Кафедраҳо (135)
Children categories
Аминов Фотеҳҷон Иномҷонович
декани факултети молия ва фаъолияти бонкӣ
________________________________________________________________________________________________________________________________________
Аз 5 июли соли 2013 дар вазифаи мудири кафедраи менеҷмент ва иқтисодиёти меҳнати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон фаъолият карда, аз моҳи октябри соли 2018 то инҷониб дар вазифаи декани факултети молия ва фаъолияти бонкӣ кор мекунад.
Таҳсилот: олӣ, соли 2007 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Ихтисос: менеҷменти ташкилот.
Унвони илмӣ: соли 2012 номзади илмҳои иқтисод, соли 2015 и.в дотсент.
Кор ва фаъолият:
Солҳои 2002-2007 – донишҷȳи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон.
Солҳои 2007-2013 – ассистент, муаллими калони кафедраи менеҷменти Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон.
Аз июли соли 2013 то ҳоло – мудири кафедраи менеҷменти Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон.
Қурбанова Сураё Аҳтамовна
муовини декан оид ба тарбия
тел: 935008606
email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
________________________________________________________________________________________________________________________________________
Солҳои 2002 – 2007 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон бо ихтисоси математика, бо касби математик, муаллим.
Мариншоев Муқбил Мунавваршоевич
муовини декан оид ба илм
тел: 935410575
email: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
________________________________________________________________________________________________________________________________________
Солҳои 2003-2007 Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо ихтисоси иқтисодиёт ва идоракунӣ дар корхонаҳои савдо ва хӯроки омма.
Сафарова Зебо Назировна
коргузор
тел: 988471134
________________________________________________________________________________________________________________________________________
Солҳои 1982 – 1987 Донишкадаи давлатии педагогии ш. Кӯлоб бо ихтисоси математика ва физика, бо касби муаллими математика ва физика.
Фаёзов Сайдулло Саидович
сармуҳосиб – шуъбаи муҳосибот
______________________________________________________________________________________________________________________________________
Фаёзов Сайдулло Саидович 5-уми июни соли 1964 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон таваллуд шудааст.
Соли 1994 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси молия ва қарз хатм кардааст.
Бо фармони ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Фаёзов Сайдулло Саидович аз 6-уми феврали соли 2017 ба вазифаи сармуҳосиби донишгоҳ таъйин шудааст.
Дар солҳои аввали таъсисёбии донишгоҳ кафедра бо номи «Марксизм-ленинизм» фаъолият менамуд ва соли таҳсили 1993-1994 номи «Илмҳои ҷамъиятӣ»-ро гирифт. Ба ин кафедра дотсент Малоҳат Исмоилова сарварӣ мекард. Баъдтар вазифаи мудирии ин кафедра ба зиммаи номзади илми фалсафа, дотсент шодравон Хурсанд Қурбонов гузошта шуд.
Соли 1994 бо қарори Шӯрои олимони донишгоҳ кафедра номи “Фалсафа ва фарҳангшиносӣ”-ро гирифт ва доктори илмҳои фалсафа, профессор Зокирҷон Вазиров мудири кафедра таъйн гардид. Cолҳои 1994-2000 дар ҳайати кафедра дотсентон Қурбонов Х., Султонов М., Ғуломов О., Ҷабборов Ш., Набиев В., Луғмонов Т., Тауров Т., Қурбонов Б., устодони калон Охунова С., Раҳматова М, Маҳмадиева Ҷ., Ҷонибеков А.,Сироҷов Ф., ассистентон Дилоев Н., Неъмонов Ҷ., Авғонов С. ва мудири кабинет Тайлоқов Н., фаъолият менамуданд. Соли таҳсили 1996-1997 ба кафедраи «Фалсафа ва фарҳангшиносӣ» дотсент Хуморов Д.М., проф. Одилов Н.Ф., д.и.ф. проф. Маҷидов Р., д. и. т. Маликов М., д.и.ф., проф. Шарипов И. ба кор омаданд ва потенсиали илмии кафедра хеле баланд гардид. Аз соли 2000 то с. 2010 роҳбарии кафедраро н.и.ф., дотсент Хуморов Д. ба ӯҳда дошт. Аз моҳи ноябри соли 2010 то моҳи сентябри соли 2017 вазифаи мудири кафедраро н.и.ф., дотсент Шарипов М.И. иҷро менамуд.
Бо қарори Шӯрои олимони донишгоҳ аз 24 январи соли 2012 кафедра бо номи “Фалсафа ва сиёсатшиносӣ” номгузорӣ карда шуд.
