ДДТТ (86)
Аз солҳои бозсозӣ оғоз карда, атрофи босмачӣ сару садоҳои зиёде баланд шуд . Яке ӯро «марди ватанхоҳ» мегуфт, дигаре «дузду роҳзан» ва то имрӯз ин мубоҳисаҳо идома доранд. Вале касе то ҳол таърифе дар бораи босмачӣ баён накардааст, ки донем босмачӣ кӣ буд ва чӣ мехост. Ҳар нафаре, ки атрофи босмачӣ сухан мекунад ақидаву ормонҳои худро аз номи босмачӣ баён медорад, ин хостаҳои босмачӣ нест. Масалан, дар гуфтаҳои Дориюш Раҳабиён чунин омадааст: «Ман ҳаводори ҳар он касе ҳастам , ки сарзаминашро аз зӯру таҳовузу иҳбор ба дур мехоҳад» . Бале мо ҳам ҳаминро мехоҳем, вале босмачӣ ҳаминро мехост ё мо хостаи худро ба ӯ бор мекунем.
Босмачӣ ба маълумотҳое, ки дорем Иброҳимбек аст «Дастаҳои Иброҳим ба деҳаҳо даромада , барои лашкари ислом гуфта, пулу гандуму колои мардуро ба зурӣ мегирифт.Ин бедодиҳоро бештар дар Кӯлобу Балҳувон, дар деҳаҳои тоҳикнишин мекарданд»(377). Зеро пешвои ӯ Амир Олимхон, ки ӯро парвоначӣ (генерал - летинант) дода буд, хазинаи худро , ки зиёда аз 700 тонна тилло ва 133 млн пули николайӣ дошт, моли мумсик хӯроки бебок, ба дасти бокшевикон дода, ба Афғонистон гурехта буд(с.229).
Хостаи босмачиҳо ба сари тахт овардани амиру он салтанати бераҳми пешин буд. Суҳбати Иброҳимбекро бо Анварлошо меорем:
- Шумо ҳам ҳадидед, риши тарошидаю палтун (палто) доред, - Иброҳимбек ришханд кард.
- Чӣ пӯшам? Чакман пӯшам? –Бо оҳанги дӯстона пурсид Анварпошо(374).
Дориюши азиз, босмачиҳо шуморо бо ин ақидаатон, ки доред, ба сафи худ намегиранд. Онҳо шуморо ҳадид гуфта(зеро ҳадидҳо ғами ватану миллату насли оянда доштанд, аммо онҳо низ бехато набуданд), ба дор меовехтанд!
Як сухани ҳадидро меорам: «Замони мактаб аст , илм аст, ақалан фарзандҳоятонро хононед, ки худатон барин муғамбиру махдумнусха нашаванд!»(366).
Ба хонандаи азиз тавсия мекардам, ки китоби тозанашри Мирзонасриддин « Оташ дар хонаи қадим» -ро мутолиа кунад , ки мо ҳам чанд мисол аз ҳо овардем, ва ба ҳама саволҳои худ ҳавоб хоҳад ёфт.
Ғоибзода А
Рушд кардани техникаю технология дар замони муосир ва дар баробари он фаъолият кардани шабакаҳои интернетию сомонавӣ имкони онро фароҳам месозад, ки аҳли ҷомеа аз тозатарин рӯйдодҳои ҷаҳон ба зудӣ огаҳӣ пайдо намояд. Рӯз то рӯз сафи алоқамандони сомонаҳои интернетӣ меафзояд. Аслан қисми зиёди иттилооте, ки дар саҳифаҳои шабаки интернетӣ нашр мегарданд, асоси воқеӣ надоранд ва баъзан ҳолатҳо ақидаҳое низ ба нашр мерасанд, ки ҳадафашон бар хилофи идеологияи давлатдорӣ нигаронида шудааст.
Дар интишори мавод ва ақидаҳои ботили ашхосе, ки навиштаҳои худро дар ин саҳифаҳои иҷтимоӣ ба умум пешниҳод менамоянд, аҳамият надорад, ки матни онҳо то чӣ андоза лозим, дуруст ва ё нолозиму таҳрирталаб аст. Шабакаи интернетиро ба ҷиҳати мусбаташ истифода кардан ва аз он маънавиёти худро бой гардонидан, барқарор намудани иртиботи онлайнӣ ин бархӯрдор гардидан аз дастовардҳои илиме мебошад, ки мардуми тоҷик дар даврони истиқлолият ба даст овардааст. Мутаассифона, зумраеро вохӯрдан мумкин аст, ки пайравӣ ба ақидаҳои ашхоси алоҳида, гурӯҳои ифротӣ мекунанд ва ба таҳрифи арзишхои миллӣ, тарғиби ғоя, ақоид ва фарҳанги бегона мепардозанд. Зуҳур ёфтани чунин ақидаҳо дар замони мо нав нест ва дар чунин даврае, ки низоҳои иттилоотӣ ҳар рӯз метавонад ба мафкураи наврасону ҷавони мо таъсири барғалати худро гузорад ва онҳоро аз сӯи рӯшноӣ ба самти зулмот раҳнамоӣ кунад, ҷилавгирӣ бояд кард. Шахсони солимфикри ҷомеаро лозим меояд, то донанд, ки ин қабил одамон дар ҷомеа душмани бадкешу бадандешанд ва тайёранд хар лаҳза теша ба решаи фарҳангу маърифати миллат бизананд, роҳеро дарёбанд, ки арзишҳои волову муқаддаси миллиро қурбони ақидаҳои зулмотгароёнаи худ гардонанд. Ба ин восита худро ҷое пуштибон аз дин нишон дода, ҷое бо роҳи норизоӣ ва носипосӣ аз зиндагии имрӯз басардоштаи халқи тоҷик миёни омма фитнагароӣ мекунанд. Дар ин маврид аз ибораи «зиракии сиёсиро аз даст надиҳем», ки Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, истифода бояд кард.
Таассуф аз он мехӯрем, ки баъзе ақидаҳои носолим дар ин шабакаҳо ҳамназарӣ пайдо карда, дастгирӣ меёбанд. Дар гуфтугӯи рӯбарӯи ба ном раиси Паймони миллии Тоҷикистон М. Кабирӣ, ки санаи 25.01.2019 ба «ҳаводоронаш» тавассути шабакаи интернетӣ пахш гардида буд, гуфта мешуд: «Ҳамаи муборизон алайҳи истисморгарон, ки аз онҳо чун босмачӣ ёд мешавад, бояд дар як додгоҳи миллие сафед ва қаҳрамон эълон карда шаванд». Ёддошти Дориюш Раҷабиён ва Абдуманон Шералиев, ки аз ин гуфтугӯи рӯбарӯ бархостааст, ҷонибдорӣ аз Кабирӣ ва норизоӣ аз даврони шӯравӣ кардаанд. Махсусан дар сомонаи Фейсбук маводе зери сархати «Ман босмачӣ ҳастам!» бознашр шудааст, ки бештар танқиди назариявии тамоми фанҳо ва тадрисро дар мактабҳои даврони шӯравӣ бо диди тангназаронаи муаллиф - А. Шералиевро дар бар гирифтааст. падару бобоён ва қисме аз хамсолони мо низ шаҳди ИҶШС (СССР)- ро чашидаанд. Заминаи донишандӯхтанро дар мактабҳои шӯравӣ таълим гирифта, то кунун аз сармои дониши худ дар бунёдкорию созандагии Ватан истифода мекунанд. Мардуми тоҷик мақоли хубе дорад, ки «аз дастархоне, ки нон хурдӣ, носипосӣ макун» ва ё «аз намакдоне, ки намак хӯрдӣ, туф макун», лекин муаллиф андешаи онро накардааст. А. Шералиев дар ёддошти худ беш аз худтаърифкунӣ, ки дар оилаи рӯҳонӣ ва рӯшанфикр таваллуд ва бузург шудааст, дигар чизеро дар хотираи «қавӣ»-и хеш ҷой надодааст, ки лоақал ӯро аз хурофот берун баркашад. Таълими «рӯшанфикрон ва диндорон», ки бобоёни муаллифанд, ҷое ҳам дар тарбияи ӯ аз ҳадисҳои исломӣ «Дӯст доштани Ватан аз гӯшаи имондорист » гӯшзад накардаанд. Худи муаллифи ёддошт низ аз навиштаҳои шоирон, ки:
Ҳар киро меҳри Ватан дар дил набошад кофар аст,
Маънии ҳубулватан фармудаи Пайғамбар аст.
