ДДТТ

ДДТТ (86)

            Ба ҳамагон маълум аст, ки барои аниқу дақик муайян намудани ҳар як қазия моҳҳо ва ҳатто солҳо лозим меояд. Бинобар ин дар ҳаллу фасли қазияҳо, махсусан қазияҳое, ки характери террористиву экстремистӣ ва зиддидавлатӣ доранд, саросема шудан ҳеҷ мумкин нест.

           Дар шабакаҳои интернетӣ навиштаанд, ки санаи 4 ноябри соли равон аз тарафи кормандони КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон сокини шаҳри Ваҳдатро бо номи Суҳроб бо ҳаммаслаконаш дастгир намуданд, ки нияти тарконидани пойгоҳи низомии – 201-и Руссияро доштанд.

           Дар мақола омадааст, ки авввал хабарнигорони КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ин қазияро ьеасос ҳисобиду баъди як рўз иттилоъ дод, ки дар ҳақиқат қасди тарконидани пойгоҳи низомии 201-и Руссия воқеият будааст ва дастгиршудагон, ки шумораашон ба 12 нафар мерасанд, инро пурра тасдиқ намуданд.

          Бояд зикр кард, ки то факту далелҳои собиткунанда набошад, касеро гунаҳгор кардану нисбаташ ҷазо муайян намудан лозин ест ва ин нишонаи камтаҷрибагию саҳлангорист.

           Баъди як рўзи пурсупос маълум гардид, ки дар ҳақиқат Суҳроб ва ҳаммаслаконаш бо маслиҳати пешакӣ қасди тарконидани ин пойгоҳи низомии Руссияро намудаанду вале ба мақсадҳои нопокашон нарасидаанд. Бояд иттилоъ дод, ки Суҳроб дар ҷангҳои Ироқу Сурия иштирок доштаасту далати Руссияро «зидди дин» эътироф карда, мехостааст аз онҳо интиқом гирад. Зеро дар Сурия Давлати Руссия бар зидди мусалмонҳо гўё мубориза мебурдааст.

          Паст будани сатҳи дониши сиёсиву танг будани ҷаҳонибинии Суҳробу ҳаммаслаконаш онҳоро ба чунин ҷиноятҳои вазнин тела додааст. Агар ў ва ҳаммаслаконаш дониши хубу мукаммал ва маърифату ҷаҳонбинии баланд медоштанд, ҳеҷ гоҳ ба чунин корҳо даст намезаданд. Дар куҷо дини поку беолоиши Ислом инсонҳоро ба куштору қатл ҳидоят намудааст? Дини поки Ислом танҳо одобу ахлоқи ҳамида,  дўстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва  эҳтироми якдигариро тарѓиб менамояду халос, зеро ба қавли Малоно Ҷалолиддини Балхӣ:

Мо дар ин дунёи дурўза ҳама меҳмонем,

Боадаб бош, ки хосияти меҳмон адаб аст.

 

        Табиати инсонҳои  аъмолашон нопок ва гузаштаашон пурдоғ чунин аст, ки ҳамагуна вокуниш ва андешаронӣ дар ҷомеаро ба худ рабт дода, моҳиятан ба “девори намкаш” табдил меёбад. Ин “бузургон” ончунон ба ин “образ” медароянд, ки агар Худо накарда тавассути расонае, дар мавриди ҷинояту ҷинояткорон иттилое паҳн гардад, филфавр обсофкунакҳояшон фаъол мешаванд.

         Дурустии ин гуфтаро дар “кор”- у “пайкор”-и наҳзатиҳои террорист ба хубӣ метавон мушоҳида кард.  Далел меорам: Чанд рӯз қабл яке аз расонаҳо бобати ошкор шудани дуздии муҳоҷири тоҷик дар Вилнюс, пойтахти Литва иттилоъ пахш кард. Ин хабар, ки қаҳрамони он муҳоҷири  тоҷик арзёбӣ шудааст,  он қадр арзандаи таваҷҷуҳ набуд ва имкон дошт мисли дигар иттилоъ, бе илова шудани шармандагии нав барои наҳзатиҳо моли таърих шавад. Вале осемасар ва аблаҳона вокуниш намудани онҳо боис гардид, ки худро бори дигар хандахариш кунанд. Ба мисли қаҳрамони яке аз саҳначаҳои “Лаҳзаҳои гуворо”, ки далелаш барои “пешдастӣ намудан” пешгирии  “аз дилаш нагузаронидан”-и нафари дигар аст.

Баъд аз чанд лаҳзаи расонаӣ шудани хабари мазкур сомонаи сафсатпарокани наҳзатиҳо - “Паём нет” дар матлабе бо “сароҳат” нигошт, ки “барои дӯздӣ боздошт шудани муҳоҷири тоҷик иштибоҳ буда, ин паноҳанда айни ҳол озод карда шудааст. Ӯ ҳоло ба бошгоҳи муҳоҷирон — Пабраде баргаштааст”.