Бо қарори Шӯрои олимони донишгоҳ аз моҳи июни соли 2017 кафедра бо номи “Фанҳои ҷамъиятшиносӣ” номгузорӣ карда шуда, тадриси фанни таърихи халқи тоҷик ба зиммаи кафедра гузошта шуд. Аз моҳи феврали соли 2018 н и.с., дотсент Неъмонов Ҷ.М. сарварии кафедраро ба уҳда дорад.
Ҳоло дар кафедраи “Фанҳои ҷамъиятшиносӣ” д.и.т. и.в. профессор Қурбонов Б.Р., дотсентон Шарипов М.И., Хуморов Д.М., Ҳусейнов Б., Авғонов С., Неъмонов Ҷ., Саидов С.. н.и.п.,и.в.дотсент Сангинова Д., н.и.т., и.в.дотсент Пирназарова П., н.и.ф., муаллими калон Дилоев Н., муаллимони калон Раҳмихудоева Б.,Бойназаров Э., Қобилова Ф., Каримова З., Зарипова Р., Бобохоҷаева Г., Сангова Ф., Султонов Т. ассистентон: Қурбонов Б., Навоии Б., Абдуллозода Н., Алиев С., Маҳмадсафои И., Ғафуров Р. фаъолият намуда истодаанд.
Устодони кафедраи Фанҳои ҷамъиятшиносӣ
Устодони кафедра баҳри баланд бардоштани сифати ҷараёни таълим аз фанҳои таълимӣ китобҳои дарсӣ, васоити таълимӣ, барномаҳо, силлабусҳоро чоп намуда дастраси донишҷӯён гардониданд. Дар кафедра ба иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ диққати ҷиддӣ дода мешавад. Устодони кафедра доир ба проблемаи «Маданияту суннатҳои бозоргонии шарқ ва таъсири он дар ташаккули шахс» корҳои илмӣ - тадқиқотии худро ба роҳ монданд. Яке аз бахшҳои ин мавзӯъ «Таҳлилу тадқиқи фалсафаи форсу тоҷик»-ро дотсент Авғонов С. роҳбарӣ менамояд.
Бахши дуюми ин мавзӯъро “Фалсафаи иҷтимоӣ” ташкил медиҳад ва онро дотсент Хуморов Д. роҳбарӣ намуда, ба таҳқиқи он дотсентон Шарипов М., и.в. профессор Хидирова М., муаллимони калон Дилоев Н., Неъмонов Ҷ., Раҳмихудоева Б., Каримова З., машғуланд.
Доир ба бахши сеюми мавзӯъ «Педагогика ва равоншиносӣ» бо роҳбарии дотсент Ҳусейнов Б., и.в.дотсент Сангинова Д., муаллими калон Бобохоҷаева Г. тадқиқотҳои илмӣ мебаранд.
Бахши чоруми мавзӯъ «Инъикоси таърихи иқтисодиёт ва тиҷорат дар осори донишмандони гузашта ва муосири форсу тоҷик» ном дорад ва бо роҳбарии д.и.т., и.в.профессор Қурбонов Б., дотсент Саидов С., н.и.т., и.в.дотсент Пирназарова П., н.и.т. Абдулов А. муаллими калон Сангова Ф. ассистент Маҳмадсафои И. тадқиқот гузаронида истодааст.
Бояд гуфт, ки натиҷаи тадқиқотҳои устодони кафедра дар шакли рисолаю мақолаҳои илмӣ ба табъ расидаанд ва дорои аҳамияти калони назариявию амалӣ буда, дар ташаккули худшиносӣ, худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ нақши бузург мебозанд.
Масалан, рисолаҳои шодравон профессор Зокирҷон Вазиров «Фалсафаи калом» (15 ҷ.ч.), «Таълимоти калом оиди ҷиҳод» (21 ҷ.ч.), «Очеркҳои фалсафаи калом ва футувват» (16 ҷ.ч.) ва «Таълимоти ахлоқии калом» моҳияти фалсафӣ, иқтисодӣ ва ахлоқии каломро кушода пешкаши аҳли илм гардониданд. Рисолаю мақолаҳои шодравон дотсент Шоихтиёров Х. доир ба таълимоти фалсафӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ-сиёсии мутафаккирони шарқ ал-Калкашандӣ, Фақеҳ ал-Мовардӣ, Насриддини Тусӣ ва ба хусус, «Фалсафаи иҷтимоии Насриддини Тусӣ» дар илми таърихи фалсафаи халқи тоҷику форс саҳифаи нав аст. Дар ин бахш рисолаи н.и.ф., дотсент Авғонов С. «Таълимоти Ғазолӣ доир ба давлат» низ ҷолиби қайд аст.