Аз ёддошт хулоса баровардан мумкин аст, ки вафодорӣ, садоқат ба Ватан, ҳамдаму ғамшарик будан ба ғаму шодии миллат дар ботини А. Шералиев ҳеҷ гоҳ ҷой наёфтааст ва аз он ки ба ҳар шиор дар даврони шӯравӣ «Ура» гуфта, нидо баланд мекард, одат карда, ин навбат ба пуштибонӣ аз М. Кабирӣ бо нидои «ман босмачӣ ҳастам» худро ҳамсаф ва ҷонибдор нишон медиҳад ва оянда боз чӣ нақшаеро дар сар ҷой хоҳад дод Х- номаълум. Боварӣ дорем, ки А. Шералиев ва Д. Раҷабиён аз чӣ будани босмачӣ, ки шарҳаш босмачигарӣ - харакате буд, ки дар натиҷаи ба ҳам гаравидани собиқ сарватмандони гуногунмиллати Осиёи Марказӣ, авбошони касбӣ ва боқимондаҳои горди сафед ба вуҷуд омада, ҳадафи аслиашон мубориза алайҳи давлати шӯроҳо - коргару деҳқон, фақиру сағир, давлати бародарию баробарӣ ва адолати иҷтимоӣ буд. Дараҷаи маълумотнокӣ, хирад ва ақлу заковати ин ду тан ҳамназарони М. Кабирӣ ва ё шояд пайравони дигари онҳо баёни «Ман босмачӣ ҳастам» на дар дохили нохунак, балкӣ берун аз он дуруст мефатад, ки дар ҳама ҳолат ба зиндагии ҷомеа халали ҷиддӣ ворид карданро доранд. Шояд афсӯс ҳам хӯранд, ки чаро пеш аз ҳокимияти шӯравӣ ба дунё наомадаанд, ки аз бесаводии омма истифода карда, бо иддаи кучаки бойҳо, муллою эшонҳои чалласаводи он замон ба манфиати худ истифода мебурданд.
Мутмаин ба онам, ки наврасону ҷавонони миллати бофарҳангу тамаддуни қадимидоштаи тоҷик гӯш ба афсонаи ин қабил ифратгароёни зери лиқоб, ки худро ҳомӣ аз дин нишон медиҳанд ва шояд вуҷудашон аз он холист, пайравӣ накарда, дар ҳама ҳолат пуштибонӣ аз миллату халқи Ватани азизамон Точикистон мекунанд. Донишҳои диниву дунявиро дар муассисаҳои давлатӣ ва аз таҷрибаи устодон аз худ карда, ҷаҳонбинии динӣ, фалсафӣ ва сиёсии худро васею мукаммал мегардонанд. Истифода аз донишҳои дунявӣ ва хиради азалӣ сутуни устувореро дар пайдории давлати соҳибистиқлоламон бунёд хоҳанд кард, ки заволашро касе дар асрею замоне нахоҳад дид.
Бобоҷон РАҲИМОВ, мудири бахши сифати таълими донишкада
Вазъи ҳуқуқи инсон дар ҷомеаи имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андешаи љаҳолатпарастон
Written by CомонаПайи як хабаре, ки аз љониби бадхоҳони миллату давлат дар сањифаҳои интернетӣ нашр шудааст, ҳаминро метавон гуфт, ки боз як намуди тафриќаандозии халқ ба ҳисоб рафта, бо ҳамин васила мехоҳанд миллатро боз ба ташвиш андозанд. Мувофиқи ин нашрияи интернетӣ якчанд масъалаҳоеро, ки асоси воқеӣ надоранд, алалхусус баъзе нафаронро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидаанд дар хусусе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ақидаҳои гурӯҳои террористуву-экстремистӣ доштаро дастгирӣ намудаанд. Сабаб дар чист, ки ақидаҳои пасту зишти онҳро тарафдорӣ менамоянд? Шояд бо онҳо ягон муносибат доранд? Дар чунин ҳол шахс бе ҷавобгарӣ набояд монд.
Суханони дар шабакањои иљтимої пањн намудаи собиќ раиси Њизби Нањзати Исломии Тољикистон- Муњиддин Кабирї (њоло роњбари Паймони миллї), ки аслан њама суханони дањњо бор гуфташудаю такроранд, боз дар хусуси амалњои «ѓайриќонунї»- Сарварони Давлату Њукумати мамлакат равона гардидааст. Дар ќатори њамон суханњои такрориаш Муњиддин Кабирї Раиси Љумњур, Вазирон, раисони вилоятњову шањру ноњияњоро дуздони пулу моли миллат мењисобад, ки ин боз як дасисабозињои ўст бар зидди миллату Давлати тољикон.
Тамоми корнамоињои Асосгузори сулњу вањдати миллї, Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат – муњтарам Эмомалї Рањмонро, ки на танњо миллати тољик, балки љањониён эътироф кардаанд, њељ њисобида, таъкид менамояд, ки хизмати асосиро барои ба даст овардани оштии миллї ў ва чанд тани дигар иљро намудаанд.
Агар Њизби Нањзати Иломї дар ноњияи Ќумсангир як мактабро сохта бошад, дар як худи соли 2018 дар ќаламрави мамлакат 153 муассисањои таълимї сахта ба истифода дода шуданд, ки дар онњо беш аз 73 њазор хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.
Љањониён медонанд, ки Тољикистони соњибистиќлол имрўз то чи андоза ба пеш рафта истодаасту ояндаи он дурахшон аст. Вале аз суханњои М. Кабирї хонанда ќариб чизе намефањмад, зеро њадафи ягона надоранд. Сухан бояд бомаънї, пурмазмун ва њадафнок бошад. Шояд моро гунањгор кунад, ки мо дониши паст дорему маќсадњои навиштањояшро дуруст дарк нанамудем. Аммо аз дарк нанамудани суханони ѓаразноку тањдидомез њељ љойи пушаймонї нест.
Сарвари Давлати тољикон дар Паёми имсолаашон ба Маљлиси Олии мамлакат тамоми самтњои фаъолияти љумњуриро тањлилу баррасї намуда, аз љумла зикр карданд, ки яке аз проблемањои љиддие ки љомеаи љањониро ба ташвиш овардааст, мубориза алайњи терроризму экстремизм мебошад. Ва, албатта, бо суханони беасосу бењадаф сари мардумро гаранг карда, миллатњоро байни њам ба шўр овардан аз амалњои террористон њам бадтар мебошад.
Пас, худ биандешед, ки чї гуфта истодаеду ба кї гуфта истодаед. Агар ба миллати тољики имрўза чизе гуфтанї бошед, хуб биандешеду пасон бигўед, то гирифтори доми балои сухани хеш нагардед!
Вокуниш оиди суханронии Муњиддин Кабирӣ вобаста ба суолњои ба ӯ пешниҳодшуда
Written by CомонаТавре, ки хабар дорем собиќ раиси ташкилоти террористиву экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ Муњиддин Кабирӣ, тасмим гирифтааст, ки бо таври мустаќим ба суолҳои ба ӯ пешниҳодшудаи мардум ҷавоб гардонад. Ҳоло бошад ӯ худро ҳамчун роҳбари Паймони милли тоҷикон эълон намудааст. Ин шахси бадхоҳу бадсиришти миллат боз бо ҳамон ниятҳои нопоки худ, ки соли 2015 таҳрезӣ намуда буд ва хушбахтона ба мақсадҳои худ нарасид, имрӯз боз бо ин васила мехоҳад сиёсати сулҳҷӯёнаи имрӯзаи давлату ҳукуматро ба доми худ андозад. Дар суханронии худ эшон изҳор намудааст, ки гуё ӯ ҳангоми ба конфронс рафтанаш иҷозат надода бошанд. Ҳангоме, ки ӯ аз Малайзия ба шаҳри Туркия меравад, алайҳи ӯ беасос парвандаи ҷиноӣ оѓоз карда мешавад. Вале дар асл ҳангоми кофтукови утоқи кориаш яқ қаттор нақшаҳо дарёфт гардид, ки ба биноҳои ниҳоят муҳими давлативу ҷамъиятӣ зарар бояд мерасид. Роҳбаре, ки чунин нақшаҳоро дар худ дошт, чӣ тавр метавонад имрӯз роҳбарии чунин як Паймони милли тоҷиконро пеш барад? Бояд дар хотир дошт, ки бадхоҳони давлату миллат аз азал буд, ҳаст ва хоҳад монд.
