Бо ташаббуси шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ санаи 30-юми ноябри соли 2017 ба шарафи Рȳзи байналмилалии ризокорон ва Соли ҷавонон мизи мудаввар дар мавзȳи «Фаъолияти ризокорӣ ва рушди он дар миёни ҷавонон» баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ-методӣ, дотсент Толибов Қобил Қосимович, сардори гурȳҳи ҷавонони «Авангард»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатов Мардихудо, сардори «Клуби ризокорони»-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҷумҳурии Тоҷикистон Урунов Амирҷон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Муовини аввали ректор бо суханони муқаддимавӣ қайд намуданд, ки фаъолияти ризокорӣ – фаъолиятест, ки шакли кор ва хизматрасонӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар самти беҳдошти вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва маънавии давлату ҷомеа ба амал бароварда мешавад.
Ризокор ин шахси воқеие мебошад, ки ихтиёран ва бо интихоби озод вақт, кор ва малакаи худро бемузд ва ё ҷуброни хароҷот бевосита ва ё ба воситаи ташкилотҳои ҷалбкунанда ба манфиати ҷомеа пешниҳод менамояд.
Аз ҷониби масъулин пешниҳод гардид, ки минбаъд дар донишгоҳ маҳфили ризокорон созмон дода шавад ва намояндагони он дар тамоми чорабиниҳои донишгоҳӣ, ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ иштироки фаъолона намоянд.
Сипас аз рȳи барнома Давлатов Мардихудо ва Урунов Амирҷон оид ба мақсаду ҳадафҳои гурȳҳи «Авангард» ва «Клуби ризокорон» сухаронӣ намуда, тамоми ҷавонони фаъоли донишгоҳро барои боз ҳам баланд бурдани сатҳи донишу маърифати худ, эҳсоси ватандустӣ, меҳанпарастӣ, рафтори намунавӣ ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои фарҳангӣ, илмӣ, варзишю оммавӣ даъват намуданд.
Хонандаи синфи 11-и литсеи назди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Ҳикматова Шахноза гирандаи идрори президентӣ, узви фаъоли «Клуби ризокорон»-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар мавзȳи «Ризокорӣ шараф аст» суханронӣ кард.
Донишҷȳёни фаъоли донишгоҳ Қодиров Фирȳз, Тȳраева Шаҳло ва Алихонов Фаридун низ дар мавзȳҳои вобаста ба фаъолияти ризокорӣ суханронӣ намуданд.
шуъбаи робита бо ҷомеа