Шоми 20-уми августи соли 2026 дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ бахшида ба 35-солагии таҷлили Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи фарҳангии дастаи ҳунарии "Тоҷири Аҷам"-и Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон баргузор гардид.
Чорабинии фарҳангӣ дар фазои тантанавию идона сурат гирифта, дар ҷараёни он дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатӣ, нақши арзишҳои миллӣ дар таҳкими худшиносии ҷомеа ва саҳми ҷавонон дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол мавриди инъикос қарор гирифтанд. Барномаи фарҳангӣ, ки суруду таронаҳои ватандӯстона, васфи истиқлол ва саҳнаҳои ҷолибро дар бар мегирифт, табъи ҳозиринро шод гардонида, ба чорабинӣ шукуҳу шаҳомати хосса бахшид.










Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 