Баъди анҷоми тазоҳурот масъулини тими тазоҳуротӣ «Қатъномаи поёнии гирдиҳамоӣ дар назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Берлин»-ро қироат ва он филфавр дар расонаҳои наҳзатӣ интишор ёфт. Ба ҳангомасозиҳои дар Қатънома дарҷгардида посухи мухтасар ироа медорем:
1.Қатъномаи мазкур аз 7 банд таркиб ёфтааст ва дар онҳо хостҳои тими наҳзатӣ ироа гардидаанд. Аз қабл маълум буд, ки муҷриёни тарҳи тазоҳурот чӣ гуна ашхосро ҳамчун зиндонии сиёсӣ муаррифӣ месозанд ва озодии ононро тақозо менамоянд. Исми нафароне, ки ба унвони зиндонии сиёсӣ гирифта мешавад, аслан, ба масъала иртибот надоранд. Иртиботашон ба наҳзат ва доираҳои ба он наздик аст. Аз ҷониби дигар, банду зербандҳое, ки номбаршудагони наҳзатӣ зиндонӣ шудаанд, сиёсӣ нестанд. Аммо барои тобиши сиёсӣ додан ба масъала ва аз баъзе доираҳои муайяни аврупоӣ ва созмонҳои байналмилалии ғарбӣ пуштибонӣ ёфтан муҷриёни барномаҳои тазоҳуротии наҳзатӣ шиорҳои сиёсӣ дар медиҳанд, то қазияро бештар ҷанбаи ҳангомавӣ бидиҳанд ва аз он ба сифати абзори будубоши минбаъдаи худ дар Аврупо истифода намоянд. Нафарони мавриди назари онҳо – Зайд Саидов, муовини раҳбари ҲНИ Муҳаммадалӣ Ҳаит ва вакили дифоъ Бузургмеҳр Ёров бар асоси ҷиноёте, ки муртакиб шудаанд, зиндонӣ шудаанд ва дар таркиби ҷиноёти онҳо тобишҳои сиёсӣ вуҷуд надорад. Ин наҳзатиёнанд, ки онҳоро муҷрим намедонанд ва озодии онҳоро талаб менамоянд.
- Дар банди дуюми Қатънома масъулини тазоҳурот исми дигар ба ном зиндониёни сиёсӣ – собиқ раҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раҳбари ҷунбиши “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон Мақсуд Иброҳимов, фаъолони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва «Гурӯҳи 24»-ро оварда, озод кардани онҳоро талаб намудаанд. Аслан, ин тоифа чӣ салоҳияте дорад, ки назди Ҳукумат талаботи бепоя вомегузорад ва иҷрои бечунучарои онҳоро тақозо мекунад? Дақиқан, шумори ками муҳоҷироне, ки ба тазоҳурот аз ҳар кунҷу канори Олмон тавассути дастгоҳҳои таблиғии наҳзатӣ даъват шудаанд, ба маънои мазмун ва муҳтавои флешмоби наҳзатӣ сарфаҳм нарафтанд ва танҳо робот даст афшонданду халос. Дар дохили тазоҳургарон танҳо чанд нафар наҳзатӣ машғули ба низом даровардани фаъолият буданд ва аз ҳар тараф намоишро коргардонӣ мекарданд. Ин бозии навбатии наҳзатиҳост, ки чандин маротиба таҷриба шуда, алҳол натиҷаи дилхоҳ ба бор наовардааст.
- Аҷаб талаботе?! Сарнавишти ба ном блогери рабудашуда -- Эҳсон Одинаев, ки дар хидмати доираҳои манфиатхоҳи берунӣ буд, ба Ҳукумат ва мақомоти марбути давлатӣ чӣ дахл дорад? Дар дунё дар рӯз ҳазорон ҳодисаи нохуш ва нобаҳангом рух мезанад ва ба ин дастгоҳҳои интизомӣ ва қудратии Тоҷикистон гунаҳкоранд? Бигзарем, агар ҷаноби блогер ҷиноят содир карда бошад ва дар ин масъала мутмаинем, шояд аз ҷониби гурӯҳҳои ифротӣ рабуда шуда бошад ва наздикон ва муқаррабонаш аз асли қазия хабар дошта бошанд, вале дар ин маврид изҳори назар намекунанд (шояд ба хотири хаспӯш кардани ҷиноятҳои ӯ.
- Қазияи ҳодисаи зиндони Хуҷанд ба мардум ва Ҳукумати Тоҷикистон марбут аст ва дасти берун дар баррасии он лозим нест. Ҷанобони наҳзатӣ «дасти берун» маҳсуб меёбанд ва онҳо, ки ҳар рӯз дар Аврупо лоф аз демократияву озодӣ мезананд, дигар тоҷик ва тоҷикистонӣ нестанд. Аз ин рӯ, ҳаққи дахолат дар қазия надоранд. Ин ҳаққи шаҳрвандони баномуси Тоҷикистон аст. Наҳзат ва наҳзатмаобон дар хориҷ ба иғвою найранг машғуланд ва аз ҳар қазияе ба манфиати худ истифода мебаранд. Парвандаи ҳодисаи зиндони Хуҷанд дар дасти тафтиши аст ва гунаҳкорони қазия ҳатман муҷозот мешаванд, вале ин ба мухолифин дахл надорад. Ин кори дохилӣ аст ва дар доираи қонунҳои амалкунанда ҳаллу фасл хоҳад шуд.
- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи созишномаву қарордодҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ аст ва дар асоси талаботи қавонини ҷойдошта ба қазияҳо расидагӣ мекунад ва ниёзе ба «мушовирон»-и берунӣ надорад. Берӯгӣ ва бешармӣ ба ин ҳад расидааст, ки чанд нафар ёғӣ ва фирорие имрӯз дам аз озодӣ ва демокротӣ мезананд, ки дар кулвори худ ба ҷуз риёву хурофот чизи дигаре надоранд. Аммо чунон вонамуд мекунанд, ки гӯё аз ҳама нуқсу айб мубарроанд. Ба суханони муҷриёни барномаи тазоҳуроти наҳзатӣ ин нуктаро собит месозад, ки онҳо, аслан парвои миллату халқ надоранд, барои онҳо танҳо манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ муҳиманд ва барои амалӣ гардидани тарҳи манофеъ аз ҳар воситаи машрӯъ ва номашрӯъе истифода мебаранд, то ба аҳдофи худ бирасанд. Барои ин Паймони миллӣ, Анҷумани озодандешон, Анҷумани муҳоҷирони тоҷик дар Аврупо, Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсӣва ба инҳо монанд созмонҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ таъсис дода, сафҳои худро аз ҳисоби ҷавонони гумроҳу худбохтан пур месозанд. Баъд чӣ мешавад? Ҳеҷ. Созмонҳои пуштибон онҳоро барои роҳандозӣ кардани плон-нақшаҳои геосиёсиашон истифода бурда, оқибат ба гирдоби сарнавишт ҳавола мекунад. Албатта, муҳраҳое чун элитаи сиёсии наҳзатӣ дар бозӣ то чанде ҳузур пайдо мекунад, вале бечора ҷавонони ба бероҳа кашидашуда дар кӯйи сарнавишт партофта мешаванд. Ана оқибати фитнаҳои бозигарони тазоҳуроте, ки наҳзат ва доираҳои наҳзатӣ ин кадар ба густариши он эҳтиёҷманданд.
