ДДТТ

ДДТТ (86)

Қодирова Заррина Ҳалимовна

Ноиби ректор оид ба робитаҳои хориҷӣ:
тел : +992 (372) 34 84 34,
fax: +992 (372) 34 84 34,
E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

 

 

___________________________________________________________________________________________________

Абдувалиев Мубин
Мудири шуъбаи робитаҳои байналмиллалӣ

Тел: +992 (372)34 84 34
E-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

______________________________________________________________________________________________

  Мирзоева Шаҳло Саидовна

 Мутахассиси калони Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ

________________________________________________________________________________________________________________

Ҳамкории донишгоҳи Давлатии Тиҷорати Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакатҳои хориҷӣ асосан дар самтҳои зерин амалӣ мегардад:

  • таҳия ва ба тасвиб расонидани шартномаҳо бо муассисаҳои таълимии кишварҳои хориҷӣ ва иҷрои амалии онҳо;
  • мубодилаи устодон, донишҷўён ва адабиёти таълимию методӣ;
  • таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои байналмилалӣ ва ташкилу гузаронидани конфронсу семинарҳои муштарак;
  • ташкили вохўриҳо бо намояндагони донишгоҳҳои хориҷӣ ва ташкилоту муассисаҳои байналмилалӣ;
  • ташкили курсҳои омўзиши забонҳои хориҷӣ;
  • таъмини раводиди устодон ва донишҷўёни хориҷӣ;
  • кор бо донишҷўёни хориҷӣ;
  • робита бо ҷомеа ва рушди туризм;
  • такмили сайти донишгоҳ.

Табодули донишҷȳён ва устодон яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти байналмилалии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон мебошад.

Табодули донишҷȳён ва устодон ба бакалаврҳо, магистрҳо ва аспирантҳо имконият фароҳам меоварад, ки дар хориҷа бо роҳи ширкат варзидан дар барномаҳои кȳтоҳмуддати таҳсилотӣ ва илмӣ – тадқиқотӣ таҳсилро идома диҳанд ё таҷрибаи илмӣ ба даст оваранд.

Ҳадафи рушди барномаҳои табодули донишҷȳён ва устодон дар донишгоҳ баланд бардоштани сифати таълим, беҳтар намудани ҳамдигарфаҳмӣ байни халқҳо ва фарҳангҳои гуногун, тарбияи насли ҷавони омодабуда ба ҳаёт ва кор дар ҷомеаи байналмилалии иттилоотӣ мебошад.

Табодули донишҷȳён ва устодон дар мувофиқа бо созишномаҳо байни ДДТТ ва макотиби олии ҳамкор амалӣ карда мешаванд.

Шуъбаи байналмилалӣ дар доираи барномаҳои табодули донишҷȳён ва устодон вазифаҳои зеринро ҳал менамояд:

  • ҷалби олимони шинохтаи хориҷӣ;
  • тадбиқи барномаҳои табодули донишҷȳён ва устодон (иттилооотонӣ, интихоби номзадҳо, мусоидат дар таҳияи ҳуҷҷатҳо);
  • омода намудани базаи иттилоотӣ оид ба стипендияҳо ва бурсияҳои дастгирии табодули донишҷȳён ва устодон;
  • машварат ба донишҷȳен ва устодони донишгоҳ доир ба масъалаҳои ширкат варзидан дар барномаҳои байналмилалӣ ва гирифтани бурсияҳо.

Эразмус + - барномаи нави иттиҳоди Аврупо дар давраи аз соли 2014 то соли 2020 мебошад, ки ба дастгирии лоиҳаҳо, ҳамкориҳо, табодули донишҷȳён ва устодон дар соҳаи таҳсилот, таълим, варзиш ва сиёсати ҷавонон нигаронида шудааст.

Ахбороти мухтасар оид ба барнома ба забони англисӣ дар сомона дастрас аст:

Табодули донишҷȳён ва устодон дар доираи созишномаҳои дутарафа

Аз соли 2012 зиёда аз 100 донишҷȳ ва устоди донишгоҳи мо дар барномаи табодул дар доираи Созишномаҳои дутарафаи имзошуда бо мактабҳои олии ҳамкор муваффақона ширкат варзиданд. Ба ин шумора макотиби олии зеринро ворид кардан мумкин аст.

  • Донишгоҳи Кемянг, Кореяи Ҷанубӣ (28 – нафар донишҷȳ, аз рȳи барномаи бакалавр солҳои 2012 - 2016);
  • Донишгоҳи иқтисодии Қарағандаи иттифоқи матлуботи Қазоқистон, Ҷумҳурии Қазоқистон (2 нафар донишҷȳ, семестри баҳории соли 2015 - 2016), аз рȳи барномаи бакалавриат;
  • Донишгоҳи менеҷменти Алмаато, Қазоқистон (4 – нафар донишҷȳ, семестри баҳории соли таҳсили 2015 – 2016, аз рȳи барномаи бакалавриат);
  • Донишгоҳи савдою иқтисоди кооператсияи матлуботи Белорус, шаҳри Гомел (1 – нафар донишҷȳ, семестри тирамоҳии соли таҳсили 2015 – 2016, аз рȳи барномаи бакалавриат);
  • Донишгоҳи савдою иқтисоди кооператсияи матлуботи Белорус, шаҳри Гомел (35 устод, аз рȳи барномаи магистратура, солҳои 2009 - 2016);
  • Донишгоҳи давлатии Суми, Украина (1 – нафар устод, барномаи магистратура, солҳои 2009 -2016);
  • Донишгоҳи иқтисод ва савдои Полтава, Украина (1 – нафар устод, барномаи магистратура, солҳои 2011 - 2013);
  • Донишгоҳи кооператсияи матлуботи Сибир, шаҳри Новосибирск (5 – нафар устод аз рȳи барномаи магистратура, солҳои 2012 - 2016)

