ВОХӮРИИ СУДМАНД БО ДОНИШҶӮЁН

Бинанда: 17 | Санаи нашр: 21 Май 2026

20-уми майи соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон вохӯрии Сардори шуъбаи экспертизаи судӣ-баллистикӣ ва тиру гилзадони Раёсати ташхиси криминалистикии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., подполковники милитсия Назаршо Фируз Юсуф бо донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид.

          Нахуст, сардори раёсати корҳои тарбиявии донишгоҳ Сайфулло Авғонов чорабиниро оғоз намуда, намояндаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назаршо Фируз Юсуфро ба аҳли толор шинос карда, суханро ба ӯ вогузошт.

          Сипас, Назаршо Фируз Юсуф дар мавзуи мубрами рӯз “Омилҳои шомил шудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташкилотҳои террористию экстремистӣ ва оқибатҳои ногувори онмаърӯзаи пурмуҳтаво намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз рӯйи мавқеи географии худ дар минтақаи бархӯрди манфиатҳои мамлакатҳои абарқудрати дунё қарор дорад.

Қайд карда шуд, ки аз солҳои 90-уми асри гузашта то имрӯз фаъолияти даҳшатафкани ташкилотҳои экстремистию террористии байналмилалӣ аз тарафи як қатор мамлакатҳои манфиатҷӯй ва мақомоти махсуси ҷосусии онҳо пуштибонӣ ва маблағгузорӣ гардида, роҳ ва усулҳои гуногуни амалисозии лоиҳаҳои манфури онҳо тарҳрезӣ карда мешаванд.

          Гуфта шуд, ки яке аз омилҳои асосии шомилшавии шаҳрвандон, аз ҷумла наврасону ҷавонон ба созмонҳою ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ин гирифтани таълимоти ғайриқонунии динӣ дар мадрасаҳои ғайрирасмии ватанӣ ва хориҷӣ мебошад. Инчунин, истифодаи нодурусти телефонҳои мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ, аз қабили Фейсбук, Инстаграм, Одноклассники, Ютуб ва ғайра ҷавонони ноогоҳро ба роҳҳои нодуруст ва гурӯҳҳои ифротгарою террористӣ шомил мегардонад.

          Назаршо Фируз Юсуф афзуд, ки бархе аз ҷавонон ба ҷойи илмомӯзию аз худ намудани донишҳои замонавӣ, ба таассубу хурофотпарастӣ дода шуда, шомили гурӯҳу ташкилотҳои террористиву ифротгароӣ гардида, даст ба ҳодисаҳои нангин даст мезананд ва обрӯю эътибори падару модар ва миллату давлати худро коста мегардонанд.

          Инчунин, Назаршо Фируз Юсуф оид ба хатарҳои эҳтимолии терроризм ва экстремизм, сатҳи ҷинояту ҷинояткорӣ, махсусан дар байни ҷавонону наврасон, бартарафсозии камбудию норасогиҳои дар ин самт ҷойдошта ибрози андеша намуда, таъкид кард, ки таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ, эҳтироми қонун, тарбияи маънавии ҷавонон ва муқовимат ба зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла экстремизм ва терроризм вазифаи умумии ҷомеа буда, донишҷӯён ҳамчун насли созанда бояд дар ин ҷода пешсаф бошанд.

          Дар фарҷоми вохӯрӣ қайд карда шуд. ки ҳоло ҷаҳони муосир ба хатарҳои зиёде рӯ ба рӯ аст ва баъзе аз ин хатарҳо ба кишвари азизамон - Тоҷикистон низ таъсир расонида метавонад. Аз ин лиҳоз, падару модарон, омӯзгорон ва аҳли ҷомеаи моро зарур аст, ки аз ҳарвақта дида дар таълиму тарбияи фарзандон бомасъулият бошем ва дар атрофи сиёсати оқилонаю дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гашта, дар таъмини сулҳу субот ва ободию шукуфоии Ватани азизу маҳбубамон саҳми бештар гузорем.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top