- Дурӯғи маҳзро наҳзатиён ва доираҳои наҳзатӣ дар нисбати гаравгонгирӣ ва фишор алайҳи пайвандони мухолифон паҳн мекунанд. Чӣ, магар пурсиши пайвандони мухолифине, ки дар асоси қонун муҷрим шинохта шудаанд ва зидди сиёсати давлатӣ дар хориҷ аз кишвар амал мекунанд, гуноҳ аст? Дар ҳар кишваре, новобаста ба шакли идоракунӣ наздикону пайвандони гунаҳкорон ба додситонӣ ва мақомоти дахлдор даъват ва аз онҳо баъзе иттилооти зарурӣ гирифта мешавад. Дар куҷои дунё дидаед, ки мақомти тафтишӣ дар ҳалли қазия аз наздикону пайвандон маълумот нагиранд?
- Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамоми санад ва қарордодҳои минтақавӣ ва байналмилалие, ки рӯйи онҳо имзо кардааст, арҷ мегузорад. Албатта, дар ҳама кишвар мушкил вуҷуд дорад ва доираҳое ҳастанд, ки ба хотири бадном сохтани сохти давлатӣ ва мақомоти қудратӣ «иқдом» мекунад. Илова бар ин, фурсатталабони дохилӣ ҳам ба назар мерасанд, ки дар иҷрои қавонини мавҷуда, аз ҷумла дар умури зиндониён ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон бетафовутӣ мекунанд ва ба номи давлати миллӣ иснод меоваранд. Давлат бо ин қабил афрод, ки аз наҳзат ва наҳзатмаобон садҳо маротиба зараровартаранд, муборизаи беамон эълом намудааст. Бовар дорем, ки дастгоҳҳои марбутаи давлатӣ ин тоифаи фурсатталаб ва саҳлангорро, ки дар дохили кишвар истода, ба манофеи миллӣ ва давлатӣ хиёнат карда, боиси камнуфуз гардидани мақомоти давлатӣ дар арсаи байналмилалӣ мегарданд, пайдо мекунад ва ба сазои аъмолашон мерасонад. Дар ин ҷабҳаи мубориза давлат ба неру ва қувваи тамоми шаҳрвандони баномуси ватан такя менамояд ва ҳаргиз намегузорад, ки гурӯҳе худбохтаю беҳувият сӯйи давлат санги иғвою дасиса парт созад.
Фаридуни Ориёӣ, таҳлилгар
Таърих аз ибтидои пайдоишаш дар олами башарӣ ҳама чизро дар синаи худ нақш баста омадааст. Ва гоҳо аз нотавонбинии ҳасадхӯр, зулми беадолатҳо, аз туҳматҳои дӯсти дар ғаразнок, душмани дар либоси дӯст ва рақибони ноодили мардони корзору боматонат ва ватанпарасту бонанг низ дар синаи худ доғе ба ёдгор дорад.
Миллати тоҷик аз аснои зуҳури худ дар олами ҳастӣ ҷуз накӯию инсондӯстӣ, ватанпарастию, худогоҳӣ, бунёдкорию фарҳангсолорӣ, ватансозию тамаддунофарӣ ва амсоли ин арзишҳои баланди инсонро ба ёдгор мондааст. Аз ҳазораи панҷи пеш аз мелод дар аҳди Куруши Кабир империяи табори озодазодагони миллати тоҷик инсонро арзиши олӣ эътироф карда, ба бунёди пурқувваттарин империяи босубот ва бунёдкор поя гузошт. Дар пасманзари таърих давлати Сомониён низ дар аҳди фармонфармоии худ давлати аз ҳама босубот, бунёдкор бо иқтидори тавоноии иқтисодию, маънавӣ ва ахлоқию фарҳангӣ то ҳанӯз оламшумул аст. Дар даврони навини оламшумулии ба гунаи нав дар бахшҳои гуногун давлати Тоҷикистон низ тавонист оламшумулии херо иқтидор бахшад ва мақоми худро дар ин раванд устувору доманадор бо паҳлуҳои вижаи давлатдорӣ ҷаҳоношно созад. Албата дар ин сангари вазнини офарандагию бунёдкорӣ ва ниҳоят пуршараф нафаре муваффақ ва пазируфта мешавад, ки дорои хислати баланд ва наҷиби инсонӣ мебошад.
Миллати тоҷик дар олами башарӣ дар чанд соли наздик фарҳангсолории худро ба такрор аз ибтидои таърих дубора эҳё кард. Миллати мо дар бахши ватандорию ватансозӣ ба ҳам омада арсаи номуси миллатро ба корзори ватансозӣ ва бар пояи устувори худогоҳӣ қадаме бар бунёд гузошт, ки ба ҳадди камол ва ҳуввияти миллӣ расид. Парчами миллии тоҷикон бо садои суруди миллӣ дар ҳар гӯшаи олам парафшон мешавад. Дар макони умумиҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид ҳамвора мақом ва алвонҷ дорад.
Бар пояи ҳама худшиносию худогоҳии миллат барои фардои босаодати насли минбаъда абармарди олами корзори матонат, асилзодаву озодамарди миллат ва шахсияти таърихии Эмомалӣ Раҳмон бо ҳар фарди соҳибватану меҳанпарасташ корзореро дар садади офариниши мактаби волои ватансозию худшиносӣ ќарор додаанд, ки баробар ба пешниҳоди бахше аз маҷмӯи тамаддуни вижаи миллати тоҷик аст. Ин сангари номуси ватансозӣ, бунёди бахшҳои саодати миллат дар ҳар хусусе ва корзори ифтихори номусу нанг -Роғун мактаби бузури бунёдкориву меҳанпарастист.
Роғун ба як мактаби саропо аз ифтихори миллӣ, ҳуввияти меҳанпарастӣ ва созандаи фардои давлату миллат табдил ёфта, пайроҳаи саодати фардои ин миллат мебошад.
Ба андешаи волои роҳбари гуруҳи байнипарлумонии Парлумони АврупоСтраун Стивенсон “Роғун дар ҳақиқат лоиҳаи ҳаётан муҳим буда, метавонад об ва неруро ба воситаи сулҳофарӣ мубаддал гардонад”.
Ин корзор миллатро дар ҳар бахше сарҷамъ, ғурури миллиро баланду устувор ва зиндагии шоистаи миллати соҳибтамаддути тоҷикро таъмин хоҳад кард.
Бо иқтидори энергетикаи барқии обӣ Тоҷикистон ҷои 8-умро пас аз Хитой, Россия, ИМА, Бразилия, Заир, Хиндустон ва Канада ишғол менамояд. Асоси энергетикаи Тоҷикистон бештар аз 95% энергияи барқи обӣ ташкил медиҳад. Иқтидори энергияи обии Тоҷикистон беш аз 3 баробар зиёдтар назар ба талаботи энергияи барқи дар тамоми ҳавзаи баҳри Арал мебошад. Ҳангоми самаранок истифода бурдани ин захираҳо минтақаро метавон бо ин энергияи арзон ва аз лиҳози экологӣ тоза таъмин намуд. Захираҳои асосии энергияи барқии обӣ дар дарёҳои Панҷ, Вахш, Обихингоб, Сурхоб, Кофарниҳон, Зарафшон, Ғунд, Амударё ва Сирдарё ҷойгир аст.
Ҷустуҷў ва дарёфти роҳҳои гуногуни ба даст овардани истиқлолияти энергетикии кишвар ҳамоно бо вусъати азим, бо истифода аз тамоми имконоти дохилии мамлакат, бо ҷалби сармоя ва ширкатҳои хориҷӣ, бо такя ба қудрати бузурги халқ, ки муроҷиати пешвои худро дар мавриди ҳалли мушкилоти неруи барқ, хусусан бунёди неругоҳи барқии обии Роғун бо самимияти комил истиқбол намуданд, ҳамоно идома дорад. Давраи нав - давраи пайрезии шабакаи мустақили интиқоли он ба хориҷи кишвар оғоз ёфт, ки пешрафтҳои Тоҷикистонро дар самти иқтисодиёт ва неруҳои тавлидотии кишвар аз суръати бесобиқа бархурдор хоҳад кард.