Дар бахши фалсафаи иҷтимоӣ дотсент Хуморов Д. доир ба мавзӯи «Тамоили инкишофи миллат ва муносибатҳои миллӣ» кор карда, рисолаи «Худшиносии миллӣ шарти ваҳдат» ва мақолаҳои «Мақоми ақаллиятҳои миллӣ дар ҳаёти миллати соҳибдавлат», «Худшиносӣ асоси идеологияи давраи гузариш», «Худшиносӣ шарти ваҳдати миллӣ», «Нақши сарвари сиёсӣ дар пешрафти давлати миллӣ»-ро ба чоп расонид. Дотсент М. Шарипов рисолаи «Фарҳанги экологӣ мушкилоти ташаккулёбӣ» ба забони русӣ ва рисолаи «Экологияи иҷтимоӣ» ба забони тоҷикӣ, и.в. профессор Хидирова М. рисолаи «Ҳалли моҷароҳои сиёсӣ», дотсент Неъмонов Ҷ. рисолаҳои «Тамоилҳо дар инкишофи муносибатҳои миллӣ», «Сиёсати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони муосир» ва «Потребности и регуляция человеческих действий»-ро аз чоп бароварданд.
Дар бахши равоншиносӣ аз ҷониби шодравон дотсент Пудинаев А. китоби «Равоншиносӣ», рисолаҳои «Афкори равоншиносии мутафаккирони форсу тоҷик», «Тарбияи маънавии ҷавонон», аз ҷониби дотсент Ҳусейнов Б. рисолаҳои «Асосҳои маҳорати педагогӣ», «Шашкат дар диёри Рӯдакӣ», «Луғати мухтасари мафҳумҳои равоншиносӣ» нашр гардиданд.
Дар бахши таърихи халқи тоҷик натиҷаи тадқиқотҳои устодон бо номи «Инкишофи илмҳои табиӣ дар асрҳои УШ-ХП дар мамлакатҳои Аҷаму Араб»-и д.и.т., Қурбонов Баҳромҷон, «Ҳадиқат-уш-шуаро»-и Девонбегии Шерозӣ ҳамчун сарчашмаи муҳими таърихӣ-фарҳангӣ ва адабии форс-тоҷик асрҳои ХУШ-Х1Х»-и н.и.ф., Саидов Султонмурод чоп гардидаанд.
Як бахши муҳими кори кафедраро ҷалби донишҷуён ба маҳфилҳои фаннӣ ташкил медиҳад. Дар ин маҳфилҳо донишҷӯёни боистеъдод ва қобилияти пажӯҳишгарии онҳо муайян карда мешавад ва аз ҳисоби онҳо ҳайати устодон пурра гардонда мешавад. Дар кафедра се маҳфил «Файласуфи ҷавон», «Сиёсатшинос» ва «Муаррихи ҷавон» фаъолият менамоянд ва онҳоро н.и.с., дотсент Неъмонов Ҷ. муаллими калон Каримова З ва н.и.т., муаллими калон Пирназарова П. роҳбарӣ менамоянд.
Аз соли 2002 инҷониб кафедра шогирдонро аз ду фан- фалсафа ва сиёсатшиносӣ ба олимпиадаҳои донишҷӯёни мактабҳои олӣ тайёр менамояд ва ҳар сол ба гирифтани ҷоизаҳои олимпиада ноил мегарданд. Масалан, донишҷӯи факултаи «Тиҷорат ва гумрук»- ихтисоси 2712 Аҳтамов Умед бо роҳбарии дотсент Хуморов Д. ду сол паи ҳам дар олимпиадаи умумиҷумҳуриявӣ аз фанни “Фалсафа” ширкат намуда, соли аввал ҷои сеюм ва соли дуюм ҷои якумро ишғол намуд.
Ҳамин гуна муваффақиятро донишҷӯи ихтисоси 0606 Накатова Бону бо роҳбарии профессор Одилов Н. ба даст овард. Ӯ се маротиба дар олимпиада иштирок намуда, ҳамасола ғолиби он буд. Соли 2013 донишҷӯи курси чоруми ихтисоси 24.01.01. Навоии Бердӣ аз фанни сиёсатшиносӣ дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ҷои дуюмро ишғол намуд. Таҳти роҳбарии дотсент Шарипов М.И. соли 2008 Ҳамидова Гулнора донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси 260202 аз фанни фалсафа ҷои якум ва соли 2014 донишҷӯи курси 4-ум Розиқов Дилошуб аз фанни фалсафа ҷои 2-юмро ишғол намуданд ва соли 2015 донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси 25.01.08р Урунова Меҳрангез дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ Ҷоми академияи илмҳоро аз фанни фалсафа соҳиб гардид.
