Нишасти матбуотӣ

Бинанда: 2739 | Санаи нашр: 19 Январ 2016

Дар нишасти матбуотие, ки 13-уми январи соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон баргузор гардид, ректори донишгоҳ профессор Мӯминҷон Шарипов ба намояндагони васоити ахбори оммаи кишвар, аз ҷумла рӯзномаҳои «Ҷумҳурият» (Иронбӣ Мусоева), «Садои мардум» (Раҳмоналӣ Ҳабибов), «Омӯзгор» (Самандар Искандаров), «Ҷавонони Тоҷикистон», (Беҳрӯз Холмуродов), «Набзи Тоҷикматлубот» (Мавҷуда Холова), «Паёми Душанбе» (Неъматулло Алиев), телевизионҳои Шабакаи 1-уми Тоҷикистон (Сарвинози Сӯҳроб), «Ҷаҳоннамо» (Бахтиёр Бозоров, Наврӯз Худоиев), «Баҳористон» (Мавлон Мирзоев), АМИТ «Ховар» (Холиса Асомуддинова, Тоҳир Саидов), радиои «Ховар» (Абдураҳим Ҷабборов), радиои «Тоҷикистон» (Ҳикматулло Раҳматов) дар бораи бурду бохти соҳаи таълиму тарбия дар давраи аз нишасти матбуотии гузашта (13-уми июли соли 2015) то ин нишаст маълумоти муфассал дод.
Мӯминҷон Машокирович аз ҷумла қайд намуд, ки ҳайати устодону профессорон, кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси ба талаботи бозори меҳнат рақобатпазир, афзун намудани дастовардҳои илмӣ ва ба ин васила ҳисса гузоштан дар пешрафти иқтисодиёт ва рушду нумуи кишвари азизамон кӯшиш ба харҷ дода, корҳои зиёдеро ба сомон расониданд.
Фаъолияти донишгоҳ дар давраи аз нишасти матбуотии гузашта то ин нишаст низ тибқи барнома ва нақшаҳои таълимии аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда ба роҳ монда шуд.
Дар донишгоҳ маркази тестӣ ва дар назди ҳар як факултет синфхонаҳои компютерӣ амал мекунанд, ки бо 260 адад компютерҳои замонавӣ ҷиҳозонида шудааст. Компютерҳо бо шабакаи беноқил ва бо сервери базаи маълумотҳо васл шудаанд, ки қабули имтиҳонҳои фосилавӣ ва ҷамъбастӣ, генератсияи (омехтакунии) зиёда аз 100 ҳазор саволномаҳои тестӣ, ҳамзамон шаффофияти натиҷаи тестҳоро таъмин менамояд. Дар ним солаи аввали таҳсили 2015-2016 дар донишгоҳ аз 168 фанни таълимӣ санҷишу имтиҳонҳо дар маркази тестӣ, китобхонаи электронӣ ва синфхонаҳои компютерии назди факултетҳо ба тариқи электронӣ қабул карда шуданд, ки ин раванд шаффофу воқеъбинона муайян намудани сатҳи дониши донишҷӯёнро таъмин намуда, яке аз омилҳои пешгирии ҳодисаҳои номатлуб ба ҳисоб меравад. Боиси зикр аст, ки чунин тарзи қабули имтиҳонот аз ҷониби донишҷӯён низ хуб қабул карда шуд.
Донишгоҳ ба тарбияи мутахассисони зинаҳои магистратура, аспирантура ва докторантура аҳамияти бештар зоҳир менамояд, ки ҷиҳати таҳкими пойгоҳи илмӣ аз ҳисоби мутахассисони худӣ ва берунӣ мусоидат менамояд. Имрӯз дар донишгоҳ 192 нафар магистрант, 47 нафар аспирант ва 50 нафар унвонҷӯ, аз ҷумла 40 нафар баҳри дарёфти унвони номзади илм, 10 нафар барои унвони доктори илм, инчунин 6 нафар докторанти PhD таҳсил менамоянд, ки ҳамчун захираи кадрии илмӣ дар ояндаи наздик маҳсуб меёбанд. Бояд қайд кард, ки дар донишгоҳ 40 нафар магистрант ва 20 нафар аспиранту унвонҷӯи хориҷӣ аз Ҷумҳуриҳои исломии Эрон ва Афғонистон таҳсил менамоянд. Соли сипаришуда донишгоҳро 22 нафар магистрант хатм намуданд.
Инчунин дар донишгоҳ курсҳои кӯтоҳмуддати тайёр намудани мутахассисон аз рӯи касбҳои: ҳуҷҷатгузории фаъолияти идоракунӣ, тайёр кардани роҳбалади сайёҳон, тартиб додани нақша ва лоиҳаҳои соҳибкорӣ, админстратор (маъмуриятчигӣ)-и меҳмонхонаҳо, андоз ва андозбандии фаъолияти соҳибкорӣ, андоз ва андозбандии фаъолияти бонкӣ, тайёр намудани пешхизматҳо, ошпазҳо, фурӯшандаҳо, барменҳо, экспертҳои қарзӣ ва дӯзандагӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар донишгоҳ маҳфилҳои илмӣ-инноватсионӣ бо номҳои зерин: «Таҳқиқот – илм – истеҳсолот», «Инкишофи устувор» ва «Соҳибкорони ҷавон» фаъолият мекунанд, ки дар онҳо лоиҳаҳои муҳтавои инноватсионидоштаи устодон ва донишҷӯён баррасӣ карда мешаванд.
