18-уми майи соли 2026 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар “Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо” иқдоми байналмилалии “Шабе дар осорхона” баргузор гардид.
Меҳмонони дохилӣ ва хориҷӣ аз чорабинии “Шабе дар осорхона”, ки аз 35 барномаи фарҳангӣ ва оммавии ҷолибу шавқовари таҷассумгари таъриху фарҳанги миллии ниёгонамон иборат буданд, таассуроти нек бардоштанд.
Дар чорабинии зикргардида омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон низ иштироки фаъолона доштанд.






Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 