 

 

Душанбе, 14 Апрел 2014 09:53

Шӯъбаи ғоибона

Written by

мудири шӯъбаи ғоибона:  н.и.и., дотсент
Ҳикматов С.И.

_____________________________________________________________________________________________________

 Шуъбаи омӯзиши ғоибонаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон  соли 1994 тибқи қарори Шӯрои илмии  донишгоҳ таъсис ёфтааст. Тибқи ҷадвали мансабҳо дар шӯъба 9  нафар корманд фаъолият менамоянд.

1) Ҳикматов С.И.- н.и.и., дотсент, мудири шӯъбаи ғоибона

2) Табаров А.- н.и.х., дотсент, ҷонишини мудири шӯъбаи ғоибона-эдвайзер;

3) Хомидова М. – методист;

4) Косимов М. – методист;

5) Сафарова З. – методист;

6) Мирзохоҷаева Р. – оператори МЭҲ;

7)  Сатторова М. - танзимгар;

8)  Шомуддинов Х. – коргузор;

9) Саидов Н.- офис бақайдгиранда

Шӯъба мутахассисонро аз рӯи тамоми ихтисосҳое, ки  дар факултетҳои шакли рӯзонаи таҳсилоти донишгоҳ мавҷуд аст, бидуни ихтисоси 071900-«Системаҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт» тайёр мекунад. Дар шӯъбаи ғоибона, инчунин, аз рӯи барномаи махсуси 3 сола мутахассисон барои гирифтани маълумоти олии дуюм ва дараҷаи академии магистр тайёр карда мешаванд.

Шуъбаи омӯзиши ғоибонаи ДДТТ тайёр намудани мутахассисонро дар асоси литсензияи рақами АУ № 0000399  аз 29.06.2007 ва Шаҳодатнома оиди аккредитатсияи давлатӣ рақами ИА № 000041 аз 13.05.2008 Вазорати маорифи ҷумхурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ ба роҳ мондааст.

Базаи моддӣ-техникии шӯъба дар тӯли фаъолияташ сол то сол мустаҳкам мегардад. Шуъба дар ошьёнаи чоруми бинои асосии донишгоҳ ҷойгир буда, аз 12 синфхона, синфхонаи методӣ ва 2 синфхонаи компютрӣ иборат аст ва онҳо бо маводҳо ва асбобҳои таълимӣ муҷаҳҳаз шудаанд. Дар шӯъба зиёда аз 580 ҷои нишаст мавҷуд аст. Холо дар шӯъбаи ғоибона заминаи кофии моддию техникии таълим фароҳам оварда шудааст ва дар аудиторияҳои он таҳсили донишҷӯён дар сатҳи замонавӣ ба роҳ монда шудааст.

 Дар шӯъбаи омӯзиши ғоибона аз рӯи 12 ихтисос ва зерихтисосҳои барои кишварамон басо зарурӣ, ба монанди иқтисоди ҷаҳон, молия ва қарз, фаъолияти бонкӣ, баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит, иқтисодиёт ва идоракунӣ дар корхонаҳо, маркетинг, менеҷмент, тиҷорат, молшиносӣ ва экспертизаи молҳо, фаъолияти гумрук, технологияи маҳсулоти хӯроки омма ва ҳуқуқи тиҷорат мутахассисон тайёр карда мешаванд. Аз соли хониши 2009-2010 низоми кредитии таҳсилот курс ба курс дар шуъба ҷорӣ карда шуд ва ҳоло донишҷӯёни курсҳои якум-панҷум бо ин низом таҳсил менамоянд. Теъдоди донишҷӯёни шуъбаи омӯзиши ғоибона имрӯз 3640 нафарро ташкил медиҳад ва аз онҳо 856 нафарашон духтарон мебошанд. Таҳсил дар шуъба бо ду забон тоҷикӣ ва русӣ ба роҳ монда шудааст. Имрӯзҳо бо супориши раёсати донишгоҳ шуъба барои таҳсилоти фосилавӣ ҳамаҷониба омодагӣ дида истодааст.

Сарварии шуъбаи омӯзиши ғоибонаро профессор Фақеров Ҳ.Н. солҳои 1994-1998 ба ӯҳда дошт.

Аз соли 1998 то моҳи октябри соли 2012 сарварии шуъбаи омӯзиши ғоибонаро номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ҳамитов М.С. ба зима дошт. Аз моҳи октябри соли 2012 сарварии шӯъбаро номзади илмҳои иқтисод, дотсент Ҳикматов С.И. ба ӯҳда дорад.

