Мадина Дилоева ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷȳйи сол – 2016»

Бинанда: 3406 | Санаи нашр: 27 Октябр 2016

Аз санаи 20 то 22 октябри соли равон бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷȳйи сол - 2016» байни донишҷȳёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Озмун аз ду шарт иборат буд:

Шарти якум:худмуаррифӣ бо истифодаи усулҳои наву замонавӣ (слайд-презентатсияҳо)
Шарти дуюм:саволу ҷавоб вобаста ба мавзȳъҳои ихтисосӣ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва навиштани иншои озод бо забони давлатӣ дар мавзȳи «Ҷавонон пайравони Пешвои миллат ва муҳофизатгарони дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ»
Дар ин озмуни ҷумҳуриявӣ ҳайати ҳакамон бо як овоз ҷои аввалро ба донишҷȳйи курси 3, ихтисоси 250103 - Муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Дилоева Мадина сазовор донистанд.


Ҳадаф аз баргузории озмуни мазкур муайян намудани донишҷȳйи беҳтарин дар ҷодаи илмомȳзӣ, фарҳангдȳстӣ, хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ ва иштироки фаъолона дар ҳаёти сиёсию ҷамъиятӣ, инчунин ғанӣ гардонидани сатҳи ҷаҳонбинӣ ва маърифатнокии донишҷȳён, таҳким бахшидани тарбияи маънавию ахлоқии онҳо ва ҳавасмандгардонию дастгирии ҷавонон мебошад.
Раёсат, шуъбаи кор бо ҷавон ва ҳайъати устодону донишҷȳёни донишгоҳ Дилоева Мадинаро барои сазовор гардидани ҷои 1-ум дар озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷȳйи сол - 2016» самимона табирку таҳният гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи ȳ комёбӣ ва дастовардҳои беназирро таманно менамоянд.

Шуъбаи кор бо ҷавонон

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top