Вохȳрии намояндагони Кумита, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бинанда: 2789 | Санаи нашр: 09 Апрел 2016

Санаи 07.04.2016 дар хобгоҳи  №2 Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар доираи нақша-чорабиниҳои муштараки Кумитаи ҷавонон,варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохȳрии намояндагони Кумита, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумита оид ба корҳои дин,танзим анъана ва ҷашну маросимҳо, Вазорати тандурустӣ, Кумитаи  кор   бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бахши ҷавонон дар ноҳияи Фирдавсӣ бо донишҷȳён баргузор гардид. Масъулин мақсад аз бургузории вохȳриро  пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимои миёни ҷавонон, аз қабили ҷинояткорӣ, шомилшави ба ҳизбу ҳаракатҳои ифродгарои, таҷовуз ба номус,зуроварӣ,худкуши ва сȳиқасд ба ҷони худ, танфурȳшӣ ва хариду фурȳши инсон, ҳамзамон тарбияи ҷавонон дар рȳҳияи созандагию бунёдкорӣ ва инсондустӣ арзёби карданд.

Шуъбаи кор бо ҷавонон

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top