  Бино ба иттилои ин фоҳишасомона,  қазия на чуноне будааст, ки матбуоти Литва хабар додаанд. Гӯё муҳоҷири мавриди назар мастеро мебинад, ки телефонаш аз дасташ афтодааст. Муҳоҷири тоҷик телефони ӯро бардошта ба кисааш мегузорад ва ба ӯ кӯмак мекунад то бархезад. Маъмури пулис, ки ба кисааш гузоштани телефонро мушоҳида мекунад, бо гумони дуздӣ ӯро дастгир мекунад”. Иддаои аз ҳама хандаовари “Паём нет” ибораи зер аст: “Тибқи гуфтаи манбаъи Паём, телефони он маст ҳатто арзиши онро надорад, ки аз кӯча бардорӣ, чӣ расад ба дуздии он”. Дар ин маврид ба ҷуз ибораи “бидуни шарҳ” чизи дигаре ба зеҳн намеояд...

 Ҳарчанд масъулини  фоҳишасомонаи зикршуда иброз дошта буданд, ки “ҷузъиёти ҳодиса ба зудӣ нашр мешавад”, вале бо гузашти чанд рӯз дар ин маврид “муҳри хомушӣ ба лаб задаанд”.

        Минҳайси як тоҷик ба ҳеҷ ваҷҳ хоҳони он нестам, ки ба пойи ягон ҳамватани мо, хоса дар хориҷи кишвар  хоре халад. Вале бо амри виҷдон ва ҷиҳати иҷрои рисолати инсонӣ муваззафам махсус таъкид намоям, ки мақомоти зиддахле, ки дар он ба ном паноҳандагони сиёсӣ маскунанд, аз ҷумла Литва бояд дарк намоянд, ки  қисмати аъзами ба ном паноҳҷўён аслан ҷинояткору террористанд ва “ҳиҷрат”-ашон рабте ба фаъолияти сиёсӣ надошту надорад. Иддаи дигар, ки онҳо низ ба сиёсат ҳеҷ дахл надоранд бо истифода аз фурсати муносиб мехоҳанд зери чатри паноҳанда дар Аврупо маскун шаванд. Ба таъбири дигар, онҳо барои кору зиндагӣ ба Аврупо мераванд, паноҳандаи сиёсӣ нестанд ва дар Тоҷикистон ҳам нисбат ба онҳо фишор ё парвандае нест.

   Чанде қабл низ расонаҳо иттилоъ дода буданд, ки  ба ном паноҳҷӯи тоҷики 22-сола дар минтаққаи Людвигсдорф дар марзи Олмон бо Полша бо 237,5 грамм афюн ва 1,3 грамм бангдона дастгир шудааст. Лозим ба ёдоварист, ки ин ҷавон моҳи август бо визаи Литва ба Олмон омада, паноҳандагӣ хоста буд. Тафсилоти ин ҳодисаро нашрияи олмонии "Sachsische Zeitung” шарҳ дода, афзудааст, ки пулиси федеролии Олмон аз як автобуси роҳии Полша як паноҳҷӯи тоҷики 22-соларо дастгир кардаанд. Аз бағоҷи ӯ кормандони пулис 1,3 грамм бангдона ва 237,5 грамм афюн пайдо кардаанд. Ҷолиб он аст, ки ин ҷавони тоҷик ба кормандони пулиси Олмон дурӯғ гуфтааст, ки бо худ шиноснома надорад, вале ҳангоми кофтукоб шиносномаи ӯро аз бағоҷаш пайдо кардаанд. Дар ин маврид обсофкунакҳои наҳзатӣ чӣ назар дошта бошанд? Чунин далелҳо зиёданд ва мо аз оварданашон бо риояи назокатҳои инсонӣ худдорӣ мекунем...

   Далелҳои зиёд мавҷуданд, ки зери ниқоби «паноҳандаи сиёсӣ» аксар маврид нафарони ҷинояткор, амсоли  аъзои ТТЭ ҲНИ пинҳон мешаванд. Мутаассифона, баъзе кишварҳои аврупоӣ, ки сиёсати духураро меҳвар қарор додаанд, чунин вонамуд мекунанд, ки гўё  намедонанд, ки теъдоди зиёди ба ном паноҳҷўён, ба мисли роҳбарият ва аъзои ТТЭ ҲНИ ҷинояткору террористанд.

  Далели бебаҳс аст, ки раванди мазкур баъди ҳаводиси чанд сол қабл, ки боиси мамнўъ эълон гардидани ҳизби наҳзати исломӣ гардид, тавсеа ёфт. Аз ин бармеояд, ки бо бардошта шудани парда аз чеҳраи манфури масъулин ва аъзои ТТЭ ҲНИ онҳо «думро хода карда», зери ин ниқоб мехоҳанд дар дили Аврупо фаъолияти муѓризонаи хешро идома диҳанд.

