Донишҷȳи курси 1-уми ихтисоси 250103-А Кабиров Ҷовид дар Ҷумҳурии Крғизистон дар мусобиқаи байналмилалӣ аз намуди гуштини тарзи озод ширкат варзида, сазовори ҷойи 3-юм гардид, ки бо медалу ифтихорнома қадрдонӣ гардид ва аз ҷониби Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ȳ унвони устоди варзиш дода шуд.
Инчунин дар мусобиқаи гуштини тарзи озод, ки санаи 12.03.2016 дар шаҳри Душанбе байни ҷавонони кишвар бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзида, сазовори ҷойи авал гардид, ки аз тарафи раёсати ҷавонони шаҳри Душанбе бо ифтихорнома ва медал қадрдонӣ гардид.