НБО Роғун на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми минтақа ҳаётан муҳим буда, рушду инкишофи иқтисодиёт, беҳдошти рўзгори мардуми кишвари мо ба он сахт алоқаманд аст.
Сарвари давлат ба тамоми ҳамватанони азизамон, муроҷиат карда, бо итминони комил изҳор дошта буданд, ки «бо бунёди Роғун мо имрўзу фардои ободи Тоҷикистони азизамон ва зиндагии пурсаодати фарзандону набераҳоямонро месозем». Зеро Роғун манбаи ҳамешагии нур буда, он Тоҷикистонро дар оғўши Шарқи куҳан ба ахтари ҳамешатобон табдил хоҳад дод.
Роғун ободиву сарсабзии имрўзу фардои Тоҷикистон, тараққиёти бесобиқаи саноату кишоварзӣ ва муҳимтар аз ҳама, рўшноиву гармии шабонарўзии ҳар хонадони мардуми мо мебошад. Роғун воситаи муҳимтарини баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, омили таконбахши рушди маорифу тандурустӣ, илму фарҳанг ва фаъолияти пурсамару бардавоми бемористону ятимхонаҳо, хонаҳои пиронсолон ва дигар иншооти муҳими иҷтимоӣ мебошад.
Нерўгоҳи барқи обии Роғун дар силсилаи нерўгоҳхои руди Вахш аз боло нўҳум буда, 110 км дуртар аз шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Давраи тайёрии сохтмони нерўгоҳи Роғун ҳанўз соли 1976 оғоз ёфта буд. Иртифои лоиҳавии сади он 335 м. хоҳад буд ва дар замони ҳозира аз ҳама баландтарин сади маснўӣ ба ҳисоб меравад. Ҳаҷми пурраи обанбори нерўгоҳ 13,3 млрд. мукааб ва иқтидори он 3600 мвт буда, иборат аз 6 чарха аст, ки қудрати ҳар кадомаш 600 мвт. мебошад.
Баробари сохта ба истифода додани ҳарду нерўгоҳ дар заминаи қувваи барқи арзони истеҳсоли ватанӣ даҳҳо корхонаҳои дигари истеҳсолӣ пайдо мешаванд, ки онҳо метавонанд захираҳои ғании канданиҳои фоиданокро ба манфиати халқу кишвар ба истифода диҳанд.
Собиқ Дабири кулли СММ Пан Ги Мун чун раҳбари бонуфузтарин ниҳоди байналмилалии ҳамгироии мамолики ҷаҳон бо дарки аҳамияти тарҳҳои энергетикии Тоҷикистон аз сиёсати давлат дар ин бахш истиқбол намуда, омодагии ҷомеаи ҷаҳониро барои баррасии лоихаи ин иншооти бузурги аср изҳор дошта буд: «Мо аҳамияти бунёди неругоҳи Роғунро барои Тоҷикистон хуб мефаҳмем ва омода ҳастем, ки онро ба таври амиқ баррасӣ намоем, мардум бояд ба неруи барқ дастрасии кофӣ дошта бошанд».
Умуман, Роғун ҳамчун нерўгоҳи барқи обӣ на танҳо барои меҳани мо нуру зиё, балки баракату фаровонӣ, якдигарфахмӣ, эҳтироми миллат ва ҳамбастагиро ато менамояд. Имрўз, ки НБО-и Роғун ба фаъолият оғоз менамояд, тангназарону кўрдилоне, чун террористони наҳзатӣ ва пайравону дастнигарони онҳо аз рашку ҳасуд сўхта мемуранд ва нолаю оҳашон ба осмони ҳафтум мехезад. Чунки онҳо ҳеҷ гоҳ ин гуна рўзҳои некро барои мардуми Тоҷикистон дидан намехоҳанд.
Бо вуҷуди ин дар баробари мардуми Тоҷикистон мардумони дигари Осиёи Марказӣ ва Афғонистону Покистон ҳам шоду масруранд, зеро ин неругоҳ ва обанбор мушкилоти ононро ҳам осон менамояд. Вале намояндагони ТТЭ ҲНИ ва дигар душманону бадхоҳони давлату миллати мо рўзи гиряву мотам доранд.
Нодири ҚОДИР,
таҳлилгар
Қаҳрамони миллат Эмомалӣ Раҳмон андешаи баланде барои мардони соҳибватан дорад, ки “Тоҷикистон сарзамини пурганҷ аст, вале боигарии асосии он фарзандони бо нангу номусаш мебошанд”.Ин андешаи Пешвои миллат аз матонату худшиносӣ ва меҳанпарастии мардони соҳибхирад, ватандӯст ва худогоҳ мебошад, ки дар ҳар корзоре, сангарҳои вазнини ватансозӣ ва истилогарони аҷнабӣ арзиши Ватан, миллат ва номуси ватансозиро аз ҳама боло гузошта, ҳатто худро қурбон кардаанд.
Аммо таърих низ шаҳодат медиҳад, ки ҳар нафаре, ки ба хотири молу сарват ва ҷоҳу ҷалол ватанро фурухтааст, оқибат зери девори маломат ва пушаймонӣ мурдааст ё ин ки сарлашкаре ва ё хоҷаи соҳибзараш ӯро ба қатл расонидааст. Ба хотире, ки ин ватанфуруш барои молу сарват, ҷоҳу мансаб ва ё тарсуии худ ба миллату ватанаш садоқат надошт ба ӯ низ чунин аст. Мисоли он ки бонуи Спитаман ва падараруси ин қаҳрамон ба хиёнат даст заданд, оқибат бо маломат ва нафрати император Искандар ба хотири хиёнат ба шавҳару ватанашон кушта мешаванд.
Назари дигар бо овардани ин тамсил он аст, ки имрӯз низ чунин нотавонбинон дар баробари ин ҳама осудагию ободии Ватан, оромии миллат ва бунёдкории родмардони ин сарзамин барои ваъда ё дарёфти ҷоҳу ҷалол, давлату моли дунё аз хоҷаҳои нотавонбини худ маъмур ба ин амали нангин гаштаанд.
Ҳувайдост, ки ТЭТ ҲНИ дар либоси дӯст даромада, чандсол минбаророӣ карда, чанд нафареро мағз шустанд. Билохира чун сири ғараз аз онҳо ошкор гардид, фирор карда, аз дур ноҷавонмардона, миллатро ба ҳангомаву дасисаҳои худ олуда мекунанд. Вале возеҳ аст, ки миллати мо ба чанд сол қабл аз чунин дасисаҳо ёдгоре дар хотираҳо доранд. Ҳаргиз ба фиреби хоини дар либоси дӯст бовар нахоҳанд кард ва нафаре, ки чун Кабирӣ дар ягон корзори ватансозӣ пешсаф нашудааст ё хотирае аз ҷавонмардии ӯ надоранд чӣ гуна пайравӣ кунанд?
Рушантарин амали ин даъвогарони ватагӯй ин аст, ки чанд ҷавонеро ба дами тир кашиданду чандеро ба гумроҳӣ бурданд. Танҳо чанд нохудогоҳу бетафаккур дар хориҷи кишвар фирефта шуда бо онҳо пайвастааст, ки баъди чанде аз ин гуруҳ бонафрат худро канор мегиранд. Зеро дарк мекунанд, ки бузургтарин душман пинҳон будани душманист.
Макони омадаатро фаромуш бикуни пас дар макони мерафтаат гум мешавӣ. Яъне онҳое, ки Паймони миллӣ таъсис додаанд, яқинан макони омадашонро фаромуш кардаанд, ки Ватан-Модар аст ҷойи таваллудашон ва дар макони рафтаашон гум мешаванд.... Хиёнаткор ҳар куҷое бошад, хиёнаткор аст. Ҳар касе аз ин сир огоҳ шуд ӯро бо нафтар аз худ дур мекунад.