Аз ҷумла аз ҷониби устодони донишгоҳ доктори илмҳои химия Ғ. Тошбев ва муаллими калон Г. Ҳабибуллоев гирифтани нахустпатент оид ба ихтирои ҳосил намудани шарбат аз хурмо аз тарафи идораи патентии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз дастовардҳои навин ба ҳисоб меравад.
Устоди донишгоҳ, д.и.и., профессор Раҷабов Р.К. дар озмуни китобҳои таълимӣ ва илмии ИДМ иштирок намуда соҳиби ҷойи аввал ва дипломи дараҷаи 1 гардид. Инчунин ба устодон Ҳасанова Ф.Н. ва Одинабеков Ҷ.М., Одинабеков Х. сертификати иштирок дода шуд.
Ҳоло донишгоҳ дар доираи ҳамкориҳо бо дигар макотиби олии хориҷи кишвар зиёда аз 60 шартномаҳои ҳамкориро ба имзо расонидааст. Соли 2015 донишгоҳ бо Донишгоҳи Аврупоии Лефке, Донишгоҳи байналмилалии Кипр, Донишгоҳи давлатии Толяттии Федератсияи Россия, Донишгоҳи менеҷменти Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонид, ки дар доираи онҳо табодули донишҷӯён ва устодон, инчунин таҳсили имтиёзнок бо пардохти 50% маблағи таҳсил пешбинӣ шудааст.
Донишгоҳ дар барномаҳои ташкилотҳои баналмилалӣ, аз ҷумла барномаҳои ТЕМПУС ва Эрасмус Мундус, Хазинаи Линеус Палмаи Шветсия, Институти ҷамъияти кушодаи Бунёди мадад, инчунин барномаҳои Ҳукуматии Ҷумҳури Лаҳистон ва Кореяи Ҷанубӣ фаъолона иштирок дорад.
Устодон ва омӯзгорони донишгоҳ дар мамлакатҳои хориҷи дуру наздик, аз ҷумла Қазоқистону Қирғизистон, Россия, Белоруссия, Украина, Словения, Англия, Франсия, Шветсия, Лаҳистон, Олмон, Белгия, Италия сафарҳои хидматӣ намуда соҳиби таҷрибаҳои зиёд гардиданд. Мақсади асосии ин сафарҳо - омӯзиш ва шиносоӣ бо низоми кредитии таҳсилот, омӯзиши забони англисӣ, омӯзиш ва татбиқи таҷрибаи пешқадам ҷиҳати таъмини сифати таҳсилоти олӣ ва муаррифии донишгоҳ дар хориҷи кишвар мебошад.
Дар доираи лоиҳаи Эрасмус Мундус 6 устоди ҷавон барои омӯзиш дар риштаи магистратура ва PhD дар донишгоҳҳои Австрия, Испания ва Словения, дар доираи Барномаи таҳсилотии Ҷумҳурии Лаҳистон устоди кафедраи иқтисоди ҷаҳон, дар риштаи магистратура, инчунин дар доираи созишнома бо донишгоҳи Кемянги Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ 4 нафар дар риштаи магистратура ва бакалавр таҳсили худро идома дода истодаанд.
Барои соли таҳсили 2015-2016, 7 нафар донишҷӯёни риштаи бакалавр дар доираи барномаи табодули донишҷӯён ба Донишгоҳи иқтисод ва савдои кооператсияи матлуботи Белоруссия (шаҳри Гомел), Донишгоҳи иқтисодии кооператсияи матлуботи Қазоқистон дар ш. Қарағанда ва Донишгоҳи менеҷменти Алмаато сафарбар гардидаанд. Инчунин 3 нафар устодони ҷавони донишгоҳ дар риштаи магистратура дар Донишгоҳи кооператсияи матлуботи Сибир ва Донишгоҳи иқтисод ва савдои кооператсияи матлуботи Белоруссия (шаҳри Гомел) таҳсилро идома дода истодаанд.
Ҳоло дар донишгоҳ 21 нафар донишҷӯёни хориҷӣ, аз ҷумла 2 нафар аз Ҷумҳурии Исломии Эрон, 10 нафар аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, 3 нафар аз Ҷумҳурии Узбекистон, 4 нафар аз Ҷумҳурии Туркманистон ва ду нафар аз Федератсияи Россия тибқи барномаи бакалавр таҳсил менамоянд ва 53 нафар магистранти хориҷӣ аз ҷумҳуриҳои исломии Эрон ва Афғонистон таҳсил мекунанд.
Бо мақсади дастгирӣ ва баланд бардоштани сифати таълим дар гурӯҳҳои англисии донишгоҳ, 4 нафар устодони болаёқат ва хатмкардагони донишгоҳҳои Австрия, Англия ва Австралия ҷалб карда шудаанд. Ин лоиҳа бо дастгирии Институти ҷамъияти кушодаи Бунёди мадад амалӣ мешавад, ки ба муддати 5 сол пешбинӣ шудааст.
Сипас ректори донишгоҳ, профессор Шарипов М.М. ва дигар мутасаддиёни ҷузъу томҳои донишгоҳ ба саволҳои рӯзноманигорон, ки тамоми паҳлуҳои соҳаи таълиму тарбия ва илму маорифро дар бар мегирифтанд, ҷавобҳои қаноатбахш доданд.
Баъди анҷоми саволу ҷавобҳо ректори донишгоҳ д.и.и., профессор Мӯминҷон Шарипов ба нишасти матбуотӣ ҳусни анҷом бахшида, ба рӯзноманигорон арзи сипос намуд ва ҳамкориҳои минбаъдаи устодону кормандони донишгоҳ ва рӯзноманигоронро боиси боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани сифати таълиму тарбия ва афзун гардидани комёбию муваффақиятҳо маънидод кард.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top