БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ МАШВАРАТИИ КОМИССИЯИ ОЛИИ АТТЕСТАТСИОНИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДОНИШГОҲ

Бинанда: 12 | Санаи нашр: 30 Май 2026

29-уми майи соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон семинари машваратии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои фаъолияти шуроҳои диссертатсионӣ баргузор гардид.

Чорабинии мазкур дар доираи нақшаи баргузории семинарҳои омӯзишӣ барои масъулини шуроҳои диссертатсионии назди муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии касбӣ баргузор гардида, ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ оид ба талаботи муосири аттестатсионӣ, такмили фаъолияти шуроҳои диссертатсионӣ ва баланд бардоштани сифати таҳқиқоти илмӣ мебошад.

Дар кори семинар намояндагони Муассисаи давлатии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - саркотиби илмии КОА, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Маъруфӣ Расул Нурмуҳаммад, сармутахассиси шуъбаи аттестатсионии илмҳои ҷамъиятӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ Каримиён Мадина ва мудири бахши иттилоот ва маҷалаҳои илмӣ Дурандеш Шарифзода иштирок намуданд.

Ҳамчунин дар чорабинӣ раис, котиб ва аъзои шурои диссертатсионӣ, котиби шурои олимон, сармуҳаррири маҷаллаи илмӣ, ҳайати профессорону омӯзгорон, докторантон (PhD), унвонҷӯён ва магистрантони донишгоҳ иштирок доштанд.

Семинарро муовини ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Ҷамшед Машокиров ифтитоҳ намуда, меҳмонон ва иштирокдорони чорабиниро хайрамақдам гуфт. Зикр гардид, ки рушди фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, омодасозии кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва такмили фаъолияти шуроҳои диссертатсионӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар соҳаи илм ва маориф ба ҳисоб меравад.

Дар ҷараёни семинар Маъруфӣ Расул Нурмуҳаммад оид ба вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди низоми аттестатсияи илмӣ, талаботи нав ба корҳои диссертатсионӣ ва роҳҳои баланд бардоштани сифати таҳқиқоти илмӣ суханронӣ намуд. Мавсуф зарурати ҳатмии риояи меъёрҳои муқарраргардидаи аттестатсионӣ, баланд бардоштани масъулияти муҳаққиқон ва тақвияти фаъолияти шуроҳои диссертатсиониро таъкид кард.

Дар идомаи семинар Каримиён Мадина масъалаҳои ҳуқуқӣ ва меъёрии фаъолияти шуроҳои диссертатсионӣ, тартиби омодасозӣ, пешниҳод ва баррасии рисолаҳои илмӣ, инчунин талаботи марбут ба ҳуҷҷатгузории аттестатсиониро шарҳу тавзеҳ дод.

Дурандеш Шарифзода доир тартиби нашри мақолаҳо дар маҷаллаҳои илмии тақризшаванда, пешгирии ҳолатҳои вайрон намудани меъёрҳои ахлоқи илмӣ ва дигар ҷанбаҳои муҳимми фаъолияти илмӣ суханронӣ намуд.

Дар қисмати муҳокима иштирокчиён саволҳои худро вобаста ба фаъолияти шуроҳои диссертатсионӣ, таҳияи рисолаҳои илмӣ, нашри натиҷаҳои таҳқиқот ва татбиқи талаботи нави аттестатсионӣ пешниҳод намуда, аз ҷониби намояндагони Комиссияи олии аттестатсионӣ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Таъкид гардид, ки баргузории семинарҳои омӯзишию машваратӣ барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи масъулини шуроҳои диссертатсионӣ, таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва таъмини сифати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ аҳаммияти муҳим дорад.

Дар фарҷом иштирокдорони семинар ба роҳбарияти Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташаббуси созанда ва баргузории чунин чорабиниҳои омӯзишӣ изҳори сипос намуда, омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳо дар самти рушди илм ва омодасозии кадрҳои илмӣ-педагогӣ баён намуданд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top