Кафедраи экспертизаи молҳо ва фаъолияти гумрукӣ яке аз кафедраҳои тахассусии донишгоҳ ба ҳисоб рафта, соли 1997 дар натиҷаи ба ду кафедраи алоҳида: “Маркетинг ва тиҷорат” ва “Молшиносӣ ва экспертизаи молҳо” ҷудо гардидани кафедраи “Маркетинг, тиҷорат ва молшиносӣ” ташкил карда шуда, дар сохтори факултети тиҷорат ва гумрук дохил аст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтисоси 96010100 – хадамоти гумрук бори аввал ҳамчун ихтисоси омӯхташаванда соли 1995 дар кафедраи “Молия ва гумрук”-и факултети иқтисодиёти ҷаҳон бо ташабусси роҳбарияти донишгоҳ ва Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд.
Соли 1997 баъди таъсиси кафедраи “Экспертизаи молҳо ва фаъолияти гумрукӣ” ихтисоси 96010100 – хадамоти гумрук ба кафедра гузаронида шуд.
Айни замон кафедраи “Экспертизаи молҳо ва фаъолияти гумрукӣ” ҳамчун кафедараи тахассусӣ мутахассисонро аз рӯи се ихтисос барои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ тайёр карда истодааст:
- 1-96010101 - “Таъмини ҳуқуқии фаъолияти гумрукӣ”;
- 1-250109 - “Молшиносӣ ва муоинаи мол;
- 1-91010101-“Технологияи маҳсулот ва ташкили хӯроки умумӣ”.
Хатмкунандагони ин ихтисосҳо дар сохторҳои гуногуни хоҷагии халқ ва вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи саноат ва савдои Тоҷикистон, иттиҳодияҳо ва ҷамъиятҳои саҳомӣ, корхонаву ташкилотҳои давлатӣ, кооперативӣ, соҳибкории хусусӣ ва дар ташкилотҳои моликияташон гуногун дар вазифаҳои муовини сардори хадамот, сардори раёсат, муовини сардори раёсат, сардори шуъба, сарнозир - сармутахассис, нозири калон - мутахассиси калон, нозир-мутахассис, мутахассиси соҳаи гумрукӣ, молшинос-эксперт, муҳандис - технолог, молшинос, технолог, директори ташкилоту корхона дар вазорату идораҳо, муассиса ва дар дигар вазифаҳо мутобиқи касби азхудкардаашон кору фаъолият доранд.
Дар ташкил шудани ихтисоси 96010100 - хадамоти гумрук дар кафедраи молия ва гумрук ректори вақт Бобоев О.Б., собиқ ноиби ректор Фақеров Ҳ.Н. (ректори ҳозира), собиқ сардори Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумурии Тоҷикистон, генерал-майори хадамоти гумрук Ҳамроқулов Х.Ҳ., собиқ сардори раёсати тарифию гумрукии кумитаи мазкур, полковники хадамоти гумрук Нидоев Н.Ф. ва сарнозири раёсати кадрҳо, полковники хадамоти гумрук Насриддинов Ф.Б. саҳми босазо доранд.
Дар аввали таъсисёбӣ дар кафедра д.и.и., профессор Катаев А.Х., н.и.и., дотсент Раҷабов Р.К., н.и.б., дотсент Шомирсаидов Ш., н.и.б., дотсент Маҷидов А.Р., муаллимони калон Сўфиев М.М., Ярочкина М.А. ва лаборанти калон Амонова С.Ё. фаъолият менамуданд.
Аз соли соли 1997 то соли 2000-ум вазифаи мудири кафедраро д.и.и., профессор Катаев А.Х. ва аз моҳи сентябри соли 2000-ум ба таври озмун н.и.б., дотсент Шомирсаидов Ш. иҷро намудаанд.
Баъди дифои рисолаи доктории устоди кафедра Раҷабов Р.К. ва дифои рисолаи номзадии Ҳикматов С.И. (соли 2000-ум) потенсиали кадриву илмии кафедра боло рафт.
