19-уми майи соли 2026 дар доираи моҳвораи ҷавонон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, дар толори бинои КИМ ҲХДТ ҷаласаи нахустини маҳфили ҳизбии «Рисолати мо - Ватансозист» баргузор гардид, ки дар он донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон низ иштирок намуданд.
Маҳфили мазкур бо мақсади таҳкими донишҳои сиёсӣ, маърифати ҳуқуқӣ, мафкураи миллӣ ва таъмини фаъолнокии иҷтимоии донишҷӯёни фаъоли муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ дар назди КИМ ҲХДТ таъсис дода шуда, барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва зиракии сиёсии ҷавонон мусоидат менамояд.
Иштирокчиёни маҳфил нахуст аз Осорхонаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дидан намуда, бо таърихи ҳизб шинос шуданд. Сипас, дар толори бинои КИМ ҲХДТ ҷаласа баргузор гардид.
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода ба ҷаласаи нахустини маҳфил ҳусни оғоз бахшида, иброз дошт, ки ҲХДТ аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ ба ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои дастгирии онҳо тамоми имкониятҳоро фароҳам овардааст. Қайд гардид, ки имрӯз ҷавонон дар соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг, тиб, варзиш ва хизмати давлатӣ фаъолона иштирок намуда, сафи онҳо дар аъзогии ҳизби созанда рӯз ба рӯз меафзояд.
Ҳамчунин таъкид шуд, ки вазифаи асосии аъзоён ва ҷонибдорони ҳизб ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, эҳтироми қонун ва саҳмгузорӣ дар ободии Ватан мебошад. Зикр гардид, ки маҳфили ҳизбии ҷавонон таҳти унвони «Рисолати мо - Ватансозист» дар баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, рушди малакаҳои роҳбарӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон ва шиносоӣ бо таърих ва фаъолияти ҲХДТ нақши муассир хоҳад дошт. ҲХДТ тасмим гирифтааст, ки фаъолияти маҳфили мазкурро миёни донишҷӯён, аъзоён ва ҷавонони фаъол густариш диҳад.
Дар рафти ҷаласа роҳбари маҳфили ҷумҳуриявии ҳизбии «Рисолати мо - Ватансозист» ва роҳбарони он дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ пешниҳод ва интихоб гардиданд.





Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 