Бо дарки масъулият метавон гуфт, ки наҳзатиҳои террорист, сарфи назар аз он ки дар кадом гўшаи олам қарор доранд, тарки одат карда наметавонанд. Ин ҳақиқатест, ки масъулини кишварҳои мавриди назар ва ташкилоту созмонҳои марбутаву ҳавасманд дарк намуданашон зарур ва ногузир аст!

Алиҷон Сафаров

таҳлилгари масоили сиёсӣ

Ҷумъа, 28 Декабр 2018 07:55

Ҳар ҷиноятро сазоест!

Written by

Расонаҳои наҳзатӣ дар мавриди бознигарии парвандаи иддае аз ҳаммаслакони ҷинояткорашон, ки даст ба ҷиноёти сангин зада, бо ҳукми додгоҳ ба зиндон кашида шудаанд, доду бедодро роҳандозӣ намуда, вобаста аз тавсияҳое, ки СММ дар бобати парвандаҳои мазкур пешниҳод намудааст, онҳоро ба ҳайси амри ногузир аз мақомот талаб доранд. Тайи се соли охир ҷинояткорони наҳзатии фирорӣ, ки дар хориҷи кишвар паноҳ мебаранд, бо тамоми тавони хеш кӯшиш доранд, то ҳаммаслакони худро аз адои ҳукми ҷазои барои аъмоли зиддимиллӣ ва зиддиинсонии содирнамуда гирифтаашон озод кунанд. Ҳамин аст, ки дар Аврупо ҳар рӯз як кумитае ё созмоне таъсис медиҳанд, ки бунёд ва решаву моҳияти ҳамаи онҳо наҳзатӣ ва наҳзатмаоб аст.

Бо ин роҳ мехоҳанд назди созмонҳо ва кишварҳои ҷаҳон нишон диҳанд, ки то чӣ андоза мухолифини ҳукумати Тоҷикистон ва норозиёни сиёсӣ зиёданд. Аммо ин амали тақаллубии онҳо дар ҳама ҷо аз офтоб равшантар аст.

Аз ин ҷост, ки талаботи масъулини ин гурӯҳ дар доираи хостҳои наҳзатӣ маҳдуд гардида, ҷиҳати ҳамовозӣ пайдо кардан ба сатҳҳои дигари муҳоҷирӣ бароварда мешаванд.

Расонаҳои ифротии ТТЭ ҲНИ чанд наҳзатии ҷинояткор ва хоинро ҳамчун мусичаи бегуноҳ унвон карда, онҳоро ба сифати зиндонии сиёсӣ ном мебаранд. Дар асл, ин тоифаи ба ном зиндониёни сиёсӣ, ба сиёсат рабте надоранд, онҳо ҷиноят содир карда, тибқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида шудаанду халос. Масалан, чанд нафари онҳо бо ҷурми иштирок дар кӯшиши табаддулоти давлатӣ,  бо гуноҳи терроризму ифротгароӣ маҳкум гардидаанд. Баъзеи дигарашон ҷиноятҳои хусусияти иқтисодидошта содир карда, ба маҳбас кашида шудаанд.

Гуноҳи ҳамаи онҳо бо далелҳои раднопазир исбот гардида, бо қарори Суд ҷазо гирифтаанд. Маъмулан, ҷинояткорро дар ҳар кишвари дигаре ва дар ҳар давру замон ба ҷавобгарӣ мекашанд. Ягон ҷойи ҳайронию воҳима надорад. Ва ТТЭ ҲНИ ҳам ягон хел ҳизби мухолифи сиёсӣ нест, балки ташкилоти террористӣ - экстремистӣ мебошад.

Инро мақомот бо санаду далелҳо исбот кардааст ва қарори Суди Олии кишвар дар ин маврид судур гардидааст. Танҳо бахшидани ин нафароне, ки ҷиноят содир намудаанд, дар доираи қонуни авф имконпазир аст. Дар дигар ҳолат ҷинояткор бояд дар доираи қонун ва ҳукми додгоҳ адои ҷазоро анҷом диҳад.

 

      Баъд аз огаҳӣ ёфтанамон аз вазъияти шаҳри Хоруғ, ки шаби 4-ум ба 5-уми ноябри соли ҷорӣ ба миён омадааст,  беихтиёр байти Соиб вирди забон шуд, ки мегӯяд:

Ҳар кӣ по каҷ мениҳад, хуни дил мо мехӯрем,

Шишаи номуси олам дар бағал дорем мо.