Декан:  н.и.и., дотсент
Шаропов Фарҳод Разоқович.
телефон:  (372) 234-83-52   e-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

____________________________________________________________________________________________________________________

Факултети муносибатҳои иқтисо-дии байналмилалӣ ва ҳуқуқ соли 1994 таъсис ёфта, то имрӯз дар тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси самти иқтисоди ҷаҳон ва ҳуқуқи тиҷорат саҳми арзандаи худро мегузорад. Соли 2012 ихтисоси иқтисоди ҷаҳон соҳиби аккредитатсияи байналмилалӣ гардид. Факултет дорои бунёди пурқув-вати моддӣ-техникӣ ва потенсиали хуби илмӣ-омӯзгорӣ мебошад, ки барои ноил шудан ба мақсадҳои пешгузошта ба пуррагӣ мусоидат мекунанд. Аксари синфхонаҳои факултет бо техникаи муосири иттилоттии таълим муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Боиси ифтихор аст, ки факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқ яке аз аввалин сохтори макотиби олии ҷумҳурӣ мебошад, ки аз соли 2005 барои тадбиқи низоми кредитии таҳсил оѓоз намуд. Ин саҳми босазои донишгоҳ  барои амалӣ гардонидани сиёсати давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти олии ҷумҳурӣ ва ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ мебошад. Аллакай хатмкар-дагони ин низоми таҳсил дар мақомоти давлатӣ ва корхонаву ташкилотҳои шакли моликияташон гуногун дар вазифаҳои гуногун адои вазифа доранд. Қисми дигари онҳо таҳсили худро дар зинаи магистратураи муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва мамолики хориҷ идома дода истодаанд.

Дар раванди таълим устодон ва донишҷӯён аз синфхонаҳои замонавии компютерӣ ва лингфонӣ самаранок истифода мебаранд, ки барои аз худ намудани донишҳои техникӣ ва баланд бардоштани дараҷаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ равона шудаанд.  Ифтихори дигари факултет дар он аст, аз соли 2009 дар факултет гурӯҳҳои махсус қабул карда мешаванд, ки раванди таълим дар онҳо пурра бо забони англисӣ ба роҳ монда шудааст. Бо гузаштани муддати начандон тӯлонӣ ин гурӯҳҳо самаранокии худро собит намуданд. Шумораи довталабоне, ки хоҳиши дар гурӯҳҳои англисӣ хонданро доранд, сол то сол рӯ ба афзоиш аст. Донишҷӯёни факултет имкон доранд, ки дар озмун ва барномаҳои гуногун иштирок намуда, таҳсили худро дар донишгоҳҳои мамлакатҳои хориҷӣ идома диҳанд. Ҳамчунин имкониятҳои воқеии мубодилаи кӯтоҳмуддат ва ё дар давоми як семестр басо зиёданд. Танҳо дар тӯли 3 соли охир беш аз 30 нафар донишҷӯёни факултет дар доираи лоиҳаҳои гуногун ба донишгоҳҳои мамлакатҳои хориҷӣ фиристода шуданд. Дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқ ҳамчунин донишҷӯён аз хориҷи кишвар, ба монанди Федератсияи Россия, Туркманистон, Чин, Эрон, Афѓонистон ва ѓайра бомуваффақият таҳсил доранд. Донишҷӯёни факултет дар ҷараёни таҳсил ба чорабиниҳои гуногуни илмӣ, фарҳангӣ-маърифатӣ ва варзишӣ ҷалб карда мешаванд. Як қатор донишҷӯён дар олимпиадаҳо ва конфронсҳои илмӣ-назариявӣ фаъолона иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои намоён ва ифтихорномаҳо гаштанд.  Дар ѓолибияти дастаи «Тоҷири Аҷам» дар озмуни «Маҳфили зарифон» низ саҳми донишҷӯёни фаъоли факултет басо арзанда аст. Дар факултет аз рӯи ихтисосҳои зерин мутахассисон тайёр карда мешаванд

 

  • 1. 250103 – «Иқтисодиёти ҷаҳон» бо зерихтисосҳои «Идораи фаъолияти иқтисодии берунӣ» ва «Иқтисодиёти савдои берунӣ ва тиҷорат»
  • 2.   240103 – «Ҳуқуқи иқтисодӣ»
  • 3.   240101 – «Ҳуқуқи байналмилалӣ» бо зерихтисоси «Ҳуқуқи тиҷоратии байналмилалӣ».

 

Нишонии факултет:

734055, ш. Душанбе, к. Деҳотӣ, ½

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Бинои таълимии № 5.

тел: +992 (37) 234-83-46

e-mail: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ';document.getElementById('cloak0992dafa2df2f82527c4675dfab22351').innerHTML += ''+addy_text0992dafa2df2f82527c4675dfab22351+'<\/a>';

 ДУШАНБЕ-2014

Душанбе, 14 Апрел 2014 09:21

Маркетинг ва тиҷорат

Written by

Кафедраи «Маркетинг ва тиҷорат» 5-уми июли соли 1993 бо қарори Шȳрои илмии донишкада баъди ба кафедраҳои «Маркетинг ва тиҷорат» ва «Молшиносӣ ва экспертизаи молҳо» тақсим шудани кафедраи «Маркетинг, тиҷорат ва молшиносӣ» таъсис шудааст. Вазифаи мудири кафедраи мазкурро н.и.и., дотсент Аминов И.А. ба ȳҳда дошт. Аз соли 1996 н.и.и., дотсент Ҳамитов М.С. ва баъдан то соли 2005 н.и.и., дотсент Норқȳзиева Б. дар вазифаи мудири кафедраи мазкур кор ва фаъолият карданд. Соли 2006 ба ин вазифа Таваров Л.Т. таъйин шуда буд.