Ҳайати профессорону омўзгорони “Кафедраи экспертизаи молҳо ва фаъоялияти гумрукӣ”
Устодони ҷавони кафедра хатмкунандагони ихтисоси фаъолияти гумрукӣ Самиев Ф.Б. – соли 2006 (роҳбари илмӣ профессор Раҷабов Р.К.) Ҷабборов А.И. –соли 2006 (роҳбари илмӣ дотсент Хикматов С.И.), Нидоев П.Р. – соли 2009 (роҳбари илмӣ профессор Катаев А.Х.), Раҷабова Н.Р – соли 2016 (роҳбари илмӣ профессор Фақеров Ҳ.Н.), Буриев Л.Ҷ. – соли 2016 (роҳбари илмӣ дотсент Хикматов С.И.) Алиев М.Б. – соли 2017 (роҳбари илмӣ профессор Раҷабов Р.К.) рисолаҳои номзадии худро дифоъ намуда, ба гирифтани дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ сазовор гардиданд.
Бо қарори Шӯрои олимони донишгоҳ аз соли 2007 вазифаи мудири кафедра ба зиммаи номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҳикматов С., аз феврали соли 2011 ба зиммаи номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҷабборов А.И. ва аз моҳи июни соли 2017 ба зиммаи доктори илмҳои иқтисодї, профессор Нидоев Н.Ф. гузошта шудааст.
Дар кафедра ба донишҷӯён устодони варзида профессорон Нидоев Н.Ф., Раҷабов Р.К., дотсентон Ҳикматов С.И., Ҷабборов А.И., Одинаев Ф., Самиев Ф.Б., Алиев М.Б., Бўриев Л.Ҷ. муаллимони калон Суфиев М.М., Хабибуллоев Г.С., Холов М.Х., Ашўров С.М., Ғаюрова Р.С. ва Назарбекова Н. дониши ҳаматарафа дода, дар устуворнамоии бехатарии бозори мамлакат саҳми босазо мегузоранд.
Роњбарияти кафедра бо Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази ташхиси Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Тоҷикистон, Академияи гумрукии Федератсияи Россия, Академияи идоракунї ва Донишгоҳи техникии шаҳри Москва робита ва ҳамкориҳои зич дорад. Ҳамаи омўзгорони кафедра ба кори илмӣ-тадқиқотӣ ва илмӣ-методӣ машғул буда, масъалаҳои муҳимми соҳаи гумрук, молшиносӣ, стандартизатсиякунонӣ ва сертификатсияро мавриди омӯзиш қарор додаанд. Омўзгорони кафедраи «Экспертизаи молҳо ва фаъолияти гумрукӣ» доир ба мавзӯъҳои зерин татқиқоти худро анҷом дода истодаанд:
- самтҳои самаранок истифода бурдани потенсиали иқтисодии хизматрасонии гумрукӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- проблемаҳои баланд бардоштани сифати маҳсулоти хӯрока дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Донишҷӯён дар машғулияти лабораторӣ аз фанни экспертизаи молҳо
Натиҷаи тадқиқотҳои омўзгорони кафедра барои истифодабарӣ ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии Тоҷикстандарт, Корпоратсияи хӯрокворӣ пешниҳод карда мешаванд. Инчунин аз рӯи натиҷаҳои корҳои илмӣ – тадқиқотӣ омўзгорони доимӣ ва ҳамкорони кафедра ҳар сол аз рӯи дар конференсияҳои байналмилалию ҷумҳуриявӣ ва донишгоҳӣ бо маърӯзаҳо баромад мекунанд.
Қайд кардан бамаврид аст, ки натиҷаи корҳои илмӣ - татқиқотии омўзгорони кафедраи «Экспертизаи молҳо ва фаъолияти гумрукӣ» дар раванди таълим мунтазам истифода бурда мешаванд. Омўзгорони кафедра баҳри баланд бардоштани сифати таълим ва дар сатњи олї тайёр кардани мутахассисону бакалаврҳо кӯшиши зиёде ба харҷ медиҳанд. Бо ин мақсад омўзгорони кафедра васоити таълимӣ ва дастуру нишондодҳои методиро аз фанҳои таълимии кафедра ба мисли «Таърихи фаъолияти гумрукӣ ва сиёсати гумрукӣ», «Ташкили назорати гумрукии молу воситаҳои нақлиёт»,«Танзими давлатии фаъолияти гумрукӣ», «Ташкил ва технологияи назорати гумрукӣ», «Омори гумрукӣ», «Иқтисодиёт ва идоракунии фаъолияти гумрукӣ», «Пардохтҳои гумрукӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ташкил ва идоракунӣ дар мақомоти гумрук», «Танзими тарифию гумрукии муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ», «Молшиносӣ ва экспертизаи молҳои хӯрока» аз чоп бароварда, дастраси донишҷӯён гардониданд.
