ДАРАҶАИ ИЛМӢ МУБОРАК!

Бинанда: 22 | Санаи нашр: 01 Июн 2026

Яке аз самтҳои муҳими рушди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон таҳкими иқтидори илмӣ ва баланд бардоштани сатҳи тахассусии ҳайати профессорону омӯзгорон мебошад. Афзоиши шумораи ҳимояҳои бомуваффақияти рисолаҳои илмӣ дар донишгоҳ ба рушди фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, беҳтар гардидани сифати таълим ва омодасозии мутахассисони рақобатпазир мусоидат менамояд. Ин раванд барои мутобиқ намудани фаъолияти донишгоҳ ба талаботи муосири илму технология ва саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи маорифи кишвар аҳаммияти муҳим дорад.

Бо фармоиши Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2026, №190/ди, ба дотсенти кафедраи молия, фаъолияти бонкӣ ва суғурта Муртазозода Ораз дараҷаи илмии доктори илмҳои иқтисодӣ дода шуд.

Инчунин, бо фармоиши Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2026, №189/ди ба омӯзгори кафедраи андоз ва андозбандӣ Маҳмаризозода Бадриддин Маҳмаризо ва омӯзгори кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ Давлатов Насимҷон Сайдаҳтамович дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ дода шуд.

Раёсат, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Муртазозода Ораз, Маҳмаризозода Бадриддин Маҳмаризо ва Давлатов Насимҷон Сайдаҳтамовичро ба муносибати соҳиб шудан ба дараҷаҳои илмии доктор ва номзади илмҳо самимона табрик намуда, барояшон саломатии бардавом, саодати рӯзгор, комёбиҳои нав дар фаъолияти илмию омӯзгорӣ ва дастовардҳои боз ҳам бештарро таманно менамоянд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top