Дар баробари оромиву осудагие, ки дар кишвар барқарор гардиду миллати тоҷик дар арафаи чорабинии муҳими сиёсиву иқтисодӣ – ба истифода додани агрегати аввалини Нерӯгоҳи барқии обии Роғун қарор доранд, амали ноҷавонмардонаи як гурӯҳ ҷавонони гумроҳи вилояти Бадахшонро бо саврарии Хурсанд Мазоров – яке аз лидерони ғайрирасимии ин вилоят чӣ гуна метавон хулосагирӣ кардҳ!

Воқеан ҳам, ба ҷуз хиёнат ва носипосӣ ба халқу миллат ва ношукрӣ чӣ ҳам метавон гуфт! Дар кишвар ҳама бояд ғуломи қонун бошанд ва махсусан раҳбарони вилояту ноҳияҳо барои беҳбудии аҳолӣ ва оромии он кӯшиш намоянд. Бо ин мақсад раҳбарони аввали вилоят иваз ва назорти қонунҳои амалкунанда аз ҷониби ситоди байниидоравии амният бештар гардид.

Ин амали хайру савоб ба гурӯҳе, ки корашон қоҷоқи ҳар гуна мавод, аз ҷумла мухаддир ва яроқу аслиҳа аст, писанд наафтод. Вагарна дар иттилои шабакаи маҷозӣ – интернетӣ сабт ёфта, ки «дар марзи Афғонистон ҳоло миқдори зиёди маводи мухаддир ва силоҳ ҷамъ шудааст ва посгоҳи мавҷуда як монеаи асосӣ дар роҳи кочоқи он ба шаҳри Хоруғ гардидаанд». Ба таъбири дигар, он носипосон намехоҳанд, ки ғуломи қонун бошанд. аз ин рӯ бо ҳар баҳона мехоҳанд аз рӯи мақоли «худам - шоҳу табъам - вазир» амал намоянд. Вале ба ин бехабарону ноогоҳон бояд бо мақол гуфт, ки Шумо, ҷанобон, тушбераро хом шуморидед! Тоҷикистон давлате нест, ки солҳои 90-уми садаи гузашта буд. Имрӯз на танҳо худро ҳимоят мекунад, балки барои амну осоиштагии кишвар ҷон ба каф мубориза ҳам бурда метавонад. Инро хуб донед ва аз хотир фаромӯш накунед!

Ҳайфи он ҷавонон, ки ба ваъдаҳои бардурӯғи «хоҷа»-ҳои дохиливу хориҷӣ дода шуда, ҷавонии худро на сарфи хондану илм омӯхтан, балки сарсониву оворагардӣ мекунанд. Ҷавонон, бояд донову огоҳ бошед, ки таърих собит сохтааст ва бузргони мо ин шаҳодати таърихро ба назм кашидаанд, ки омӯзанда аст:

 

 

Табиати инсонҳои  аъмолашон нопок ва гузаштаашон пурдоғ чунин аст, ки ҳамагуна вокуниш ва андешаронӣ дар ҷомеаро ба худ рабт дода, моҳиятан ба “девори намкаш” табдил меёбад. Ин “бузургон” ончунон ба ин “образ” медароянд, ки агар Худо накарда тавассути расонае, дар мавриди ҷинояту ҷинояткорон иттилое паҳн гардад, филфавр обсофкунакҳояшон фаъол мешаванд.

   Дурустии ин гуфтаро дар “кор”- у “пайкор”-и наҳзатиҳои террорист ба хубӣ метавон мушоҳида кард.  Далел меорам: Чанд рӯз қабл яке аз расонаҳо бобати ошкор шудани дуздии муҳоҷири тоҷик дар Вилнюс, пойтахти Литва иттилоъ пахш кард. Ин хабар, ки қаҳрамони он муҳоҷири  тоҷик арзёбӣ шудааст,  он қадр арзандаи таваҷҷуҳ набуд ва имкон дошт мисли дигар иттилоъ, бе илова шудани шармандагии нав барои наҳзатиҳо моли таърих шавад. Вале осемасар ва аблаҳона вокуниш намудани онҳо боис гардид, ки худро бори дигар хандахариш кунанд. Ба мисли қаҳрамони яке аз саҳначаҳои “Лаҳзаҳои гуворо”, ки далелаш барои “пешдастӣ намудан” пешгирии  “аз дилаш нагузаронидан”-и нафари дигар аст.

Баъд аз чанд лаҳзаи расонаӣ шудани хабари мазкур сомонаи сафсатпарокани наҳзатиҳо - “Паём нет” дар матлабе бо “сароҳат” нигошт, ки “барои дӯздӣ боздошт шудани муҳоҷири тоҷик иштибоҳ буда, ин паноҳанда айни ҳол озод карда шудааст. Ӯ ҳоло ба бошгоҳи муҳоҷирон — Пабраде баргаштааст”.

