Ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе бо мақсади густариши бештари соҳаи варзиш ва таблиғи доимии тарзи ҳаёти солим дар хобгоҳи донишҷӯёни донишгоҳ машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешавад, ки ин барои обутоб ёфтани бадан ва беҳтар шудани саломатии донишҷӯён хеле манфиатовар аст. Аз ҷумла сӯбҳи 31.10.2015 дар назди биноҳои хобгоҳи зикршуда машқҳои пагоҳирӯзӣ баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 100 нафар донишҷӯёни донишгоҳ бо роҳбарии устоди кафедраи тарбияи ҷисмонӣ Раҳимов Маъруф машғул шуданд. Ин ин иқдоми нек аз ҷонибаи донишҷӯён хуб пазируфта шуда, дар оянда низ мавриди истифода қарор хоҳад гардид.