5-уми декабри соли 2017 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон расми кушодашавии Спартакиадаи ноҳиявӣ дар байни муассисаҳои олии касбӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Фирдавсӣ аз рȳи 5 намуди варзиш – шоҳмот, теннис, гȳштӣ, футбол ва волейбол баргузор гардид.
Дар спартакиадаи мазкур дастаи донишҷȳёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар ҳайати 25 нафар ширкат меварзанд. Сабқатҳои варзишӣ дар Спартакиада то 18-уми декабри соли 2017 идома меёбанд ва ба ғолибон аз ҷониби бахши кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ туҳфаҳо супорида мешавад.
шуъбаи робита бо ҷомеа