Республике Таджикистан( на русском языке), Душанбе, Ирфон, 2018, 142 стр.

Омилҳои дастовардҳои баланди кафедра. Соли 2015 дар кафедра се ихтисоси нав, яъне 25010717- иқтисодиёт ва идоракунӣ дар соҳаи сайёҳӣ, 25010720- иқтисодиёт ва идоракунӣ дар соҳаи хизматрасонӣ, 26020101- бизнес - маъмуриятчигӣ дар соҳаи истеҳсолот ва хизмат таъсис дода шуд.

Ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ:
1. Ҳимояи рисолаи докторӣ Шаропов Ф.Р. аз рӯйи ихтисос - 08.00.05 - иқтисодиёт ва идоракунии иқтисодиёти миллӣ дар соли 2019
2. Ҳимояи рисолаи доктории Ҷамшедов М.Ҷ.. аз рӯйи ихтисос - 08.00.05 - иқтисодиёт ва идоракунии иқтисодиёти миллӣ дар соли 2019
3. Ҳимояи рисолаи номзадӣ аз ҷониби Мухторзода С.С. аз рӯйи ихтисос - 08.00.05 - иқтисодиёт ва идоракунии иқтисодиёти миллӣ дар соли 2018

4. Ҳимояи рисолаи номзадӣ Ҳабибова С.С. аз рӯйи ихтисос - 08.00.05 - иқтисодиёт ва идоракунии иқтисодиёти миллӣ дар соли 2018
Ҳимояи рисолаи номзадӣ Мариншоев М.М. аз рӯйи ихтисос - 08.00.05 - иқтисодиёт ва идоракунии иқтисодиёти миллӣ дар соли 2018

Душанбе, 28 Октябр 2019 03:26

Ҳамкории кафедра бо корфармоён

Written by

Системаи ҳамкорӣ байни корфармоён ва намояндагони соҳаи маориф ҳанӯз ҳам ба таври кофӣ самаранок намебошад. Сарфи назар аз он, ки мутахассисони ҷавон дар бозори меҳнат рӯз аз рӯз маъмул мегарданд, аксарияти ширкатҳо умед надоранд, ки донишҳои дар донишгоҳ бадастомада ба хатмкунандагон имконият медиҳанд, ки фавран ба кор ҷалб карда шаванд. Бакалаври хатмкардаи донишгоҳ аз ҷониби корфармо ҳамчун манбаи тарбияи мутахассиси комил эътироф карда мешавад ва донишҳои дар донишгоҳ бадастомада барои такмили минбаъда ҳамчун асос ҳисобида мешаванд. Тибқи гуфтаи корфармо, барои бакалаври мутахассиси комилҳуқуқ шудан якчанд сол лозим мешавад. Омӯзиши иловагӣ ҳамчун як имконияти иловагии ташаккул додани он тибқи талаботи худ, омӯзонидани хусусиятҳои кор ва омӯзонидани унсурҳои фарҳанги корпоративӣ ҳисобида мешавад.

Тадқиқоти хадамоти кадрии корхонаҳо ва ташкилотҳое, ки дар онҳо хатмкунандагони мо тақсим карда шудаанд, нишон доданд, ки корфармоён имрӯз аз сатҳи дониши ибтидоӣ, ки донишҷӯён дар донишгоҳ мегиранд, қаноатманд мебошанд. Аммо, ба ғайр аз дониши умумӣ ва махсус, корфармоён имрӯз аз мутахассисони ҷавон малакаҳои касбиро интизоранд. Дар ин бобат, кафедра бо корфармоён зич ҳамкорӣ мекунад. Ҳарду ҷониб ба чунин ҳамкорӣ манфиатдоранд, зеро аз як тараф, корхона ба донишгоҳ имконият медиҳад, ки талаботҳои тағйирёбандаро барои мутахассисон назорат карда, барномаи таълимӣ ва сифатҳои худи омӯзгоронро ислоҳ намоянд. Аз ҷониби дигар, корхонаҳо имкони гирифтани мутахассисони бо "фармони махсус" доранд.

Фаъолияти касбӣ фаъолиятест, ки маҷмӯи донишҳои махсус ва малакаҳои амалӣ дар натиҷаи таълими мақсаднок ба даст оварда шудааст. Хусусияти фаъолияти касбии бакалаврҳои кафедра инҳоро дар бар мегирад:

тавсифи фаъолияти касбӣ;
– муайян кардани объектҳои фаъолияти касбӣ;
– намудҳои фаъолияти касбӣ;
– вазифаҳои фаъолияти касбӣ.