Аз моҳи декабри соли 2014 н.и.и., дотсент Ҳакимов А.А. вазифаи мудири кафедраи «Маркетинг ва тиҷорат» - ро ба ȳҳда гирифтааст.

Кафедраи «Маркетинг, тиҷорат ва молшиносӣ» аз октябри соли 2017 ба кафедраи «Маркетинг ва тиҷорат» табдил ёфт.

Ҳоло дар кафедра доктори илмҳои иқтисодӣ Хоҷаев П.Д., номзади илмҳои иқтисодӣ Норкузиева Б.Н., ва омӯзгорон Урунова С.А., Шамсов Ф., Асоева М., Проштов А.Р., Раҳимдоди Х., Фатҳиев Б.М.,  Шарифов Ф.Ф., Мараимов Б.М., Ҷафархони Ш., Абдураҳмон Ҳ., Раҳмонова Г. ва Сатторова М. фаъолият менамоянд.

Устодони кафедра дар мавзȳҳои «Таҳлили вазъи бозори истеъмолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Вазъ ва дурнамои рушди кооператсияи матлубот дар замони муосир»  корҳои илмӣ-тадқиқотӣ  бурда истодаанд.

Устодони ботаҷриба барои рушди фаъолияти кафедра ва пешравии корҳои илмию таълимии омȳзгорони ҷавон саҳми арзанда гузошта истодаанд.

Баҳри баланд бардоштани савияи дониши донишҷȳён дар кафедра, ҷамъияти илмии донишҷȳён фаъолият мекунад, ки дар он сексияҳои илмӣ-тадқиқотии тадқиқоти маркетингӣ ва фаъолияти тиҷоратӣ амал менамояд. Дар кори сексияҳо донишҷȳёни курсҳои гуногун ҷалб карда шудаанд, ки дар 2 ҳафта 1 маротиба рузи панҷшанбе  дар мавзȳҳои гуногун бо маърȳзаҳои худ  баромад мекунанд.

Ҳамаи устодони кафедра дар конференсияҳои илмии донишгоҳӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ бо маърȳзаҳои худ баромад менамоянд.

Дар кафедра мутахассисонро аз рȳи ихтисосҳои зерини дараҷаи   бакалавриат ва магистр тайёр менамояд:

 25.01.10 – тиҷорат дар бозори берунӣ;
 26.02.03.01 –  фаъолияти рекламавӣ;
 26.02.03.05 – маркетинги байналмиллалӣ;
 26.02.03.12 – маркетинг дар сайёҳӣ.    

Кафедраи маркетинг ва тиҷорат бо якчанд корхонаю ташкилотҳо ва идораҳо алоқаи ҳамкорӣ дорад:

    Раёсати иттифоқи Тоҷикматлубот;
    Вазорати рушди иқтисод ва савдои  Ҷумҳурии Тоҷикистон;
    Ассотсиятсияи рекламадиҳандагони Тоҷикистон;
    Агентии рекламавии  ҶДДМ  «КТМ»;
    Агентии рекламавии  ҶДДМ  «TAG»;
    Агентии рекламавии   «ТАЙРОН»;
    ҶДММ ГЕНЕРАЛ ТРЕЙДИНГ «АҲУРО».

   Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон таълими фанҳои табиатшиносӣ ва математикаро кафедраи «Математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносӣ» ба ӯҳда дорад. Дар ин кафедра ба донишҷӯёни ихтисосҳои донишгоҳ фанҳои математика, физика, химия, консенпсияи табиатшиносии муосир, техникаи гармо, усулҳои таълими физика-химия, механикаи назариявӣ, экология таълим дода мешавад. Таълими ин фанҳо баҳри баланд бардоштани сифати тайёркунии мутахассисону бакалаврҳо ва ҷаҳонбинии онҳо равона карда шудааст. Ин кафедра ба номҳои «Фанҳои умумӣ» (1987-1992) (мудириашро солҳои 1987-1990 дотсент Наҷмиддинов Ҳ. ва солҳои 1990-1992 Қодиров А. ба ӯҳда доштанд), «Математикаи олӣ ва техникаи ҳисоббарор» (1992-1994 мудираш дотсент Маликова А.Ш), «Асосҳои назариявии машғулиятҳои лексионӣ технология пешқадам дар савдо ва хӯроки умумӣ» (соли 1994, мудираш профессор Ҳ.Маҷидов ), «Физика ва математикаи олӣ» (солҳои 1994-1995, мудираш академик Раҷабов Н.Р., солҳои 1995-1999 мудираш дотсент Юсупов С., солҳои 1999-2000 мудираш дотсент Шарипов Б., солҳои 2000-2001 мудираш дотсент Абдулваҳобов А.), «Математика ва технологияи пешқадам» (2001-2011, мудираш дотсент Юсупов С.Ю.) фаъолият менамуд.

