Ба ифтихори 22-юмин солгарди Конститутсия

Бинанда: 2129 | Санаи нашр: 14 Ноябр 2016

Аз 29-уми сентябр то 3-юми ноябри соли ҷорӣ бахшида ба 24-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти Ҷоми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ин мусобиқа 24 даста аз коллеҷҳо ва донишкадаю донишгоҳҳои шаҳри Душанбе ва 2 даста аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Дастаи футболи устодони донишгоҳ (ДДТТ) дар гурȳҳи "С" бо футболбозони дастаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон-2, Коллеҷи омȳзгорӣ, Коллеҷи тарбияи ҷисмонӣ ва Донишгоҳи технологии Тоҷикистон қувваозмоӣ намуданд.

Футболбозони донишгоҳ дастаи Коллеҷи техникиро бо ҳисоби 6 бар 3, Коллеҷи тарбияи ҷисмониро бо ҳисоби 6 бар 4, Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро бо ҳисоби 10 бар 6 мағлуб намуда, ду бозии дигарро бо дастаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон - 2 бо ҳисоби 7 бар 12 ва Коллеҷи омȳзгорӣ бо ҳисоби 5 бар 6 бохтанд ва ба даври 1/8 финал роҳхат гирифтанд.

Онҳо дар ин давр футболбозони дастаи Донишгоҳи давлатии омȳзгории Тоҷикистон-ро бо ҳисоби 7 бар 6 мағлуб намуда ба даври 1/4 финал ҳуқуқ пайдо карданд. Вале дар ин давр кори футболбозони донишгоҳ омад накард ва бозиро бо футболбозони дастаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон -1 бо ҳисоби 4 бар 6 бохта, аз ҳуқуқи давом додани мусобиқа маҳрум шуданд.

Албатта, то ба 1/4 финал роҳ ёфтани дастаи футболи донишгоҳ муваффақият аст ва умед дорем, ки онҳо дар мусобиқаҳои минбаъда зинаҳои баландтари ифтихориро ишғол мекунанд. Ин гуфтаҳоро дарвозабони беҳтарини мусобиқа дониста шудани дарвозабони дастаи ДДТТ Абдукарим Қурбонов ва бо ҷоизаи махсуси мусобиқа сарфароз гардидани ȳ собит менамояд.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top