Саидов С.-коршинос
НБО «Роғун» аз ибтидо то ба имрўз ба мисли миллати тоҷик ҷафои бисёре дидааст, аммо дар назди душманиҳои дохиливу беруна қомат хам накард. Лоиҳаи НБО «Роғун» чандин санҷиши байналмилалиро паси сар намуда, аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷонибдорӣ ёфт. Агар бархе аз ҷоҳиливу нодонии худ нисбати ин тарҳ мухолифат доштанд, аммо бархе дигар ба ҳадафҳои сиёсӣ душмани ин сохтмони тақдирсози тоҷик ҳастанд. Ташкилоти террористию экстремистии наҳзати исломӣ аз ҷумлаи яке аз душманони асосии миллати тоҷик ба шумор меравад, ки ҳар як пешравии Тоҷикистон чашми дидан надорад. Агар чунин намебуд онҳо ба шодии мардуми тоҷик аз оғози фаъолияти чархаи аввалини НБО «Роғун» «сюрприз» намекарданд ва ин «туҳфаи идона»-и онҳо ташкили «ошўби маҳбусон» дар маҳбаси низомаш пурзўри рақами 3 буд.
Аслан он амали террористӣ аст, ки қаблан тарҳрезӣ шуда, барои паст кардани имиҷи Тоҷикистон ва роҳбарияти он дар арсаи ҷаҳонӣ, бахусус дар арафаи баистифодадиҳии агрегати нахустини НБО «Роғун» равона гардида буд. Вале ҳангомасозон ва «ҳомиёни ҳуқуқ» ин ҳодисаро ошўби зиндониён ба муқобили шиканҷа ва бадрафторӣ баҳо медиҳанд. Ташкилоти террористию экстремистии наҳзат ки ташкилкунандаи ин ҳодиса аст, худро бегуноҳ вонамуд намуда, даъвои адолат ва ҳақиқат менамояд.
Агар исёни маҳбусони маҳбаси рақами 3 талош барои ҳуқуқи инсон, мубориза аз барои ноадолатӣ ва шиканҷа нисбати маҳбусон мебуд, он дар арафаи ҷашни сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ё рўзи 6 ноябр амалӣ мешуд ва онро ҳамчун даъват ба эҳтироми ҳуқуқи маҳбусон фаҳмида мешуд. Вале чун ошўби маҳбусон баъд аз ҷашни Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт, ин баёнгари он аст, ки ҳадафи асосии ташкилкунандагони он халалдор кардани имиҷи мусбати Тоҷикистон аст. Барои ТТЭ наҳзат пешравии Тоҷикистон як зарбаи мудҳиш аст ва аз ин рў, дар замоне ки ба Тоҷикистон журналистони хориҷӣ бештар меоянд, онҳо ин нақшаи худро амалӣ намудан хостанд.
Бархе аз созмонҳои байналмилалӣ ва сафоратҳои хориҷӣ дар асоси гузоришҳои нодурст ва маводи ғаразноки душманони миллати тоҷик ба ҳодисаи маҳбаси рақами 3 назар доранд ва ҷиноятро дуруст дарк накардаанд. Дар маҳбаси низомаш пурзўри рақами 3 асосан афроди мутаҳам ба терроризм ва экстремизм нигаҳдорӣ мешавад ва ҳоло маълум гардид, ки дар ташкили ин «ошўб» Кабирӣ ва сарпарастони он даст доранд.
Дар замоне ки таваҷҷуҳи давлатҳо ва ширкатҳои тиҷоратию саноатӣ ба сохтмони НБО «Роғун» бештар гардид, ин «ошўб»-и фармоишии наҳзатро ҳамчун як душмании навбатии он ба миллати тоҷик арзёбӣ кардан мумкин аст.
More...
Нерўгоҳи барқи обии «Роғун» дар силсилаи нерўгоҳҳои рўди Вахш аз боло нӯҳум буда, давраи тайёрии сохтмони нерўгоҳи Роғун соли 1976 оғоз ёфта буд. Иртифои лоиҳавии садди он 335 м хоҳад шуд, ки он дар замони ҳозира дар ҷаҳон аз ҳама баландтарин садди маснӯӣ маҳсуб мегардад. Ҳаҷми пурраи обанбори нерўгоҳ 13,3 млрд. мукааб буда, иқтидори он 3600 МвТ, иборат аз 6 адад чарха аст, ки қудрати ҳар кадом 600 МвТ мебошад. Ин нерўгоҳ имконият медиҳад, ки ҳар сол беш аз 6 млд квт/соат барқ истеҳсол карда шавад ва ин на танҳо эҳтиёҷоти ба барқ доштаи Тоҷикистонро комилан қонеъ мегардонад, балки ба инкишофи иқтисодиёти тамоми минтақа такон бахшида, ҳамчунин шароит фароҳам меорад, ки ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла, ба Афғонистон ва Покистон барқ содир гардад.
Ҳоло истеҳсолкунандаи асосии барқ дар Тоҷикистон неругоҳи барқи обии Норак мебошад, ки он 40 сол боз фаъолият намуда, 70 фоизи барқи кишварро тавлид мекунад. Ба иртиботи истифодаи тӯлонӣ вақтҳои охир муаммои гилпур шудани обанбори Норак беш аз пеш шиддатнок гардидааст. Наҷоти ин мушкилот-сохтани нерўгоҳи барқи обии “Роғун” аст. Сохтмон ба анҷом расаду нерўгоҳ ба кор шурӯъ намояд, ба обанбори Норак оби кони рўдҳои Сурхобу Хингоб дохил мешаванд. Агар мо Роғунро насозем, пас аз 15-20 сол нерўгоҳи Норакро аз даст медиҳем. Масалан, зимистон нерўгоҳ бо оби шохоби дарё фаъолият намуда, ҳамагӣ 4 миллион киловатт соат барқ истеҳсол мекунаду халос.
Вобаста ба ҳадафи стратегии расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ дар кишвар бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифодаи оқилонаву сарфакоронаи захираҳои гидроэнергетикӣ сохтмону таҷдиди нерўгоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ оғоз гардида, хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқ ва зеристгоҳҳои барқӣ бунёд шуданд. Дар сохтмони НБО-и Роғун ташкилотҳову корхонаҳои хориҷӣ низ саҳми худро гузоштаанд, аз ҷумла, ширкати сохтмонии Ориёно, Умрон-Морун, Восточный горный компания, Чирке- гесстрой, Тарговый дом. НБО «Роғун» зеризаминӣ аст. Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» аҳамияти на танҳо ҷумҳуриявӣ, балки минтақавӣ низ дорад. Баъди бунёди ин иншооти муҳими гидроэнергетикӣ Тоҷикистон дар оянда ҳамчун як кишвари содиркунандаи нерӯи барқи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза метавонад кишварҳои ҳамсоя ва минтақаро бо барқ таъмин намояд. Обе, ки дар обанбори Роғун ҷамъ мегардад, бо нақбҳо ҷорӣ шуда барои истифода дар вақтҳои камборишӣ ва хушксолӣ ҳамчун манбаи захираи бузурги об аз он баҳрабардорӣ карда мешавад. Нақбҳо асосан аз руйи таъиноташон ба обпарто ва ёрирасон ҷудо карда шудаанд. Аз солҳои 2000-ум cap карда дар ин иншооти бузурги аср корҳои геодезӣ бо истифодаи технологияи нави замонавӣ иҷро карда мешаванд.
Барои раванди кор дар минтақаҳои сохтмонӣ аз оғози корҳои лоиҳакашӣ то ба итмом расонидани фаъолияти иншоотҳои муҳандисӣ корҳои геодезӣ гузаронида мешаванд. Бояд тазаккур дод,ки имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон ба мутахассисони ҷавон ва боистеъдод ниёз дорад. Мутахассисони соҳаи геодезия ва геоинформатика ниҳоят кам ҳастанд. ДАТ ба номи Шириншо Шоҳтемур яке аз муассисаҳои таълимиест,ки мутахассисони соҳаи иншооти гидротехникӣ ва геодезияро омода менамояд, ки онҳо дар сохтмони ин иншооти аср саҳми арзандаи худро мегузоранд. Дар сохтмони нақбҳои мошингард ва обгузар ва конҳои сангу хок аз асбобҳои муосир замонавӣ ба монанди LEICA TS-06-02-09 ва SOKKIA истифода мебаранд. Ҳангоми корҳои нақбканӣ ва сохтмони дигар иншоотҳои зарурӣ, пеш аз ҳама корҳои назоратӣ ва тадқиқотии нуқтаҳои полигонометриро ба роҳ мондан лозим аст. Сатҳи рушди пешрафти илмӣ-техникӣ тағйиротҳои куллиро дар раванди технологӣ, иҷрои корҳои муҳандисӣ-геодезӣ ҳамчунин ба таври сифатнок иҷро намудани онҳоро бо пурра истифодашавии асбобҳои андозагирии ҳозиразамон (ба воситаи тахеометр ва тарозаҳои электронии ҳисобашон нисбатан дақиқ, далномер, сканерҳои лазерӣ, воситаҳои техникаи электронии ҳисоббарор ва ғайраҳо) талаб менамояд.
