Санаи 02-и апрели соли 2017 вобаста ба эълон гардидани 150 рȳзи ободонӣ ва тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист дар пойтахти кишвар бо ташаббуси садорати факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқ ҳашари ниҳолшинонӣ баргузор гардид, ки дар он устодон ва донишҷȳписарон ва донишҷȳдухтарон фаъолона ширкат варзида, ба шинондани дарахтони мевадиҳанда, ба монанди себ ,олу, зардолу, нок, гелос, хурмо ва тозаю озода намудани саҳни донишгоҳ саҳми муносиби хешро гузоштанд.
Бо ташаббуси донишҷȳёни факултет беш аз 46 дарахти мевадиҳанда дар боғи донишгоҳ шинонда шуд.