Рузҳои 13.11.2017 - 17.11.2017 дар доираи лоиҳаи Эразмус+ KA2 “PAWER” 574099-EPP-1-2016-1-IT-EPPKA2-CBHE-JP дар Донишгоҳи табиатшиносии шаҳри Вротслави Ҷумҳурии Лаҳистон семинар-трейнинг баргузор гардид. Дар семинар - тренинги мазкур намояндагони 13 донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва Аврупо: Итолиё, Бритониёи Кабир, Ҷумҳурии Лаҳистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ȳзбекистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғистон ва, ҳамчунин, намояндагони Қафқоз, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Мардумии Муғулистон ширкат варзиданд. Мақсади семинар-трейнинг - омода намудани мутахассисон оид ба татбиқ ва мукаммалгардонии низоми кредитии таҳсилот мутобиқи раванди Болония маҳсуб меёфт.
Дар семинар аз ҷониби иштирокчиёни лоиҳа маърȳзаҳои гуногун пешниҳод гардида, масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:
- ба роҳ мондани мубодилаи байниминтақавӣ ва таъмини сифати таълим;
- бартаф намудани масоили эътирофи кредитҳои азхуданамудаи донишҷȳён ва устодон;
- байналмилаликунонии низоми Болония ва нақши он дар пешрафти таҳсилоти байналмилалӣ;
- услуби таҳияи ҳисобот дар асоси тадқиқоти гурȳҳи кории лоиҳа;
- ташкил намудани ҳамкориҳои нави стратегӣ бо донишгоҳҳои иштирокчиёни лоиҳа дар доираи барномаи Эразмус+ КА1 ва КА2 оид ба табодули донишҷȳён ва устодон (International Credit Mobility Program & Capacity Building Program).
Аз ҷониби мутахассиси пешбари назорати раванди таълими шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ Сангинов Фаррух маърȳза дар мавзȳи «Таҷрибаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон оид ба табодули донишҷȳён ва устодон дар доираи барномаи Эразмус+ КА1» пешниҳод карда шуд.
Дар анҷоми семинар иштироккунадагон бо сертификатҳои лоиҳаи номбурда сарфароз гардонида шуданд.
шуъбаи робита бо ҷомеа