ТАМАННИЁТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИҶОРАТИ ТОҶИКИСТОН, ПРОФЕССОР НАЗАРЗОДА ХАЙРУЛЛО ХОЛНАЗАР БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Бинанда: 8 | Санаи нашр: 27 Июн 2026

Омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни гиромӣ!

Рӯзи ваҳдати миллиро, ки халқи тоҷик онро дар баробари Истиқлоли давлатӣ як рукни муҳимми давлатдорӣ ва шарти асосии пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азизи худ медонанд, бароятон муборакбод гуфта, ба ҳар кадоми шумо саломатӣ, рӯзгори босаодат ва дар боз ҳам мустаҳкамтар намудани ваҳдати миллӣ барору комёбӣ орзу менамоям.

Воқеан ҳам, дар миёни ҳама неъматҳои беназире, ки миллати тоҷик дар тӯли таърих ба даст овардааст, ваҳдати миллӣ ҷойгоҳи хосса дорад. Маҳз шарофати ваҳдати миллӣ аст, ки сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ, пешрафту тараққиёт ва зиндагии шоистаи мардум таъмин мебошад. Қудрату азамати ваҳдати комили миллӣ аст, ки ҳазорҳо барномаву нақшаҳои стратегӣ амалӣ гардида, татбиқи садҳо лоиҳаҳои муҳимми иҷтимоию иқтисодӣ дар дурдасттарин мавзеъҳои мамлакат боҳадаф идома дорад. Муҳимтар аз ҳама, мардум дар оромиш зиста, миллионҳо шаҳрванд дар ватани хеш соҳиби касбу кор ва шуғли писандидаанд, садҳо ҷавонони мо дар муассисаҳои таълимӣ ва донишгоҳу созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ таҳсилу фаъолият доранд. Яъне ваҳдати миллӣ тавонист зиндагии саршори меҳру муҳаббат ва муҳимтар аз ҳама, озоду самимиро ба миллати бузурги тоҷик фароҳам созад.

Пас аз ба даст овардани ваҳдати миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳалаи нави давлатдорӣ ворид гардид. Дар кишвар сулҳу оромӣ ва рушди бемайлони тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳим фаро расид, заминаҳои воқеии устуворӣ ва пойдории давлатдории миллии тоҷикон таъмин гардид.

Маврид ба зикри хос аст, ки ваҳдати миллӣ самараи талошҳо ва ҷонфидоиҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар китоби таърихи давлатдории тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад шуд.

Пешвои миллат бо хираду дониш, иродаву матонат, дурандешию мулоҳизакорӣ, ҷасорату далерӣ ва меҳанпарастиву миллатдӯстии бесобиқа тавонистанд пояҳои давлатдории тоҷикиро бунёд гузоранд, миллату кишварро аз нестӣ наҷот диҳанд, фарҳангу тамаддуни миллиро дар минбарҳои бонуфузи байналмилалӣ муаррифӣ намуда, ба бузургтарин дастовардҳо ноил гарданд.

Дар ҳақиқат, маҳз пойдории сулҳу субот ва рӯз аз рӯз мустаҳкамтар гардидани ваҳдати миллӣ буд, ки имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлолро ҳамчун мамлакати сулҳдӯсту сулҳхоҳ ва пешрафта дар саросари олам мешиносанду эътироф мекунанд. Пойтахти он - Душанбешаҳр бошад, ба макони баргузории чорабиниҳои сиёсии сатҳи минтақавию байналмилалӣ табдил ёфтааст. Пешрафти мамлакат, ободиву шукуфоии Ватан ва дастовардҳои азиме, ки тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ насибамон гардидааст, ба шарофати сулҳу ваҳдати миллӣ, иқдому ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат ба даст омадаанд, ки мо тоҷикону тоҷикистониён аз он ифтихор мекунем.

Бовар дорам, ки ҳар кадоми мо дар таҳкими сулҳу субот, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва рушди босуботи Тоҷикистони биҳиштосо, ки Ватани маҳбуби ҳар кадоми мост, софдилонаю содиқона заҳмат кашида, дар ободию шукуфоии он саҳми арзишманд мегузорем.

Саломату сарбаланд бошед. 

 

 

 

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top