ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ДОНИШГОҲ

Бинанда: 11 | Санаи нашр: 22 Июн 2026

Санаи 22-юми июни соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Чорабиниро ректори донишгоҳ Назарзода Хайрулло Холназар оғоз намуда, ҳозиринро бо ин ҷашни муқаддас табрику таҳният гуфт ва дар бораи аҳаммияти таърихӣ ва арзиши баланди ваҳдати миллӣ суханронӣ намуд

Ректори донишгоҳ, аз ҷумла қайд намуд, ки ваҳдати миллӣ барои мардуми шарифи Тоҷикистон дастоварди муқаддасу нодир ва аз ҷиҳати арзиш баробар ба мафҳуми Истиқлолият дониста мешавад. 

Ваҳдати миллӣ, ки пеш аз ҳама, дар натиҷаи ҷасорату матонат ва кӯшишу заҳматҳои шабонарӯзии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, - афзуд ӯ, дар саросари кишвари маҳбубамон Тоҷикистони соҳибистиқлол бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад.

Воқеан ҳам, дар таъмини сулҳи тоҷикон хизматҳои Президенти маҳбуби кишвар беназир аст. Маҳз ҷаҳду талош ва тадбирҳои андешидаи Сарвари давлат, аз ҷумла ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, қабули қонуни авф ва ғайра имкон фароҳам овард, ки беш аз як миллион фирорӣ ба Ватан баргашта, сулҳу субот ба тадриҷ дар кишвар таъмин карда шавад.

Аз ин рӯ, ҳар як сокини мамлакат, бахусус мову шумо - омӯзгоронро зарур аст, ки ҷавонону наврасонро дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳии миллӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию умумибашарӣ тарбия намоем, то ин ки онҳо ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надода, кӯшишу ғайрат ва донишу малакаи касбиашонро баҳри пешрафт ва ободию шукуфоии Ватан, мустаҳкам намудани сулҳу ваҳдати миллӣ равона созанд.

Сипас, корманди шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим, иштирокчии Корвони сулҳу ваҳдати миллӣ, дотсент Бойалӣ Ҳусенов дар мавзуи “Давраҳо ва сабақҳои таърихии сулҳи тоҷикон”, мудири кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионӣ, дотсент Фаррух Алиев дар мавзуи “Нақши ваҳдати миллӣ дар рушди қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон” маърӯзаҳои пурмазмун намуда, аз ҷумла иброз доштанд, ки ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи миллати тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда дар кишварамон таҳкурсии ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуда, барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлоламон заминаи мусоид муҳайё гардад.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки сулҳу ваҳдат чун омили сарнавиштсоз, пойдевори ҳастии миллат ва арзишҳои муқаддаси миллӣ ҷовидона боқӣ хоҳад монд ва миллати тамаддунсози тоҷик фарҳанги сулҳҷӯиву сулҳофариро ба наслҳои оянда ҳамчун сарфарозӣ ба мерос хоҳад гузошт.

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top