  Бино ба иттилои ин фоҳишасомона,  қазия на чуноне будааст, ки матбуоти Литва хабар додаанд. Гӯё муҳоҷири мавриди назар мастеро мебинад, ки телефонаш аз дасташ афтодааст. Муҳоҷири тоҷик телефони ӯро бардошта ба кисааш мегузорад ва ба ӯ кӯмак мекунад то бархезад. Маъмури пулис, ки ба кисааш гузоштани телефонро мушоҳида мекунад, бо гумони дуздӣ ӯро дастгир мекунад”. Иддаои аз ҳама хандаовари “Паём нет” ибораи зер аст: “Тибқи гуфтаи манбаъи Паём, телефони он маст ҳатто арзиши онро надорад, ки аз кӯча бардорӣ, чӣ расад ба дуздии он”. Дар ин маврид ба ҷуз ибораи “бидуни шарҳ” чизи дигаре ба зеҳн намеояд...

 Ҳарчанд масъулини  фоҳишасомонаи зикршуда иброз дошта буданд, ки “ҷузъиёти ҳодиса ба зудӣ нашр мешавад”, вале бо гузашти чанд рӯз дар ин маврид “муҳри хомушӣ ба лаб задаанд”.

   Минҳайси як тоҷик ба ҳеҷ ваҷҳ хоҳони он нестам, ки ба пойи ягон ҳамватани мо, хоса дар хориҷи кишвар  хоре халад. Вале бо амри виҷдон ва ҷиҳати иҷрои рисолати инсонӣ муваззафам махсус таъкид намоям, ки мақомоти зиддахле, ки дар он ба ном паноҳандагони сиёсӣ маскунанд, аз ҷумла Литва бояд дарк намоянд, ки  қисмати аъзами ба ном паноҳҷўён аслан ҷинояткору террористанд ва “ҳиҷрат”-ашон рабте ба фаъолияти сиёсӣ надошту надорад. Иддаи дигар, ки онҳо низ ба сиёсат ҳеҷ дахл надоранд бо истифода аз фурсати муносиб мехоҳанд зери чатри паноҳанда дар Аврупо маскун шаванд. Ба таъбири дигар, онҳо барои кору зиндагӣ ба Аврупо мераванд, паноҳандаи сиёсӣ нестанд ва дар Тоҷикистон ҳам нисбат ба онҳо фишор ё парвандае нест.

   Чанде қабл низ расонаҳо иттилоъ дода буданд, ки  ба ном паноҳҷӯи тоҷики 22-сола дар минтаққаи Людвигсдорф дар марзи Олмон бо Полша бо 237,5 грамм афюн ва 1,3 грамм бангдона дастгир шудааст. Лозим ба ёдоварист, ки ин ҷавон моҳи август бо визаи Литва ба Олмон омада, паноҳандагӣ хоста буд. Тафсилоти ин ҳодисаро нашрияи олмонии "Sachsische Zeitung” шарҳ дода, афзудааст, ки пулиси федеролии Олмон аз як автобуси роҳии Полша як паноҳҷӯи тоҷики 22-соларо дастгир кардаанд. Аз бағоҷи ӯ кормандони пулис 1,3 грамм бангдона ва 237,5 грамм афюн пайдо кардаанд. Ҷолиб он аст, ки ин ҷавони тоҷик ба кормандони пулиси Олмон дурӯғ гуфтааст, ки бо худ шиноснома надорад, вале ҳангоми кофтукоб шиносномаи ӯро аз бағоҷаш пайдо кардаанд. Дар ин маврид обсофкунакҳои наҳзатӣ чӣ назар дошта бошанд? Чунин далелҳо зиёданд ва мо аз оварданашон бо риояи назокатҳои инсонӣ худдорӣ мекунем...

   Далелҳои зиёд мавҷуданд, ки зери ниқоби «паноҳандаи сиёсӣ» аксар маврид нафарони ҷинояткор, амсоли  аъзои ТТЭ ҲНИ пинҳон мешаванд. Мутаассифона, баъзе кишварҳои аврупоӣ, ки сиёсати духураро меҳвар қарор додаанд, чунин вонамуд мекунанд, ки гўё  намедонанд, ки теъдоди зиёди ба ном паноҳҷўён, ба мисли роҳбарият ва аъзои ТТЭ ҲНИ ҷинояткору террористанд.

  Далели бебаҳс аст, ки раванди мазкур баъди ҳаводиси чанд сол қабл, ки боиси мамнўъ эълон гардидани ҳизби наҳзати исломӣ гардид, тавсеа ёфт. Аз ин бармеояд, ки бо бардошта шудани парда аз чеҳраи манфури масъулин ва аъзои ТТЭ ҲНИ онҳо «думро хода карда», зери ин ниқоб мехоҳанд дар дили Аврупо фаъолияти муѓризонаи хешро идома диҳанд.

Бо дарки масъулият метавон гуфт, ки наҳзатиҳои террорист, сарфи назар аз он ки дар кадом гўшаи олам қарор доранд, тарки одат карда наметавонанд. Ин ҳақиқатест, ки масъулини кишварҳои мавриди назар ва ташкилоту созмонҳои марбутаву ҳавасманд дарк намуданашон зарур ва ногузир аст!