Аз моҳи апрели соли 2011 кафедра бо номи «Математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносӣ» кору фаъолият карда истодааст. (соли 2011-2012 мудираш, доктори илмҳои техникӣ, профессор Маҷидов Ҳ.)

Аз моҳи декабри соли 2012 мудирии кафедраро номзади илмҳои физика-математика, дотсент Одинабеков Ҷ. М. ба ӯҳда дорад. Аз аввали таъсисёбиаш дар ин кафедра бо номҳои дар боло зикр гардидаш то соли 2011 устодон Икромов А., Исоев Р.С., Сангинов Ҳ.С., Маҳмадуллоев З. Н., Хушвахтова А., Насруллоева М., Ғоибов Д., Ҷонов Г.Д., Саидов М. Ҳ., Одинамадов Қ.О., Муминов А., Табаров А.Қ., Солиева М. Ҳ., Носиров И.Н., Ёров Н.О., Пирназаров А., Асоева М.С., кор ва фаъолият менамуданд. Вазифаи лаборанти калони кафедраро дар солҳои фаъолияти кафедра Турдиев Д. ва Сафарова З. ба ӯҳда доштанд. Ҳоло вазифаи лаборанти кафедраро Давлатова Н. иҷро намуда истодааст. Қайд кардан лозим аст, ки бе таълими фанҳои математикӣ ва табиатшиносӣ дар тарбияи мутахассисони баландихтисоси соҳаи иқтисодӣ, алалхусус дар ихтисосҳои гумруку молшиносӣ ва технологияи маҳсулоти хӯроки омма ба мувваффақиятҳо ноил гардидан ғайриимкон аст.

Ин илмҳо дар замони ҳозира дар табиатшиносӣ роли ҳалкунандаро мебозад ва консепсияи инкишофи табиатҳои зинда ва ғайризинда, имкониятҳои табдилдиҳии табиат, инкишофи прогресси илмӣ- техникӣ ва таъмин намудани аҳолии Замин бо маҳсулоти ғизоӣ ва ғайраҳо ба натиҷаҳои ин илмҳо асос карда шудааст.

