ЭЪТИРОФИ ҶАҲОНИИ СИЁСАТИ СУЛҲДӮСТОНАЮ СУЛҲПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Бинанда: 8 | Санаи нашр: 27 Июн 2026

Рӯзи 26-уми соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба муносибати қабули қатъномаи “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” бо иштироки раёсат ва ҳайати омӯзгорону кормандони донишгоҳ ҷамъомад баргузор гардид.

Ҷамъомадро ректори донишгоҳ, профессор Назарзода Хайрулло Холназар оғоз намуда, аҳли толорро ба муносибати қабул гардидани қатъномаи Тоҷикистон зери унвони “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид муборакбод гуфта, матни пурраи қатъномаро ба самъи ҳозирин расонд. Мавсуф иброз дошт, ки қабули қатънома ин эътирофи ҷаҳонии сиёсати сулҳдӯстонаю сулҳпарваронаи Тоҷикистон ва Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Ректори донишгоҳ Хайрулло Холназар қабули қатъномаро дар шароити ҷаҳони пуртазоди имрӯза муҳим ва саривақтӣ дониста, онро идомаи сиёсати сулҳдӯстонаю сулҳпарваронаи Пешвои миллат ва ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ арзёбӣ намуд. Бо дарназардошти ин, аз аҳли толор даъват ба амал овард, ки дар тарғибу ташвиқ ва шарҳу тавзеҳи ин рӯйдоди муҳимми таърихӣ фаъолона иштирок намоянд.

Сипас, дотсентон Бойалӣ Ҳусенов ва Ҷаъфар Неъмонов андешаҳояшонро доир ба қатъномаи зикргардида, ки аҳаммияти бузурги таърихӣ дорад, баён карданд. Аз ҷумла гуфта шуд, ки ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳкими сулҳ, муколамаи тамаддунҳо ва масъулияти байнинаслӣ идомаи табиии мероси маънавии тоҷикон буда, сиёсати сулҳпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо решаҳои таърихиву фарҳангии миллат пайванд медиҳанд.

Маҳз сиёсати сулҳҷӯёнаю сулҳпарварона ва нақши таърихии Президенти кишвар дар таҳкими сулҳу субот дар минтақа ва ҷаҳон боис шуд, ки 25-уми майи соли 2026 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷоиза-эътирофномаи сулҳи Донишгоҳи сулҳи Созмони Милали Муттаҳид сарфароз гарданд.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top