Дар назди кафедра маҳфилҳои «Гумрук», «Декларант», «Экспертизаи молҳо» ва «Муҳандис-технологи ҷавон» амал менамоянд, ки дар онҳо зиёда аз 200 донишҷӯ ва ҳамаи омўзгорон ширкат варзида, ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғуланд.
Донишҷӯён пайваста дарсҳои амалии худро дар дидбонгоҳҳо ва раёсатҳои минтақавии мақомоти гумрук, Агентии стандартонӣ, метрология, сертефикатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар муассисаҳо ва корхонаҳои “Тоҷикматлубот” ва дигар муассисаҳо гузаронида, савияи дониши амалии худро тақвият мебахшанд.
Ҳоло дар кафедра 2 профессор, 2 доктори илмҳои иқтисодї, 3 дотсент, 3 номзади илмҳои иқтисодӣ, и.в. дотсент, 1 номзади илмҳои иқтисодӣ, муаллими калон, 7 муаллими калон ва 4 нафар ассистент, 1 лаборант ва 1 коргузор кору фаъолият доранд.
Дар асосӣ нақшаҳои чорабинии илмии кафедра ҳамасола конфренсияҳои илмию амалӣ дар мавзӯъҳои “Нақши гумрук дар рушди муносибатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои дур ва наздик”, “Амнияти озуқаворӣ ва рушди босуботи фаъолияти гумрукӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” гузаронида мешавад.
Кафедра дар айни замон дар ҳайати зерин фаъолият дорад: Нидоев Н.Ф. – мудири кафедра, д.и.и., профессор; Раҷабов Р.К.- д.и.и., профессор; досентон Ҳикматов С.И., Ҷабборов А.И., Одинаев Ф., и.в. дотсент Самиев Ф.Б., Бўриев Л.Ҷ., Раҷабова Н.Р., н.и.и., муаллимони калон Алиев М.Б. муаллимони калон Сўфиев М.М., Њабибуллоев Г.С.,, Ашўров С.М., Холов М.Х., Ғаюрова Р.С., Назарбекова Н.А., Назаров Д. Н., ассистентон Файёзов Ҷ.Б., Латипов К.М., Ҷураева Г., Шаропов Ф.Н. ва Наврўзов Р.П.
Аз ҷониби омўзгорони кафедра корҳои илмии зиёде, аз ҷумла, 15 монография, 24 дастури таълимӣ, зиёда аз 300 мақолаи илмӣ ба чоп расидааст. Корҳои муаллимон, асосан, ба нақш ва мавқеи мақомоти гумрук дар таъмини амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, такмили механизми ташкилию иқтисодии маъмурияти гумрук, асосҳои молшиносӣ ва муоинаи мол, хусусиятҳои хоси технологияи ҳозиразамони хуроки умумӣ бахшида шудааст.
Ҳамин тариқ, омўзгорони кафедраи “Экспертизаи молҳо ва фаъолияти гумрукӣ” дар баланд бардоштани сифати таълим ва тайёр намудани муттахасиссони ҷавобгӯи стандартҳои давлатии соҳаҳои муҳими иқтисодӣ саҳми арзанда гузошта истодаанд.
Кафедраи Менеҷмент ва иқтисодиёти меҳнат дар заминаи кафедраи Иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ тибқи қарори Шӯрои илимони донишгоҳ таҳти №1 аз 31.08.2006 ҳамчун кафедраи «Менеҷмент» ба фаъолият оғоз намудааст. Номи кафедра бо қарои Шӯрои олимони донишгоҳ таҳти №2 аз 01.12.2015 ба кафедраи «Менеҷмент ва иқтисодиёти меҳнат» иваз карда шуд. Зарурати ташкил намудани ин кафедраро инкишофи муносибатҳои нави иқтисодӣ, раванди ҷаҳонишавӣ, такмил додани усулҳои идоракунии сохторҳои мухталиф ва тарбияи роҳбарону менеҷерон бо нигоҳи ҷадид барои соҳаҳои иқтисоду тиҷорат ва сайёҳиву меҳмоннавозӣ ба миён овард. Роҳбарии кафедраро аз соли 2006 то 2013 н.и.и., дотсент Мирзоалиев А.А. ба ӯҳда дошт, ки дар ин муддат кафедра ба дастовардҳои зиёд ноил гардид. Аз соли 2013 то 2018 роҳбарии кафедраро н.и.и. Аминов Ф.И. ба ӯҳда дошт. Аз ноябри соли 2018 то ин ҷониб роҳбарии кафедраро н.и.и., дотсент Мирзоалиев А.А. ба уҳда дорад.

