Санаи 1-уми сентябри соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба муносибати оғози соли нави таҳсили 2026-2027, Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – муовини якуми раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Баҳрулло Раҳмон, устодону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Ҷамъомадро ректори донишгоҳ, профессор Назарзода Хайрулло Холназар оғоз намуда, меҳмонон ва аҳли толорро ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ самимона табрику муборакбод гуфта, барояшон тандурустӣ, хушбахтӣ ва дар кору фаъолияташон барору комёбиҳо орзу намуда, суханро ба намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – муовини якуми раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Баҳрулло Раҳмон во гузошт.
Баҳрулло Раҳмон нахуст устодону омӯзгорон ва донишҷӯёнро бо оғози соли нави таҳсил шодбош гуфта, табрикоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ифтихори Рӯзи дониш, Дарси сулҳ ва ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қироат намуд.
Мавсуф аҳаммияти илму дониш ва саҳми мактабу омӯзгорро дар пешрафт ва рушди ҷомеа муҳим арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки Рӯзи дониш воқеан ҳам иди илму маърифат ба ҳисоб рафта, ҳамасола дар кишвари маҳбубамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол дар руҳияи баланди ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, шукргузорӣ аз соҳибдавлатӣ ва таваҷҷуҳи махсуси Президенти маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф, ки рушди босуботи он ва пешрафту шукуфоии мамлакатро таъмин менамояд, ҷараён мегирад.
Баҳрулло Раҳмон инчунин, аз хусуси аҳаммияти сулҳу субот ва ташаббусҳои сулҳҷӯёнаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бахусус, пешниҳоди навбатиашон дар бораи эълон гардидани солҳои 2027-2036 ҳамчун «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда» ёдовар шуда, қайд намуд, ки он барномаи амалест, ки давлатҳои ҷаҳонро барои пешгирии низоъҳо. густариши фарҳанги сулҳ, таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва тарбияи насли нав дар руҳияи ватандӯстӣ муттаҳид месозад.
Қабули қатъномаи мазкур, - гуфт ӯ, - имкон фароҳам меорад, ки дар сатҳи байналмилалӣ фарҳанги сулҳ, таҳаммулпазирӣ, эҳтироми ҳуқуқи инсон, пешгирии низоъҳо, нақши ҷавонон ва занон дар сулҳофаринӣ, инчунин ҳамкории давлатҳо дар муқовимат бо таҳдидҳои муосир боз ҳам тақвият ёбад.
Сипас, ректори донишгоҳ, профессор Назарзода Хайрулло Холназар суханронӣ намуда, аз ҷумла гуфт, ки ҳамасола дар ватани маҳбубамон рӯзи 1-уми сентябр ҳамчун Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар тамоми муассисаҳои таълимӣ дар фазои тантанавӣ ҷашн гирифта мешавад.
Ба мақсади сазовор пешвоз гирифтани ин ҷашни фархунда, - афзуд ӯ, - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 31-уми августи соли 2026 бо аҳли маорифи кишвар мулоқот намуда, аз ҷумла таъкид доштанд, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 105, ки имрӯз ифтитоҳ ёфт, самараи истиқлоли давлатӣ ва фазои орому осоиштаи кишварамон мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар 9 соли охир дар ҳудуди шаҳри Душанбе 55 муассисаи нави таълимӣ бо зиёда аз 95 ҳазор ҷойи нишаст ва 42 кӯдакистони замонавӣ барои 8 ҳазор кӯдак бунёд ва ба истифода дода шудааст. Танҳо соли равон ба ифтихори 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар пойтахти кишвар 7 муассисаи нави таълимӣ бо 10 ҳазор ҷойи нишаст ва 8 муассисаи томактабии наву замонавӣ барои 1000 кӯдак ба фаъолият оғоз менамояд ва ин рақамҳо далели равшани таваҷҷуҳи махсус ва ҳамешагӣ ба соҳаи маориф мебошад.
Тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, давлат вақте тавоно мегардад, ки ҷавононаш соҳиби илму дониш, касбу ҳунар, маҳорату малака, одобу ахлоқ ва ҳисси баланди ватандорӣ бошанд.
Вобаста ба ин, Президенти мамлакат изҳор намуданд ки: “Дар пешрафти соҳаи маориф ва густаришу тақвияти сатҳу сифати таълиму тарбия муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар нақши шоиста доранд”.
Қайд гардид,ки дар натиҷаи амалӣ намудани сиёсати ҳадафмандонаи Роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маориф яке аз соҳаҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии кишвар эътироф гардидааст, тамоми шароитҳои мусоид барои аз бар кардани донишҳои замонавӣ дар муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот муҳайё карда шудааст.
Аз ин рӯ, мо устодону омӯзгорон ва донишҷӯёнро месазад, ки ҷавобан ба ғамхориҳои рӯзафзуни Сарвари давлату Ҳукумати кишвар ба хотири таъмини пешрафти Ватани маҳбубамон софдилона меҳнат кунем, хубу аъло таҳсил намоем, аз давлати соҳибихтиёрамон ифтихор дошта бошем, инчунин арзишҳои Истиқлолияти давлатӣ ва манфиатҳои миллии хешро ҳифз намоем.
Дар чунин лаҳзаҳои фараҳбахш, – гуфт ректори донишгоҳ, – тамоми профессорону омӯзгорон ва кормандону донишҷӯёни донишгоҳро ба ифтихори Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ самимона табрику муборакбод гуфта, барояшон иқболу саодатмандӣ, тансиҳативу хушрӯзӣ, дастовардҳои нави илмию таълимӣ, хониши хубу аъло ва хизмати арзандаву шоистаро ба нафъи ватани маҳбубамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол таманно менамоям.
Дар фарҷоми ҷамъомад профессор Раҷабов Раҷаб Кучакович суханронӣ намуда, ҷавононро, ки ояндаи дурахшони кишвар маҳсуб меёбанд, ба ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ, омӯхтани илму дониш, аз худ кардани якчанд забони хориҷӣ ва технологияҳои муосири иттилоотӣ даъват намуд.












Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 