Аз 10-ум то 23-юми апрели соли равон, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли ҷавонон эълон шудааст, дар шаҳри Абу-Дабии Аморати Муттаҳидаи Араб Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷиу-ҷитсу дар байни ҷавонон баргузор гардид. Дар ин сабқати ҷаҳонӣ дастаи мунтахаби Федератсияи миллии ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон дар ҳайати 15 нафар варзишгар, 1-нафар мураббӣ ва роҳбари федератсияи мазкур, устоди Донишгоҳи далвтаии тиҷорати Тоҷикистон Давлатов Алиҷон ширкат варзиданд ва сазовори 3 медали тилло, 3 медали нуқра ва 2 медали биринҷӣ гардиданд. Аз байни ин 15 нафар варзишгар Сабуров Мансурҷон, Тураева Фотима, Ибодов Ибодулло ҷои 1-ум, Ҳукматов Саидшоҳ, Абдураҳмонов Шамсиддин, Бобокалонов Мирзомуҳаммад ҷои 2-юм, Муҳаммади Сафиаллоҳ ва Раҳимов Абдураҳим ҷои 3-юмро ишғол намуданд.