Кафедра бо базаи хуби таълимию методӣ, кадрӣ ва техникӣ таъмин буда, барои омӯзонидани асосҳои менеҷмент, менеҷмент, менеҷменти савдо ва хӯроки омма, менеҷменти тиҷорат, менеҷменти стратегӣ, менеҷменти молиявӣ, менеҷменти навовариҳо, менеҷменти сайёҳии байналмилалӣ ва меҳмонхонадорӣ, таърихи туризм, тараққиёти туризм, асосҳои сайёҳӣ ва меҳмонхонадорӣ, рафтори ташкилӣ, назария ташкилӣ, санъати роҳбарӣ, ҳуҷҷатгузорӣ, идоракунии корхонаҳои савдо, идоракунии хоҷагиҳои кооперативӣ, идоракунии кормандон, идоракунии сифат, тадқиқоти низоми идоракунӣ, иқтисодиёт ва иҷтимоиёти меҳнат, менеҷменти кооператсияи матлубот, ташкил ва меъёрдории музди меҳнат, ташкил ва идоракунии ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, психология ва ахлоқи идоракунӣ, идоракунии зидибӯҳронӣ ва маданияти меҳмонхонадорӣ аз ҳамаи имкониятҳо истифода мебарад.
Устодони ботаҷрибаи кафедра н.и.и., дотсент Мирзоалиев А.А. (мудири кафедра), д.и.и. профессор Нурмаҳмадов М. (шодравон), д.и.и., профессор Розиқов В.А., н.и.и., дотсент Анваров М.А. (шодравон), н.и.и., дотсент Ҷонов Г.Д. (шодравон), н.и.и., дотсент Аминов Ф.И., д.и.и. профессор Саидова М.Х., н.и.п., дотсент Ҳусейнов Б.А., н.и.и.. дотсент Қиёмиддинов Ҳ., н.и.и., м/калон Сафарова Л.Д., н.и.и., м. калон Саломова У.Т., н.и.и., м/калон Исвалиев С.Ҷ., н.и.и., Мутиева С. Ҷ., Phd (доктор)Бобохонов С. Ғ., н.и.и. Пулатова Ш.Б. ва ғайраҳо дар тарбияи мутахассисон саҳмгузоранд. Донишҷӯёни кафедра аз рӯи тахассуси 260202 - «Менеҷменти туризм ва хоҷагии меҳмонхонадорӣ», «Менеҷменти корхонаҳои савдо» ва 890101 – «Саёҳат ва меҳмоннавозӣ» таҳсил намуда, ҳамчун мутахассиc сабзида мерасанд ва баъди хатми донишгоҳ барои тараққиёти соҳаи навини иқтисодиёт – «Сайёҳӣ» ва «Тиҷорат» саҳмгузорӣ мекунанд.
Чи хеле маълум аст, самти асосии тадқиқоти илмии донишгоҳ «Дурнамои рушди соҳаи хадамот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» муайян шуда буд. Дар ин асос, кафедраи менеҷмент ва иқтисодиёти меҳнат фаъолияти илмӣ-тадқиқотии хешро аз рӯи мавзӯҳои «Идоракунии муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ: мониторинг, тараққиёт ва стратегияи он дар шароити бозор» ва «Ташаккул ва такмилдиҳии рушди соҳаи сайёҳӣ ва хадамот дар шароити муносибатҳои бозорӣ» идома дода, дар чорчӯбаи ин мавзӯъ, омӯзгорон ва донишҷӯёни кафедра бо самтҳои мушахасс фаъолияти назаррас доранд.
Омӯзгорони кафедра натиҷаҳои корҳои илмӣ - тадқиқотиашонро хулоса намуда, фишурдаи маърӯзаҳояшонро дар конфронсҳои гуногун мавриди баҳс ва муҳокима қарор медиҳанд.
Бояд қайд намуд, ки муаллими калони кафедра Мизробов С.С. ва Ҳисориева Г.Т. дар соли таҳсили 2019-2020 рисолаи номзадии худро натиҷагирӣ намуда, дар Шӯрои диссертатсионии донишгоҳ дифоъ хоҳанд кард.