    Яке аз мушкилиҳое, ки имрӯз ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст  ин терроризм мебошад.  Гурӯҳҳои ҷиноятӣ барои ба ҳадафҳои нопоки сиёсӣ расидан ба эътиқоди динии шахсони зудбовар таъсир расонида, онҳоро бовар кунониданӣ  мешаванд, ки сиёсати давлатдории ҷаҳони имрӯза бар зидди ақидаҳои динӣ амал мекунанд. Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд аз аҳкоми дини мубини ислом истифода бурда, ба ҳадафҳои нопоки худ ноил гарданд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки қурбони аксари ҷиноятҳои террористӣ дар минтақаҳои гуногуни олам ҷавонон мебошанд. Аз ин рӯ, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, мақсад ва сабаби пайдоиш ва афкори терроризмро биёмӯзанд ва барои бартараф намудани он кӯшиш намоянд, то ба сулҳ, ваҳдат, амният ва зиндагии шоистаи кишвар халал ворид нанамоянд . 

Дар замони муосир, ки илму техника асоси пешрафти ҷомеаро ташкил медиҳанд ва ҷавонон ба он дастёбӣ доранд, онҳоро зарур аст, ки пойбанди расму оинҳои  хурофотӣ нашуда, кӯшиш намоянд, то ҳамқадами замон бошанд ва аз дастовардҳои илмию техникӣ огоҳ гардида, ҷаҳонбинии худро васеъ  намоянд. Талошҳои ҷавонони имрӯзаи мо ҷиҳати иштироки фаъолона дар рушду нумӯи  кишвари азизамон бовар ба он месозад, ки онҳо бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ тамоми нерӯи ақлонии худро дар оянда низ барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ва устувор гардонидани мавқеи он дар қатори кишварҳои пешрафта сафарбар менамоянд.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ бо назардошти рӯйдодҳои сиёсии солҳои ахир ва ба хотири ҳимоят аз ҳадафу ва манфиатҳои миллӣ дар тамоми кишварҳо бар муқобили ин падидаи номатлуб даст ба муборизаҳои беамон бурда   ҷавононро зарур аст, ки дастаҷамона аз як гиребон сар бароварда, сиёсати пешгирифтаи имрӯзаи Ҳукумати мамлакатро  ҷонибдорӣ намуда, барои решакан намудани тухми палиди ифротгароӣ камари ҳиммат банданд.

 

Ҳасанова Моҳира-мутахассис

       Боиси ифтихор аст, ки ҳамасола санаи 16-уми ноябр дар саросари кишвар ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Маҳз иродаи мардум ва меҳру садоқат ба хизматҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки мардуми шарафманди кишвар аҳамияти калидии ин ниҳоди давлатиро дар ҳифзу тараққии давлатдории миллӣ дарк намуда, ин рӯзро ба хотири қадрдонию сипос ба тамоми он арзишҳои баланди давлатию миллӣ ва шаҳрвандие ҷашн мегиранд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионии онҳо фаъолият мекунад. Аз ин рӯ, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни ҳар як шаҳрванди худшиносу ватандӯст ва ҷашни ҳар як сокини озоду осудаи Тоҷикистони азиз мебошад. Таърих нишон медиҳад, ки ҳама гуна ҷомеа,  ниёз ба роҳбари хирадманду оқил, доною тавоно дорад. Ҳамчунин дар оилае, ки сарвари он инсони оқилу ҳушманд аст, фарзандон инсондӯсту меҳнатқарину боодоб тарбия меёбанд, кишваре, ки бар садри худ роҳбари доною хирадманду дурандеш дорад, дар он кишвар адолати ҳақиқӣ барқарор ва пойдор мемонад. Таърих гувоҳ аст, ки оғози ба даст омадани Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистонро ҷанги таҳмилӣ фаро гирифта, озмоишҳои азим вобаста ба қатъ гардидани робитаҳои хоҷагӣ байни корхонаҳо, аз даст додани бозорҳои анъанавии фурӯш, камбудии ҷиддии захираҳои молиявӣ, муқовимати сиёсию ҷанги шаҳрвандӣ, набудани волоияти қонун ва муборизаи қувваҳои гуногуни сиёсӣ вазъи сиёсию иқтисодии мамлакатро мураккаб ва гузаронидани ислоҳоти иқтисодиро имконнопазир намуда, ба иқтисодиёти кишвар зарари калон расонид, ки бештар аз 10 млрд. доллари амрикоӣ баҳогузорӣ мешавад.  