Қайд кардан зарур аст, ки дар НБО “Роғун” шабакаҳои зиёди геодезии триангулятсионӣ ва полигонометрӣ сохта шудааст. Маҷмӯи шабакаҳои дар иншооти НБО-и “Роғун” буёдшаванда аз нуқтаҳои триангулятсия ва полигонометрия иборат мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар натиҷаи истифодаи ин шабакаҳо дар муддати муайян мониторинг гузаронидан лозим. Ҳадаф аз чунин мониторинг ин муайян намудани координатаҳои дақиқи онҳо дар як системаи муайян мебошад. Шабакаҳои геодезии тадқиқшуда дар раванди
корҳои омузишӣ ва барқароркунӣ дар минтақаи сохтмонӣ илман асоснок шудааст. Пунктҳои геодезие, ки дар ҳудуди ин гуна иншоотҳои муҳандисӣ ҷойгир шудаанд дар давоми рӯз, ҳафта, моҳ ва солҳо пунктҳои геодезӣ зери таҳқиқ ва омӯзиш қарор дода мешаванд.
Айни замон дар НБО “Роғун» корҳо бо як маром идома дорад. Тибқи нақша навбати аввали нерӯгоҳ, яъне агрегати якум 16 ноябри соли 2018 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Агрегати дуюм моҳи апрели соли 2019 ба истифода дода нерӯи барқи истеҳсолшуда ба системаи энергетикии кишвар интиқол дода мешавад. Бояд қайд кард, ки вобаста ба кори НБО “Роғун” оянда дар минтақа давлати мо ягона давлати тавлидгари нерӯи барқи дастрас боқӣ хоҳад монд.
Бахтовар Ғоибов-аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Заргар”
Абдусаттор Бобоев, Алим Шерзамонов, Илҳомҷон Ёқубов ва Шуҳрати Раҳматулло дар остонаи ба кор андохтани агрегати аввали НОБ-и Роғун бо ташкили як саҳнаи шармовар ва бадбӯй нишасти бебунёдашонро "мизи мудаввар" ном ниҳода, масъалаи исёни зиндони №3-и Хуҷандро, ки шаби 7 ноябр рух дод, "ҳаллу фасл" карданӣ шудаанд. Албатта, ҳадафи ин тиҳимағзон, ки яке аз дигарӣ бесаводтару ҷоҳилтар аст, ноором сохтани ҷомеа ва коҳиш додани обрӯву нуфузи ҳукумати кишвар асту бас. Аз ҷиҳати дигар, исёни сарзада дар зиндони низомаш шадиди №3-и шаҳри Хуҷанд, ки дар он ҷо аслан маҳбусони ҷинояти вазнин содиркарда бо ҷурми қатли инсон, терроризм ва истифодаву фурӯши маводи мухаддир зиндонӣ шудаанд, кори дасти ТТЭ ҲНИ мебошад. Ин ташкилоти террористӣ бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ борҳост, ки аз рӯи нақшаҳои ғаразноку пешакӣ тарҳрезишуда барои халалдор намудани оромиву суботи ҷомеаи Тоҷикистон ба амалҳои террористиву тахрибкорона даст мезананд, вале, хушбахтона, нақшаву барномаҳои ин ифротиёни наҳзатӣ аз тарафи мақомоти қудратии кишвар саривақт ошкору пешгирӣ карда мешавад.
Барои ташкили исён дар зиндони №3-и шаҳри Хуҷанд бовар аст, ки Кабирии оқибатсӯхта аз буҷети охундҳояш маблағҳои бузургеро бо баҳонаи хароҷот ба ҷайби худ зада, баъд аз барбод рафтани нақшаи палидонааш, ки ҷони чандин зиндониро бо шумули ду зиндонбон қурбон кард, барои рӯйпӯш кардани ин амалиёти номуваффақаш нишасти байналхуконаеро бо истифода аз чор лӯхтаки болозикр ташкил кардааст, то ин ки таваҷҷуҳи хоҷагонашро ба ин саҳнаи беҳунаронаи театрикунонидашуда ҷалб намояд.
Он ки ин лӯхтакони нақшофар аз ҳалокати зиндониён зимни пахш намудани исён аз тарафи гурӯҳҳои зудамали мақомоти қудратӣ бо сад "дарду алам" (аслан фитнаву найранг) сухан меронанд, кас гумон мекунад, ки ҳамаашон назди кадом як муллои беҳунари фитнагар дарси каззобиву ҳиллагарӣ омӯхтаанд, аммо на бо маҳорати том. Чунки аслан ин бевиҷдонҳо, сар карда аз устодашон Мулло Муҳиддин Ал-Файзободӣ, ба мурдани падарҳошон кор надоранд, куҷо монад марги чанд зиндонии барои ҷомеа хатарзо! Агар (мабодо он рӯз!) марги анбуҳи одамони бегуноҳ ба манфиати ин нокасон анҷом ёбад, вобаста ба қазия лаб намекушоянд.
Аз рӯзе, ки чеҳраи аслии палидони наҳзатӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон ошкор гардида, "Ҳизби наҳзати ислом" аз тарафи Додгоҳи Олии Тоҷикистон расман ташкилоти террористиву экстремистӣ ҳисобида шуд ва аъзоёни фаъоли ин гурӯҳи ифротӣ дастгиру зиндонӣ шуданд, роҳбари террористони наҳзатӣ Муҳиддин Кабирӣ ба хориҷи кишвар фирор кардааст ва чанд гумроҳу кӯтоҳбини дигарро мутеи худ сохта, пайваста бо бадномкунии миллату давлати тоҷикон машғул аст. Ин кӯрдили хиёнаткор ягон пешрафти халқу кишварро дидан наметавонад ва ҳар хабару муждаи ободиву бунёдкориҳои диёри тоҷикон ба гӯшаш мисли даъвати Ҳазрати Азроил ворид мешавад.
Матонату садоқату шуҷоати миллат барои созандагиву шукуфоии Тоҷикистон то абад қодир аст ва ҳамарӯза ба гӯши хоинони наҳзатӣ як мужда аз пешрафти ҷомеаи тоҷикон расонидан онҳоро бо пойи худашон ба маргу завол рӯбарӯ месозад.
Зинда бод Тоҷикистон, поянда бод истиқлоли меҳан, хуҷаста бод Рӯзи рӯшноӣ, ҷовидон бод миллати тоҷик бо Сарвари бунёдкору ватансозаш!
Аслиддин Шарифов
таҳлилгар
Миллати тоҷик таърихи тӯлонӣ ва густурда дошта, куҳанбунёд аст. Вай дар таърихи башарӣ нақши тамаддунофар ва созандагии худро исбот намудааст. Гузаштаи он аз қаъри ҳазорсолаҳо паёми дӯстӣ, меҳру муҳаббат, илму маориф, ақлу хирад, зиракиву заковат ва фарҳангу маданиятро ба наслҳои минбаъда мерасонад.
