ТАБРИКОТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ, ПРОФЕССОР НАЗАРЗОДА ХАЙРУЛЛО ХОЛНАЗАР БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ДОНИШ ВА ДАРСИ СУЛҲ

Бинанда: 5 | Санаи нашр: 01 Сентябр 2026

Омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни азиз!

 

Боиси ифтихору хушнудиии ҳар яки мост, ки ҳамасола дар кишвари маҳбубамон рӯзи 1-уми сентябр ҳамчун Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар тамоми муассисаҳои таълимӣ дар фазои тантанавӣ ҷашн гирифта мешавад.

 

Ба мақсади сазовор пешвоз гирифтани ин ҷашни фархунда Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имсол санаи 31-уми август пас аз ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №105-и шаҳри Душанбе бо аҳли маорифи кишвар мулоқот намуда, ба муносибати Рӯзи дониш суханронӣ намуданд.

 

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ҳамаи иштирокдорони вохӯриро ба ифтихори ҷашни бузурги таърихӣ 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ инчунин, оғози соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш самимона табрик гуфтанд.

 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 105, ки имрӯз ифтитоҳ ёфт, самараи истиқлоли давлатӣ ва фазои орому осоиштаи кишварамон мебошад.

 

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла ёдовар шуданд, ки дар 9 соли охир дар ҳудуди шаҳри Душанбе 55 муассисаи нави таълимӣ бо зиёда аз 95 ҳазор ҷойи нишаст ва 42 кӯдакистони замонавӣ барои 8 ҳазор кӯдак бунёд ва ба истифода дода шудааст. Танҳо соли равон ба ифтихори 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар пойтахти кишвар 7 муассисаи нави таълимӣ бо 10 ҳазор ҷойи нишаст ва 8 муассисаи томактабии наву замонавӣ барои 1000 кӯдак ба фаъолият оғоз менамояд ва ин рақамҳо далели равшани таваҷҷуҳи махсус ва ҳамешагӣ ба соҳаи маориф мебошад.

 

Ба андешаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлат вақте тавоно мегардад, ки ҷавононаш соҳиби илму дониш, касбу ҳунар, маҳорату малака, одобу ахлоқ ва ҳисси баланди ватандорӣ бошанд.

 

Вобаста ба ин, Президенти мамлакат чунин изҳор намуданд: “Дар пешрафти соҳаи маориф ва густаришу тақвияти сатҳу сифати таълиму тарбия муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар нақши шоиста доранд”

 

Бо дарназардошти зиёд гардидани талабот ба мутахассисони соҳаи амнияти компютерӣ, технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ дар бозори меҳнат, дар назди сохторҳои марбута як қатор вазифаҳо дар ин ҷода гузошта шуд.

 

Воқеан мо аз он шукргузорем, ки дар натиҷаи амалӣ намудани сиёсати ҳадафмандонаи Роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маориф яке аз соҳаҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии кишвар эътироф гардидааст, тамоми шароитҳои мусоид барои аз бар кардани донишҳои замонавӣ дар муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот муҳайё карда шудааст.

 

Аз он хурсанду сарфарозем, ки дар шароити сулҳу субот, оромию ваҳдати миллӣ бо чеҳраҳои кушодаву рухсори болида ва қалби лабрез аз меҳру муҳаббат ва шодию нишоти беандоза ба ояндаи неки сарзамини аҷдодиамон боз бо ҳам Рӯзи донишро истиқбол мегирем.

 

Моро месазад, ки ҷавобан ба ғамхориҳои рӯзафзуни Сарвари давлату Ҳукумати кишвар ба хотири таъмини пешрафти Ватани маҳбубамон софдилона меҳнат кунем, хубу аъло таҳсил намоем, аз давлати соҳибихтиёрамон ифтихор дошта бошем, инчунин арзишҳои Истиқлолияти давлатӣ ва манфиатҳои миллии хешро ҳифз намоем.

 

Бояд қайд намоем, ки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дорои пояи моддию техникии замонавӣ ва кадрҳои соҳибтаҷриба буда, дар байни донишгоҳҳои кишвар яке аз ҷойҳои ифтихориро ишғол менамояд ва дар тарбияи мутахассисони рақобатпазири ватанӣ пешсаф мебошад.

 

Ногуфта намонад, ки айни замон дар донишгоҳ 11 нафар доктор-профессорон дар таълиму тарбияи донишҷӯён фаъол мебошанд. Дар моҳҳои наздик бошад боз ҳимояи 3-нафар рисолаи докторӣ дар назар аст (Ин Алиев Муҳаммад, Мухторзода Саидмухтор ва Раҷабов Комрон мебошанд), ки то нисолаи дуюми соли таҳсили ҷорӣ шумораи онҳо ба 14 нафар мерасад. Натиҷаи ин аст, ки хатмкунандагони донишгоҳ дар дохил ва буруни кишвар фаъолияти беназир доранд.

 

Масъалаи қабули донишҷӯён ба донишгоҳ тибқи Маркази тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сол то сол хубтар шуда истодааст. Масалан соли таҳсили 2024-2025 иҷрои нақшаи қабул (аз 1650 нафар) 95,6%, соли 2025-2026 (1790 нафар) 97,6% ва соли ҷорӣ бошад (аз 2097 нафар) то имрӯз зиёда аз 85%-ро ташкил медиҳад ва боз ду давраи қабули довталабон ба муассисаҳои таълимӣ дар пеш аст ва айён аст, ки иҷрои нақшаи пешгирифта имсол пурра иҷро хоҳад гашт.

 

Аз фурсати муносиб истифода бурда, дар чунин лаҳзаҳои фараҳбахш кулли омӯзгорону профессорон, кормандону донишҷӯёни донишгоҳро ба ифтихори фарорасии Рӯзи дониш ва соли нави таҳсили 2026-2027 самимона табрику шодбош гуфта, бароятон иқболу саодатмандӣ, тансиҳативу хушрӯзӣ, дастовардҳои нави илмию таълимӣ, хониши хубу аъло ва хизмати арзандаву шоистаро ба нафъи гиромидошти Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таманно менамоям.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top