17-уми майи соли 2026 ҳайати роҳбарият, омӯзгорону донишҷӯён ва кормандони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар чорабинии умумимиллии "Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ" бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамасола дар ҷумҳурӣ якшанбеи сеюми моҳи май гузаронида мешавад, иштирок намуданд.
Намояндагони ДДТТ – ҳайати раёсати донишгоҳ, омӯзгорону донишҷӯён ва кормандон бо либоси варзишӣ ва руҳияи баланд, зери шиорҳои ватандӯстона ва даъват ба тарзи ҳаёти солим масофаи муайяншударо бо ҳамбастагӣ тай намуданд.
Роҳбарияти донишгоҳ иштироки фаъолонаи ҳайати омӯзгорону донишҷӯён ва кормандонро нишонаи масъулиятшиносӣ арзёбӣ намуда, баргузории чунин чорабиниҳоро барои рушди маънавиёт ва солимии ҷавонон муҳим арзёбӣ менамояд.




Тоҷикӣ
Русский
English (UK) 