Асосан фаннҳое, ки аз тарафи омӯзгорони кафедраи математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносӣ барои ихтисосҳои ғайритабиатшиносӣ – гуманитарӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқшиносӣ таълим дода мешавад, саҳми онҳоро дар баланд бардоштани сифати тайёркунии мутахассисон, бакалаврҳою магистрҳо ба эътибор гирифта дар кафедраи математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд таълим додани онҳо шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст ва диққати махсус дода мешавад. Барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани таълими фанҳои табиатшиносӣ ва математикаи олӣ дар назди кафедра ду кабинети намунавии таълимии ба таври замонавӣ ҷиҳозонида таъсис дода шудааст. Ин кабинетҳо бо схемаю ҷадвалҳо, диаграмаҳо, формулаҳои асосии фанҳои табиатшиносӣ ва математикаи олӣ, расмҳои олимони физикаю математикҳо ва гӯшаи методӣ оро дода шудаанд. Кабинетҳо бо техникаи замонавӣ ҷиҳозонида шудаанд. Дар гӯшаҳои методии ин кабинетҳо силлабусҳо ва номгӯю расми адабиёти таълимӣ ҷой дода шудааст. Дар ин кабинетҳо машғулиятҳои лексионию амалӣ аз фанҳои математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносӣ дар сатҳи баланди илмию-методӣ гузаронида шуда истодаанд. Дар кафедраи математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба таълими фанҳо диққати махсус дода мешавад. Бо ин мақсад дар кафедра семинари илмӣ-методии мунтазам амалкунанда фаъолият менамояд ва дар маҷлисҳои он методикаи таълими мавзӯҳои алоҳидаи  фанҳои табиатшиносӣ ва математикаи олӣ муҳокима карда  мешавад, инчунин конференсияи илмӣ-методӣ гузаронида мешавад. Бо  ташаббуси ҳайати професорону устодони кафедраи математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносӣ 24 июни соли 2004 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бахшида ба 80-солагии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Усулҳои самарабахши таълими консепсияҳои табиатшиносии муосир» конференсияи илмӣ-методӣ гузаронида шуд ва ба кори он устодони ҳамаи мактабҳои шаҳри Душанбе ва намояндаҳо аз Пажӯҳишгоҳи физикаю техникаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд. Ин конференсия дар беҳтар кардани таълими фанни «Консепсияҳои табиатшиносии муосир» саҳми арзандагузошт. Дар асоси қарори конференсия барномаи намунавии ин фан тартиб дода шуд ва бо қарори Мушовараи Вазорати маориф №5\8 аз 27-уми феврали соли 2006 чоп гардид. Дар асоси ин барнома китоби дарсии «Консепсияҳои табиатшиносии муосир» навишта шуд ва бо қарори мушовараи Вазорати маориф №5\8 аз 27-уми феврали соли 2006 чоп гардид. Соли 2011 нашри дуюми ин китоб бо иловаҳои нав чоп карда шуд ва ҳоло аз он донишҷӯёну устодони ҳамаи мактабҳои олии ҷумҳурӣ самарабахш истифода бурда истодаанд. Фанҳои табиатшиносӣ ва математика барои ҳамаи ихтисосҳои донишгоҳ роли пешбарандаро мебозанд. Бинобар ин, таълими фанҳои табиатшиносӣ ва математика барои инкишофи ҷаҳонбинии донишҷӯён ва баланд бардоштани сифати тайёркунии мутахассисону бакалаврҳо аҳамияти калон дорад. Бе донишҳои зарурӣ аз фанҳои математикаю табиатшиносӣ тайёр намудани мутахассисони баландпоя доир ба ин ихтисосҳо имконнопазир мебошад. Дар кафедраи математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносӣ лабораторияҳои таълимӣ доир ба физика ва химия фаъолият менамоянд ва онҳо аз рӯи имконият таҷҳизонида бо маводҳои дидактикӣ оро дода шуданд. Барои баланд бардоштани дараҷаи азхудкунии маводҳои таълимӣ дар низоми кредитии таҳсилот саволҳои тестӣ саҳми арзанда доранд. Бо ин мақсад доир ба ҳамаи мавзӯъҳои фанҳои таълимии кафедра саволҳои тестӣ тартиб дода шудаанд ва аз онҳо барои пурсиши вазифаҳои хонагии донишҷӯён, супоридани рейтингҳо, имтиҳонҳои ҷамъбастии онҳо самарабахш истифода бурда истодаанд. Дар машғулиятҳои фанҳои физика, химия, техникаи гармӣ, электротехника ва математикаи олӣ ба татбиқи амалӣ ва иқтисодии мавзӯъҳои алоҳидаи ин фанҳо диққати махсус дода мешавад. Бо мақсади ба татбиқи амалии фанҳои омӯхташаванда тасаввуроти пурра пайдо намудани донишҷӯён дар назди кафедраи математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносӣ маҳфилҳои фаннии «Математика дар иқтисодиёт», «Физика дар иқтисодиёт», «Химия дар иқтисодиёт», «Экология дар иқтисодиёт» фаъолият менамоянд. Дар нақшаҳои кори ин маҳфилҳои фаннӣ мавзӯъҳое дохил гардидаанд, ки ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ татбиқи амалӣ доранд. Ҳамин тариқ, машғулиятҳо аз фанни физика ва фаъолияти маҳфили фанни «Физика дар иқтисодиёт» дар кафедраи математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон барои баланд бардоштани сифати тайёркунии мутахассиони баландихтисос равона карда шудааст. Ҳамин тариқ, таълими самарабахши фанҳои табиатшиносӣ ва математика ба сифати тайёркунии мутахассисони баландпояи ҷавобгӯи талаботҳои стандартҳои давлатӣ саҳми калон дорад. Имрӯзҳо кафедраи математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносӣ ба яке аз кафедраҳои пешрафтаву пешқадами донишгоҳ табдил ёфт. Соли 2010 дар ҷамъбасти корҳои илмӣ- тадқиқотӣ дар байни кафедраҳои донишгоҳ кафедра ҷои аввалро ва профессор он Ҳамид Маҷидов дар байни устодону профессорони донишгоҳ ҷои якумро ишғол намуд. Ҳангоми муқаррар намудани рейтинги кафедраҳо аз рӯи нишондоҳои асосӣ кафедра дар соли 2010-2011 яке аз ҷойҳои намоёнро дар байни кафедраҳои донишгоҳ ва профессори он Ҳамид Маҷидов ҷои аввалро дар байни устодону профессорон ишғол намуд.

Сафи устодони штатии пештараи кафедраро (профессор Маҷидов Ҳ.М., профессор Тошбоев Ғ. дотсентон Юсупов С.Ю., Табаров А.Қ. ва муаллимони калон Ёров Н.О., Идиев С.Б., Шокамолова Ҷ., Назаров Д.Н., Аҳмадова П.Б., Мақсадов Ҳ.И., Мирзоев Р.Р.), устодони нав, дотсент Одинабеков Ҷ. М. (мудири кафедра) Сайдҳусайнов М. (номзади илмҳои физикаю математика), дотсентон Шарипов А. Н., Пирназаров А., муаллими калон Мисоқов Ғ., ассистентон Гулбоев Б., Одинабеков Х. ва Исматов С. пурра намуданд. Ҳозир бошад дар кафедраи математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносӣ 17 нафар омӯзгорон, ки аз онҳо 2- нафар профессор, 4- нафар дотсент, 2- нафар номзади илм муаллими калон, 6-нафар муаллими калон ва 3-нафар ассистент ба таълиму тарбия машғуланд. Ғайр аз ин дар кафедра 1-нафар профессор, 5-нафар дотсент, 1-нафар номзади илм муаллими калон, 1- нафар муаллими калон ва 4-нафар ассистент ба сифати ҳамкорони дохилию беруна кор мекунанд.

