ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ ВА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ

Бинанда: 10 | Санаи нашр: 27 Август 2026

Рӯзҳои 26-ум ва 27-уми августи соли 2026 дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли нави таҳсил дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо иштироки омӯзгорон ва кормандон корҳои ободонию зебогардонӣ, аз ҷумла, тозаю озода намудани синфхонаю озмоишгоҳҳои таълимӣ, саҳну атрофи биноҳои донишгоҳ ва ҳудуди литсейи он гузаронида шуд.

 

Омӯзгорону кормандон корҳои гуногуни ободонӣ, аз қабили тозакорӣ, шаклдиҳӣ, батартибдарорӣ ва сафедкунии танаи дарахтон, ниҳолҳои ороишӣ ва сабзазорҳои гирду атрофи донишгоҳро ба анҷом расониданд. Инчунин, қисматҳои алоҳидаи девор ва инфрасохтори дохили ҳудуди донишгоҳ рангубор карда шуданд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top