Рӯзҳои 16-ум ва 17-уми июни соли 2026 дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус Форуми вазирони маориф ва ректорони донишгоҳҳои Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор гардид.
Ин чорабинӣ ба муносибати 25-умин солгарди таъсисёбии СҲШ ва 20-солагии Донишгоҳи Созмони Ҳамкории Шанхай, ки соли 2027 таҷлил мегардад, баргузор шуд. Дар форум зиёда аз 150 намояндаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки мутааллиқи Донишгоҳи СҲШ мебошанд, иштирок намуданд.
Дар ин Форум раиси Шурои ректорони Тоҷикистон, ректори ДДТТ, профессор Назарзода Хайрулло Холназар иштирок ва суханронӣ намуд. Хайрулло Холназар дар идомаи суханаш аз номи Шурои ректорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Донишгоҳи СҲШ ва аъзои Шурои ҳамоҳангсоз барои эътимод ва дастгирӣ ҷиҳати ба узвияти Донишгоҳи Созмони Ҳамкории Шанхай қабул гардидани Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон изҳори сипос намуд.
Ҳамзамон, дар Форуми олимони ҷавони СҲШ сардори шуъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ Бахтиёр Абдуллоев ва сардори раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ Зоиршо Султонов иштирок ва маърӯза намуданд.











Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 