Тӯли таърих ба шебу фароз, муборизаҳои беамон, созандагиву бунёдкорӣ ва ба анвои давлатдорӣ дар марҳилаҳои мухталифи таърих рӯ ба рӯ гашта, аз он ҳама печу хами таърихӣ маҳз бо илму хирад ва фарҳанги созандаи хеш поку мубарро ва сарбаландона берун омадааст, ки омӯзиш ва нигариши он барои наслҳои ояндаи миллати тоҷик роҳнамои комил ва мояи таҷрибаву ибрат буда метавонад. Яъне, он танҳо барои маълумот ҳосил намудан нест. Бо таъкиди Пешвои муаззами миллат: “Омӯхтани таърих танҳо ба хотири донистани гузашта нест, балки он дурнамоест, ки роҳи ояндаи миллат ва пешомадҳои давлатиро равшан намуда, барои худогоҳии миллӣ, ваҳдату ягонагӣ ва рушди тафаккури таърихии наслҳои оянда хизмат мекунад”. Бо вуҷуди ин, агар гӯем, ки миллати тоҷик дар тӯли таърихи мавҷудияти худ чун дастоварди бузурги истиқлолият воқеаи азими дигареро шоҳид нагаштааст, шояд хато нашавад. Дарвоқеъ, истиқлолият неъмати бебаҳо, пурарзиш ва мояи ифтихору сарбаландии ҳар миллат мебошад, чунонки он ифтихори доимии мо - тоҷикон гардидааст. Акнун бештар аз 26 сол мешавад, ки тоҷикон истиқлолият доранд, яъне онҳо мустақиланд, ба давлатеву миллате дигар пойбанд нестанд, ҳуқуқи қабули қонунҳо доранд ва озоданд. Шукрона мегӯем, ки сари мо баланд аст, давлат дорем, дар ҷомеаҳои мухталиф сухан мегӯему андеша меронем ва дар кишвари худ осоишта ҳаёт ба сар мебарем.
Бояд гуфт, ки истиқлолият танҳо моро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, дар раддаи давлатҳои мустақил озоду сарбаланд накард, балки дар ҳама соҳаҳову самтҳои давлат тараққиёту пешравиҳои назаррас ба вуҷуд овард. 26 сол, гарчанде бо қиёс ба умри одам муҳлати тӯлонӣ аст, аммо дар назди таърих лаҳзаеро мемонад. Дар ин муддат Тоҷикистон нав шуд, дигар шуд, қабои ҷадид ба сар кашид. Арзишҳои бадастомадаи даврони истиқлолият кам нестанд ва ҳар яки он ба таври алоҳида таҳқиқу баррасии ҷудогонаро тақозо мекунад. Рушду устувории сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва дигар соҳаҳои муҳими ҷамъият пурра таҳаввул намуда, дар ин самтҳо дигаргуниҳои ҳамаҷониба ба назар мерасанд. Олимону муҳаққиқони тоҷик, тақрибан, дар ҳама самтҳои илм дахл намудаанд ва мекунанд ва таҳқиқу пажӯҳишҳои густурда анҷом додаанд. Ҳамасола чандин рисолаҳои номзадиву докторӣ, мақолаҳову китобҳои алоҳида рӯи кор меоянд, ки ба ин ё он соҳаи илму маориф ва ё пажӯҳиши ҷанбаъҳои ҳаёти шахсиятҳои таърихӣ бахшида шудаанд. Гарчанде вобаста ба арзишҳои даврони истиқлолият корҳо ба анҷом расидаанд, аммо, ба андешаи мо, ҳоло каманд. Мебоист, ки доир ба тараққиёти моддиву маънавӣ, дастовардҳову бунёдкориҳо ва корнамоиҳои даврони истиқлолият корҳои бузургтар анҷом ёбанд, мақолаҳову китобҳо таълиф гарданд ва пажӯҳишҳои ҳамаҷониба сурат бигиранд. Ин амал танҳо барои имрӯз нест, чун насли имрӯза шоҳиди воқеоти замон аст, худ медонад, гувоҳ аст. Аммо, он таҳқиқу баррасиҳо вобаста ба арзишҳои замони истиқлолият, бешубҳа, барои наслҳои минбаъда ва махсусан, таърихи миллати тоҷик басо муҳим ва зарурӣ мебошанд. Он таълифот ва пажӯҳишҳо дар муҳлати кӯтоҳ ба маводи таърихӣ табдил меёбанд ва барои наслҳои оянда ва дигар миллату ақвоми дунё гузаштаи миллати тоҷик ва кору пайкори абармардони онро чун оина дар пеши башар инъикос месозанд ва бозгӯ мекунанд.
Яке аз самтҳое, ки дар даврони истиқлолият тараққӣ ва такомул намуд ва то имрӯз дар радифи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун соҳаи афзалиятнок боқӣ монда, идома дорад, фарҳанги куҳан ва ғановатманди миллати тоҷик мебошад. Бешубҳа, гуфта метавонем, ки ин тараққиёт ва таҳаввулоти назаррас дар соҳаи фарҳанг пурра ба даврони истиқлолияти кишвар ва сарварии Пешвои миллат марбут мебошанд, ки зикру баррасӣ, қадр намудан ва ба ин васила ташвиқу тарғиби он аз рисолату масъулияти олимону муҳаққиқон ва фарҳангпарварони Ватан ба шумор мераванд.
Шариф КОМИЛЗОДА,
Қадриддин ИСОЕВ,
муҳаққиқон
Мақолаи аъзои Шўрои миллии ҳуқуқии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон Анвар Тураев “Куштори қатли зиндонҳо аъзои ҲНИ мебошанд” хеле бо диққат мутолиа намудем ва чун огоҳ шудем, ки ҳатто дар зиндонҳо ҷонибдорони ҲНИ дар фикри хунрезӣ мебошанд, дар ҳайрат мондем, ки онҳое, ки дар ҳизбашон вожаи муқаддаси “ислом” ҷой дорад, бо ин амал онон магар ин дини мубинро бадном намекунанд. Мо тоҷикон бо фарҳанги бузурги аҷдодиамон ифтихор дорем, ки пешиниён ба мо чунин фарҳанги волоро ба мерос мондаанд, ки дар ҷавҳари он тамаддуни ориёӣ ва исломӣ маҳфуз аст. Вале ин гурӯҳҳои ҷинояткори ба ном исломӣ бо ин амалҳои зиддиисломию зиддиинсонию зиддитоҷикии худ насли имрӯзро бадном карда, ба ояндагон мефаҳмонанд, ки мо дар радифи одамони ваҳшӣасл мансуб ҳастем.
Бозор Собир- шоире, ки аз пайи афсонаҳои пешвоёни ҲНИ рафта, гумроҳ шуд, ба Шумо курдилон моҳияти Ватанро хеле равшан ва фаҳмо мафаҳмонад:
Агар мо дарду ғам дорем,
Ватан ҳам дарду ғам дорад…
Ватан хунест, к-он дар шаҳраги хунгарди мо ҷорист…
Ватан бо мост.
Шукри обу хоку оташаш, мо низ бо ӯем.
Дар олам хоми моро оташӣ ӯ метавонад пухт,
Дар олам хушки моро метавонад оби ӯ тар кард.
Ин шеъри шоирест, ки солҳои зиёд дар зери оҳангҳои ҷаллодонаи Шумо рақсида, оқибат дарк намуд, ки шумо номи исломро баҳри ҳдафҳои нопокатон истифода менамоед ва худро канор гирифта, ба Ватан баргашт.
Вале дар шоҳрагҳои Шумо заррае ҳам хуни инсонӣ вуҷуд надорад. Бо Шумо ҳарф задан айб не, балки гуноҳест азим. Бунёди НБО-и Роғун-ро ҷаҳон эътироф намуда, онро баландтарин нерӯгоҳи обию барқӣ шинохт ва минтақаи Осиёи Миёнаро метавонад дар иқтидори худ муттаҳид созад. Вале Шумо фарзандони ин диёр миллати моро хунрезу ҷиноятпеша муаррифӣ намудед. Шуморо Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ дар назар дошта, гуфтааст:
Мусулмон фоқамасту ҷандапӯш аст,
Зи кораш ҷабраил андар хурӯш аст.
Биё тарҳи нави миллат бирезем,
Ки ин миллат ҷаҳонро бори дӯш аст.
Дигар бо номи тоҷик худро муаррифӣ нанамоед, аз Шумо ва аъмоли Шумо инсоният дар андеша мондааст. Ҳайфи вожаи муқаддаси инсонӣ, ки Шумо онро ба худ нисбат медиҳед.
Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 