Идомаи чорабиниҳои ҳафтаи «Тоҷирони ҷавон»

Бинанда: 2367 | Санаи нашр: 19 Май 2016

17-уми майи соли ҷорӣ тибқи ҷадвали баргузории чорабиниҳои шуъбаи кор бо ҷавонони   Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бахшида ба 25 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рȳзи ҷавонони Тоҷикистон (23 май) дар донишгоҳ бо иштироки шоираи шинохтаю хушбаён Фархунда вохȳрӣ доир гардид.

Вохȳриро муовини ректор оид ба таълим ва тарбия, дотсент Акрамов Ф.М ҳусни оғоз бахшида, шоираро бо иштирокчиёни маҳфил, ки намояндагони факултаҳои гуногуни донишгоҳ буданд, муаррифӣ намуд ва суханро бо камоли эҳтиром ба ȳ дод.

Шоира - Фархунда нахуст бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи кишвар ва оромию осудагии он, аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, ки воқеан ҳам беназиранд, ёдовар шуда донишҷȳёнро ба омȳхтани илму маърифат, дȳст доштани Ватан, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва бунёдкориву созандагӣ даъват намуд ва баъдан аз эҷодиёти хеш шеърҳои ба тозагӣ эҷодкардаи худро, ки ба васфи Ватан, модар, Баҳор, ишқ бахшида шудаанд, қироат намуд.

Мудири шȳъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Абдуалим Ҳомидов зимни суханронӣ иброз дошт, ки мақсад аз баргузории чунин вохȳриҳо баланд бардоштани савияи дониш, тарбия намудани ҷавонон дар рȳҳияи ватандȳстӣ, худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ буда, ба васеъ гаштани ҷаҳонбинии донишҷȳён мусоидат менамояд.

Сипас шоира – Фархунда ба саволҳои донишҷȳён, ки фарогири масъалаҳои мубрами рȳз ва ҳаёту фаъолияти шоираро дар бар мегирифтанд, посух дод.

                                                                                              Шуъбаи кор бо ҷавонон

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top