      Бояд гуфт, ки нақши шахсият муҳимтарин нукта дар мавҷуд будани худи шахсият аст, ки дорои чунин сифатҳои дар боло зикршуда мебошад. Зеро таърих гувоҳ аст, ки кишварҳое дар даврони мушкилоташон ё ҷангу кашмакашиҳо бо надоштани роҳбари доною шуҷоъ раҳгумзадаанд, то кунун дар гирдоби ҷанганд ё тамоман ба нобудӣ расидаанд. Аз ин нуқтаи назар, дар печидатарину ҳассостарин лаҳзае аз таърихи давлатдории тоҷик ба майдони сиёсат ворид шудани Эмомалӣ Раҳмон барои миллати мо ҳадяи тақдир ва муваффақияти хоссест. Зеро бо шарофати хиради азалӣ, бебокии сиёсӣ, иродаи матин, вижагиҳои ахлоқӣ ва истеъдоди фардии ӯ Тоҷикистон аз хатари пора шудану ба нобудӣ

расидан раҳо гашт ва дар кӯтоҳтарин муддати таърихӣ тамоми вижагиҳои давлати мустақил ва устувортарин низоми сиёсиро соҳиб гардид.  

          Имрӯз Тоҷикистон на танҳо дар ҳалли масъалаҳои дохилӣ, балки бо пешниҳодҳои ҷолиб ва таҷрибаи кории Пешвои миллат дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ саҳмгузор аст. Аз ҷумла иқдоми дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфташудаи Тоҷикистон дар масъалаҳои ҳалталаби об ва қабули қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид, инчунин омӯзиши сулҳу ваҳдати тоҷикон ва истифодаи ин таҷриба дар кишварҳои ҷангзада ва пешниҳоду ҳушдории ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба терроризм ва экстремизм, ки имрӯз ҳамчун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст.

         Имсол низ таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кушодашавии чархи аввали НБО Роғун рост омада, яке аз ҳадафҳои стратегияи давлатӣ расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ амалӣ  гардид. Ҳиммати волои Пешвои миллат ва иродаи мустаҳками халқи тоҷик буд, ки ин лоиҳа ба ҳақиқат табдил ёфта, Тоҷикистон ба маъвои нур мубаддал гардидааст. Бо бунёди ин неругоҳи пуриқтидор мо ба ҷаҳониён пайғоме аз нуру равшанӣ дода, ҳамватанони худро ба раҳоӣ аз асорати торикию бебарқӣ башорат медиҳем ва ҳамсоягони худро мутмаин месозем, ки дар ояндаи наздик мо минтақаро бо неруи барқи сабзи арзон таъмин  хоњем намуд.

        

Шукрулло Хайрзода-Раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Молия ва иқтисод”ҲХДТ дар ноҳияи Сино 

 

     Мавриди зикри хос аст, ки истиқлолияти давлатӣ, ки барои Тоҷикистони азизи мо дар солҳои охири асри бистум насиб гардид, пас аз ҳазору сад соли давлати Сомониён як қатор бархўрду душвориҳоро пешорўи кишвари мо гузошт. Дар чунин лаҳзаҳои нобасомон ва авҷи ноумедиҳо Ичлосияи таърихӣ ва тақдирсоз 16 - уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, ки дар он шахси бузургу матинирода ва раҳнамои миллати тоҷик муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон роҳбари нави кишвар интихоб гардид. Аз рўзҳои аввали сарвариаш ба хотири гирифтани пеши роҳи хунрезӣ, баргардонидани гурезаҳо, барпо кардани сулҳу салоҳ ва осоиштагии мардум гунаҳкоронро бахшид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди 23 рўзи савганди таърихиаш моҳи декабри соли 1992, дар Муроҷиатнома ба халқи шарифи Тоҷикистон гуфта буд: «Бародарон ва хоҳарони азиз! Ҳамватанони муҳтарам! Ман барои ҳар яки Шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати Шумо, ки ворисону фарзандони барўманди тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфоии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин муқаддас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азиаткашидаам бовар дорам»

Пешвои миллат на танҳо ба ин қасамаш содиқ буд, балки барои иҷрои он фидокорона кўшиш ба харҷ дод, Ў вазифаи муқаддаси худро хеҷгоҳ фаромўш насохт. Ў ҳамчун Сарвари давлат то расидан ба ваҳдати миллӣ оромиро эҳсос намекард, рўҳаш барои зиндагии нотинҷи кишвар, сўхтану бетартибиҳои яроқбадастон азият мекашиду қалбаш ба аҳволи мардуми фирорӣ месўхт. Дар чунин як ҳолати тоқатфарсо пайваста ба мардуми фирорӣ мегуфт: «Ҳамдиёрони азиз, ба Ватан баргардед! Ба Шумо кўҳи тилло ваъда намедиҳам, аммо як пораи ноне, ки дорем бо ҳам мехўрем» Ҳамин самимият ва муҳаббат буд, ки як миллон гуреза ва муҳоҷири иҷборӣ ба ҷои зисти аввала баргардонида шуд, 36 000 хонаи пурра ва ё қисман харобгашта, дар як муддати кўтоҳ пурра барқарор гардид.