Устодони кафедраи «Математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносӣ» доир ба мавзӯъҳои зерин тадқиқот мебаранд:

1.Тадқиқи нётерови ва индекси интегралҳои сингулярии бисёрченака

2.Хосиятҳои гармӣ- физикии моддаҳо;

3.Усуҳои такмили ҷараёни таълим;

4.Наздиккунии беҳтарини синфи функсияҳои аналитикӣ дар фазоҳои гуногуни банахӣ;

5.Проблемаҳои Экстерман бо ҷамъшавандаҳои қариб баробар;

6.Синтези тарзи нави мочевина дар асоси 6 аминабензо 1,4 – диоксан;

7.Ҷабҳаҳои экологии идоракунии захираҳои обии дарёҳои сарҳадгузари Тоҷикистон;

Кӯшишҳои устодони кафедра дар олимпиадаи донишҷӯёни мактабҳои олии Ҷумҳурӣ натиҷаҳои назаррас додаанд. Соли 2003 аъзоёни маҳфилҳои фанни кафедра дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ оид ба корҳои илмӣ-тадқиқотии донишҷӯёни муассисаҳои олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҷабова Нурҳаёт – донишҷӯи ихтисоси 0616 аз фанни физика (роҳбараш профессор Маҷидов Ҳ.), Буриев Фирдавс – донишҷӯи ихтисоси 0606 аз фанни математика (роҳбараш дотсент Юсупов С.Ю.) ҷойҳои якум, донишҷӯи ихтисоси 0616 Толибов Далер аз фанни кимиё (роҳбараш н.и.к.Табаров А.Қ.) ҷои сеюм, соли 2012 донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси 0616 Бурҳонова Хубон (роҳбараш м.к. Мақсадов Ҳ.) ҷои сеюм, донишҷӯи курси якуми факултети иқтисодиёт ва менеҷмент Исматбекова Нозукмоҳ ҷои дуюмро соҳиб гардиданд. Соли 2004 дар олимпиада аз фанни математика донишҷӯ Буриев Ф. ҷои чорум, донишҷӯ Саидмирзоева З. соли 2005 ҷои чорум ва соли 2006 ҷои панҷумро ишғол намуд. Устодони кафедра дар ҷодаи ба табъ расонидани китобҳои дарсӣ, васоитҳою дастурҳои таълимӣ ба муваффақиятҳои назаррас соҳиб гардиданд. Солҳои 2003-2007 устодони кафедра 24 номгӯи китобҳои дарсӣ ва воситаҳои таълимиро бо номи «Дафтари кори донишҷӯ» аз чоп бароварданд ва дастраси донишҷӯён гардониданд. Аз китобҳои дарсию васоитҳои таълимии чоп кардаи устодони кафедра устодону донишҷӯёни дигар мактабҳои олӣ низ истифода бурда истодаанд. Ҳамин тариқ, кафедраи «Математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносӣ» дар баланд бардоштани сифати ҷараёни таълим ва тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯи стандартҳои давлатии соҳаҳои иқтисодиёт, ҳисобдорӣ, молшиносӣ, маркетинг, тиҷорат, ҳуқуқшиносӣ ва технологияи хӯроки омма саҳми арзанда гузошта истодааст. Соли 2010 устодони кафедра зиёда аз 60 мақолаҳои илмӣ, илмӣ методӣ, илмӣ-оммавӣ, китобҳои дарсию васоитҳои таълимӣ ва дастур аз тавсияҳои методиро аз чоп бароварданд. Соли 2010 омӯзгорони кафедра Мирзоев Р.Р., Шокамолова Ҷ., соли 2011 Саидусайнов М. Ғаниев М. ва Маҳмадуллоев З. рисолаҳои номзадии худро дифоъ намуда, ба гирифтани дараҷаи илмии номзади илмҳо сазовор гардиданд. Ҳоло муаллими калони кафедра Мақсадов Ҳ. рисолаи номзадии худро барои дифоъ омода намуда истодааст. Аз натиҷаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва илмӣ-методии устодон маълум аст, ки кафедраи математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносӣ потенсиали калони илмӣ дорад ва корҳои илмӣ-тадқиқотии устодон дар он дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.

 

Якшанбе, 13 Апрел 2014 13:45

Кафедраи «Фаъолияти бонкӣ»

Written by

Кафедраи «Фаъолияти бонкӣ» соли 2008  дар заминаи кафедраи «Молия ва қарз» ташкил карда шудааст ва роӽбарии онро н.и.и., дотсент Қурбонов А.Р.  ба ӯӽда дошт.

  Ӽайати устодон ва кормандони кафедра:

 Қурбонов Абдукарим Рахимович  дотсент

 Хонҷонов Абдуламид.  н.и.и.дотсент.

 Холиқова Сидиқа. н.и.и.дотсент

 Ашуров  Ғайрат Давлатович.н.и.и.

 Муаллимони калон:

 Бобоев Ҷурахон Исломович.

 Қурбонов Ашрафиддин Аслулидинович. Лукянова Валентина Петровна.

 Қадамова Мавлуда Паӽлавоновна.

 Ассистентон:

 Муртазоев Ораз Қарахонович.

 Ӽалимов Лоиқ Мирзовалиевич.

 Саломова Сайёра Низомовна.

 Одинаев Ӽусейн Саидраӽмономич.

 Бадалов Хуршед  Ӽотамович.

 Асрорзода Дилороми Зиёратшоӽ.

 Зоидова Бадахшон Ҷобировна. Лабарант.

 Таърихи кафедра

 Дар шароити кунунии Ҷумӽурии Тоҷикистон сиёсати имрӯзаи давлат барои  тарбия намудани мутахасисони баландпояи миллӣ равона карда шуда, пешрафти иқтисодиёт аз фаъолияти хуби инфраструктураи он вобаста аст. Дар ин ҷода бонкӽо яке аз мавқеъӽои асосиро ишғол намуда истода, фаъолияти хуби онӽо асоси рушди иқтисодии мамлакатро таъмин менамояд.