Дар айни замон, кафедра бо ташкилоту корхонаҳои зерин ҳамкори зич дорад: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи Тоҷикматлубот, ҶСК «Агроинвестбонк», ҶСК «Ориёнбонк», БДА ҶТ «Амонатбонк», ҶСК меҳмонхонаи «Тоҷикистон», КВД Меҳмонхонаи Душанбе, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҶСП «Шивер-Тоҷикистон»-и гипермаркети Ашан-сити дар ш.Душанбе, ҶСК «Пайкар», ҶСК «Ёвар», Меҳмонхонаи «Шератон»-и ш.Душанбе, ҶСП “Комбинати шири Саодат”, ҶСК “Фабрикаи шири Душанбе” ва корхонаҳои гуногуни истеҳсолӣ, ширкатҳо ва ғайраҳо.

Кормандони кафедра дар омода намудани монографияҳо, мақолаҳои илмӣ, тезисҳо ва иштироки фаъолона дар конфронсҳои ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ, минтақавӣ, донишгоҳӣ ва дигар конференсияҳои илмӣ фаъолона иштирок менамоянд. Донишҷӯён дар корҳои илмӣ-тадқиқотии кафедра, ташкили кор оид ба рушди шаклҳои гуногуни корҳои илмӣ-донишҷӯӣ (конференсияҳо, озмўнҳо, викторинаҳо, мубоҳисаҳо ва ғайра) фаъолона иштирок мекунанд. Рушди таҳқиқот ва инноватсия дар соҳаи зинаҳои гуногуни таҳсилоти махсус ва ташаккули тафаккури иқтисодии касбӣ амалӣ шуда истодааст.

Тӯли беш аз 30 соли мавҷудияти кафедра, устодони он як қатор лоиҳаҳои илмиро оид ба доираи васеи масъалаҳои иқтисодиёти ҷаҳон иҷро намудаанд. Таваҷҷӯҳи махсус ба омӯзиши тамоюлҳои рушди низоми муосири иқтисоди ҷаҳон, зиддиятҳои ҷаҳонишавӣ, мавқеи Тоҷикистон дар раванди ҷаҳонишавӣ равона шудааст, ки тибқи он кормандони кафедра системаи меъёрҳои рақобатпазирии кишвар, амнияти иқтисодии кишварҳои алоҳидаи иқтисодиёти муосири ҷаҳон, нишондодҳои самаранокии ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ ва диққати онро таҳия кардаанд. барои баланд бардоштани шаффофияти иқтисодиёт, шартҳо ва шароити рушди инноватсионӣ, воридшавии он ба бозори ҷаҳонии моликияти зеҳнии саноат, методологияи банақшагирии стратегии рушд дар заминаи фаъолияти иқтисодии берунаи маҷмӯаҳои иқтисодиву иқтисодии минтақа, шаҳр, усулҳои пешгӯии нишондиҳандаҳои рушди иқтисоди хориҷӣ пешниҳод шудаанд, ки асоси пешгӯи такрористеҳсоли захираҳои зарурӣ мебошанд. барои қонеъ гардонидани тамоми маҷмӯи эҳтиёҷоти шаҳрҳо равишҳои назариявӣ таҳия шуданд таҳқиқоти генетикии рушди иқтисоди ҷаҳонӣ ва муайян кардани марҳилаҳои рушди он, сохторҳо ва механизмҳои асосии мероси иҷтимоию иқтисодӣ ташаккул дода шудаанд, омӯзиши ҳамаҷонибаи мундариҷаи омили субъективӣ дар иқтисодиёт, табиат ва роҳҳои ташаккули фарҳанги муосири иқтисодӣ, тафаккури иқтисодӣ, рафтори иқтисодӣ, робитаҳои байнифарҳангӣ гузаронида мешавад дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ.

Инчунин фаъолият оид ба рушди иқтидори илмии кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ ҳайати кормандон дар самти татбиқи барномаҳои супоришї барои омӯзгорони ҷавон ва аспирантҳои кафедра идома дорад. Ташкил ва ҳавасмандгардонии дифои рисолаҳо барои унвони доктори ва номзади илм аз ҷониби устодони кафедра бо мақсади тадриҷан паст кардани фоизи беунвондорони кормандони штатии кафедра.

Страница 3 из 10

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top