     Ба ҳамагон маълум аст, ки солҳои 90-уми қарни XX саросари кишварро бўҳрони шадиди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ фаро гирифта, ҳокимияти давлатӣ ва шохаҳои он фалаҷ гашта буд. Ҷумҳуриро хавфи парокандагӣ ва аз байн рафтани миллат таҳдид мекард. Он солҳо рўзҳои мудҳиштарин тоҷику Тоҷикистониёнро ба ваҳму таҳлука андохта буд. Сабабҳои асосии ин ҷангҳои хонумонсўзу бародаркуш, маҳалгароӣ, мансабталошӣ, фирефта шудани ҷавонони бетаҷрибаи ҳаётнадида, ки ба суханони хоҷагони зархариди беруна бовар карда, ба даст яроқ гирифта будаанд. Онҳоро душманони миллати тоҷик бо яроқу аслиҳаҳо, маводу маблағҳо таъмин мекарданд, то ин ки Тоҷикистонро ба харобазор табдил диҳанд

       Бо сарварии Ҷаноби Олӣ, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ислоҳоти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат ва ташаккули муносибатҳои нави иқтисодиро вазифаи асосӣ эълон намуда, рушди босуботи иқтисодӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар таъмин карда шуд.

      Ба ислоҳоти амиқи иқтисодиву иҷтимоӣ густариш бахшида, ба таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар заминаҳои мустаҳкам гузошта шуд. Солҳои охир дар мамлакат як қатор нерўгоҳи хурду миёнаи барқи обӣ, хатҳои баландшиддати интиқоли барқ бунёд гардид, ки яке аз намунаҳои олии он бунёди иншооти аср — НБО-и «Роғун» мебошад. Ин ормони миллие, ки тайи чандин даҳсолаҳо фақат орзу буд, имрӯз ба воқеияти аслӣ табдил гардид. Воқеан ҳам, бунёди ин Кохи нур шаҳодати ҳамдилии Пешвои миллат бо ҷонибдорӣ аз неруи тавонову созандаи мардуми сарбаландаш мебошад, ки дастоварду муваффақиятҳоро дар самти амалӣ намудани ҳадафҳои стратегӣ таъмин хоҳад намуд.

     Тавассути кўшишу талошҳои пайваста ва пешниҳодҳои Сардори давлат вобаста ба проблемаҳои глобалӣ Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ соҳиби эътибору нуфузи баланд гардид. Ҷаноби Олӣ, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ ва дар иҷлосияҳои он раисӣ намуда, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро натанҳо ба масъалаҳои Тоҷикистон, балки ба проблемаҳои умумиҷаҳонӣ, аз ҷумла, бо пешниҳоди Пешвои миллат Созмони Милали Муттаҳид соли 2003-юмро «Соли байналхалқии оби тоза» ва солҳои 2005-2015-ро даҳсолаи «Об барои ҳаёт» ва ниҳоят солҳои 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» эълон кард.

Бо итминони комил метавон афзуд, ки воқеан ҳам, миллате, ки Пешвояш чун Эмомалӣ Раҳмон асоси бунёдгузори Кохи ваҳдату дўстӣ ва сафобахшандаи нуру зиё бошад аз корнамоии роҳи тайкардааш, ҳамчун абармарди сиёсатмадори олам ҳам ифтихору сарфарози мебояд кард.

 

МУРОДОВ ҶЎРАБЕК ҚУРБОНАЛИЕВИЧ - Роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе

Раҳмон "Роғун"-ро бо номи Худо фаъол сохту бо танга имтиҳон кард 18:22 16.11.2018 https://sputnik-tj.com/
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар пайи фаъолсозии чархаи аввали нерӯгоҳи "Роғун" муназзам будани кори онро бо истифодаи танга санҷид

 

 

Минбари ҳизби террорист «паём.нет», ки дар яке аз кишварҳои назди соҳили Балтика фаъолият мебарад, санаи 22.11.2018с. бо иқтибос ба ниҳоди озодиҳои ИМА изҳори шодӣ кардааст, ки Тоҷикистонро дар «листи сиёҳи ин ниҳод» ҷой кардаанд. Ҳизбе ки   тавони сиёсиаш дар маҳдудаи сомонаи «паём.нет» олуда шудааст. Ин ҳам бинобар нафспарастии наҳзатиҳо ва беибо хурдани сармояи байтулмол аз ҷониби раҳбарият ва раёсати ба ном шурои олии ин ҳизб, ки ба таври истисноӣ хурофотзадаанд, мебошад. Ин даъвоҳои наҳзатиҳои ғоиб, ҳарзагӯй ва ботилро чунин рад мекунем:

Страница 3 из 7

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top