 Аз ин лиӽоз бо супориши Президенти ҷумӽур оид ба тайёр намудани кадрӽо барои низоми бонкӣ бо назардошти ташкил намудани факултети махсус қарор қабул карда шуд. Дар ин ассос соли 2008 дар сохтори Донишгоӽи давлатии тиҷорати Тоҷикистон факултети «Умури бонкӣ»  таъсис дода  шуд ва ӽамон сол дар заминаи кафедраи «Молия ва қарз» кафедраи «Фаъолияти бонкӣ» ташкил карда шуд.

 Кафедра аз рӯи ду самт амал менамояд:

 Бонкдорӣ. Муаллимон: н.и.и., дотсент Ашуров Ғ.Д.

 муаллимони  калон  Қурбонов А.А., Лукянова В.П.

 Андозситонӣ.Муаллимон:   дотсент Қурбонов А.Р.,  дотсент Холиқова С., муаллими калон Бобоев Ҷ.И.

 Ихтисоси 25010402 – «Фаъолияти бонкӣ»

     Мӯӽлати таӽсил дар шӯъбаи рӯзона – 4 сол. Пас аз хатми донишгоӽ ба донишҷӯ тахассуси иқтисоддон аз рӯи ихтисоси «Фаъолияти бонкӣ» дода мешавад.

     Донишгоӽ оид ба гузаронидани таҷрибаомӯзии истеӽсолии донишҷӯён бо як қатор бонкӽо шартнома дорад. Баъди гирифтани диплом хатмкунандагони кафедра дар бонкӽо, донишгоӽӽо  ва дигар сохторӽо  метавонанд кор ва фаъолият намоянд.

    Ӽамчунин онӽо метавонанд пас аз хатми донишгоӽ таӽсилро дар магистратура идома диӽанд.

 Номгӯи фанӽои таълимӣ дар  кафедра омӯхташаванда:

  • Автоматикунонии амалиётӽои бонкӣ
  • Андоз ва андозбандӣ
  • Андозбандии фаъолияти бонкӣ
  • Андозбандии байналмиллалӣ
  • Батанзимдарории қурби асъор
  • Баӽисобгирии амалиёт дар бонкӽои тиҷоратӣ
  • Коргузории бонкӣ
  • Низоми бонкӣ
  • Ташкили фаъолияти бонкӽои тиҷоратӣ
  • Ташкили фаъолияти БМТ
  • Фаъолияти бонкӣ
Якшанбе, 13 Апрел 2014 13:30

Фаъолияти илмӣ-пажуҳишӣ

Written by

Дар донишгоҳ тавассути олимони намоёни дар ҷумҳурӣ ва берун аз қаламрави он маъруф 16 мактаби илмӣ ташкил ёфтааст. Донишгоҳ асосгузори илми ватанӣ дар тайёр намудани кадрҳои баландихтисос оид ба соҳибкорӣ, соҳаҳои хадамот ва иқтисодиёти меҳнат ба шумор меравад.

Корҳои илмӣ-пажуҳишӣ дар донишгоҳ айни замон мувофиқи нақшаи панҷсолаи тасдиқшуда аз рӯи се мавзӯи дар Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда ва чандин мавзӯъҳои ташаббусӣ гузаронида мешавад.

Дар солҳои охир дар байни ҳайати устодону профессорон, аспирантонҳо ва унвонҷӯёни донишгоҳ талабот ба меҳнати илмӣ-интелектуалӣ зиёд шудааст. Ҳайати устодону профессорон ва аспирантҳо аз натиҷаҳои тадқиқотҳои илмӣбо Ғояҳои илмӣ дар конференсияҳои илмии ҷумҳуриявӣ ва берун аз он баромад менамоянд.

Олимон ва устодони ҷавони донишгоҳ дотсентон Шаропов Ф.Р., Ҷабборов А. (дар соҳаи иқтисодиёт), Ғаффоров Д. (соҳаи рӯзноманигорӣ), барои дастовардҳои илмӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи Исмоили Сомонӣ мукофотонида шуданд. Ҳамчунин барои фаъолияти илмӣ-таълимӣ Толибов Қ.Қ. ва Ҳусейнова Д. бо мукофотҳои қимматбаҳо қадр гардиданд.

Айни ҳол 32 маҳфилҳои илмии донишҷӯён амал мекунад. Маърӯзаҳои беҳтарин ҳар сол дар конференсияҳои илмии донишҷӯён миёни мактабҳои олӣ, ҷумҳуриявӣ шунида мешавад. Инчунин барои иштирок дар озмунҳо, Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ, байналхалқӣ тавсия мегарданд.

Дар назди донишгоҳ Шӯрои махсусгардонидашудаи дифои рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ аз рӯи ихтисоси илмии 08.00.05 – Иқтисодиёт ва мудирияти хоҷагии халқ: соҳибкорӣ, соҳаҳои хадамот, иқтисодиёти меҳнат амал мекунад.

Якшанбе, 13 Апрел 2014 13:13

Низоми кредитии таҳсилот

Written by

Якшанбе, 13 Апрел 2014 13:06

Сохтори департамент

Written by

Страница 6 из 7

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top