Иншои озод ба ифтихори Рȳзи Президент

Бинанда: 4150 | Санаи нашр: 09 Ноябр 2017

Санаи 9-уми ноябри соли равон дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқ бо саъю кȳшиш ва эҳтимоми садорати факултети мазкур ба ифтихори таҷлили Рȳзи Президент мутобиқ ба 16-уми ноябр бо иштироки донишҷȳёни курсҳои 1-уму 2-юм иншои озод гузаронида шуд. Ҳангоми навиштани иншои озод дар мавзȳъҳои гуногун донишҷȳён қобилияту ҳунари эҷодкорӣ, донишҳои андȳхта, китобати дурусти аломатҳои грамматикию вожаю ибораҳо ва сатҳу савияи забондонии худро озмудаанд.

Дар ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо забони тоҷикӣ бо сифати забони давлатӣ мақому манзалати бузургу баландеро касб кардааст ва, аз ин рȳ, дар сатҳи хубу аъло донистани забони давлатӣ, дурусту бехато навиштан ба ин забони шеваю ширину гуворо талаби давру замон аст.

Муҳаммад Иқбол дар ситоиши забони ноби тоҷикӣ (дарӣ, форсӣ) фармудаанд:

Гарчӣ ҳиндӣ дар узубат шакар аст,
Тарзи гуфтори дарӣ ширинтар аст.

шуъбаи робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top