Имрӯзҳо аҳли омӯзгорони кафедра тамоми кӯшишу ғайрати худро барои хубу гуворо гузаронидани дарсҳои лексионию амалӣ пурра сафарбар намуда, дар тартиб додани комплексҳои таълимӣ-методӣ, воситаҳои айёнӣ, маводҳои тақсимшаванда барои дарсҳои назариявию амалӣ, тестҳо, ҳалли масъалаҳои мушаххас сарф менамоянд.
Ҳамчун кафедраи тахассусӣ ва поягӣ, кафедра фаъолияти таълимӣ-методӣ ва илмиро ҳанӯз аз аввали таъсисёбии донишгоҳ оѓоз карда то имрӯз пурсамар идома медиҳад.
Дар тӯли солҳои мавҷудияташ кафедра бо номҳои гуногун «Фанҳои иқтисодӣ ва ҳисобдорӣ» (1987-1991), «Иқтисодиёти бозаргонӣ ва соҳибкорӣ (1992-1993)», «Иқтисодиёти савдо ва хӯроки омма (1994-1995)» ва аз соли 1995 то ҳол «Иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ» фаъолият намудааст ва дар заминаи ин кафедра дар донишгоҳ якчанд кафедраҳои нав, ба монанди «Баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит», «Молия ва қарз», «Иқтисодиёти ҷаҳон» ва «Менеҷмент» таъсис дода шуданд.
Аз соли 1987 то соли 1991 мудирии кафедраро олими соҳибкасб ва омӯзгори шинохта, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Сангинов Назрулло ба ӯҳда дошт. Ӯро соли 1991ба вазифаи муовини ректор оид ба корҳои илмӣ ва иқтисодӣ пешбарӣ намуданд. Таҳти роҳбарии ӯ як қатор устодони таҷрибадор ба кори омӯзгорӣ барои пеш бурдани ҷараёни таълиму тарбия ҷалб карда шуданд. Хусусан, он солҳо коллективи меҳнатии аҳлу тифоқи кафедра ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гардида, ташкили ҷараёни муназзами таълиму тарбияро аз рӯи фанҳои тахассусии самти «Иқтисодиёт» ба роҳ монданд. Кафедра барои дар сатҳи зарурӣ тайёр кардан ва ҷобаҷогузории мутахассисони ихтисосҳои 0608 - «Иқтисодиёт ва идоракунӣ дар корхонаҳои савдо ва хӯроки омма», 0605 – «Ҳисобдории бухгалтерӣ ва аудит» масъулияти баланд ва саҳми бевосита дошт.
Соли 1991 Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои педагогӣ ва итҷтимоии Русия, доктори илмҳои иқтисод, профессор Ҳабибов С.Ҳ. ҳамчун ҳамкор ва соли 1993 тариқи озмун ба вазифаи мудири кафедра таъин гардиданд.
Бояд қайд кард, ки аз соли 2002 профессор Ҳабибов С.Ҳ. ҳамзамон вазифаи муовини ректор оид ба робитаҳои байналхалқиро ба ӯҳда доранд. Аз соли 2007 то 2013 ба вазифаи мудири кафеда олими ҷавон, барандаи Ҷоизаи давлатии Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Шаропов Ф.Р. таъин гардид ва боиси ифтихор аст, ки ӯ худ хамткардаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мебошад.
Аз соли 2013 то ҳоло вазифаи мудири кафедраро н.и.и. дотсент Исматуллоев И.У. ба уҳда дорад.
Ҳайати устодони кафедра бо мақсади таъмин намудани ҷараёни таълим бо маводи зарурӣ ва баланд бардоштани сифати он дар панҷ соли охир як қатор монографияҳо, китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ ва методиро ба чоп расонидаанд.
Саҳми олимони кафедра дар тайёр намудани кадрҳои илмӣ-педагогии ҷавон низ хеле назаррас аст. Алҳол панҷ нафар олимони кафедра узви Шӯрои диссертатсионии назди донишгоҳ мебошанд. Аксари олимони кафедра роҳбарии аспирантонро ба ӯҳда доранд. Дар назди кафеда маҳфили илмии донишҷӯён бо номи «Иқтисодшинос» амал мекунад, ки нақши он дар ҷалб намудани донишҷӯён ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ хеле назаррас аст.
Бояд қайд кард, ки шумораи зиёди хатмкардагони кафедраи мазкур дар вазифаҳои масъули давлатӣ, ба ҳайси роҳбарону менеҷерон ва мутахассисони сохторҳои гуногуни тиҷоратӣ ва дигар соҳаҳои иқтисодиёт сарбаландона фаъолият доранд ва бо кафедра робитаи қавӣ доранд.
Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 